Адл- дуввумин асл аз усули дини ислом ва исми сифате аз сифоти Худост, вале чун ин асл таърихан бештар ҳангоми баҳсҳо оид ба маъод вобаста ба масоили сарнавишт, ҷабру ихтиёр мавриди баҳс қарор гирифтааст, мо онро дониста дар охири ин фасл овардем.
Асли адл он аст, ки парвардигор одил аст, ба касе зулм раво намедорад. Асли адл дар ислом ҳам ҷиҳати илоҳиётӣ (худошиносӣ) дорад, чунки баёнгари сифати Худост ва ҳм дастур, тавсия ва амри иҷтимоию ахлоқист. Далел ба ин он оёти зиёди Қуръон ва ҳадисҳои набавист,ки аз бандагон одил будан, нигаҳ доштани адлу адолатро дар ҳама умурро талаб кардаанд. Яъне Худо одил аст ва аз бандагон низ риъояти адлу адолатро тақозо дорад.
Аммо дар ҳамин маврид аст, ки таърихан вобаста ба таносуби адл ва қ а з о в у қ а д а р и илохӣ ихтилофҳо ва баҳсҳои зиёде ба миён омада, ҳатто сабаби ҷудоӣ ва пайдоиши фирқаҳо шуданд. Мафҳуми қ а з о в у қ а д а р ё сарнавишт дар Қуръон ва ҳадисҳо хело печида аст. Оятҳое ҳастанд, ки далолат ба маънии сад дар сад вобаста будани инсон аз сарнавишт– қазову қадари илоҳиро мекунанд. Масалан: “Мо ташоъу илло ан ташоа Аллоҳа” яъне, намехохед шумо ҳеҷ чизеро магар ин ки Худо хоҳад.\ Қ.Даҳр:30 \ ё “Ман юзиллу Аллоҳу фа ло ҳодӣ лаҳу”-яъне, ҳар киро Худо гумроҳу залал карда пас роҳнамое барои ӯ набошад. \ Қ.7:186 \ ё ки мефармояд:”Фа лам тактулуҳум ва локинна Аллоҳу каталаҳум “. –яъне пас накуштед шумо ононро балки Худо кушт. \ Қ.8:17 \ ва хамчунин фармуда:
“Мо асоба мин мусибатин илло би изнил-Лоҳӣ”- яъне,мусибате ворид намешавад аз масоиб магар ба фармони Худо.\ Қ.64:11 \ Ва бар акси оятҳои боло, оятҳое ҳастанд, ки далолат ба ихтиёр ва озодии инсонро доранд. Масалан:” Мо асобака мин ҳасанатин фа минал -Лоҳи ва мо асобака мин сайиатин фа мин нафсика”.- яъне, он чи аз хубӣ ба ту ворид мешавад, он аз Худост ва он чи бадӣ аст, он аз худи ту аст. \ .1.4:^9 \ Ё худ: “Инна Аллоҳа ло юғайир мо би-қавмин ҳатто юғайиру мо би-анфусиҳим” – Худованд вазъи ҳеҷ мардумеро аваз намекунад магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд.\ Қ.Раъд:11\ Ин ихтилоф сабаб гардид , ки дар атрофи ин мавзӯъ баҳсу муҷодилаҳои зиёде рух диҳанд. Яке аз чунин зиддиятҳо метавонад он бошад, ки Парвардигор агар муъайянкунандаи тақдир, холиқи аъмол ва инсон фоқиди ирода бошад, пас барои гуноҳи беирода содир кардааш Парвардигор одамонро набояд муҷозот кунад. Ин аст ки ҳаким Умари Хайём фармуда:
Холиқ туиву маро чунин сохтаӣ,
Қастам ба маю тарона дилбохтае.
Чун рӯзи азал маро чунин сохтаӣ, Пас баҳри чӣ дар дӯзахам андохтаӣ?
Ё худ:
Ё Раб, ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам? Пашму қасабам Ту риштаӣ, ман чӣ кунам? Қар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам?
Ё ин ки мегӯяд:
Ман май хӯраму ҳар ки чу ман аҳл бувад.
Май хӯрдани ман ба назди ӯ саҳл бувад. Май хӯрдани ман Ҳақ зи азал медонист, Гар май нахӯрам илми Худо ҷахл бувад.
Ва ниҳоят фарёд мезанад
Бар ман қалами қазо чу бе ман ронанд, Пас неку бадаш чаро зи ман медонанд ? Ди бе ману имрӯз чу ди бе ману ту, Фардо ба чй ҳуҷҷатам ба довар хонанд ?
Ин ҳама баёнгари он ихтилофоти ақидавист, ки дар байни мазоҳиб ва фирқаҳои исломй баъдан ба вуҷуд омаданд. Дар ин замина нахут ду мактаби фалсафию илоҳиётии ислом ба вуҷуд омаданд, ки бо номи ҷ а б а р и я ва қ а д а р и я маъруфанд. Пайравони ақидаи ҷабария амали инсонро сад дар сад вобаста аз иродаи илоҳй медонанд ва бараъкс пайравони қадария боварй доранд, ки инсон дар рафтори худ мухтор ва соҳибирода аст. Ақидаи ҷабарияро баъдан пайравони мактаби фалсафии а ш ъ а р й ва назари қадарияро мактаби м ӯ ъ т а з и л а идома доданд. Ашъария мегуфтанд иродаи башар исме аст бидуни мусаммо, ирода дар ҳақиқат аз Аллоҳ аст ва ҳар чй ӯ хост хоҳад шуд. Ҳар чй ӯ хост бо махлуқ мекунад, монанди наққош ё кӯзагар месозад ва мешиканад.
Баръакс мӯътазила мегуфтанд башар дар иродаи худ озод аст ва бино бар ин дар аъмол масъул мебошад. Хулоса онҳое, ки тарафдори ҷабри маҳз буданд ҷабария ва онҳое, ки тарафдори озодии иродаи башар буданд қадария ва муътазила ном гирифтаанд.
Яке аз муҳимтарин таълимоти аслии ислом эҳсон аст, ҳарчанд он ба усули дин бевосита тааллуқ надорад. Эҳсон- некӯкорй маҷмӯъи тавсияҳо ва таълимоти марбут ба усули ахлоқй ва одобу муқаррароти тарзи зиндагии исломй мебошад. Он то ҳадде дар чорчӯби “Амр бил-маъруф ва наҳий мин мункар” ифода шуда аст. Яъне амру ҳидоят ба хулқу атвори писандида ва манъ ва ҷилвагирй аз мункарот ва муҳаррамот аз феълу афъоли бад мебошад.
Чун дин падидаи ҷамъиятист ва дар ин ё он ҳавзаи тамаддун ва фарҳанг ташаккул меёбад табиист, ки вай тамоми захираҳои маънавй ва арзишҳои ахлоқии қобили қабули он манотиқ ва ҷамъиятҳоро қабул ва ба он арзишҳои нави дар заминаи ниёзҳо ва заруриятхои иҷтимоию таърихй ба вуҷуд омадаро зам намуда, ба онхо ҳуқуқи шаръй медиҳад. Дуруст аст, ки дар баробари ин баъзе арзишҳои ахлоқй, муқаррароти иҷтимоии гузаштагон ва оинҳои пешина, ки ба талаботи иҷтимой-сиёсй ва мазҳабии нав ҷавобгӯ набуданд рад карда мешаванд.
Ислом чун дигар динҳо арзишҳо, меъёрҳову муқаррароти ахлоқии умумиинсонй, ки дуздй, дурӯғгӯй, одамкушй, бахилй, зино ва фасоду мастй, кибр, ғурур ва ғайраро мазаммат ва наҳй мекунанд ва дар баробари он тарғибу ситоиши ростй, покизагии ахлоқ, эҳсон ба волидайн ва ақрабо, шарм ва ҳаё, мурувват ба ятимон, зердастон ва дигар меъёрҳои ба ҳамин монандро фаро гирифта аст. Нагуфта намонад, ки ҳамчунин ислом баъзе суннатҳои давраи қабилавй-авлодиро, ки заминаи иҷтимоии худро аз даст дода, нолозим шуда буданд, масалан: қасоси хунй, куштани фарзандони духтар таваллуд шуда, издивоҷи хешовандони наздик ва ғайраро манъ ё сабук мекунад.
Муҳимтарин муқаррарот (нормаҳо)-и ахлоқии ислом, ки дар Қуръон амали солеҳ номида шудааст дар сураи “Ал- Исроъ”, оятҳои 23 то 29 баён шудаст. Ба ғайр аз ин асосҳои таълимоти ахлоқии ислом дар саросари Қуръон ба ин ё он муносибат ва дар ҳадисҳои Паёмбари ислом Муҳаммад(с) низ зикр шудаанд.