Главная / Илм / ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТИ-СИЁСИ ДАР СОЛҲОИ 50-60УМ

ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТИ-СИЁСИ ДАР СОЛҲОИ 50-60УМ

Чанги дуюми чахон бо ташаббуси қуввахои иртичоии байналмиллали, ки орзуи хукмрони чахон шуданро доштанд, 1-сентябри соли 1939 сар шуд. Ин чанг дар таърихи инсоният фалокати бузургтарин ба хисоб меравад. Бадбахтие, ки ба сари мардуми чахон овард, аз ченаки умуми берун мебароянд. Ин чанг пеш аз хама задухурди ду идеология: идеологияи коммунисти ва буржуази буд, ки асоси маънавии ду давлати бузурги чахон – Иттиходи Шурави ва Германияи фашистиро ташкил мекард.
Фашизм, аз калимаи итоляви-иттиход гирифта шуда, хамчун идеологияи миллатгарои ва инсонбадбини дар солхои 20-уми карни гузашта дар як қатор малакатхои Аврупо ба вучуд омад.
Солхои 30-ум фашизм дар Италия, Олмон, Португалия, Испания ва мамлакатхои дигари Аврупои Шарки ва Маркази баркарор шуд. Махсусан баъди ба сари давлати Олмон баромадани дохи фашистони Гитлер соли 1933 чахонро ба гирдоби чанг наздик кард.
Гитлер (Ҳитлер) номи аслиаш Шиклгрубер Адолф 20- апрели соли 1889 дар музофоти Браунаи Австрия ба дунё омадааст. у дар давраи чанги якуми чахон дар урдуи Олмон бо рутбаи ефрейтор хизмат кард. Аз соли 1919 ба тарафи сотсиалистони милли майл карда, яке аз асосгузорони хизби фашисти дар Олмон буд. Соли 1920 рохбарияти хизби милли – сотсиалисти коргарии Олмонро ба даст даровард. 9-уми ноябри соли 1933 раиси Олмон П.Гиденбург Гитлерро рейхканслер тайин намуд. Баъд вафоти П. Гиденбург Гитлер тамоми хокимиятро ба даст гирифта, Олмонро ба лагери ягонаи харби табдил дод. Тамоми накшахои инсонбадбинонаи А.Гитлер дар китоби ӯ «Майн кампф» (Муборизаи ман), ки соли 1924 нашр шуда буд, ифода ёфтааст. Ин китоб асоси барномаи хизби милли – сотсиалистони Олмонро ташкил медод. Дар он комилан аз байн бурдани нажоди паст (ба қавли онҳо ба айр аз немисҳо) равшану ҳама тарафа тасвир ёфта буд.
Дар байни фашистони Олмон ва Италия иттиҳоди ҳарби баста шуд, ки дертар миллатгароёни Чопон низ ба он дохил шуданд.
Барои ба сари кудрат омадани фашистон дар Олмон чи сабаб гашт?. Шикаст дар чанги якуми чаҳон, барҳам хӯрдани империяи Висмери бухрони сиёсию иктисоди омилҳои асоси буданд, ки дар Олмон ба дигаргун шудани мухити маънави оварда расонданд. Ҳизби милли – сотсиалисти бо роҳбарии Гитлер ба хисси миллии халки немис такя карда дар байни аҳолии хиссиёти ниқорталаби мебурданд.
Дар Олмон на танҳо осори мутафаккирони башардӯстро сӯзонда нобуд карданд, балки садҳо ҳазорон нафарро бо баҳонаи ориёи набуданаш ба лагерҳои консентрасиони чойгир карда нобуд сохтанд. Ба таври оммави нобуд намудани яхудиён сиёсати инсонбадбинонаи Гитлерро нишон медиҳад. Дар Олмон тамоми хизбҳои сиёсие, ки наши фашистонро намепазируфтанд, таъкиб ва чазо дода мешуданд.
Хавфи чанги чаҳон торафт наздик мешуд, лекин мавқеи давлатҳои бузург дар ин давра якхела набуд.
Давлати Шӯрави хавфи чангро дар Ғарб аз Олмони фашисти ва дар Шарқ аз Японияи миллатпарасти медид. Лекин як чиз аниқ набуд, ки кадоме аз ин давлатҳо чангро сар мекунанд.
Мамлакатҳои Аврупо ба кувваи ҳарбии Иттиҳоди Шӯрави боварии комил надоштанд. Аз ин сабаб, гуфтушуниди худро бо мамлакати Шӯрави бо ҳар баҳона кашол дода, бисёр масъалаҳоро пинхони бо Гитлер ҳал мекарданд.
11-августи соли 1939 баъди тайёриҳои зиёд байни Иттиҳоди Шӯрави ва вакилони англо-франсузи дар масъалаи бартараф намудани хавфи чанг дар Аврупо гуфтушунид сар шуд. Аммо онҳо ягон натича надоданд.
Аз ин сабаб 12-август Иттиҳоди Шӯрави дар бораи сар кардани гуфтушунид бо Олмон тайёр будани худро иброз намуд. Бо Олмон ва намояндагони англо-франсави дар як вакт гуфтушунид менамуданд. Ниҳоят 20-августи соли 1939 Гитлер ба И. Сталин мактуб фиристода дар бораи тайёр будан ба гуфтушунид хабар дод.
23-август Иттиҳоди Шӯрави (Молотов бо Рибентрон) ва Олмон дар бораи ба якдигар ҳучумнакардан ба мӯхлати 10- сол шартнома имзо карданд. Дар шартнома доир ба Полша карордоди махфи қабул карда шуд.
Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯрави боварии комил дошт, ки шартномаи бо Олмон имзо шуда муваққати мебошад, ва аз ин рӯ барои бехатарии сарҳадҳо чораҳо меандешиданд. 17- сентябри соли 1939 кисмҳои Артиши Сурх ба Украинаи Ғарби ва Беклоруссияи Ғарби дохил шуда, баъди чанг ин заминҳо ба Украина ва Белоруссия ҳамроҳ карда шуданд.
Дар як вакт кувваҳои якчояи Мугулистон ва Шӯрави дар Шарки Дур дар соҳилҳои дарёи Халхин – Гол ба муқобили Япония амалиёт мебурданд. Ин амалиёт ба рафти минбаъдаи чанг дар кисми Шарки таъсири калон расонд. Ниятҳои тачовузкоронаи Япония барбод дода шуд.
Охирҳои ноябри соли 1939 амалиёти ҳарбии Шӯрави ва Финландия сар шуд. Давлати Шӯрави ният дошт, ки бо роҳи дипломати масъалаҳои сарҳадиро бо Финландия ҳалу фасл намояд. Ба Финландия таклиф карда шуд, ки сарҳади давлатиро аз Ленинград ба масофаи 32 км дуртар барад. Дар ивази ин ба Финландия дар гарданаи Корелия чандин маротиба зиёдтар территория пешниҳод карда шуд. Инчунин давлати шӯрави нимчазираи Ханко ва бандари Петсаморо ба ичора додан пешниҳод кард. Финландия ин таклифро қабул накард.
Қушунҳои Шӯрави бо душвори ва талафоти калон (126 875 нафар кушта ва ярадор шуданд) хати мудофиавии Манергеймро рахана карданд. Финҳо дар ин муҳориба 48273 нафар талаф доданд. Аввалҳои моҳи феврали соли 1940 Финландия барои бастани сулхнма рози шуд. Сарҳади нави байни давлатии Иттиҳоди Шӯрави ва Финландия муайян гардид. Мохи июни соли 1940 Иттифоки Шӯрави ба Руминия баргардонда сарзамини Бесарабия ва Буковинаи Шимолиро пешниҳод кард. (Ин заминҳо дар асоси шартномаи Брест соли 1918 аз Русия гирифта шуданд). Мохи августи соли 1940 Баксарабия ба Молдавия ҳамроҳ карда шуд ва Буковинаи Шимоли ба Украина ҳамроҳ карда шуданд.
Мохдои июн-июли соли 1940 дар давлатҳои назди Балтика, Эстония, Латвия ва Литва вазъияти душвори сиёси ба амал омад. Мувофики шартномаи имзо шудаи мохи сентябри соли 1939 бояд кисмҳои ҳарбии шӯрави ба хоки ин давлатҳо ворид мешуданд.
Дар мохдои июн-июли соли 1940 дар давлатҳои назди Балтика ҳаракати инқилоби сар шуд. 21-июли соли 1940 дар чумхуриҳо Литва Латвия ва Эстония Ҳокимияти Шӯрави барпо карда шуда онҳо ба ҳайати Иттиҳоди Шӯрави ҳамроҳ карда шуданд.
Олмони фашисти аз бетарафии мамлакатҳои Аврупо истифода бурда, 1-сентябри соли 1939 ба Полша хучум кард. Рӯзи дигар Англия мачбур шуд, ки ба Германия чанг эълон кунад. Ҳамин тариқ чанги дуюми чаҳон дар Аврупо сар шуд. Аз мохи августи соли 1939 то соли 1940 Олмон давлатҳои Полша, Чехословакия, Руминия, Венгрияро забт намуда ба сарҳадҳои Иттиҳоди Шӯрави наздик шуд.
Ниҳоят 22-июни соли 1941 Олмони фашисти ногаҳон ба Иттиҳоди Шӯрави аз се самти асоси (Шимол, Марказ ва Чануб) ахдшиканона ҳуҷум намуд.
Ҳангоми мурофиаи суди Байналхалки аз болои саркардагони фашистии Олмон дар ш. Нюрнберг маълум гардид, ки ҳанӯз дар солҳои 30-юм Гитлер накшаи бо Иттиҳоди Шӯрави сар кардани чангро кашида будааст.
Мувофики он («наши Барбаросса») тавассути чанги «Баркосо» мебоист шунҳои фашисти то фарорасии
зимистон ба Урал мерасиданд.
То ба Иттиҳоди Шӯрави сар кардани чанг, Олмон дар зарфи 2-солаи чанг дар Аврупо 11-мамоликро тасарруф намуд, ки онхо 142 млн.км.кв. марз доштанд.
Дар рӯзҳои аввали чанг фашистон аз хучи ногахони ва бартарии харби- техники истифода бурда, такрибан 50% техникаи чанги, анборхои сӯзишвори ва озукавориро несту нобуд сохтанд. Чанг 1418 шабонарӯз идома ёфт.
Бо бисёр сабабхои объективи ва субъективи артиши Сурх чангкунон акибнишини мекарданд. Ба ин нигох накарда, артиши Шӯрави пай дар пай куввахои зарбазани фашистонро аз қатор мебароварданд ва то саршавии зимистон душман бехолу бемадор гардид. Ин вазъият дар доманахои шахри Москав эхсос шуд.
Аз тарафи ИЧШС чанг характери мудофиави, озодихохи дошт. Мардум ба мудофиаи Ватан бархост. Вазифа аз он иборат буд, ки дар мухлати кӯтох тамоми мамалакат ба лагери ягонаи харби табдил дода шавад. Шиори асосии мардум «хама чиз ба фронт, хама чиз барои алаба» буд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222