Главная / Илм / Асосҳои ташаккули муҳити соҳибкорӣ ва рушди инноватсионӣ

Асосҳои ташаккули муҳити соҳибкорӣ ва рушди инноватсионӣ

Дар даҳ соли охир соҳибкории таҷрибавӣ аз ҳолати қариб батнӣ ба соҳаи мустақил ва бағоят афзояндаи иқтисодиёт табдил ёфт. Таҳлили рафти барқароршавӣ ва рушди соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки ба самаранокии он дар шароити нигаҳдории ғайримуқарарии (неэлактикии) талабот ва пешниҳодот, мавҷуд набудани муҳити рақобатӣ, нақши пасти институтҳои бозаргонӣ дар ҷавозишгаронӣ танзим ва ҷорӣ намудани сиёсати зиддиинҳисорӣ ноил гардидаанд. Тадқиқоти асосҳои институтсионии муҳити соҳибкорӣ имкон медиҳад, қазияҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар натиҷаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар мамлакат ба вуқӯъ меоянд, ифода карда шаванд.

Масъалаҳои ташаккули муҳити соҳибкорӣ ва рушди иҷтимоӣ- иқтисодии соҳибкорӣ дар чор ҷанба метавонанд ҳаллу фасл карда шаванд:

  1. якум, омӯхтани манфиатҳои соҳибкорони миёна ва хурд;
  2. дуюм, омӯхтани манфиатҳои соҳибкории калон, яъне ширкатҳо ва корхонаҳои калон;
  3. сеюм, тадқиқи манфиатҳои корхонаҳои инҳисорӣ ва таъсири онҳо ба равандҳои барқароршавӣ ва рушди муҳити соҳибкорӣ;
  4. чорум- тадқиқи манфиатҳои шарики давлатию хусусӣ ва истифодаи самараноки фармоиши давлатӣ ба корхонаҳои хурду миёна.

Ин ҷанбаҳо бо таҳлили рушди иҷтимоӣ-иқтисодии соҳибкорӣ, инчунин бо афзояндагӣ алоқаманд, бо ҳаракатнокӣ ва ба шароитҳои нави иқтисодӣ мутобиқшавии будани сохторҳои соҳибкориро муайян мекунанд, ба роҳҳои ҳалли масъалаҳои ташаккули муҳити соҳибкорӣ ишора менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки муҳити соҳибкорӣ ин як низоми муайяни ягона ва яклухти ба таркиби шароитҳои рушди соҳибкорӣ мутобиқаткунанда мебошад.

otlichie-menedzhmenta-ot-upravleniyaБо мақсади ба амал овардани шароитҳои рушди бофурсати иҷтимоӣ-иқтисодии барои афзоиши даромадҳои воқеӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардум зарур мебошад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори №666 аз 19 июни соли 2002) Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро тасдиқ намуд. Тибқи ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ васеъшавӣ ва рушди фаъолияти бахши хусусӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳо дар соҳаи мубориза алайҳи камбизоати ҷудо карда шудааст. Ба амал баровардани масъалаи мазкур ташаккули муҳити самараноки соҳибкорӣро дар назар дорад, ки инҳоро дар бар мегирад:

  1. таъмини заминаи меъёрӣ-ҳуқуқиро нисбат ба сохторҳои соҳибкорӣ, истифодаи қулайи захираҳо;
  2. пурзӯр намудани рақобат тавассути хусусигардонии корхонаҳои соҳаҳои иқтисодиёт;
  3. рушди бозорҳои молиявӣ ва ба соҳибкорӣ пешниҳод намудани қарзҳо;
  4. рушди механизмҳои танзими самараноки бозори меҳнат;
  5. таъмини дастгирии давлатии соҳибкорӣ.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 барои таҳияи барномаи дарозмӯҳлати иҷтимоию иқтисодӣ-Стартегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ташаббус зоҳир намуд ва бо дарназардошти он Сратегияи миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида татбиқ шудаанд. Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012 татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодии мушаххасро дарбаргирифта, барои дар кишвар ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ нигаронида шуда буданд.

Ҳоло дар доираи Стратегияи миёнамуҳлати баланд бардоштани некуаҳволии одамон дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 табиқ мешавад.

Тоҷикистон ҳануз дар аввали соли 1991 дар байни мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) раванди хусусигардонии корхонаҳои хурд ва миёнаро огоз намуда, яке аз аввалин ҷойҳоро ишгол мекард. Аммо ба рушди соҳибкории хусусӣ муқобилистиҳои шаҳрвандони ибтидои солҳои 90-ум зарари калон расонд, ва танҳо баъди аз тарафи Ҳукумат ва Мухолифини мутаҳидаи тоҷик моҳи июни соли 1997 ба имзо расидани қарордоди сулҳ, рушди воқеии иқтисодӣ ва ташаккули соҳибкории хусусӣ оғоз гардид.

Аз рӯзи ба даст овардани мустақилият, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонуну қарорҳо оид ба рушди соҳибкорӣ қабул карда шуданд. Чунончӣ, моҳи декабри соли 1991 Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», марти соли 1992 – «Дар бораи инвеститсияҳои хориҷӣ», июни соли 1993 – «Дар бораи корхонаҳо», декабри соли 1996 – «Дар бораи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», майи соли 1997 – «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул карда шуда буданд. Соли 1998 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба пурзӯр намудани дастгирии давлатии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда буданд.

Бо мақсади дастгирии амалии тиҷорати хурд ва миёна 14 августи соли 1997 Агентии оид ба рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки соли 2001 ба Агентии оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Агентии оид ба сиёсати зиддинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии дастгирии соҳибкориро дар мамлакат ба амал мебаровард. Ҳоло ин вазифаҳои Агентии оид ба сиёсати зиддинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ба дӯши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Дар маҷмӯъ соли 2004 миқдори хоҷагиҳои деҳконии (фермерии) аз қайдгузашта ба 16433 воҳид расида бошад, пас дар аввали соли 2006 миқдори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) то ба 23101 воҳид афзудааст. Миқдори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар аввали соли 2011 ба 32000 расид.

Дар сохтори соҳибкорӣ фаъолияти мустақилонаи шахси воқеӣ, ки аз тарафи ӯ бидуни ташкили шахси ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад, мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Таҳлил нишон медиҳад, ки соли 2003 миқдори шаҳрвандони ба фаъолияти соҳибкорӣ дар заминаи патентҳо бидуни ташкили шахсони ҳуқуқӣ машғулбуда ба 99,3 ҳаз. нафар расид, аз он ҷумла дар хизматрасонии маишӣ – 9,5 ҳаз., тиҷорат ва хӯроки умумӣ – 58,7 ҳаз., ва дигар намудҳои фаъолият машғулбудагон -0,05 ҳаз. нафарро ташкил мекард.

Таҳлили нишондиҳандагони асосии фаъолияти корхонаҳои ба соҳибкорӣ машғулбуда ва дараҷаи шахси ҳуқуқи дошта нишон 124 медиҳад, ки миқдори умумии онҳо дар ибтидои соли 2004-ум  1322 ададро ташкил мекард, ки дар онҳо 16,2 ҳаз. нафар одамон кор мекарданд. Дар ибтидои соли 2006 миқдори корхонаҳое, ки ба фаоълияти соҳибкорӣ машғул буданд, ба 1699 адад расид. Миқдори зиёди корхонаҳои хурд (35,3%) ба соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ, таъминот ва фурӯш (18,0%) ба саноат (12,8%), ба сохтмон ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ, (15,5%), ба хоҷагии манзилию камуналӣ ва дигар намудҳои ғайриистеҳсолии хизматрасонии маишии аҳолӣ рост меояд.

Сатҳи то ба имрӯз бадастовардашудаи рушди соҳибкории хурд барои ҳарчи зудтар омода сохтани ҷойҳои нави корӣ кифоя нест. Таҳлил нишон медиҳад, ки бисёр ҳолатҳои манфӣ дар ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ба набудани фондҳои махсуси барои бунёди корхонаҳои шахсӣ, қарздиҳанда ва ба муштариёни худӣ барои ба даст овардани захираҳои қарзӣ кӯмакрасонанда алоқаманданд.

Ташаккули муҳити соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки рақобати озоди бозорӣ ба миён ояд, шароит барои шуғли аҳолии бекор, аз ҷумла тавассути шуғли худӣ ва суботи воридоти андоз таъмин карда шавад. Ҳоло маҳдуд будани бозори дохилӣ ва нокифоягии сармоягузориҳо нақши чунин шаклҳои соҳибкориро ба монанди соҳибкории инфиродӣ, соҳибкории хурду миёна баланд мегардонад. Таҳлил нишон медиҳад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар 1000 нафар аҳолии Тоҷикистон як корхонаи тиҷоратии хурд рост меояд, ҳол он ки ин нишондиҳандаҳо дар Россия ва 6 кишварҳои Иттиҳоди Аврупо на камтар аз 30-то чунин корхонаҳо рост меоянд. Дар сохтори соҳавии тиҷорати хурду миёна ва соҳибкории инфиродӣ фаъолияти тиҷоратӣ бештар ба мушоҳида мерасад (то 60%, ки сармоягузориҳои калонро тақозо наменамояд).

Дар солҳои охир сохтори соҳавии соҳибкории хурд амалан тағйир намеёбад. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар ибтидои соли 2003 чунин соҳаи фаъолият ҳамчун савдо, хӯроки умумӣ (35,8% тамоми корхонаҳоро ташкил намуд) нисбат ба дигарон бештар ҷолибтар боқӣ 125

мемонанд. Аксар субъектҳои соҳибкории хурд дар амал фаъолияти худро қать намуданд. Чунончӣ, дар охири соли 2005 дар ҷумҳурӣ танҳо 1669 корхонаҳои тиҷорати хурд (бе хоҷагиҳои деҳконӣ (фермерӣ) дар бораи фаьолияташон ҳисобот пешниҳод кардаанд. Боқимондагон ба нигоҳдории миқёсҳои соҳибкориашон аз ҳисоби кам кардани миқдори ҳайати кориашон ва музди кор гузаштанд. Як қисми субьектҳои соҳибкории хурд ба асосҳои патентӣ ё ҷавозӣ (литсензионӣ) гузашт. Аз соли 1977 то соли 2002 миқдори оид ба намудҳои мухталифи фаьолият патенгирифтагон ба 28,8% афзуда, ба 89,3 ҳаз. нафар расид. Аз ин миқдор наздики 80%-и ҳамаи соҳибкорон дар соҳаҳои савдо ва хӯроки умумӣ, 5,4% – дар саноат, 7,6% – дар нақлиёт, 7,4% – дар хизматрасонии майиши аҳолӣ машғуланд. Бештар аз нисори ҳамаи дар бозор савдокунандагон – занҳо – соҳибкоранд, ки ҳиссаашон 23,4 ҳаз. нафар ва ё 56,4%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки, монеьаҳои асосии пешгирандаи рушди соҳибкорӣ иҳоянд:

  1. мавҷудияти масьалаҳои ташкилии аксуламали соҳибкории хурду миёна бо бозор ва сохторҳои давлатӣ;
  2. рушди нокофии зерсохтори бозори соҳибкорӣ, номукаммалии низоми андозбандӣ ва нақши ҳавасмандкунандагии он барои васеь намудани истеҳсолот;
  3. тараққиӣ наёфтан ва номукаммалии механизмҳои молиявӣ – қарзӣ, заминаи бонкӣ ва суғуртаи таваккалҳои соҳибкории хурд;
  4. мавҷуд набудани механизмҳои худмаблағтаьминкунӣ (иттифоқҳои қарзӣ, ҷамьиятҳои якдигарсуғуртакунӣ ва ғайра);
  5. нарасидани воситаҳои молиявӣ ва кӯтоҳдастии субьектҳои соҳибкории хурд нисбат ба иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дороии корхонаҳои сохторашон тағйирёбанда;
  6. мавҷуд набудани ҳифзи умедбахши иҷтимоӣ ва бехатарии соҳибкорон;
  7. номукаммалии заминаи меьёрӣ ҳуқуқӣ
  8. мавҷудияти монеаҳои сершумори маъмурӣ дар сари роҳи рушди соҳибкорӣ
  9. мавҷуд набудани бозорҳои рақобатӣ ва механизмҳои бозаргонӣ дар иқтисодиёт, шаффофияти баробарии низом, бологирифтани сохторҳои инҳисорӣ дар бозор
  10. сатҳи пасти касбият ва таҷрибаи ками соҳибкорон дар ташкили фаъолияти самараноки соҳибкорӣ
  11. мушкилоти баҳодиҳӣ ба иттилоот ва барқароркунии алоқаҳо бо ҳарифони хориҷӣ.

Тақвиядиҳии низоми андозбандӣ дар ҷумҳурӣ бо омилҳои объективии таъмини суръати рушди иқтисодӣ муайян карда мешавад ва маънои бунёди низоми оқилонаи андозбандиро дорад. Низоми оқилонаи андозбандӣ ба равандҳои воқеии иҷтимоӣ-иқтисодии дар ҳамин марҳилаи рушди соҳибкорӣ баамалоянда комилан мувофиқ мебошад.

Сиёсати молиявии ҷумҳуриро аҳамиятнокии ҷамъоварии маблағи кофии воридоти андозӣ, ки ҳукумат тавонад барои дар қисмҳои зерсохторҳои иҷтимоӣ, моддӣ ва мурофиавӣ сарф намояд. Аммо ҳангоми ҷамъоварии андозҳо давлат, бояд ба андозсупорандагон барои пардохти ҳаҷми муқарраршудаи андозҳо кафолат диҳад, то ки қобилияти иқтисодиёт оид ба бунёди боигариҳо ва тараққӣёфтан коҳиш наёбад,. Андозҳо низ бояд аз табақаҳои ҳарчӣ васеътари аҳолӣ ҷамъоварда шаванд. Дар Кодекси навқабулшудаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 сентябри соли 2012, № 901), андозҳои умумидавлатӣ (андоз аз даромад; андоз аз фоида; андоз аз арзиши иловашуда; аксизҳо; андози иҷтимоӣ; андозҳо барои захираҳои табиӣ; андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; андоз аз фурӯши нахи пахта ва аллюминийи аввалия) ва андозҳои маҳаллӣ (андоз аз воситаҳои нақлиёт; андоз аз амволи ғайриманқул). Дар фасли XVII Кодекси мазкур низомҳои имтиёзноки андозбандӣ муқаррар шудаанд, ки барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии иловагиро пешбинӣ менамоянд.

Нишондиҳандаи ҷамъбастии нақши андозҳоро дар ҳаёти ҷомеа тавсифкунанда ин нишондиҳандаи бори вазнинии андозӣ (вазни хосаи маблағи воридоти андозӣ дар маҷмуи маҳсули умумӣ) мебошад. Тибқи рақамҳои тадқиқот, боло рафтани сатҳи вазнинии (бори) андозӣ дар муддати кӯтоҳ барои буҷа метавонад самаранок бошад, аммо дар давраи дарозмуддат афзоиши бори андозӣ ҳатман ба афзоиши иқтисодиёт монеа мерасонад. Экспертҳо андозситониро, ки ба 40-50% даромади бадаст омада мутобиқат мекунад, сатҳи вазнинии бори андозӣ номидаанд. Илова бар ин, ҳатто дар шакли андозҳо ситонидани 30%-и даромадҳо барои соҳибкорони Тоҷикистон бори гарон ҳисоб меёбад.

Барои онҳое, ки имконияти бо шартҳои қобили қабул ба даст овардани қарзи бонкҳо душвор аст, мушкилоти вобаста ба фурӯши маҳсулоти баровардашуда, бо нақлиёт кашонидани ашё ва масолеҳот, заминаи кӯтоҳшудаи техникии истеҳсолот, дахолат намудани хадамоти давлатӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ мавҷуданд. Тибқи ақидаи аксар соҳибкорон, дар ҳолати мавҷудияти чунин сатҳи андозбандӣ рушди соҳибкории ошкоро ғайриимкон аст.

Сарбориҳои калони андозӣ дар давраи барқароршавӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, мавҷуд набудани нишонаҳои равшан ва устувори имкониятҳои банақшагирии фаъолияти истеҳсолӣ – тиҷорати субъектҳои бозорро маҳдуд месозанд. Таҷрибаи андозбандӣ нишон медиҳад, ки паст намудани меъёрҳои андозбандӣ ба баландшавии фаъолияти соҳибкорӣ мусиодат хоҳад намуд ва ба фаъолгардонии фаъолияти сармоягузориҳо инноватсионӣ таъсири худро мерасонад. Ҳоло бо роҳи ҳавасманд намудани соҳибкорон ва андозбандии пурраи фаъолияти онҳо ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи содда намудани низоми андозбандӣ идома дорад.

Зиёда аз 70% аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва имрӯз миқдори хоҷагиҳои деҳконӣ (фермерӣ) дар ҷумҳурӣ бештар аз 33 ҳазор 128

адад расидааст. Таҳлил нишон медиҳад, ки ба рушди хоҷагиҳои деҳконӣ (фермерӣ) маҳз номукаммалии низоми андоз халал мерасонад. Расман, дар хоҷагии қишлоқ 7 намуди андозҳо мавҷуд буд: андоз аз фурӯши пахта; андоз аз соҳибкории хурд (ё андози соддакардашуда); андоз аз замин; андоз аз даромад; андоз ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ; пардохти фонди роҳ ва андоз аз арзиши иловашуда. Дар Кодекси андоз, ки аз соли 2013оиди молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ҷорӣ шуда, амалӣ намудани намуди андози ягона ва ихтисори андозҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

Низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои низоми махсус андозбандии субъектҳои соҳибкории хурде мебошад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди минбаъда амалӣ менамоянд. Андози ягона аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие истифода карда мешавад, ки барои онҳо замин воситаи асосии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Барои рушди соҳибкорӣ қадамҳо дар либераликунонии низоми нархгузории дохилӣ, ки соли 1996 гузошта шуда буданд, аҳамияти муҳим доранд. Ҳукумат ба ӯҳда гирифтааст то раванди савдоро либералӣ намояд, ки ин имкон медиҳад нархҳои дохилӣ ба нархҳои ҷаҳонии арзиши самараноки захираҳои моддӣ – техникӣ ва маҳсулоти истеҳсолшавандаро баробар карда шаванд.

Соли 1998 тарифи ягонаи 5%-а барои тамоми намудҳои воридот, бидуни алюминий, барқ ва газ, ҷорӣ карда шуд. Гузашта аз ин, дар тиҷорат бисёр монеаҳои дигари бо тариф алоқаманднабуда мавҷуданд. Соли 1999 дар натиҷаи ворид шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди гумрукӣ (Руссия, Қазоқистон, Қиргизистон ва Белоруссия) тарифи ягона байни мамлакатҳои мазкури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5% то ба 8% баланд бардошта шуд.

Тоҷикистон низоми нисбатан озоди тиҷоратиро дорост ва маҳдудиятҳои тиҷоратӣ дар ин ҷо нисбат ба мамолики дигар 129

камтаранд. Корҳои зарурӣ оид ба бунёди раванди озоди тиҷоратӣ ба ҷо оварда шуда истодаанд, Тоҷикистон 159-умин узви хонаводаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд, ки вай 29-ми майи соли 2001 дархости узвият ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ карда буд. Соли 2012 (10-ми декабр) созишномаи узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (^ТО) ба имзо расид.

Аммо, муваффақиятҳо дар рушди сохтори озод, ки ба баробар намудани нархҳои дохилӣ бо ҷаҳонӣ асос ёфтаанд, аз тарафи арзиши баланди хариду фурӯши тиҷоратӣ дар мавриди нақли молҳо аз сарҳад, боздошта мешаванд. Дар ҳар тиҷорат монеаҳои сершумори расмӣ ва ғайрирасмии бо тариф алоқаманднабуда мавҷуданд. Узвият дар созмони ҷаҳонии тиҷорат ба иҷрои як низоми возеҳу шаффоф, ки тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ асос ёфтааст, равона буда барои сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

Дар рушди зерсохтори соҳибкорӣ нақши муҳимро биржаҳо мебозанд. Расман дар қаламрави ҷумҳурӣ биржаҳо аз ибтидои солҳои 90-ум ба кор оғоз карданд. Давраи амали фаъол вақте ки бо ҳамзамон кам кардани идораҳои брокерӣ миқдори биржаҳо афзояд ҳисоб меёбад. Чунончӣ, дар тӯли солҳои 1995-2000 миқдори идораҳои брокерӣ аз 19 то ба 194 адад расонида шуд, миқдори биржаҳо бошад, мутобиқан аз 6 то ба 10 адад зиёд гардид. Аммо на ҳамаи биржаҳо ҳангоми хариду фурӯш дар бозор бомуваффақият фаъолият мебаранд. Алҳол, Биржаи молӣ- ашёвии тоҷик, Бозори байнибонкии асъор, Биржаи амволии ғайриманқул ва Биржаи пахта аз қабили муваффақон ҳисоб меёбанд. Тақсимоту гардишии нобаробари миқдори биржаҳоро дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд қайд намуд. Чунончи, соли 2000 75% гардиши биржаҳо ба ш. Душанбе, 25%-ба вилояти Сугд рост меомад. Оид ба вилояти Хатлон, ки 25% биржаҳои мамалакат ҷойгир шудаанд, гардиши биржаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Яке аз шартҳои асосии тарақии соҳибкории хусусӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ ин мавҷуд будани зерсохтори мутобиқи молиявӣ-қарзӣ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, ки дар Тоҷикистон дар охири соли 2000- ум 19 бонки тиҷоратӣ бо 150 бахшҳояшон (дар ибтидои соли 2001 миқдори бахшҳо то ба 121 адад кам шуд) фаъолият мебурданд, соҳибкорони хусусӣ дар амал аз имкониятҳо истифоданабурда аз хизматрасониҳои онҳо дар канор мебошанд. Ин бо шартҳои сахти дастрас шудани қарзҳои бонкҳо ба бахшҳои ғайридавлатӣ, ки дар зери кафолату амонатҳои муайян дода мешаванд, алоқаманд аст. Чунончӣ, барои аз баъзе бонкҳои тиҷоратӣ гирифтани қарз зарур аст, ки дар дороии арзишаш аз маблағи худи қарзи гирифташаванда се маротиба зиёдтар ба амонат гузошта шавад. Чунин шартҳо барои аксар «тоҷирон» ва шахсони машгули бизнеси хурд, ки даромади кофиро надоранд, барои гирифтани қарз бо мақсади ҷоннокгардонии фаъолияти худ ҳамчун монеа амал мекунанд. Ба ғайр аз ин, худи қарзҳо бо сабаби баланд будани меъёрҳои фоизашон, дар даҳсолаи охир бағоят ноҷолиб гардиданд.

Тараққиёти сусти институтҳои молиявӣ-қарзӣ, ки ба сохторҳои соҳибкорӣ хизмат пешниҳод менамоянд, ба пастшавии фаъолнокии соҳибкорон ва ҷустуҷӯи роҳҳои ташкили ғайриқонунии фаъолияти соҳибкорӣ бурда мерасонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) додани қарз оҳиста-оҳиста ба вуҷуд омада истодааст. Бо сабаби набудани заҳираҳои пулӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) маҷбуранд ба ширкатҳои фючерӣ муроҷиат намоянд, ки онҳоро бо масолеҳи сӯзишворию молиданӣ, нуриҳо, иҷораи техника ва ғайра таъмин намоянд. Аммо нархҳое, ки ба онҳо ширкатҳои фючерӣ ба фермерон ин захираҳоро мефиристонанд, 2-3 маротиба аз нархҳои бозор баландтаранд. Фермероне ки қарордодҳои фючериро имзо мекунанд намедонанд, ки арзиши ниҳоии ин дороиҳо чи қадар хоҳад буд ва арзиши тахминии ҳосилашон чӣ қадар мебошад.

Бо сабаби фарқияти калони нархҳои қарордодҳои бо ширкатҳои фючерӣ ба имзорасида ва нархҳои ҷаҳонии пахта, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) на танҳо фоида ба даст намеоранд, балки дар аксар ҳолатҳо солро бо зарар ба охир мерасонанд.

Дар даҳ соли охир шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд аз 17 ба 138 ва шумораи мизоҷони онҳо аз 524 ҳазор то ба 2 миллиону 900 ҳазор расидааст, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо даҳсолаи пешин мутаносибан 8 ва 5,5 баробар зиёданд. Бақияи қарзҳои додашуда дар ин давра аз 377 миллион сомонӣ ё 32 баробар афзоиш ёфтааст.

Солҳои охир қарздиҳии хурд ба самти нави муносибатҳои қарзӣ табдил ёфта, дар панҷ соли охир се баробар афзоиш ёфтааст.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222