Главная / Илм / Ба истиқболи иди Рамазон

Ба истиқболи иди Рамазон

Дар поёни мохи Рамазон рузи якуми мохи шаввол иди фитр ме-
бошад. Мусалмонони рузадор бо шавку шури имонй барои истиқболи
он рӯз омода мегарданд. Аз воҷиботи динй дар он рӯз танҳо ду чиз
бар онҳо бокй мондааст:
Яке додани закоти (садақаи) Фитр ва дигаре баргузории намози
бошукухи ид. Мусалмонон бо анҷом додани ин ду воҷиби динй ба мо-
хи шарифи Рамазон то соли оянда хайру хуш менамоянд. 
Пас аз он ба хонаи дустону наздикон ва ба дидори якдигар меши-
тобанд. Дар ин дидорбиниҳо барои кабули тооту ибодоти мохи мубо-
раки Рамазон дар ҳаққи якдигар дуъоҳои нек ва орзуҳои хайр менамо-
янд. Худованд дар ҳадиси кудсие мефармояд: «Мууаббати Ман барои
ни дар роҳам ва сарфкунандагони дар роҳам воциб гардидааст».147
Дар Ислом аслан ду ид: яке ҳамин иди Фитр ва дигаре иди Азҳо
(Курбон) вуҷуд дорад. Худованд ин ду идро чойгузини тамоми идҳо,
шнвораҳо ва хурсандиҳо гардонидааст. Бандаи муъмин ба онҳо иф-
тихор менамояд, зеро онҳо аз ҷониби ойини мукаддаси Ислом муайян
гардида ва дар зери пӯшиши баракоти Худованд карор гирифтаанд.
Ривоят шудааст, ки «вақте Расули Худо (с) ба Мадина омад, мар-
думи он ҷо ду рӯзи хуииио бозӣ ва иду доитганб. Пурсид:
١1ӣ рузеанд? Гуфтанд: Дар замони дар
мекардем. Расули Худо (с) фармуд: Худованд онҳоро барои шумо ба ду
рузи беҳтаре -рузи (иди) Азҳо ва рузи (иди) Фитр – табдил намуд».148
Ид дар фарҳанги исломй аз шнвораҳо ва идҳое, ки дар миёни
миллатҳои дигар вуҷуд доранд, куллан фарк мекунад. Иду ҷашнҳо дар
фарҳангҳои ири исломй, умуман, маросими хушиҳои сирф моддй ва
бахрамандй аз барномаҳои ҳунарй ба шумор рафта, аксаран бо баргу-
зории чорабиниҳои фароғатй ва як силсила тадорукоти фарҳангй
(раксу бозй) таҷлил мешаванд.
Вале ид дар мафҳуми исломй шнвораи ибодатй-фарҳангй ва
барномаи рушди маънавй ва такофули иҷтимой буда, ба маънои изҳо-
ри сипос ва шукргузорй аз неъмати анҷоми фаризаи илохй, намоиши
мазҳари ҳамбастагии динй ва тахкими пайвандҳои имонй дар миёни
кишрҳои ҷомеа аст. Ид таҷаллии робитаи банда бо Худо ва изҳори
иноёти бепоёни ӯ бар муъминон аст. Бинобар ин, он бо чорабиниҳои
ибодатй – додани садакаи Фитр ва баргузории намоз дар рузи иди
Фитр ва баргузории намози ид ва забхи курбонй дар рузи иди Курбон
– ооз ва бо табрику шодбоши якдигар ва зиёрати хешону наздикон
хотима меёбад.
Чй тавре мушохида мешавад, дини мубини Ислом дар рӯзҳои ид
ҳам барномаҳои ибодатй-фарҳангй ва ҳам чорабиниҳои хурсандй ва
моидаи неъматҳои моддии Худовандро бо тавозуни дақиқе барои
муъминон пешбинй намудааст.
****  
Шахси рузадор пас аз хотимаи мохи Рамазон бояд осори тарбия-
вй ва самароти неки онро дар бинои шахсият, раванди худсозй ва ко-
ру фаъолиятҳои рузмарраи худ мушохида намояд, таҳаввули мусбате
дар роҳу рафтор ва мазохири зиндагй аз худ нишон диҳад ва ҳаётро
бо чунбу ҷӯши дигар, бардоштҳои имонй ва нигохи тозае аз сар биги-
рад. Ин ҷост, ки бо рӯҳу маъно ва мақбули даргохи Ҳак қарор гириф-
тани рузаи худро амалан дарк менамояд.
Пас эй бародари мусалмон ва хоҳари боимон, бикуш, то ҳарчи
бештар аз самароти нек ва баракоти маънавии ин моҳ бахравар гардй
ва онро бо олитарин натоиҷ ба поён расонй! Руза ҳам баракати умр
аст ва ҳам тушаи охират!.
Рузае, ки дар калби шахс пойгохи такоро устувор гардонад, дар
пешгохи Худованд арзиши бузурге дорад ва чунин рузадори ботако
ҳамеша мавриди таъйид, навозиш ва иноёти Худо мебошад. Куръони
карим дар ин бора мефармояд: «Худо хатман, хамрохи касоне мебо-
шад, ки тақво намудаанд ва касоне, ки онхо некукоранд».
Мохи Рамазон мактабест, ки ба шахси рузадор покизагй, каромати
инсонй, дурустрафторй ва шаъну шарафро меомузад. Пас аз хотимаи
мохи Рамазон ҳар рузадоре бубинад, ки дар муносибатҳои иҷтимой ва
муомилоти дунявии ӯ бо мардум чй дигаргуние ба вучуд омадааст ва
онҳо то чй андоза дуруст, покиза ва дорои арзиши амалй гардидаанд!.
Мактабест, ки пояҳои авотифи нек, рӯҳи созандагй ва андешаи эъ-
мори ҷомеаро дар қалби мардум тахким мебахшад. Пас ҳар рузадоре
дар поёни ин моҳ бубинад, ки ин хислатҳо то чй андоза дар ҷавҳари
шахсияти ӯ решадор гардидаанд ва нигохи ӯ ба оянда ва талошҳои ӯ
дар ин рох, то чи андоза созанда ва пурбор гардидаанд!.
Мактабест, ки ба мусалмонон дарси вавдату ҳамбастагй ва ҳамди-
лиро меомузад. Пас аз поёни он ҳар рузадоре бубинад, ки то чй андоза
барои тахкими пояҳои вавдату якпорчагй ва эҷоди ҳамдилй дар байни
уммати Ислом омода гардидааст ва дар ин роҳ чй корҳои амалиеро ба
анҷом мерасонад!.
Мактабест, ки шахси рузадорро дар ҷодаи худсозй, расидан ба са-
фои қалб ва рахмату дилсузй парвариш медиҳад. Пас ҳар рузадоре дар
хотимаи ин моҳ бубинад, ки то чй андоза дорои шахсияти вораста ва
нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа бо рахму шафкат гаштааст!.
Мактабест, ки дар рохи мубориза бо ҳавову ҳавасҳои нафс ва ра-
сидан ба куллаҳои баланди инсонй ба шахси рузадор сабру пойдорй
ва неруи тавонои рухй мебахшад. Пас дар хотимаи он ҳар рузадоре
бубинад, ки дар мубориза бар зидди роҳу рафтори ношоиста ва хис-
латҳои нописанди худ то чй андоза муваффақ гардидааст ва дар рохи
ислохи норасоиҳои ахлокй ва пешгири аз таназзули маънавии ҷомеа
чи корҳои ислохиеро анҷом медиҳад!.
Давраест, ки ҳаётро ба майдони ҷунбу ҷӯш ва пуёй табдил меди-
ҳад ва танбаливу хоболудии ҷисм ва афсурдагии рухро дар одамони
рузадор ба нашоту боландагй иваз менамояд, вале афсус, ки мусалмо-
нон мохи Рамазонро ба мохи хобу танбалй, бекорй ва афсурдагй таб-
дил намудаанд, моҳеро, ки дар он бояд амалан нармхуй, хушрафторй
ва хушгуфториро биомузанд, ба мохи хомушй, туршруй ва дағалгарой
табдил додаанд!.
Шахси рузадорро дигар на бо ахлоки ҳамида, гуфтори ширин, саб-
ру бурдборй, арҷ ниҳодан ба ҳуқуқҳои дигарон, кумаку дастгирии як-
дигар ва муносибатҳои олии инсонй бо кишрҳои гуногуни мардум,
балки баъзан бо чашмони хоболуд, суханони дурушт, ҷангу хархаша,
руи турш ва ғайра мешиносй. Вакте дар мохи Рамазон ба чунин ода-
моне вомехури, ба худ мегуй бест, ки вай рузадор аст!.
Расули акрам (с) дар ифодаи ин маъно, ки касе аз фазлу бузургй
дар мохи Рамазон махрум гардад, онро дар моҳҳои дигар дарнамеё-
бад ва касе дар мохи Рамазон барои мағфирати гуноҳонаш амалан
ҷидду ҷавд наварзад, вокеан ҳам, аз рахмати Худо дур гаштааст, ме-
фармояд: «Худо (аз раҳматаш) дур созад он касеро, ки моҳи Рамазонро
дарёбад ва барояш магфират нагшга1«؛а1д ва ҳамон тавр бимирад…».
Яъне вакте инсон дар моҳе, ки аз суи Худованд барои ҳамин максад-
ҳои олии инсонй ва натиҷаҳои бузург мукаррар гардидааст, барои ба
даст овардани онҳо кушиш накунад, пас маълум аст, ки онҳоро дар
дигар вақтҳо ба даст оварда наметавонад.
Паёмбари акрам (с) дар бораи намоз низ мефармояд: «Касеро на-
мозаш аз бебандуборй ва корҳои зишт
Худо дуртар мегардад».
Хулоса, парвариши шахсияти солими инсонй ва ба вучуд овардани
малакаи такво ва худотарсй мухимтарин ҳадафи фиристодани паёмба-
рон ва барномаи вахии илохй мебошад ва мухтавои барномаҳои ибода-
тй ва низоми худопарастй низ ба вуҷуди овардани пойгохи такво дар
ботини инсон ва ба суи камолоти маънавй ҳаракат додани у мебошад.
Бинобар ин, ҳар шахси мусалмон бояд дар ҳадафҳои олии ахкоми
дини Ислом хуб биандешад ва кушиш намояд, ки аз тоату ибодати
Парвардигор самароти нек ва натиҷаҳои дилхоҳе дар рохи расидан ба
таквои илохи ва сохтани шахсияти хеш ба даст оварад!.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222