Усули дин ва ақоид
Уламои ислом дар масъалаи табақабандӣ ва ба система даровардани таълимоти исломӣ ихтилофи назар доранд. Таърихан дар ислом ин масъала ба се бахш: ақоид, ахлоқ ва аҳком ҷудо карда мешавад.
- Ақоид (ҷамъи ақида) он қисмати таълимоти ҷазмияви (тағйирнопазир ё аҳкоми)-и исломро меноманд, ки мӯъмин бояд бар он эътиқоду имон дошта бошад. Он иборат аз се масъалаи асасӣ ё усулии илоҳиёт дар таълимоти ислом: тавҳид (яктопарастӣ), нубувват (паёмбарӣ) ва маъод (ҳаёти ухравӣ ё пасазмаргӣ, ондунёвӣ) аст.
- Ахлоқ меъёрҳо ва муқаррароти маънавию хулқӣ дар муносиботи байни инсонҳо мебошад, ки бояд рӯи аслпояҳои зерин: виҷдон, адолат, тақво, шуҷоат, иффат, ҳикмат, истиқомат, вафо ва ғайра устувор бошад. Дар доираи таълимоти ахлоқӣ инчунин, муъаррафии муҳаррамот, мӯҳликот ва наҳиёт, яъне шиносоии ахлоқу рафтори манъгардидаи ношоиставу нораво ва амалу кирдори нописанд ҷиҳати ҷилавгирӣ аз судури онҳо низ, дохил мешавад.
- Аҳком, яъне масоили ҳуқуқу масъулиятҳои мусалмонон нисбат ба кору зиндагӣ ва умури иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, ибодат ва ғайра.
Тайр аз ин ҳамаи таълимоти исломро ба усул (ҷамъи. асл) ва фурӯъи дин тақсим кардаанд ва мувофиқ он таълимоти асосӣ ё аслии ислом панҷ ( дар мӯътазила, шиъа ва баъзе фирқаҳои суннӣ) ва ё дар баъзе адабиётҳои дигар ҳашто аст ва онҳо иборатанд аз: тавҳид, адл, нубувват, имомат, маъод, амри маъруф ва наҳйи аз мункар, табарро (дӯсти худоро дӯст шуморидан) ва тазарро (душмани худоро душман донистан) аст.
Ин тақсимбандиҳои анънавӣ на ҳамаи доираи мавзуоте таълимоти динӣ балкт танҳо таълимоти усулии исломро фаро гирифтаанд. Дар онҳо, ҳадди ақал таълимоти ислом дар бораи ҳастӣ ва офариниши он, тасаввуроти кайҳонии олам, мақоми инсон дар он, яъне антропологияву натурфилософияи ислом дар алоҳидагӣ ҷой надорад, танҳо хело мухтасар дар боби ақоид баҳсҳои мухтасаре шудааст. Ҳол он ки домани таълимоти қуръонӣ хеле фарохтар аз доираи усули дин аст. Масалан, боби хилқат ва инсоншиносии қуръонӣ назар ба таълимоти адёни дигари иброҳимӣ густурдатар аст ва дар муқоиса бо яҳудия ва насрония тозагиҳое дорад.
Дар заминаи таълимоти исломӣ, ки қаблан ёд шуд, се соҳаи улуми исломӣ бо вуҷуд омадаанд, ки иборатанд аз: илмикалом, илмиахлоқ ва илми фиқҳ.
Яке аз бахшхои илми калом ақоид мебошад. Ақоид баёни мухтасари таълимоти ислом дар шакли изҳори эътиқоди мӯъмин ба он аст. Ва он қабл аз ҳама донистан ва эътиқод доштан ва амал кардан ба панҷ аркони ислом:
- гуфтани калимаи тайибаи шаҳодатайн-яъне бо забон гуфтани “Ашҳаду анна ло- Илоҳа илла–Аллоҳа ва ашҳаду анна Муҳаммадан расул-Аллоҳ”-яъне шаҳодат медиҳам (мӯътақидам), ки Худое ба ҷуз Аллоҳ нест ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад фиристодаи худост.”
-гузоштани панҷ вақт намоз дар як шабонарӯз,
- гирифтани 30 рӯз рӯзаи моҳи Рамазон,
- додани закоти мол,
- анҷом додани ҳаҷҷи Хонаи Худо дар сурати қудрату тавоноӣ ва имкон доштан.
Сониян, эътиқоду имон доштан ба ягонагии Худо, малоик, кутуби илоҳӣ, рӯзи қиёмат ва ҳисобу китоб ва ҷаннату дӯзах ва ғайра ки дар китобҳои ақоид муфассал баён шудаанд.