Главная / Илм / Асосҳои методии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсионӣ

Асосҳои методии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсионӣ

Дар низоми идоракунии ташкилот идоракунии таваккал қисми таркибии зернизоми коркард ва амалисозии қарорҳои идоракунӣ ба ҳисоб маравад. Ҳамин тавр, идоракунии таваккал на танҳо барои паст намудани таваккал, балки барои баланд бардоштани сифату асоснокии қарорҳои идоракунӣ (махсусан стратегӣ) ташкил карда мешавад.

Ҷузъҳои «даромад»-и ҷараёни коркарди қарор метавонанд мушкилотҳои зиёдро ба вуҷуд биёрад.

Ҷараёни коркард ва амалисозии қарори идоракуниро бо ҳуҷҷатҳои мувофиқи меъёрӣ – методӣ, захираҳои моддӣ – техникӣ, молиявӣ, меҳнатӣ ва ахборотӣ таъмин намудан зарур мебошад. Барои расидани сифати баланди ҷараён зарурат дорад, ки қисматҳои таъминкунандаи он сифати баланд дошта бошанд.

Чунин функсияҳои идоракунии таваккали фаъолияти инноватсионӣро ҷудо менамоянд:

  1. Маркетинг;
  2. Муносибгардонии таваккал;
  3. Банақшагирии кор оиди идоракунии таваккал;
  4. Ташкили иҷроиши нақша;
  5. Баҳисобгирӣ ва назорат;
  6. Ҳавасмандгардонии ноилшавӣ ба натиҷаҳои баланд;
  7. Танзими ҷараёни идоракунии таваккал;

Масъалаҳои иқтисодии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсионӣ аз инҳо иборат мебошанд:

  1. Тадқиқоти омилҳои беруна ва дохилии таваккал;
  2. Таҳлили кордонии субъекти таваккал;
  3. Таҳлили нишондиҳандаҳои объекти таваккал;
  4. Коркарди пешниҳодҳо оиди беҳтарнамоии нишондиҳандаҳои объект ва субъекти таваккал;
  5. Асоснокии иқтисодии самаранокии кор оиди идоракунии таваккал;
  6. Ҳавасмандгардонии ноилшавӣ ба натиҷаҳои баланд;
  7. Раванди идоракунии таваккали фаъолияти инноватсионӣ ҳалли чунин масъалаҳои ташкилиро дар бар мегирад:
  8. Тасвияти принсипҳои ташкилии идоракунии таваккал;
  9. Коркарди сохтори ташкилии идоракунии таваккал;
  10. Интихоби модели идоракунии таваккал;
  11. Ҷамъоварӣ, мувофиқсозӣ ва коркарди ахбор;
  12. Ҳимояи натиҷаҳои муносибгардонии таваккал дар Шӯрои илмӣ (техникӣ);
  13. Ислоҳи маводҳо ва супоридани он ба фармоишгар;

Ба қатори принсипҳои ташкилии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсионӣ инҳоро дохил менамоянд:

  • Батартибандозии ҳуқуқии идоракунии таваккал бо роҳи таҳияи ҳуҷҷати ягонаи меъёрӣ – методӣ оиди таваккал. Дар объектҳои калон таваккалро байни иштирокчиёни лоиҳаи инноватсионнӣ ё дигар объект тақсим намудан;
  • Таъминоти дараҷаи баланди илмии идоракунии таваккал бо роҳи таҳлили амали қонунҳои иқтисодии фаъолияти муносибатҳои бозаргонӣ;
  • Таъмини мутобиқшавии ҷараёнҳои идоракунӣ ба тағиротҳои омилҳои беруна ва дохилии муҳити инноватсионӣ;
  • Таъминоти қиёспазирии вариантҳои алтернативии қарорҳои идоракунии раванди инноватсионӣ;
  • Автоматизатсияи идоракунӣ;
  • Батартибандозии ҷараёнҳои инноватсионӣ;
  • Иҷроиши принсипҳои ташкили самараноки ҷараёнҳои идоракунӣ ва истеҳсолӣ;
  • Муносибгардонии таваккал.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222