Главная / Илм / Ҳайвоноте, ки шариат забхи онҳоро барои Қурбонӣ ҷоиз дониста- аст

Ҳайвоноте, ки шариат забхи онҳоро барои Қурбонӣ ҷоиз дониста- аст

Ҳайвоноте, ки шариат забҳи онҳоро барои қурбонӣ ҷоиз донистааст, буз, гусфанд, шутур, ва гов мебошанд, чй барои узҳия ва чй барои ҳадйи Ҳарам забҳ шаванд. Забҳи дигар ҳайвонот барои ин амр ҷоиз нест. Худованд навъи чаҳорпоёни қурбониро худ муайян намуда ва дар Қуръони карим онҳоро «бахимату-л-анъом» номидааст, он ҷо ки мефармояд: «Ва барои ҳар уммате ид ва забҳ (ва ё забх,гох,)-е гардонидаем, то номи Худоро бар он чи ба онҳо аз баҳимаи анъом рӯзӣ додааст, ёд намоянд». Баҳимату-л-анъом дар луғат ба маънои ҳай-
вонот – чаҳорпоёни ҳалолгушти хонаги аст. Дар таълимоти суннати набавй паҳлӯҳои дигар ва аҳкоми бозмондаи ин шиори рузи ид – қурбонй ба тафсил баён гардидааст. Қурбони ва забҳи чаҳорпоёни мазкур ба ду шарти зерин дуруст мешавад:
1. Синнашон барои қурбони расида бошад. Синни қурбони барои чаҳорпоёни мазкур он аст, ки гусфанд як, гов ду ва шутур панҷ солро пур карда бошанд. Танҳо гусфанде, ки шаш моҳ ва ё аксари ҳавл (сол)-ро пур карда, зоҳиран аз гусфанди яксола чандон фарқе надошта бошад, низ қурбонияш ҷоиз аст.
2. Солим буда, ҳеҷ айбу нуқсе надошта бошанд, яъне ҳеҷ як аз аъзои онҳо, ба монанди даст, пой, дум ва ё гушашон бурида нашуда бошад ва ҳамчунин ҳайвони кӯр, лоғар (хароб) ва ё ланге набошад, ки натавонад то қурбонгоҳ биравад, зеро қурбонии он ҷоиз нест.
Аз Алй (р) ривоят шудааст, ки паёмбар (с) фармуд: «Чашм ва гуши моли қурбониро бо диққат гӯшбурида, ки -охро қӯр ё гӯшчок ва؛р)в ва ё бари гӯшаш бурида шудааст ва
Дар ин ҷо ба баъзе масоили марбут ба курбонй ва ҳамчунин ба
баъзе васфҳо ва хусусиятҳои чаҳорпое, ки барои курбонй пешбинй
мешавад, ишора менамоем:
1. Дар шутур ва гов ҳамчунин ширкати то ҳафт нафар қурбоникун дуруст аст. Вақте чанд кас (аз ду то ҳафт нафар) дар як қурбони шарик шаванд, қурбониашон вақте дуруст мешавад, ки хосту иродаи ҳамаи шарикон наздики ба сӯи Худованди мутаъол бошад. Агар яке аз шарикон мақсади харидани гушт дошта бошад, на қурбони ва ё қурбати дигаре, қурбонии дигар шарикон низ дуруст намешавад. Агар ҷиҳат ва навъи қурбати шарикон аз ҳам фарқ кунад, масалан, яке барои қурбони, дигаре барои шукри (ҳадй)-и таматтуъ, сеюми барои ҳадяи кирон, чоруми барои каффорати савганд, панҷум барои ҷаримаи хун дар тарки эҳром аз микот, шашум барои ҳадяи нафли дар ҳаҷҷи ифрод ва ҳафтум барои ақиқаи фарзандаш дар он шарик шаванд, боке надорад, зеро нияти ҳама қурбат ва наздикй ба Худо аст.
2. Чаҳорпое, ки барои қурбони омода намуда буд, ногаҳон гум шуд ва ба ҷои он ҳайвони дигаре харид, дар ҳамин вақт ҳайвони якум низ пайдо шуд, агар шахс сарватманд бошад, қурбонй кардани яке аз онҳо бар вай воҷиб мебошад, вале агар фақир бошад, қурбони карда-
ни ҳар ду воҷиб мебошад.
3. Шахс метавонад гӯшти қурбониро ҳам худ бихурад ва ҳам ба хешону ҳамсоягони худ миқдоре бидиҳад.
4. Пусти қурбони ё қимати онро хайр намояд ва ё онро худаш истифода намояд. Аз пули гӯшт ё пули қурбони таъмир намудани масҷид ва ё дигар маконҳои хайрия ҷоиз нест.
5. Шахси қурбоникунанда метавонад пусти қурбониро ба масрафи худ бирасонад, ба монанди ин ки аз он машқ ё фарш бисозад.
6. Музди забҳкунандаро аз пусту гӯшти қурбони надиҳад.
7. Чизҳое, ки ба ҳайвони забҳшуда тааллуқ доранд, аз қабили ресмон, нухта ва ира, бояд ҳамаро хайр намояд.
8. Шахсе, ки қурбони бар вай воҷиб нагаштааст, агар ба нияти қурбони гусфанде харад, пас аз харидорй қурбони кардан бар вай воҷиб мегардад. Зеро ибодатҳои нафлй бо шуруъ воҷиб мегарданд.
9. Бар касе, ки қурбони воҷиб мебошад, агар дар рӯзҳои муайян қурбони накард, бояд дар рӯзҳои баъдй қимати гусфанд ё худи гӯсфандро агар харидорй шудааст, хайр намояд.
10. Шахсе назр кард, ки агар фалон корам амалй шавад, барои Худо гусфанде хайр хоҳам кард, пас аз амалй гардидани маромаш, назр бар зиммааш воҷиб мегардад. Бояд ба он вафо намояд ва гӯшти ҳайвони назршударо ба факирону бечорагон бидиҳад. Барои худи шахси назркунанда хурдан аз гӯшти қурбонии назриаш ҳалол ва ҷоиз нест. Забҳи ҳайвони назргашта, агар онро ба рузи ид марбут ва махсус нагардонида бошад, яъне рузашро муайян насохта бошад, пас аз амалй гардидани маромаш дар ҳар рузе сурат гирад, ҷоиз мебошад.
11. Шахсе бо майлу рағбати худ ҷиҳати ризои Худо барои расидани савобе ба гузаштагонаш чорвое қурбони кунад, аз гӯшти он бою камбағал метавонанд бихуранд, вале агар бино ба васияти худи даргузашта ин корро карда бошад, бояд танҳо факирону бечорагон аз гӯш-
ти он бихуранд.
12. Бе иҷозат аз тарафи касе қурбони кардан ҷоиз нест ва ҳамчунин, ширкати иб бе иҷозати худаш саҳеҳ намебошад.
13. Ҳайвонотеро барои насловари ва парвариш ба сурати муносафа (нисф дар нисф) ва ғайра ба касе супорад, чунин қарордод ҷоиз нест ва он шахс коргари бо музд (даҳмарда) ба шумор меравад. Бинобар ин, харидани ҳайвоне аз чунин чупонҳо барои қурбони бе иҷозати соҳибаш ҷоиз нест.
14. Чанд нафаре дар гов ё шутур бо ҳам шарик шаванд, метавонанд тамоми гӯшти онро хом ё пухта хайр намоянд. Дар вақти ҷудо намудани ҳиссаи ҳар як шарик он ҳатман бояд ба тарозу тақсим шавад. Гӯшти қурбониро ба кофирон низ метавон тақсим намуд.
15. Қурбони кардани ҳайвони бордор ҷоиз аст, вале ҳайвони бе ҳамл бехтар аст. Агар пас аз забҳи модар барра ё бузола ва ё гусолае зинда берун ояд, онро низ бояд қурбони намояд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222