Ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва ҳодисаи таърихӣ, маҷмӯи қоидаҳои рафтори таърихии ташаккулёфтаи мардум мебошад, ки таҷрибаи чандинасраи муносибатҳои инсониро фаро мегирад. Мазмун ва роҳу равиши ахлоқро шароити моддии ҷомеа муайян карда, онро ба майдон меорад, муҳофизат мекунад ва тараққӣ медиҳад. Хулқ муносибати одамро ба одам, ҷамъият ва оила муайян мекунад.
Бузургони илму адаби форсу тоҷик дар мавзуи хулқи поку соф басе ранҷҳо бурда, мафҳуми покиро ба арши аъло бароварда, то ба симои фариштаҳои беайб шабоҳат дода, дар тули қарнҳо аз илми ахлоқ баҳри беканоре ба вуҷуд овардаанд. Ин ранҷҳо дар таърих баҳри ахлоқ аз эҷодиёти халқ ва устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ оғоз ёфта, то мутафаккирони кунунӣ фаро расидааст.
Назария, мавзуъ ва масоили таълиму тарбиявӣ дар эҷодиёти гурӯҳе аз адибон ҳамчун дастовардҳои мустақил набуда, дар таркиби асарҳои адабӣ омехта, бо афкори сиёсию иҷтимой интишор ёфта, манзури аҳли биниш гардидаанд. Ба ин маънӣ офаридаҳои Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абушакури Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Асадии Тусӣ, Умари Хайём, Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон ба ин ё он муносибату мавриде таълиф ёфтаанд. Аммо дар ин миён дар майдони адабиёт ва маданияти халқ бузургоне қадам ниҳодаанд, ки афкору акоиди хешро махсус ба ахлок ва таълиму тарбия бахшида, асарҳо офаридаанд.
Ахлоқ чист?
Ахлоқ синоними – ҳамманои калимаи “Одоб” ва “Фаросат” аст ва ба русӣ онро “Этика” меноманд.
Чунончи, «Ҷовидон хирад»-и Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад Яъкуб (ваф. 1030), «Рушноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хусрав (1003-1088), «Туҳфат-ул-вузаро»-и Абдуллоҳи Ансорй (1006-1088), <{Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус (1020-1099), «Кимиёи саодат», «Насиҳат-ул- мулук»-и Имом Муҳаммади Ғаззолй (1094-1107), «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ (1118-1157), «Панднома»-и Фаридаддин Аттори Нишопурй (1119-1233), «Бустон» ва «Гулистон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозй (1184-1292), «Ахлоки Носирй»-и Шайх Насируддини Тусй (таъ. 1235), «Макорим-ул-ахлок»-и Амир Сайид Алй ибни Шаҳҳоби Ҳамадонй (ваф. 1384), «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Чомй (таъ. 1478), «Шарҳ-ул-одоб»-и Мулло Муҳаммади Табризй (ваф. 1494), «Ахлоки Муҳсинй» ва «Анвори Сӯҳайлй»-и Ҳусайн Воизи Кошифй (1420-1505), «Ахлоки Чалолй» ва «Лавомеъ-ул- ишрок-фй-макорим-ул-ахлок»-и Чалолуддин Муҳаммади Даввонй (таъ. 1475), <<Одоб-ус-солиҳин»-и Абдулҳак ибни Сайфиддин Қодири Деҳлавй (ваф.1642), «Одоб-ул-мубин»- и Ғиёсуддин ибни Эшон Мирзиёуддин (таъ. 1867), «Ахлоки Музаффарй» (таъ. 1860) ва «Ахлоки Муҳаммадй»-и (таъ. 1871) Мир Абӯтоҳирхоҷаи Садри Самаркандй (ваф. 1885), рисолаҳои ахлокии «Мебояд дид», «Мебояд писандид»-и Муҳаммад Ҳусайн Толиби Пурй (таъ. 1879) ва амсоли инҳо.
Устодон ва суханварони адаб дар ниҳоду табиати инсон ҷой доштани сифатҳои олии ахлоқро аз ҷумлаи беҳтарин маънавиёту пояи одамият, муҳимтарин воситаи камолот, асоси пешравии рқзгор, ободии мулк, мартабаю обру, ҳусни ботинию зевари инсон ба қалам додаанд.
Намояндагони афкори пешқадам ҳаёти муфтхӯрона ва бекорию сарсариёнаро вобаста ба шароити таърихии иҷтимой ва бо мурури замон дониста, сарчашмаи бадахлоқиву бадбахтиҳо ва зарари ҳар гуна мусибатҳо ҳисобидаанд. Онҳо ақида доранд, ки ибрати хайр ё шарри муҳиту шароити зист дар тинату сирати одамон маҳз аз хурдӣ таъсир хоҳад кард. Ба ин маънй Саъдй чунин мегуяд:
Эй салим, об зи сарчашма бибанд,
Ки чу пур шуд, натавон бастан ҷӯй!
Маҳсули дастранҷи ахлоқии мутафаккирон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давру замонҳо, дар тарбияи ахлоқи номусовии пок, дар хидмати моддй ва маънавиёти табақаҳо дар тули карнҳо зинаҳоро тай намуда, то замони мо мазмуну мундариҷаи худро набохтааст.
Ахлоқи ҳамида, эътибору обру ва оинаи беғубори ботину бори ғизой судбахши рӯҳу чони мардум буда, аз чумлаи масъалаҳоест, ки ҳамвора тахти назари давлат қарор гирифтааст. Талаботи шароити рузгори муосир ба омухтани ахлоқимаҳои бузургон эҳтиёҷ дорад. Ин асарҳоро вобаста ба зарурати рузгори ҷорӣ ва талаботи қарорҳои давлатӣ, ки боиси ёрии тинати поку маънавиёт мегарданд, ҷамъ кардан салоҳ аст.
Хислатҳои олии ахлоқ ва парваридани хулқу одоб ба ҳамаи аъзои ҷамъият аз талаботи рузафзуни замон аст. Талаб карда мешавад, ки аъзои ҷамъият ҳаёти худро бошуурона ба роҳ монанд. Барои тарбияи насли ҷавон ва навин зарурати баланд бардоштани сифатҳои маънавй ва ахлоқӣ меафзояд.
Муаллифи ин сатрҳо, ки солиёни дароз пешаи омуӯзгории мактаби миёнаро ба зимма дорад, қарор дода, ки бархе аз офаридаҳои ахлоқии бузургони илму адаби тоҷику форсро ҷамъ намуда, дар шакли китоби алоҳида ба хонандагон пешниҳод намояд ва ба ин васила дар кори хайр ҳиссае гузорад.
#АхлоқДарИслом