Главная / Илм / ҲАЁТИ МАЪНАВӢ ВА МАЗҲАБӢ

ҲАЁТИ МАЪНАВӢ ВА МАЗҲАБӢ

 Ҳаёти маънавӣ ва эътиқодоти мазҳабии аъроб қабл аз ислом ба мо аз сарчашмаҳои ислом – Қуръон ва сунна ва маъхазҳои дигар то андозае маълум мебошад. Арабҳо дар маънавиёту эътиқодоти мазҳабӣ аз ҳамсояҳои худ хеле ақиб монда буданд. Дину оинҳои бутпарстиву бисёрхудоии онҳо, ҳанӯз дар сатҳи динҳои қабилавӣ-авлодӣ қарор дошт. Ҳатто дар ин соҳа ҳанӯз ба пояи динҳои бисёрхудоии милливу давлатӣ на расида буданд. Шоирони араб, ки қобилияти сарояндагии анвоъи гуногуни шеъри баландпоя: ғазал, қасида, марсия ва ғайраро доштанд, ҳамчун шоирони қабилавӣ ба ситоишу мадҳи қабилаи худ ва ҳаҷву мазаммати қабилаву авлоди мухолиф мепардохтаанд. Дар воқеъ баландтарин муваффақияти маънавии аъроби ҷоҳилия ин шеъру адаби онҳо мебошад.

Дар хонаи Каъба зиёда аз сесад ё сесаду шаст (360) бутҳои қабоили арабро даври ҳам гузошта буданд. Аксарият қабилаҳо бути махсуси худро доштанд. Вале дар байни онҳо бутҳое ҳам ҷой доштанд, ки барои ҳамаи қабилаҳо мавриди парастиш ва дорои эътибор ба шумор мерафт. Чунин як бут, Ҳубал ном доштааст. Ҳубалро тақрибан ба мартабаи худои худоён мешинохтаанд. Аз матни Қуръон маълум мешавад, ки аъроб ба худои офаридгори Замину Осмон, худои ноаён – Аллоҳ низ мӯътақид буданд. Баъзе шояд ба ягонагии ин худои офаридгор боварӣ доштанд, вале бутҳои худро ҳамчун восита-шафеъ дар назди ӯ меҳисобидаанд.

Ба ғайр аз Ҳубал дар Қуръон аз худоёни нарру модаи дигар чун: Лот, Манот, Уззо, Наъила, Зул-халаса, Вадд, Суво, Яҷус, Яуқ, (Ниг.Қ. сур. Нуҳ, ояти.23 ва ан- Наҷм, ояти 19-21) ёд шудааст. Аъроб инчунин ба вуҷуди қувваҳои бад ва зиёнкор дар муқобили қувваҳои нек ва хайр, рӯҳи биёбон, ҷин ва ғайра бовар мекарданд.

Эътиқоди аъроб ба ҳаёти пас аз марг чандон равшан нест. Аз Қуръон чунин бармеояд, ки ба он эътиқод надоштанд. Чунки мухолифони паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар радди ин чунин таълимоти ӯ ақидаи даҳрӣ баён кардаанд.(Ниг.Қ. сур.45, ояти24)

Аз сарчашмаҳои хаттӣ ва ривоёт чунин бармеояд, ки бутпарастӣ дар арафаи пайдоиши ислом дар вазъияти инқирозу бӯҳронӣ қарор доштааст. Беэътиноӣ ба бутҳо ва тамасхури онҳо рӯзафзун мегардид, омили асосии он бархӯрд ва ошноӣ бо динҳои волотари ташаккулёфта, чун яҳудия, насронӣ ва зардуштӣ буда. Чунон ки гуфта шуд, дар шимол қисмате аз аъроб, масалан, ғассониён дини насрониро қабул карда буданд. Дар Яман нуфузу таъсири зардуштия эҳсос мешуд. Мувофиқи ривоятҳо, дини насронӣ дар худи Макка низ нуфуз дошта ва дар деворҳои Каъба нақши Масеҳ ва пайғамбарони дигарро кашида будаанд.

Хулоса, дар баробари инқирози парастишҳои бисёрхудоию ҷоҳилия, ғояи тавҳид ба тадриҷ байни арабҳо нуфӯз мекард. Мубаллиғони ин чунин ақидаро ҲАНИФ меномидаанд. Дар Қуръон низ ин истилоҳ (яъне ҳаниф) ҳамчун муродифи яктопараст (муваҳҳид) омадаст ва аввалин ҳаниф Иброҳими Халиллулоҳ ёд шуда.\ Ниг. Қ. 3: 89; 6:79,162 \

Дар бораи тартиботи иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва мақоми зан дар ҷоҳлия низ бисёр навиштаанд, аз ҷумла таърихнависони ислом одати зинда дар гӯр кардани фарзанди навзоди духтарро махсус таъкид мекунанд, ки Қуръон онро манъ кард.\ Ниг. Қ.6:137,140,151; 17: 31; 60:12.\

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222