Главная / Илм / АМОРАТИ БУХОРО ДАР АРАФАИ ИНЦИИОББ СОЛИ 1905-1907

АМОРАТИ БУХОРО ДАР АРАФАИ ИНЦИИОББ СОЛИ 1905-1907

Дар натичаи баркарор шудани протекторати Россия аз болои аморати Бухоро дар ҳаёти ичтимоию иқтисодии аморат таиротҳои муайян ба амал омаданд. Дар зери таъсири капитализми рус шаклҳои хочагидории асримиёнаги вайрон шуда, Бухоро ба муомилоти чаҳони чалб карда шуд. Аз Бухоро ба Россия асосан пахта бурда мешуд ва дар фурӯши пахта Бухоро баъд аз Фарғона ба чои дуюм баромад.
Дар Бухорои Шарки пахтакори суст равнак меёфт. Чунки ин диёр аз рохи оҳан дур буда, системаи мукаммали обёркуни надошт. Аморат барои инкишофи пахтакори дар ин чо чорае наандешид, дар Бухорои Шарки барои эхтиёчоти дохили ва савдо ғалла истеҳсол карда мешуд.
Дар баробари пахта аз Бухоро ба Россия пӯсти карокули, пашм, гилем, пила ва айра бурда мешуд. Дар аввал савдогарони маҳали маҳсулоти худро дар бозорҳои Нижегородск ва Москва мефурӯхтанд. Баъдтар дар қаламрави Бухоро савдогарони рус мавқеи худро мустахкам карда, савдои ин молҳоро ба дасти худ гирифтанд.
Аз Бухорои Шарки ба Россия писта, чормагз, загир, кунчид, гандум, чорво, чарм, матоъҳои абрешими Ҳисори, пусти карокули, пашм ва айраҳо бурда мешуданд.
Ба гушаҳои дурдасттарини Бухорои Шарки молҳои саноатии Россия оварда мешуданд. Масалан, дар ибтидои асри XX ба Бухоро соле 1500 пуд молҳои гуногун оварда шуд.
Аз ибтидои асри XX сар карда капитали молиявии рус ба аморати Бухоро ворид шудан гирифт. Дар аморат шӯъбаи бонки давлатии Россия, филиалҳои бонки Русу Осиё, бонки хисоботии Москва, бонки савдоии Сибир ташкил ёфта буданд. Сармоядорони рус иктисодиёти Бухороро дар зери таъсири худ даровард.
Дар Бухоро корхонаҳои саноати охири асри XIX ва ибтидои асри XX бунёд шуда буданд. Ин корхонаҳо асосан заводҳои пахтатозакуни буданд, ки ба саноатчиёни рус таалуқ доштанд. Дар солҳои 90-ум дар қатори сармоядорони рус буржуазияи савдои маҳали низ ташаккул ёфта буд. Дар арафаи инкилоби солҳои 1905-1907 20 корхонаи
пахтатозакуни, як кони коркарди тилло амал мекарданд, ки дар онҳо 734 нафар коргарон кор мекарданд. Аммо хукумати подшохии рус ба равнаки саноат дар Аморати Бухоро роҳ надод, бинобар он косиби ва хунарманди ҳанӯз бартарият доштанд.
Дар Бухорои кӯҳна 9 устохонаи калон ва 80 устохонаи хурди бофандаги мавчуд буданд, ки дар онҳо 15000 бофанда кор мекард. Хнрманди аксаран мероси буд. Яке аз хунарҳои пахншуда кулоли буд. Хнармандон бо ёрии чархи кулоли зарфҳои гуногун месохтанд. Матоъҳои шохибофон ва зардӯзони точик хеле дилрабо ва зебо буданд. Дар байни точикон чармгари, чубтароши, музадӯзи, заргари ва оҳангари ривоч, меёфтанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222