Главная / Илм / ҳангоми дохил шудан ба ҳоҷатхона

ҳангоми дохил шудан ба ҳоҷатхона

Инсон одатан баъд аз хоб бархостан барои қазои ҳоҷат ба ҳоҷатхона дохил мешавад. Барои муҳофизат аз зарарҳои рӯҳию ҷисмонӣ аз ҷинну парӣ Паёмбар (с) дуои зайлро ба мо таълим додааст. Ҳазрати Зайд ибни Арқам (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд:images-13
«Маконҳое, ки (шумо барои қазои ҳоҷат мераведу истифода мекунед) ҷои ҷамъшавии шайтонҳост. Пас, вақте яке аз шумо дохил шудан хоҳад, ин дуоро бихонад:
«Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-хубси ва-л-хабоис».
«Худоё ! Ба ту аз бадии шайтонҳо паноҳ мебарам, (чӣ аз ҷинси мард бошад ва чӣ аз ҷинси зан».
Ҳазрати Анас (р) ривоят мекунад, ки худи Паёмбар (с) пеш аз дохил шудан ва рафтан ба қазои ҳоҷатхона ҳамин дуоро мехонд.
Як масъала: Бояд донист, ки дуои мазкурро ҳангоми хориҷ шудан ва берун рафтан аз ҳоҷатхона бихонад ва агар фаромӯш кард, вақти қазои ҳоҷат нишастан набояд онро бо забон бихонад, албатта метавонад ба дил биёрад, зеро баъд аз нишастан барои қазои ҳоҷат хондани ҳар навъ зикру дуо ба забон мамнуъ аст. Аллома Нававӣ дар ин хусус мефармояд: «Ҳангоме ки барои қазои ҳоҷат нишастааст, ёди Худо кардан ва сухан гуфтан макруҳ аст, хоҳ дар саҳро бошад ё дар хона ва ҳар навъ сухан ва зикр ҳамин ҳукмро доранд».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222