Главная / Илм / Алоқамандии мақсад ва вазифаҳои менеҷменти инноватсионӣ

Алоқамандии мақсад ва вазифаҳои менеҷменти инноватсионӣ

Мақсадҳои менеҷменти инноватсионӣ бо мақсадҳо, миссияи корхона, фалсафаи он, анъана ва давраи ҳаётии корхона алоқамандӣ дорад.

Субъекти фаъолияти хоҷагидории иқтисодиёти муосир – ин корхона, ширкат, корпоратсия, яъне шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки дар интихоби намуди фаъолият, ҳамкорон, моликият озод буда ӯҳдадориҳои муаянро дар назди давлат иҷро менамоянд.

5154854Корхона мустақилияти стратегӣ ва амалиро дорост ва дар навбати худ ҳаҷми истеҳсол, номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, сохтори ташкилӣ ва технологиро муайян намуда, масъалаҳои рафтору муносибат дар бозорро низ худ ҳал менамояд.

Мақсадҳои фаъолияти инноватсионӣи корхона аз нуқтаи назари талаботҳои дохилӣ чунинад:

  • баландбардории самаранокии истеҳсолот аз ҳисоби навсозии пурраи низоми истеҳсолӣ;
  • баландбардории бартариятҳои рақобатӣ дар заминаи самаранок истифодабарии нерӯи илмӣ, илмӣ-техникӣ, зеҳнӣ ва иқтисодӣ.

Мақсадҳои иҷтимоӣ асосан барои баландбардории музди меҳнати кормандон, беҳтаргардонии шароитҳои меҳнат ва баландбардории ҳифзи иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.

Мақсадҳои инноватсионӣ бо коркарди навовариҳо, гузаронидани корҳо оиди патенткунонӣ, азхудкунии нау-хау, намунаҳои нави саноатӣ ва аломатҳои молӣ алоқамандӣ доранд.

Мақсадҳои корхона дар доираи тиҷорати навовариҳо гузаронидани чорабиниҳои фаъоли маркетингиро пешбинӣ менамоянд, ки барои ишғоли мавқеъ устувори бозори ва васеъсозии бозорҳои фурӯш нигаронида шудаанд.

Мақсадҳои афзалиятноки менеҷменти инноватсионӣ ба рушд ва тараққии корхона дар заминаи фаъолгардонии амалиётҳои инноватсионӣ, ҳаракати фаъоли лоиҳаҳои нав ва технологияҳои нав дар бозор, истифодабарии имкониятҳои ояндаи махсусгардонӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот барои рушди фаъоли ба оянда нигаронида шудаанд.

Мақсадҳои амалии ташкилот аз сермаҳсулгардонии ҷараёнҳои коркард, татбиқ ва азхудкунии навовариҳо, ташкил ва молиякунонии сармоягузорӣ дар корхона, омӯзиш ва бозомӯзонии кормандон, такмили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва озмоишӣ-конструкторӣ ва роҳу усулҳои идоракунӣ иборатанд.

Мақсадҳои сохтории ташкилот бо оқилона амалкунии зернизомҳои корхона, ба монанди истеҳсолот, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва озмоишӣ- конструкторӣ, кадрҳо, молия, маркетинг ва менеҷмент алоқамандӣ доранд.

Таснифоти умумии мақсадҳои менеҷменти инноватсионӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин сурат гирифта метавонад:

  1. Аз рӯи дараҷа: стратегӣ; амалӣ.
  2. Вобаста ба муҳит: берунӣ; дохилӣ.
  3. Аз рӯи таркиб: иқтисодӣ; иҷтимоӣ; сиёсӣ; илмӣ; техникӣ; ташкилӣ вағайра.
  1. Аз рӯи бартариятнокӣ: бартариятнок; доимӣ; анъанавӣ; яквақта.
  2. Вобаста ба сохторҳои амалкунанда (функсионалӣ): истеҳсол; корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва озмоишӣ-конструкторӣ; кадрҳо; молия; бозоршиносӣ; идоравӣ.
  3. Аз рӯи давраҳои ҳаётии ташкилот: пайдоиш (зоҳиршавӣ); афзоиш; рушд; таназзул ва хотимаи давраи ҳаётӣ.

Амалигардонии мақсадҳо аз иҷроиши дуруст ва саривақтии вазифаҳои идоракунӣ вобастагӣ доранд, ки банақшагирӣ, ташкил, назорат, мутобиқсозӣ ва баҳисобгириро дар бар мегиранд.

Вазифаи махсуси менеҷменти инноватсионӣ мебошад, ки идораи низоми чорабиниҳоро оиди таҳлили омилҳои муҳити дохилию берунӣ, ақидабинии фаъолияти ташкилот, банақшагирии амалигардонии стратегияи корхона ва мақсадҳои гузоштагиро ба чунин намудҳо тақсим мекунанд:

  1. Аз рӯи мӯҳлати иҷроиш: кӯтоҳмуддат; миёнамуддат; дарозмудат
  2. Аз рӯи мақсад: стратегӣ; амалӣ
  3. Вобаста ба объект: банақшагирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва озмоишӣ-конструкторӣ; истеҳсол; таъминот; фурӯш; молиявӣ ва ғайра
  4. Аз рӯи омилҳои истеҳсолот: ба нақшагирии навсозии дастгоҳу таҷҳизотҳо; такмилдиҳии технология; навсозии фондҳои асосии истеҳсолӣ; таъмини ашёи хому масолеҳҳо ва ғайра.

Умуман таркиби ҷараёни банақшагириро таҳлили омилҳои муҳити доҳилӣ ва бурунӣ, таҳлили имкониятҳои истеҳсолӣ ва вазъи дастгоҳи истеҳсолӣ, таҳлили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва озмоишӣ-конструкторӣ, технологияҳои нав, намудҳои нави махсулот; тахлили вазъи молиявӣ ва имкониятҳои молиявӣ, ташкил медиҳад.

Ҷараёни ба нақшагирӣ дар иқтисоди бозорӣ хусусияти директиви маъмурӣ-фармонфармои надорад, аммо имкон медиҳад, ки стратегияи тараққиёт муайян карда шуда, низоми нишондиҳандаҳои аниқи фаъолият истифода гарданд. Моҳияти банақшагирӣ ҳамчун вазифаи асосии менеҷменти инноватсионӣ дар интихоби самтҳои бартариятноки тараққиёт зоҳир мегардад.

Масъалаи асосии ташкил-ҳамчун вазифаи идоракунӣ ва ташаккулдиҳии сохторҳои ташкилӣ барои татбиқи навовариҳо мебошад, ки ин чунин таъмини тамоми захираҳо ва иҷроиши нақшаи чорабиниҳоро бо мақсади амалигардонии стратегияи тараққиёти корхона дар назар дорад.

Мураккабӣ, номуайянӣ ва хусусияти ташаббускорӣ доштани бунёди навовариҳо ташкил ва мутобиқшавии кори иҷрокунандаро ба яке аз вазифаҳои асосии менеҷменти инноватсионӣ табдил медиҳад. Вазифаҳои ташкил- ташаккулёбии сохтори менеҷмент ва тақсимоти ҷараёнҳои ахборӣ, энергетикӣ, модӣ ва инноватсионӣ байни иҷрокунандагон. Қисми муҳим ва таркибии ин ҷараёни идоракунӣ, тақсимоти ӯҳдадориҳо, таваккал ва ваколатҳо ба ҳисоб мераванд. Ба вазифаҳои ташкилӣ дар ҷараёни идоракунӣ таҳрезии ҷараёни идоракунӣ, коркарди чорабиниҳо оид ба якхеласозӣ ва стандартизатсияи усули воситаҳо, тақсимоти ахбор вобаста ба зернизомҳои менеҷмент ва ғайра дохил мешаванд.

Баландбардории дараҷаи илмӣ-техникӣ, технологӣ ва ташкилии истеҳсолот низ ба вазифаи ташкил алоқамандӣ доранд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222