Главная / Илм / Аз суханон ва ҳикматҳои Шофеъӣ

Аз суханон ва ҳикматҳои Шофеъӣ

Касе, ки бародари худро дар пинҳонӣ панд диҳад, яқинан ўро насиҳат ва ороста кардааст ва касе, ки бародари худро аланан (ошкоро) панд диҳад, яқинан ўро саршикаста ва хор кардааст.
Ба Рабеъ мегўяд: «Эй Рабеъ, аз суханони беҳуда парҳез кун, зеро вақте ки як калима аз забонат хориҷ шуд, дигар ту ихтиёри онро надорӣ ва он ихтиёри туро дорад».
Агар тамоми саъйу кўшиши худро ба кор барӣ, то мардумро розӣ кунӣ, нахоҳӣ тавонист, пас амал ва нияти худро барои Худо холис кун.
Виқору сангинӣ дар ҳангоми тафреҳ аз нодонӣ аст.
Мушкилтарини корҳо се чиз аст: Бахшиш ҳангоми тангдастӣ, тақво ва тарс аз Худованд дар хилвату танҳоӣ, гуфтани калимаи ҳақ дар назди касе, ки аз ў умед ва тарс дорӣ.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

images-32

Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисм дар Ислом

Дар баробари ин ҳама баҳрахои маънавй, баракоти руҳи ва фоидаҳои беҳдоштие, ки рӯза барои шахси …