Главная / Илм / Анҷумани худоёни румӣ

Анҷумани худоёни румӣ

Худоёни маъруфе, ки анҷумани худоёни дини давлатии Руми бостонро ташкил мекардаанд, иборатанд:

-«Юпитер»-худои худоён (ҳамтои юнонии он Зевс);

-«Юнона»-олиҳаи никоҳ, модарӣ -зани Юпитер;

Юнона в Юпитер
Сурати Юнона в Юпитер

«Минерва» яке аз олиҳаҳои асосии румӣ, ҳомии косибӣ, табобат ва санъат, дар қатори Юпитер ва Юнона таслиси анҷумани худоёни капитолия ба шумор мерафт;

  • «Янус»-худои боромадгоҳу даромадгоҳ- дарҳо, дар ибтидо худои нур ва офтоб, дарвозаи осмон буда;
  • «Марс»-худои ҷанг;
  • «Весто»- худои оташдони хона ва оташ( дар Юнон Геста);
  • , «Нептун»-худои обҳо ва намй (юнонй Посейдон);
  • «Вулкан»-худои оташи пок ва харобгар(юнонй Гефес);
  • Церера-яке аз олиҳаҳои ҳосилот;
  • Меркурий-худои тиҷорат, фоида ва сарватмандй(ҳамтоиюнониашГермес);
  • Диана-олиҳаинаботот, таҷассумимоҳ.

Аз худоёни румй Юпитер (яъне падари осмонй), яке аз нишонаҳои умумияту алоқамандии дину мазҳаби румиён бо динҳои ориёй мебошад.

Чун дар Юнон дар империяи Рум низ худоён дорои мартабаю мақоми хосе буданд, худои худоён ё «падари худоён», ки таҷассуми ҳашамати он империя буд, Юпитер ба шумор мерафт. Пас аз ӯ Юнона ва Минерва қарор доштанд, ки ба ифтихори онҳо се маъбад дар Капитолй бунёд шуда буд.

Дар Рум, замони императории Августус, ҷиҳати берун овардани мардуми Рум аз бӯҳрони мазҳабй ва мутаҳид намудани румиён дар зери як мафкура, ба парастиш ва тақдиси императорон замина гузошта шуд. Аввалан, императори Августус падари худ Юлий Цезарро ба мартабаи худой бардошта, барои ӯ маъбаде дар Рум сохт ва пас аз он дигар императорон то Нерон худро ба мартабаи худой нишонданд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222