РУҶӮИ САВУМ
Имруз аз харитаҳои ҷуғрофй Бухороро пайдо намудан осон корест. Вале Гурганчро ёфтан андаке душвортар аст. Баъди истилои Чингизхон Гурганҷро Урганч меномидагй шуданд. Шаҳри мазкур борҳо вайрону валангор шуда, хонаҳояш беодам мондаанд. Ҳоло начандон дуртар аз он ҷое, ки Гурганҷ воқеъ гардида буд, шаҳри Хева ҷой гирифтааст. Ҳозир аз Абеварде, ки як вақтҳо шаҳри қадимтарин буд, нишоне боқй намондааст. Харобазори шаҳр дар Чумҳурии Туркманистон, начандон дуртар аз истгоҳи роҳи оҳани Қаҳқаҳа, воқеъ гардидааст.
Корвоне, ки Абуалй ҳамроҳаш аз Абевард баромада буд, гоҳо аз миёни шаҳрҳо мегузашт. Шаҳри қадимаи Нисо ҳам дар сари роҳ меистод. Бисёрии шоҳони парфиёнй то эраи нав дар Нисо ба хок супурда шудаанд. Вале имруз ин шаҳрро ҳам аз харита наметавон дарёфт. Харобазорони нимашон зери хокмондаи шаҳри Нисо ҳоло ҳаждаҳ километр берунтар аз Ашқобод, дар шафати Боғир ном авули туркманон, мехобанд.
Нишопур шаҳри уламо, файласуфон ва фуқаҳост.
Нишопур аввалин шаҳрест, ки дар он мадрасаи олй бино кардаанд.
Дар қаъри замини Нишопур водопроводи ҳақиқй сохта шуда буд.
«Чй гуна шаҳри нозанине мебуд Нишопур, агар корезҳояш дар руйи замину одамонаш дар зери замин воқеъ мегардиданд», – чунин ҳазл мекарданд дар мамлакатҳои мухталифи исломии онруза.
Дар Нишопур файласуфи машҳур – Шайх Абусаид зиндагй мекард. Дар ин шахр миёни Ибни Сино ва Абусаид оид ба фалсафа мубохисаи тулоние ташкил намуданд.
Абуалй дар Нишопур чанд рӯз таваккуф намуд.
Аз Нишопур роҳ рост тарафи Ҷурҷон мебурд.
Корвони азиме аз дарвозаи Чурҷон ворид гашт. Ҳамаи ояндагон аз руйи тартиби мукаррарй ҳақки духул месупурданд. Абуалй ҳам ҳамёнашро омода намуд. Ҳамён хеле сабук шуда буд.
Баногоҳ аз тарафи ча ғуломони сипохй намудор шуданд.
- Роҳ диҳед! Роҳ диҳед! – дод мезаданд онҳо ба сари тоҷирон.
Рохгузарон ба танаи деворҳо чафс мешуданд.
Савораҳо пирамарди сарулибоси гаронпушеро мебурданд, ки дастонаш занҷирбанд буданд.
- Ин бадбахт кй бошад? – пурсид Абуалй аз роҳгузаре.
- Ин амири собики мо Кобус аст, – ҷавоб дод он чурҷонй. – Дируз маснади ӯро писари амир Манучехр ишол намуд.
- Ба кадом сабаб? – парешонхотирона пурсид Абуалй.
Номаи барои амир Қобус навиштаи Берунй ҳоло ҳам ҳамрохи Абуалй буд.
- Сабабашро донистан вазифаи ману шумо нест, – таксир! – гуфт он чурҷонй. – Мо одамони бечораем…
Абуалй даруни шахр даромад. Нияти ба ин ҷой одамонро ҳанӯз дар вакти аз Гурганҷ баромаданаш дар сар дошт. Барои амалй гардондани ҳамин мақсадаш регзору ағбаҳои кухиву ботлокзорони пурҷамҷамаро тай намуд. Орзу дошт, ки боз зиндагии осудаҳолонае насибаш мегардад. Шабҳои дароз дар работҳо ри пахолҳои шуразада хобидан ба дилаш зада буд.
Раҳораҳ бисёр масъалаҳои илмиро ҳам аз фикр мегузаронд.
«Амир маро ба хидмат кабул мекунад, – орзу мекард Абуалй раҳораҳ. – Бигзор маошаш кам бошад, аммо, ба ҳар ҳол, кулбачаеро иҷора гирифта, додарам Маҳмуд, Ширин ва Алии хурдсолро назди худ даъват карда метавонам. Он гоҳ бо ҳам осуда зиндагй мекунем. Муҳимтар аз ҳама – ман зуд ба кори илмй машғул шуда метавонам!».
«Ин шаҳрро ҳам тарк гуфтан лозим мешавад», – карор дод Абуалй.
Ҳамагй чанд рӯз дар корвонсарой истода, тарафи Деҳистон, ба соҳили баҳри Хазар роҳ гирифт.
Дар Деҳистон ӯ бо нархи арзоне дар кабати болои дукони хайёт* хоначаеро ба иҷора гирифт. Факирона мепушиду факирона хурок мехурд. Ба миёни мардум камтар мебаромад.
Боғу роғҳои ин ҷо шукуфон буданд. Ҳавояш доимо гарм ва аз сабаби бухори оби баҳр хеле ғализ буд.
Аҳолии шаҳр аз об таъмин буданд, ҳам ба одамону ҳам ба растаниҳо об мерасид. Дами саҳар аз таъсири боду ҳавои пурнам либосҳо тару сард мегаштанд. Абуалй ҳар саҳар аввал ба риёзати бадан машғул гардида, сонй ба сари кор менишаст.
Аз руйи кайдҳои пешакие, ки ҳанӯз дар Гурганч руйи оаз оварда буд, якбора ба таълифи чанд асар ооз намуд. Дар охири ҳар рузи корй гирдогирди ӯ варакҳои навиштт арам мешуданд.
Хайёте, ки Абуалй дар хонааш иҷора менишаст, номи худро базур навишта метавонист. Аммо дар ҳамон вактҳое, ки Абуалй аҳён-аҳён ба шаҳр мебаромад, хайёт дуздида-дуздида ба он хонача
Хайёт – дузанда, дарзй. медаромад. Варавдоеро, ки иҷоранишин бо хатти резаи зич пур карда буд, хонданй мешуд. Ҳарфҳо шинос буданд, онҳо калимаҳои маълумеро баҳам меоварданд. Аммо фахмидани маънои умумиашон ниҳоят душвор буд. Хайёт зӯр мезад, ки ақаллан маънои чанд ибораро сарфаҳм равад, аммо сараш зуд ба дард медаромад: «Иҷоранишин китобҳои пурхикмате менавиштааст!».
«Бигзор нависад, – аз фикр мегузаронд хайёт. – Шояд ягон фақеҳ ё файласуфи машҳур шаваду ба ҳамин васила шаъну шухрати хонаи маро бардорад. Мухимаш он ки иҷорапулиро дар вақт-вакташ месупорад».
Абуалй пули зиёдатие надошт, аз ин рӯ, шамъ афрухта наметавонист. Вагарна шабҳо ҳам кор мекард. Аммо шаб барои фикру андеша кулай буд. Го ҳалли бисёр масъалаҳои норавшан маҳз шабона ба сар меомад. Як шаб Абуалй хунукии сахтеро ҳис кард, аммо ҳаври баланди ҳавои берунро медонист. Хунукй аз даруни дилу ҷигараш медамид, дасту поҳояш меларзиданд. у барои рафъи сустии ногаҳонй ва хунукии баданаш хеле кушида, окибат дароз кашид. Тамоми либосу палоси хонаро ба руяш гирифт, аммо ларза дур намешуд.
«Агар баъди сардй дар бадан гармй пайдо шавад, нишонаи он аст, ки ман ба табларза гирифтор шудаам», – меандешид Абуалй.
Баъди муддате ҳарорати бадан ооз гардид. Ҳазору як фикру андешаи мубҳам ба сараш мезаданд. Абуалй дандонҳояшро ба ҳам газида меистод, то аз хуш наравад. Баъди гармй аъзои баданаш суст шуданд. Аллакай шаб шуда буд. Абуалй дар обу арақ ғӯтида, беҳолу бемадор мехобид.
Касалиро муайян кардан душвор набуд.
– Ман гуфтам-ку, бисёр одамони мо ба табларза гирифтор мешаванд, – шарҳ медод дар рузи дигар сохиби хона. – Ин ҳамин хел ҷой. Аз ин ҷо рафтанат лозим меояд, дар иклими мо табобат ёфтанат амри муҳол аст!
Абуалй ба табобати худ пардохт. Ҳар гуна доруворй тайёр кард. Аммо дард баъди се рӯз аз нав хурӯҷ намуд. Абуалй наздикони хуручро ҳис мекард ва дар мукобили он ҳамчун мукобили чанг тайёрй медид.
Тамоми мушохидаҳояшро аз рафти касалии худ руйи коғаз меовард.
Ният дошт, ки баъдтар дар асоси ин кайдҳо рисолае навишта, номашро «Дар бораи вараҷа» гузорад. Рисола барои табибон фоидаи калон оварда, беморони зиёдеро аз ин касалй наҷот хоҳад дод.
Чун шиддати беморй паст фуромаду таъсираш камтар шуд, Абуалй карор дод, ки ба чойи дигаре биравад.
Пулҳои ӯ тамом шуда буданд. «Ба Чурҷон бояд баргашт. Дар он ҷой ба табобати беморон машғул шуда, кути лоямуте пайдо хоҳам кард», – андешид Абуалй.
Вале дар дилаш умеди дигаре ҳам маҳфуз буд: шояд баногоҳ амир Қобус баргардад. Аз ин рӯ, мактуби Беруниро мисли пештара ҳамрохи худ мегардонд.
Ба Чурчон ӯ бо ҳамёни холй баргашт.
Дар корвонсарое карор гирифта, тамоми либосҳои нави ҳанӯз аз давраи Гурганҷ ҷамъкардаашро фурухт.
Пули либосҳо барои чанд ҳафта умру рӯз мерасид.
Дар бораи ҳолати вазнини бенавоии худ касидае ҳам навишт:
«Бузургй ёфтам, аммо ба шахре нест микдорам, Гарон андар бахо гаштам, валекин бехаридорам»*
Байт аз асли арабияш ба точики гардонда шуд (Мутарчим).
-чунин ооз мегардид он қасида.
Амир Қобус дар зиндон вафот кард. Барои дафни ҷасади амир дар Ҷурҷон мақбараи азиме сохтанд. Баъд писари нохалафе, ки падарашро зинда-зинда ба гури торики зиндон андохта буд, сохтмонро анҷом дод.
Абуалй танҳо ба пораи ноне қаноат менамуд. Нонҳои арзонтаринро мехарид.
Он шаб охирин варақи боқимондаро пур мекард. То ҳадди имкон хурду реза менавишт, аммо, чй илоҷ, ин варақ ҳам анҷом пазируфт!
Дар паси девор одаме хирросзанон оҳу нола мебаровард.
Абуалй кй будани ӯро аз хуҷаини корвонсарой пурсон шуд.
- Тире бадбахти балхист! – ҷавоб дод хӯҷаин. – Аз афташ, яхоб хурдааст, ки сармош задааст. Дар ин шахр хешу таборе надорад, дар куҷо будани шиносу ҳамсафаронашро ҳам намедонад…
Миқдоре аз дорувориҳои Абуалй боқй монда буданд. ӯ ҳамонҳоеро, ки дилро пурқувват мекарданд ва ҳарорати баданро мефуроварданд, чудо кард.
То саҳар дар сари болини тоҷир нишаста баромад, дорую даво манфиат расонданд. Тир ох,иста-ох,иста ором гирифт ва нафасгириаш ба тартиб даромад.
ӯро хурондан лозим буд, Абуалй нони қимати гандум харид. Худаш ин саҳар аз бахри хурдан гузашт.
Баъди ду рӯз тоҷир ба пой бархоста, аз пайи таҷхизи корвон шитофт.
Барои Абуалй ҷомае туҳфавор оварда, миқдоре пулаш ҳам дод.
- Биёед, ҳамроҳ ба Балх меравем. Шумо мехмони мухтараму азизи хонадони мо мешавед, – даъваташ намуд тоҷир.
Абуалй даъвати ӯро рад намуд. Аммо ба тоҷир фахмонда наметавонист, ки Балх дар наздикии Ғазна – пойтахти Султон Маҳмуд воқеъ гардидаасту дар Балх чонишинн султон ҳукумат меронад…
Пештар Абуалй аз пулу туҳфаи беморон даст мекашид. Ҳоло ҳам ҷомаву ҳам пулро бо миннатдорй қабул кард, зеро ба ивази пул коғаз харидан мумкин буд.
Писари хучаини корвонсарой ҳам гирифтори касалй буд. Пойҳои ӯ пайваста мехориданд. Писарак аз оти хориш поҳояшро хуншор менамуд. Хориш муддате басанда шуда, боз хурӯҷ мекард. Бачагони ҳамсоя бо писарак бозй намекарданд.
-Дар Дурчон табиби донишманде нест! Як вақтҳо дар хидмати Амир Қобус ҳаким Абусаҳли Масеҳй ном табиби бузурге ҳузур дошт. Одами бисёр фозиле буд. Шояд шумо ҳам дар бораи он кас шунида бошед? – мегуфт хучаини корвонсарой. – Ҳамин тавр ӯ ба Гурганҷ гузашта рафт. Ман ҷуръат карда аз ӯ дасти мадад пурсида натавонистам. Масеҳй шогирдон ҳам дошт. Албатта, ҳозир онҳо ҳам нестанд. Бо рафтани Амир Кобус одамони наздики ӯ низ рафтанд. Амири нав, писари Кобус, бо Султон Маҳмуд азми дустй дорад.
Абуалй решаи рустании даркориро пайдо кард. Рустанй дар замини паҳлуи корвонсарой меруйид. Решаро тоза карда, каме думбаи гусфанд талаб хост ва равғани молиданй тайёр сохт.
Хӯҷаин аз он ҳамагй се маротиба ба пойҳои писараш молиду хориш тамоман гум шуд. Абуалй хоҳиш намуд, ки ягон даҳ рӯз молида истад, то муддати табобат ба охир бирасад. Хӯҷаин барои эҳтиёт онро махфй-махфй ба пойҳои худаш ҳам мемолид, то мабодо дар оянда хориш пайдо накунанд.
Акнун Абуалй метавонист то охири умр дар корвонсарой бепул истиқомат кунад.
Овозаи ҳакими донишманд дар тамоми маҳалла паҳн гардид. Акнун ҳар саҳар ба назди Абуалй беморон омадан мегирифтанд.
– Ҳакими бисёр доно будааст, – аз даҳон ба даҳон мегузаштанд ин суханон, – ҳамсояи маро табобат кард, додараруси маро шифо бахшид. Пули зиёде ҳам намегирад. Чй кадаре ки дихй, ҳамонро мегирад, дигар чизе талаб намекунад.
Абуалй сохиби як микдор пул шуд.
«Шояд акнун ман ба мақсади зиндагиам расида бошам, – аз фикр мегузаронд ӯ баъзан. – Одамонро табобат мекунам, онҳо хурсанд мешаванд, ба ман изҳори ташаккур менамоянд. Мухтоҷи касе нестам, аз касе қарздор ҳам нестам. Машғулияти илмиро давом дода метавонам. Аммо, афсус, касе нест, ки ҳамрош маслиҳат кунем, баҳсу мунозира ороем!».
Дар Ҷурҷон одаме мезист, ки ӯро Абумуҳаммади Шерозй меномиданд. ӯ шахсе бадавлат буда, амлоки зиёде дошт. Суҳбатҳои илмиро дуст медошт. Рузе аз асп ғалтиду дасташ баромад. Абуалй ба хонаи вай барои даровардану бастани дасташ омад.
Дар хонаи Шерозй чашми Абуалй ба «Мобаъдуттабиа»-и Арасту, ҳамон китобе афтод, ки мифтохи фахмишашро Форобй ба дасти ӯ дода буд.
-Бисёр китоби душворфахм, – гуфт Шерозй, – ким-чй хел махлуту мавхум…
Абуалй баъзе масъалаҳои асосии онро ба Шерозй фахмонд.
-Ана чй хел будааст… – дар ҳайрат афтод сохиби хонаи пурсарват. – Маълум мешавад, ки шумо на танҳо ҳакими тавоно ҳастед, балки улуми фалсафаро ҳам амик фаро гирифтаед. Чунин дараҷаи донишро факат ду нафар аз одамони маълум доро буданд. Ҳатто рузе шарафи суҳбати онон насибам гардид…
– Беруниву Масеҳиро дар назар доред? – пурсид Абуалй.
-Оре, – зиёдтар дар ҳайрат афтод Шерозй. – Онҳоро шумо ҳам медонед? Ҳа-ҳа, маро бибахшед… Аз хоши ман дар тааҷҷуб наафтода, назди тиреза рафта, тарафи рости руятонро ба ман мегардондед…
Абуалй дар тааҷҷуб омада бошад ҳам, ба назди тиреза рафт.
Шерозй чанд дақиқа ба ри ӯ нигарон истод.
– Наход бахту саодат ба хонаи ҳақиронаи ман меҳмон шуда бошад?! – ногаҳон ба гап даромад ӯ. – Магар ман худи ҳамон Абуалй Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алй ибни Синоро мебинам?!
– Шумо номи маро аз куҷо медонед? Онҳое, ки маро дар ин шаҳр мешиносанд, танҳо Абуалй гуфта ном мебаранд…
– Чашми мо аз нури саодаташон равшан! – давом медод Шерозй. – Пас, ман нахустин аз шумо шодкомаи хабари тозаро мегирифтаам?!
– Чй хабар будааст? – пурсид Абуалй ва ҳамон дам аз хаёл гузаронд: «Мумкин додарам омада, маро кофта истода бошад?».
-Шуморо худи Султон Маҳмуди Ғазнавй ба хидмати дарбори худ даъват мекунад!
– Чй тавр ӯ маро даъват карда метавонад?
– Зоҳиран, шумо дер боз дар масҷиди ҷомеи мо набудаед. Як сари қадам он ҷо дароед, ҳатман дароед! Дар девори масҷид худро худатон мебинед, расми худатонро мебинед! Он суратро Султон Маҳмуд ба амири моён Манучеҳр фиристодааст. Манучеҳр амр додааст, ки онро дар девори масҷиди ҷомеъ овезанд. Пас, чаро хурсандй намекунед?!
– Дар он ҷо катиба ҳам ҳаст?
– Ҳаст, бисёр олиҷаноб! «Султон Маҳмуди Ғазнавй фозилтарин ва донотарини уламо (баъд аз ин номатон меояд)-ро барои хидмати дарбори худ мехонад». Ва аз ҳар касе, ки шуморо мебинад, Султон Махмуд талаб дорад, ки чоятонро фаврй ба хатиб, ё имом, ё амир маълум кунад ва барои ин мукофоти сазовор мегирад».
– Ташаккур, – гуфт Абуалй ва кӯшиш намуд, ки сухани болоро хушҳолона баён намояд, аммо натавонист.
– Ба назарам, ин хабари ман шуморо дар ташвиш андохт, – гуфт Шерозй. – Хонаи маро хонаи дӯстатон хисобед. Фахмидам, ки Беруниву Масехй аз Ҷурҷон ба хидмати Хоразмшоҳ рафтаанд. Аммо сабаби тарки ёру дустон намудан ва ба ин ҷой омадани шумо дар чист?
Чии шакку шубҳае набуд. Аз ин рӯ, Абуалй кушоду равшан чавоб дод:
– Сабабгораш даъвати Султон Махмуд аст. Шумо, албатта, муносибати ӯро бо шоир Фирдавсй шунидаед ва золимиву хунхориҳои ӯро хуб медонед. Султон ахли маҷлиси моро ба дарбори худ талаб намуд, барои ҳамин аз Хоразм баромада рафтанам лозим омад. Масеҳии куҳансол дар миёнароҳи резгорон аз олам даргузашт. у ҳамрохи ман ба Чурчон омада истода буд. Берунй бояд дар дарбори султон бошад, – Абуалй рост ба чашмони Шерозй менигарист.
Бисёр чизҳо ба қарордоди ҳозираи Шерозй вобаста буданд.
«Наход худи ҳамин рӯз шутуре киро карда, баромада рафтан лозим бошад? Вале куҷо бояд рафт? Дастони Султон Махмуд бисёр дарозанд».
– Ҳамаашро фахмидам, – гуфт Шерозй. – Шумо беҳуда дар корвонсарой қарор гирифтаед. Дар байни мардум камтар гаштанатон даркор. Ман набошам, каси дигар, албатта, шуморо мешинохт. Агар хоҳед, ки дар шахри мо бимонед, бояд ягон ҳавлй харида, номаълумакак дар он истиқомат карда гардед. – Шерозй ба фикр фуру рафт. – Ҳамсояи ман ҳавлиашро фурухта, ба Нишопур меравад, – Шерозй аз нав хомуш монд. – Намедонам ин фикри худро ба шумо чй хел нозук фаҳмонам. Зоҳиран, аз дур сар кардан беҳтар будагист… Тамоми умр орзу мекардам, ки дар суҳбати мардони донишманд нишаста, лаззату ҳаловат бардорам. Агар ин хонаро барои шумо харида диҳам, шумо ақаллан розй мешавед, ки гоҳ-гоҳ ба ман ҷойҳои номафҳуми китобҳои душворфаҳмро шарҳу тафсир диҳед? Ва ё, мумкин аст, дар бораи донишатон махсус барои ман ягон китобе нависед? Номи шуморо ман пинҳон медорам. Тайёрам, ки шабу рӯз машғули дуову фотиҳа гардам, то шумо матлаби ночизи маро адо намоед.
Баъди чанд рӯз Абуалй бо хуҷаини корвонсарой хайрухуш намуда, ба хонаи харидаи Шерозй гузашт.
Шариат кашидани сурати инсонро мамнуъ мехисобид. Фақат кашидани расми мурғу шоҳони афсонавию гулу меваҷот иҷозат дода шуда буд. Бе ин ҳам, масалан, сурати занеро, ки руяшро аз чашми бад мепушад, чй тавр кашида метавонистй?!
Бародарзодаи Хоразмшоҳ – Арроқ рузе дар базми тарабе тасвири Ибни Синоро руйи коғаз оварда буд.
Ҳозир айни ҳамон тасвир дар масҷиди ҷомеъ овезон буд. Албатта, ин тасвир ҳам амали Арроқ аст. Пас, маълум мешавад, ки вай аллакай дар доираи дарбори Султон Махмуд мебошад. Ҳамчунин, албатта, ӯ на аз ри хохиш тасвири дусташро кашидааст. Рузе Абуалй, дар вакти набудани одамон, ба масҷиди ҷомеъ омад.
«Ҳоли дӯстонат чй шуда бошад, Ҳусайн? Берунй дар чй ҳол аст? у ба мутеият одат накарда буд, аммо султон тобеияти тамомро талаб мекунад. Аз тарафи Хоразм хабари дурусте намеояд. Фақат мегуянд, ки Хоразмшоҳ бемаҳал вафот кардааст, ҳоло бародари вай Маъмун, амаки дигарии Аррок, дар сари тахт аст».
Абуалй ҷониби Гурганҷ боз мактубе фиристод. Мактуб ба унвони дусти тоҷири ӯ равона шуда буд. Вай ҳатман хабари саломатии ӯро ба бародараш Маҳмуд мерасонад. Абуалй ҳатто ҳамроҳи мактуб ба онҳо пул ҳам фиристод. Пули зиёде набошад ҳам, дасти онҳоро гирифта метавонист.
Акнун тарҳи ришу муйлабро дигар кардан лозим буд. Салларо ҳам дигаргунтар бастан даркор мешуд.
Он гоҳ уро шинохтан душвортар мегардид.
Абуалй ҳанӯз дар корвонсарой бо Чурҷонии чавон, ки бо иштиёки тамом дар дорусозй кумакаш мерасонд, шинос шуда буд. Абуубайди Чурҷони шиимазҳаб аз дасти навкарони Маҳмуд гурехта буд. Он вакт ӯ намедонист, ки шогирди якумрии Абуалй шуда, биступанҷ соли ҳаёташро ҳамроҳи устодаш мегузаронад.
Алҳол шармгинона ба хона медаромад. Агар Абуалй дар ин вакт машғули таълиф бошад, шогирд хомуш меистод ва кушиш менамуд, ки ҳатто нафасгириаш ба фикри устод халале нарасонад. Бехабар аз худ тамоми хислатҳои Абуалй, аз ҷумла, тарзи роҳгардй, ҳаракатҳои канда-канда, одати ҳангоми фикр нимпуш кардани чашмҳоро чида мегирифт.
Абуалй барои ӯ бобҳои алоҳидаи «ал-Маҷастй»- ро накл мекард. Ба тарзи худ фаҳмидаи бисёр андешаҳои мунаҷҷими Юнони Қадим Батлимусро ҳам ба ӯ гуфта медод. Гоҳо ғарки андешаҳо гашта, баҳсу мунозираҳои худро бо Берунй ёдовар мешуд. Бо вучуди ин ҳама, Берунй аз фикри он, ки Замин дар атрофи Офтоб давр мезанад, рӯй наметофт. Абуалй ҳозир ҳам, дар ҳузури шогирдаш, бо Берунй баҳс оғоз менамуд. Зимнан, гӯё, ки худ бо худ шоҳмотбозй мекарда бошад, гоҳ аз ҷониби Берунй шарҳу далелҳо меоварду гоҳ аз ҷониби худ. Чурҷонй дар паҳлуи устод ри колин нишаста, тамоми гуфтаҳояшро бодиккат гӯш медод. Боре Берунй дар мубоҳиса ғолиб омад ва Абуалй ногаҳон аз шарм хомуш монд. ӯ далелу бурҳоноти дакик ва хулосаҳои амалй меҷуст, то ракибашро мағлуб созад, аммо хулосаҳояш ковок мебаромаданд, тоб намеоварданд…
Баъд Чурҷонй аз устодаш илтимос намуд, ки фикру андешаҳояшро доир ба илми мантик баён кунаду вай онҳоро навишта гирад. Чурҷонй гуфтаҳои устодро бо хатти хонову муҷалло батартиб навишта мегирифт. Китоби «ал-Мухтасар-ул-авосит» ба ҳамин тарика пайдо шуд.
Барои Шерозии хайрхоҳу накукор ҳам китобе навиштан лозим буд.
Шерозй ҳар шаб омада сафаҳоти наверо, ки Абуалй шабона барои ӯ менавишт, бодиққат гӯш мекард. Абуалй чунон саргарми кор шуд, ки ба ҷойи як ду китоб навишт. Китоби аввал аз фалсафа баҳс карда, «ал-Мабдаъ в-ал-маод» номида мешуд. Китоби дигар оид ба ҳодисаю вокеоте буд, ки худи Абуалй онҳоро ба мушоҳида мегирифт ва «ал-Ирсод-ил-куллия» ном дошт.
Окибат ӯ таълифи китоби аз ҳама муҳимтарин, китоби тамоми ҳаёти худ, китобе, ки барои ҳар як табиб зарур буд, ооз намуд. Он китоб «ал-Қонун фй-т- тиб» ном гирифта буд.
Ба ҳамин минвол рӯз аз пайи рӯз мегузашт.
Субҳдам ӯ ба таълифи «ал-Қонун» машғул мегардиду рузона ба таълими Чурҷонй.
Ҳамроҳи Чурҷонй кор бисёр хуб пеш мерафт. ӯ на танҳо тамоми гуфтаҳои устодро навишта мегирифт, балки барои фаҳмидани мазмуну моҳияти ҳар як ибора кӯшиш менамуд. Барои ҳамин, агар Абуалй ягон
маъниву мафҳуми мураккабро баён кунад, ӯ дарҳол шарҳу тафсири онро мепурсид. Минбаъд Абуалй фикрҳояшро соддатар иброз менамуд. Китоби мантике, ки онро барои шогирдаш мегуфту вай навишта
ل٧د٧ل р рп.ل رعا , л٧л٧ v٧gai٧ шиҳу.ж.и ٧уд.
Абуалй баъди таълими Чурҷонй боз аз пайи
фикри китоби дигаре мешуд. ӯ ҳамеша дар як вакт ба
навишттнн якчанд асар машгул мегардид. Бегоҳиҳо Шерозй меомад.
Сонй шаб фаро мерасид ва Абуалй ба навиштани китоби барои Шерозй пешбинишуда мепардохт.
Баъд аз он субх, медамид.
Аз тарафи Гурганҷ ҳеҷ хатту хабаре набуд.
Абуалй аз нав ба навиштани нома медаромад. Ин дафъа якбора ду мактуби якхела навишта, бо дасти одамони гуногун роҳй намудашон.
Абуалй намедонист, ки тоҷир кайҳо дар вакти гузаштан аз дарёи Итил мурда, писари калонии ӯ баъди марги падар ҳавлию молу мулкашонро фурухта, ҳамроҳи аҳлу иёлаш ба шаҳри дигаре рафта буд.
Шерозй субҳдам ба хонаи Абуалй давида омад. Азбаски ҳамеша бегоҳиҳо меомад, ташрифи ҳозирааш бебало наменамуд.
– Тамоми нқшаҳо барбод рафтанд! – гуфт Шерозй. – Касе шуморо шинохта, аз ин хусус амир Манучеҳрро хабардор кардааст. Ин амир кайҳо боз муҳаббати худро нисбат ба Султон Маҳмуд исбот кардан мехост. Аз ин рӯ, дар кадом лаҳзае, ки набошад, ғуломон омада шуморо ба ҳузури амир бурда метавонанд. Бибахшед, ки ман бе рухсати шумо ҳолати воқеиро ба яке аз хешовандонам арз намудам. Он хеши ман дар ҳамсоягии вазири амир истикомат мекунад. Вазир ба ӯ махфй гуфтааст, ки дар шаҳри мо будани шуморо ба гӯши амир расондаанд. Хешам аз ин хусус маро дарҳол вокиф намуд. Ман зуд ба шумо расондам.
- Аз нав ба корвонсарой гузаштан лозим меояд, – гуфт Ибни Сино.
- Не-не! Ман аллакай барои шумо саворие омода намудам. Он хешам ҳатто ба номи Сайидаи ҳокими Рай муаррифиномае тайёр кардааст. Шумо ба Рай меравед…
Ҳамин дам Чурҷонй ба хона даромад.
- Ин шогирди ман аст, аз ӯ гапи пинҳоне надорам, – гуфт Абуалй. – Туро лозим меояд, ки ҳамрохи муаллими дигаре машғулиятатро ба охир расонй, – гуфт ӯ ба тарафи Чурҷонй. – Ман бояд аз ин ҷой ба зудй биравам. Чи исти маро ба амир хабар додаанд.
- Ман ҳам ҳамроҳатон меравам, устод, – оромона гуфт Чурҷонй.
- Дурусттар андеша бикун. Агар ин қадар майли рафтан дошта бошй, баъдтар меравй.
- Ман аллакай ба сари чунин қарор омадам.
- Аммо барои ту ҳаёти осудаҳолонаеро ваъда карда наметавонам.
Абуалй китобҳоро ғункунон суханашро давом медод:
- Ба ҳар навъ, андеша бикун…
- Қарорам катъист, устод! – ҷиддан изҳор дошт Чурчонй. – Охир, барои шумо дусте ҳамсуҳбату ёрирасон даркор аст?
- Кй дар ин рӯзгори мо аз дустй рӯй метобад…
– Ин тавр бошад, ман ҳамроҳатон меравам, устод!
Баъди як соат аллакай устоду шогирд аз Чурҷон баромада рафтанд.
Ҳокимзани шахри Райро Саййида, яъне «Бону» меномиданд. Рай шахри калоне ва бисёр амлоки гирду атрофаш тобеи он буд.
Ҳокими пештараи Рай шавҳари Саййида буд. Аз ӯ Мачд ном писараки хурдсоли касалие ворис монда буд. Ҳоло Саййида ба ҷойи Маҷд салтанат меронд.
Роҳбарии давлатро бар увда доштани зане, ки руяшро аз ҳар гуна чашми бад мепушид, андаке ғайримуқаррарй метофт, зеро бо вай маслиҳат кардани вазиру сарлашкарону козиву ашрофон лозим меомад.
Бояд ин зан онҳоро фармон медод.
Хоҷагони ҳарам, хидматгорони фармонбардораш аз рафти иҷрои ин фармонҳо хабардораш карда меистанд, овозаҳои шаҳрро ба гушаш мерасонанд.
Дар як кунҷи хонаи хоси Саййида писараке нишастааст. Ин писари ӯст. Писарак зик аст. Расман ӯ ҳокими давлат, амир аст, аммо то дами камоли ӯ ба ҷояш модараш ҳукмрони мекунад.
Писарак ба камол расид, акнун ӯ ҷавони боли аст. Хидматгорони ҳассосе ҳар кадамашро зери назорат мегиранд. Ана, вакти аз назди вазир гузаштан ӯ ба тарзи аҷибе чашмаки зад. Ба бону хабар додан лозим аст. Мабодо писари ӯ фикри суйкасдеро надошта бошад! Мабодо ҳукуматро ба дасти худ кашида гирифтани набошад! Ана, дар боғ сайругашт дораду ҳамвора гирдогирди буттае мегардад. Баъдтар буттаро аз назар гузарондан лозим: мабодо дар зери он касе пинҳон нашуда бошад, мабодо пичирроси онҳо набаромада бошад!
Тарзи хуфтухобашро ҳам тафтиш кардан лозим! Тарзи таомхурияшро ҳам муоина намудан даркор!
Беҳтар мешуд, агар ӯро тамоман аз дарбор берунрави намегузоштанд.
– Мегуянд, ки вай дари хонаашро кулф карда, танҳо менишастаги шудааст!
– Бале, тамоми руз касеро ба ҳузураш напазируфта, танҳо нишаст!
– Дар хонааш ба чи коре машғул буд?!
– Ба ҳеҷ кор!
– Дурӯғ!
– Бале-бале! Кайҳо боз одате пайдо кардааст, ки ба ҳеҷ куҷо намебарояд, касеро дидан намехоҳад. Худ ба худ, танҳо ва бегапу ҳарф дар хонааш менишинад. Як рузи дароз, ҳатто панҷ рӯз мисли кару гунг нишаста метавонад.
Аз ин гапҳо Саййида ба тарс афтод. Мабодо писараш гирифтори ягон касали нашуда бошад?! Албатта, майлу рағбати ҳукуматрониро дар дил дорад, аммо бе вориси тахту ҷоҳ ҳукумат ба ки даркор?! Охир, ҳукуматро ба дасти писари худ бояд дод, на ба ягон каси бегона!
Вазир ана дар ҳамин лаҳза хабар медиҳад, ки ба Рай табиб ва файласуфи машҳур Ибни Сино омадааст.
-Худи ҳамон! – мегуфт вазир. – Афту андомаш комилан ба ҳамон сурати фиристодаи Султон Маҳмуд монанд. Бо Ибни Сино чи бояд кард?! Шояд, иззату икромаш намуда, чанд ғуломеро ҳамроҳ кунему ба ҳузури султон фиристем?!
– Иззату икромаш намоед, – қарор медиҳад Саййида. – Аммо ба ҳузури султон фиристодан даркор нест! Мо тобеи султон нестем! Дасти султон аз мо хеле дур аст. Агар Ибни Синоро ба ҳузури ӯ фиристем, султон гумон мекунад, ки мо майли тобеияти ӯро дорем. Бигзор табиб писари моро муолиҷа кунад, шояд аз тобобати ӯ манфиате бинад. Табибони мо касалиро дарёбанд ҳам, сабаби онро пайдо карда наметавонанд. Шояд ҳамин мусофир илоҷи табобаташро пайдо кунад…
Баъди муддати дурударозе нахустин бор Абӯалӣ паноҳгоҳе намеҷуяду пинҳон намешавад. у дар чаҳои шаҳр озодона кадам мезанад. Бо вай аллакай одамони роҳгузар саломуалейку пурсупос мекунанд, зеро медонанд, ки марде накукор аст. Дар борааш мегуянд, ки ҳамаро табобат мекунад, алалхусус касалиҳои сахтро аз таҳти дилу ҷон муолиҷа менамояд. Боз мегуянд, ки ҳатто ба табобати молихулиёи писари бону машғул аст!
Сурати султон фиристодаи Ибни Синоро дар хонаи хосаи худ нигох, медорад. Го дар дами танҳой саросар аз назар мегузаронад.
Дар сурат акси руйи ҷавонмарди такрибан сисола ва ё, шояд, аз он ҳам чавонтаре нигошта шудааст. Мегуянд, ки дар бораи хираду фазилати вай аллакай афсонаҳо бофта шудаанд. Чунин ҷавону… Хайр, ҷойи шакку шубҳае нест, вакти Хадичаро ба занй гирифтан Пайғамбар аз ин ҳам чавонтар буд! Дар кисмати Хадича ҳам, монанди Саййида, чашидани лаззати ҳаёти бевазанй буда метавонист. Чехраи зебову нуроние дорад ин Абуалй! Аз хидматгорони ҳарам пурсидан лозим аст, ки писарашро чй гуна табобат мекунад.
Хоҷагони ҳарам дар ин хусус наклҳои аҷибу ғарибе мекунанд.
Табиби нав Абуалй писари бонуро дар боғ сайругашт медиҳад. Онҳо дар он ҷо дар сояи дарахтон нишаста суҳбат мекунанд. Абуалй вокеаву таърихҳоро накл мекунаду Мачд ӯро гӯш мекунад, ҳарамхоҷагон ҳам ӯро дуздиона гӯш медоранд…
Мачд дар касри мухташаме танҳо мезист. Дар гирду атрофаш хидматгорони зиёде ҳалка зада бошанд ҳам, худро яккаву танҳо хис мекард. Модараш бачагонро ба назди ӯ намегузошт. у на рафике дошту на ҳамсуҳбате!
Абуалй такрибан бе доруворй муолиҷа мекардаш. Факат баъзе доруҳои кувватафзой медоду бас. Аммо ҳамрош бисёр сайругашт мекард.
Баъд аз суҳбат бармаҳал ба каср омада, ӯро, худи Маҷдро, маҷбур мекард, ки мустакилона ба риёзати бадан машғул шавад.
Баъди он аз хидматгорон хохиш мекард, ки ифлосиҳои каъри ҳавзро бардоранд. Ин ҳавз дар миёнаҷойи боғ кофта шуда, солҳои зиёде инҷониб обаш пур накарда буданд. Абуалй барои оббозй ёд додани писари Саййида машғул гардид.
Баъди чанд моҳе саломатии Маҷд аз ҳамаи хавфу хатарҳо эмин гардид. у ҳамроҳи одамон муътадил гап мезадагй шуд, гоҳо, ҳатто, худаш ихтиёрй ба суҳбат медаромад.
«Китоб ул-маод»-ро Абуалй дар Рай навишт.
Беморон саҳарии барвакт ба ҳузураш меомаданд, онҳоро самимона муолиҷа мекард.
Баъди он ба қаср рафта, ба таълими Маҷд машғул мешуд.
Баъдан ба хона баргашта, ҳамрохи шогирдони дигараш машғулият мегузаронд. Дар ин дарсҳо Чурчонй ҳам ҳамрохи шогирдон иштирок мекард.
Баъзе шогирдон рузе ду бор меомаданд – як бор субхи бармаҳал, вақте ки Абуалй беморонро кабул мекард, дафъаи дувум шабона – ба дарсҳои фалсафа, хисоб ва ҳандаса.
Шабонгоҳон Абуалй танҳо мемонд. Таълифи «ал- Қонун фй-т-тиб» суст пеш мерафт.
«Агар паншаш сол ҳаёти оромона насибам мегардид, бисёр хуб мешуд», – аз фикр мегузаронд Абуалй.
Вале ҳаёти оромона насибаш нагардид.
Вокеаи басо вахмангезе рух дод.
Сипохиёни Султон Махмуди Ғазнавй ба Рай наздик меомаданд.
– Юришҳои ҳарсола ба Ҳиндустон ӯро камй кардаанд, – мегуфт Саййида, – моро ҳам зери даст овардан мехоҳад! Талаб мекунад, ки мо ҳам боҷу хироҷ диҳем, ӯро дар масҷидҳо таърифу тавсиф намоем, номашро дар руйи тангаҳоямон сикка занонем.
Вазири Саййида Абуалиро ба дарбор барои суҳбати махфй даъват намуд.
Аз чй хусус рафтани гапро Абуалй пешакй медонист. Чурчонй ҳанӯз аз аввали субҳ китобҳоро рахт мебаст.
– Бонуи моён аз Абуалй барои табобати писарашон Мачд беҳад миннатдор ва сипосгузоранд. Агар Абуалй то охири умр мехмони мухтарами шахрашон буда метавонист, аз он шоду мамнун мебуданд. Аммо ҳолати рухдодаро худи Абуалй мебинанд. Шаҳр дар зери хавфу хатар аст. Ва, мувофики фахмиши бону, Абуалй бандии Султон Махмуд шуданро намехостагистанд. Барои ҳамин бону ба номи бародари шавҳари мархумашон Шамсуддавла, ки ҳокими Ҳамадон аст, мактубе навиштанд. Мактубу харҷи роҳ дар ҳамин ҷоянд. Аспону хидматгорон ҳам барои пеш гирифтани роҳ омодаанд.
Ҳамин тарик, Абуалй боз бо як шахри дигар хайрбод гуфт.
Ҳамрохи Чурҷонй ҷониби Ҳамадон раҳсипор гашттнн.
Ба Сайидаи окила муяссар гардид, ки бо илоҷе пеши рохи Султон Махмудро бигирад.
Нависанда Унсурулмаолии Кайковус, набераи амир Қобус, аз ин хусус дар китоби худ «Қобуснома» чунин накл мекунад: «…Султон Махмуд ибни Сабуктегин ба вай (Саййида) расул фиристоду гуфт: «Бояд ки хутбаву сикка ба номи ман кунй, вагарна ман биёяму Рай биситонаму вайро хароб кунаму туро нест гардонам» ва тавдиди бисёр гуфт. Чун расул биёмаду нома бидод, Саййида гуфт: «Бии Султон Махмудро, ки то шуйи ман зинда буд, маро андешаи он буд, ки туро магар ин рой буваду максади Рай кунй!? Чун вай фармон ёфту шуғл ба ман афтод, маро ин андеша аз дил бархост, гуфтам: «Султон Махмуд подшохи окил аст; донад, ки чун ӯ подшоҳеро ба ҷанги чун ман зане набояд омад. Акнун агар биёй, Худой огоҳ аст, ки ман нахоҳам гурехту ҷангро истодаам, аз он чй аз ду берун набошад: аз ду лашкар яке шикаста шавад.
Агар ман туро бишканам, ба ҳама олам нома нависам, ки Султон Маҳмудро бишкастам, ки сад подшоҳро шикаста буд. Маро ҳам фатҳнома бувад ворасаду ҳам шеъри фатҳ! Ва гар ту маро бишканй, чй тавонй навишт?! Гуйй «занеро бишкастам», туро на фатҳнома расаду на шеъри фатҳ! Шикастани зане бас фахр набошад! Гнд, ки Султон
Маҳмуд занеро бишкаст».
Бад-ин як сухан, то вай зинда буд, Султон Маҳмуд касди Рай накарду мутаарризи вай нашуд».
Абуаливу Чурчони аллакай аз ағба гузашта, дур рафта буданд. Онҳо ҷониби Ҳамадон мерафтанд.