Главная / Гуногун / Давраи бачагиву ҷавонии Абуалӣ ибни Сино

Давраи бачагиву ҷавонии Абуалӣ ибни Сино

РУҶӮИ ЯКУМ

Сесаду ҳафтод соли расо пештар аз таваллуди Ҳусайн дине зухур намуд, ки хеле зуд ба яке аз динҳои муктадиртарин ва мушаддадтарини олам мубаддал гардид.

Дар нимҷазираи Арабистон, дар сари роҳи калони корвонгарди миёни Сурияву Яман, дар лаби чашмаи Замзам, шаҳри тиҷоратии Макка воқеъ гардида буд. Масоҳати он, ба қавли як сайёҳи кадим, «аз масофати парвози дукаратаи тир дар мураббаъ беш набуд». Маккаро дар дараи борикное бино карда буданд. Аз чапу рости он кӯҳҳои азиме шамат меронданд. Ягон тоҷир, агар аз Яман ба тарафи Сурия раҳ гирифта бошад, ин дара ва, ба ин маънй, Маккаро нагузашта наметавонист. Дар Макка ғаллакорону боғдорон умуман набуданд; ҳатто шумораи ҳунармандон хеле кам буда, факат аҳли тиҷорат зиндаги мекарданд. Тирони сарватманд корвонҳоро омодаи сафар менамуданд, аҳолии камбағал ба сифати сорбонони ин корвонҳо хидмат карда, ба максади давлатёби худшон низ аҳён-аҳён ба савдогари машғул мегардиданд.

Шахр аз ибодатхонаи худ даромади калоне мебардошт. Намояндагони кавму кабилаҳои зиёде барои таъбид ибодатхона омада, онро «Ҳарамуллоҳ» меномиданд. Худи шахрро, ки маъбадгоҳ дар ҳудуди он вокеъ аст, Мадинаи мунаввара ва, бо вуҷуди ноҳамвориву нооромии ҳаёти атроф, мамнуъгохи ҷангу ҷидолҳо мешумурданд. Ибодаткада дар пахлуи бозор истода, сурати мухраро пеши назар меовард. Аз ин рӯ, «Каъба», яъне мухраи нардбози номида мешуд. Гирдогирди маъбадкада бутҳо – Худоёни сангини дағалтарош истеғ меистоданд. Бути калонтарин андаруни ибодатхона дар болои чоҳе меистод. Одатан, одамон курбониҳои пешовардаи худро ба ин чоҳ меандохтанд. Санги сиёхи начандон калонеро ба андозаи якуним кафи даст бар девори ибодатхона насб карда буданд. Ҳаҷаруласвад, гуё, замоне аз осмон афтода будааст ва кавму кабилаҳо ҳам бар он аз давраҳои гузашта сучуд меовардаанд.

araАна дар ҳамин Макка Муҳаммади Паёмбар таваллуд ёфт.

Вале дар аввал ӯ на Паямбар, балки ятими бечора, бародарзодаи факири тоҷири миёнаҳол Абутолиб буд. Сипас ӯ ҳамсари беваи сарватманд – Хадича гардид. Онхо бист соли расо якҷоя зиста, сохиби чанд фарзанд шуданд. Алалхусус, духтари Муҳаммад – Фотима шухрати калоне пайдо намуд. Мақбараи ҳамсари Муҳаммад – Хадича дар қабристони шимоли Макка то замони ҳозира бако дида, зиёратгохи мукаддаси мусулмонон хисобида мешавад.

Дар Макка қонуну коидаи муайяне ҷорӣ набуд. Агар касе ба шахриён хабари мухимме расондан хоҳад, ба пуштаи назди майдони шаҳр баромада, бо овози баланд фарёд мебаровард. Дар асари овоз одамон чамъ омада, бодиққат онро гӯш медоданд. Ҳар инсонро на қонуну на шаҳр, балки хешу табору авлодаш муҳофизат менамуданд. Агар касеро азоб диҳанд, ба ҳимояти ӯ хешовандонаш бармехостанд. Барои хун хунбахо гирифтаву барои таҳқир таҳқир менамуданд. Дар он давраҳо шаҳрҳои нимҷазираи Арабистон аз деҳоташ фақат аз руйи масоҳат тафрика доштанд. Аммо тарҳу ҳолати рӯзгори онҳо якхела буд.

Қабилаи Муҳаммад танҳо ба камбағалию фақирй ном бароварда буд. Дар овони ҷавонй ягон китобе ҳам нахонда буд. Аз тарзи ҳаёти кишвару қабилаҳои дигар фақат тавассути нақлу ҳикоёти мусофирон воқиф мешуд. Ҳатто ба гушаи гумонаш намеомад, ки то ӯ ҳам файласуфони соҳибхирад, ҷумҳуриву императориҳо будаанду гузаштаанд. Дар шаҳри худу атрофи худ фақат анбӯҳи мардумони нимгурусна, камбағалони чандапушу дороёни нодиралибосро медид, ки сари ҳар қадам хафадор баставу худкушй карда, ҳар сонияи умрашонро сарфи судури гуноҳе менамуданд.

«Дар қайди чунин ҷаҳолату зулмат, беқонуниву бесомонй ва кароҳату қабоҳат чй гуна мезиста бошанд?» – андеша мекард Муҳаммад, ғами ҳамқабилагонашро хурда.

Ба Макка тоҷирони яҳудиву насронй тез-тез омада меистоданд. Муҳаммад аввалин маротиба номи Худоро аз онҳо бишнид. Худо дар тамоми ҷабҳа қодир будааст. Ҳамаи афроде, ки дар руйи замин машғули бадиву бадкирдорй ҳастанд, албатта, ба ғазаби Худо гирифтор мешудаанд, Худованд аҳли имонро барои фароғат озими биҳишти ҷовидонй месохтааст.

«Ана, сабаби бадбахтии ҳамтоифагони ман дар чй будааст – инҳо Худованди яккаву ягонаро намешиносанд! Ҳатман онҳоро муътақид гардонидан, барояшон аз хусуси қудрати Илоҳй ҳадис овардан лозим аст, то аз роҳу равиши ҷории худ баргарданд, аз ри қонуну коида ва низоми беҳтаре зиндаги баранд. Вагарна ҳама гирифтори азобу машаккати чаҳаннам хоҳанд гашт. Аммо ба кадом усул? Чи гуна барояшон хикоя бояд кард? Ки маро бовар мекунад? – азоби рӯҳй мекашид Муҳаммад. – Барои Худоро шинохтани ҳамқабилагони ман чи роҳе ихтиёр бояд намуд?».

Муҳаммад борҳо нолишкунон аз хобаш бедор мешуд. Ҳатто тафси офтоби биёбон ҳам андешаҳои ғамолуди ӯро парешон карда наметавонист. Ба гуфтору акидаи як одами оди ки бовар мекунад?!

Вале фарчоми ҳама гуна шубҳаву дудилагиҳо фаро расид.

Он шаб ӯ бахусус аз боби бадбахтиҳои халки худ, ки Худованди яккаву ягона ва муктадирро намешинохт, дурудароз андеша намуд. Сипас аз хона бадар омад. Ҳаври ғализе аз замин бар осмон мебаромад. Моҳи мудаввари чаҳордаҳ аз торами само назаррабои менамуд. Ва ногаҳон аз он ҷо, аз аъмоки фазо, сояе ба назари Муҳаммад аён гардид. Ана, соя наздик омада истодааст, мана, мана, тамоман наздик омад, ду мили дигар монд!

«Ҳа, ин «рӯҳ»! Ба назди ман «рӯҳ» фаромад!» – ба ларза даромад Муҳаммад. Бар илова, андешид, ки оми нест, зеро «рӯҳ»-и фиристодаи худи Илохи назараш кардааст.

«Ман Паёмбар мешавам! – икрор намуд Муҳаммад. – Инро ба ман Илохи фармуд. То ин дам Исову Мусо Паямбар буданд, акнун ман мешавам».

Хоби дидаи худро ба ҳамсараш Хадича хикоя намуд, занак ӯро бовар кард. Асли воқеаро ба писари додари Хадича ҳам изҳор дошт. Писари амаки Муҳаммад – Али ҳам хоби дидаи ӯро кабул намуд.

Инак, Муҳаммад карор дод, ки ба ҳамаи сокинони Макка руҷӯъ кунад.

Субхи содик ӯ болои пуштаи Сафо, ки дар доманаи шаркии майдони бозор, рубари Каъба вокеъ гардида буд, баромада, ба даъвати мардум ооз намуд.

  • Алассабоҳ! – овоз дардод Муҳаммад.

Одатан бо ин овоз аҳолии шахрро аз омадани хатаре хабар медоданд.

Ох,иста-ох,иста издиҳоми начандон калони одамон ҷамъ омад.

Ҳамон лаҳза Муҳаммад ба даъвати онҳо пайи дунболаи ҳаёти одилонаву порсоёна пардохт.

  • Дар баҳои куфру гуноҳатон баъди мурдан азобу ранҷу шиканҷа хоҳед кашид! – мегуфт ӯ.

Издиҳоми мардум аз ин гуфтаҳо чунон ба хандаву тамасхур меомад, ки…! Ба чунон алфози қабеҳе хидоятгари ояндаи худро дашномҳо медод, ки…! Мардум ба шуру ғазаб меомаданд, ки Муҳаммад онҳоро барои гапҳои беҳудае аз кору борашон дур андохт!

Ҳамчунин, аз он ба қахру ғазаб меафтоданд, ки як ҷавони бесаводе, ки дирузакак дар кӯчаву пасчаҳо бо либоси ҷиғда-ҷиғда овора мегашт, беизору фискашол аз турми дари онҳо давида мегузашт, бо пиразане ҳамхона шуда молу ҳол ёфт, имруз ҷасорати худро Пайғамбар тасаввур намудан ва аз номи Худо сухан рондан пайдо кардааст! Ҳамаро бовар мекунонад, ки Худо яккаву ягона мебошад, ҳол он ки шумораи аслии Худоҳо баробари сангҳои ибодатхона асту муҷассамаҳои санги ба шахр даромади хубе мебиёранд.

Вале Муҳаммад ором намегирифт. Пайваста фукароро чамъ оварда, ба онҳо хоби дида ва Худои тасаввурмекардаи худро ҳикоя мекард.

Хешовандонаш, ҳатто ҳамонҳое ҳам, ки ба паёмбарии Муҳаммад бовар надоштанд, аз муҳофизату химояти хешбачаи худ рӯй тофтанро бидъат мешумурданд. Аммо сонитар, баъди фавти амаки Абутолиб, эхтимоли дар сари ҳар қадаме кушта шудани Муҳаммад афзуд.

Дар акнофи шаҳр овора гаштан, одамонро аз тиҷорату писаронро аз падарон чудо кардан, аз хусуси вавдати Худову дар ҳузури он Худо баробарии ҳамагон арзи эътиқод намудан ва ҳамаро паии химояти факирону ятимон бархезондани ҷавоне маҳаллй ба кй мефорид?!

Дар масофати понздаҳ фарсах дуртар аз Макка мавзеъе бо номи Ясриб барҷой буд, ки сонитар унвонашро Муҳаммад  ба Мадина, яъне Мадинатуннабй (Шахри Пайғамбар) мубаддал гардонд. Дар деҳа фаллоҳон истикомат доштанд, зеро дар Мадина чандин қавму кабила: бутпарастон, насрониён, яҳудиён икомат дошта, дар нифоку низои ҳамешагй буданд. Вакте ки бутпарастон зафар меёфтанд, насорову яхудиён онҳоро бо номи паёмбари нав – Масеҳо, ки гӯё анкариб ба замин омада, ҷазои кофиронро медодааст, тавдид менамуданд. Дар чавоб бутпарастони Мадина насрониёну яҳудиёнро фиреб додан мехостанд, зеро бутпарастон аллакай аз зуҳури ким-кадом паёмбаре дар Маккаи мамнуи ҷангу чидолҳо хабар ёфта буданд.

-Яхудиёну насоро бӯй набурда, зудтар ӯро ба тарафи худ кашидан лозим, – қарор доданд онҳо.

Окибат рузе Муҳаммад ҳамрохи дустони ҳаммаслаки худ махфй ба Мадина фирор овард. Ин воқеа соли 622 рух дода буд. Аз ана ҳамин сол, аз замони хиҷрати Муҳаммад, таквими мусулмонй – солшумории ҳиҷрй оғоз меёбад. Ҳоло ҳам мамолики исломй аз руйи тақвими ҳиҷрй солшуморй мекунанд.

Начандон пештар Муҳаммад изҳор менамуд, ки ҳама ҷо хукумат дар дасти осиён асту бар зидди ҳукумат мубориза бояд бурд.

Ҳоло худаш ҳокими шахр, сардори ҳукумат шудааст. Худаш дар боби итоат қонунҳо мебарорад. Қонунҳои нахустинаш одй буданд. Мувофиқи конунҳои нахустин ахли Мадина маҷбур буданд, ки ӯро на ба тарзи расмиву маъмулй, балки бо эъзозу икром ном баранд. Ва бо зарурате наздаш оянд, то дами баромаданаш интизор шуда, бо садои баланд аз хонаҳои дарун барнахонанд.

Оҳиста-оҳиста шумораи диндорон афзуда, ҳолати рӯзгори Муҳаммад дигаргуна мешуд. у қарор аз пайи карори дигаре мебаровард. Барои аҳли дину имон нушидани шаробу бозидани киморро катъан мамнӯъ дониста, чунинҳоро шуғли шайтон меномид.

Ибодатхонаи Макка, яъне Каъба, «киблагоҳи кулли муслимин», ба таъбири дигар, тарафе зълом дода шуд, ки ҳангоми намоз бояд аҳли дин рӯй ҷониби он мебурданд. Даруни масҷид, дар ибодатгоҳи болокушода намоз мехонданд. Худи Муҳаммад асо дар даст аҳли суҷудро пешвои менамуд. Баъди намоз ӯ корҳои ҷамоатиро ба субут мерасонд, ҷангиву тарки муносибаткардагонро ошти медод, баҳсу моҷарои меросхуронро ҳал мекард.

Тамоми деҳоти ҳамсоя тадриҷан таҳти тасарруфи ӯ медаромаданд.

  • Худо яккаву ягона ва Муҳаммад расули барҳак аст, – рӯ тарафи кибла гардонда, фотиҳа мехонданд аҳли дин

Муҳаммад одамонро бовар мекунонд, ки ягон қонуну коидаро пешдасти худ бофта набаровардааст.

  • Кулли қонунномаву дастуруламалҳо ба вай аз тарафи Худо тавассути фариштаи Чабраил фиристода мешаванд. Муҳаммад факат онҳоро амали мегардонаду бас, – мегуфтанд ёрони Муҳаммаду худи ӯ.

Паёмбар алайҳи осиёни дину имон ғазо мебардошт. Ғаниматҳои ғазавотро ғозиён мобайни худ тақсим мекарданд. Панҷяки ғанимат барои манфиати Худо, барои манфиати Расули Худо Муҳаммад, хешу таборони ӯ, ҳамчунин, ятимону факирон ва мусофирон масраф мешуд.

Ба зуди Муҳаммад аз марде хаёлпарвари содалавҳу паямбаре хандахариш ба ҳокими мулоҳизакор ва маккоре табдил гардид.

Ғанимати зиёди ғазва насиби лашкари ӯ мегардид. Мадина ҳам доротар мешуд. Зоҳиран, начандон пештар Муҳаммади ҷавон ғами ятимони бебаргу бенаворо мехурд, барои кашшоку нодорон адолат металабид, аммо ҳозир дини ӯ дини истилогарони золиме гардидааст, ки барояш ғазои ғоратгарона воҷиб амре мебошад.

  • Дар назди Худо ҳамаи муъминон баробаранд. Молу мулки онҳо халалнопазир аст. Аммо кофирро ба ҳабс овардан, ғулом сохтан, молу мулкашро тарака намудан мумкин мебошад.

Сари осиён аз зарби шамшерҳо ба замин афтода, оғуштаи хоку хун мегардид. Доду нолаи зану фарзандони онҳо ба фалак мепечид. Шумораи сипохиёни Муҳаммад торафт зиёдтар мешуд. Чаро зиёд нашавад, охир ғанимати бешуморе насиби онҳо мегардид! Дар муддати кӯтоҳе вай ба Макка, ба худи ҳамон Маккае, ки бачагии бенавояш дар он ҷо гузашта буду дар ҳамон ҷо тахти тавдиру тамасхур оворагарди менамуд, ба Маккае, ки дар он ҷой ӯро сангсор карда буданд, билохира, ба Маккаи Мукаррама зафармандона ворид гардид. Баъди ин тоҷирони сарватманд – душманони аз ҳама хавфноктарини ӯ, ки замоне аз дасти фишору тазйиқоташон гурехта буд, дустони наздикаш шуданд. Тирони сарватманд акнун ба ӯву ойини ӯ дармепайвастанд, зеро дину ойине, ки аз хисоби он сармоядор шудан имконпазир аст, ба табъи тоҷирон мувофиқат менамуд.

Саросари Арабистон cap ба пойи Муҳаммад месоид.

Муҳаммад ғайричашмдошт, баъди бемории кӯтоҳе, 8-уми июни соли 632 тарки дунё намуд. Агарчи борҳо фони будани худро ҳам изҳор дошта буд, ба марги ӯ ҳаммазҳабонаш бо душвори бовар мекарданд. Шабе барои ӯ кабр кофта, турбаташро дар ҳамон ҷойи фавтидааш гуронданд.

Аввалҳо кабри Пайғамбар аз замин базур боло мешуд. Сонитар дар он ҷо масҷиди бузурге бино карда, ба ҷойи кабр мақбараи пуршукуҳе барпо намуданд.

Баъди  фавти Муҳаммад муборизаи тахту тоҷталабй боз гардид. Аввалан дусти наздиктарини Муҳаммад – Абубакр халифа шуд. Абубакрро саҳобаи дигари Муҳаммад – Умар иваз намуд. Чии Умарро ёри дигари Муҳаммад – Усмон гирифт.

Муҳаммад аҳодиси худро китобат наменамуд, зеро хатту саводи казой надошт. Муҳаммади хирадманди бемаълумот аксаран дар рафти ҳадисҳояш хикоёте меовард, ки аз касони дигар шунида буд. Имон дошт, ки Худои ӯву Худои насоро як асту ӯ, яъне Муҳаммад, дар таъвизи Исо омадааст. Аз он ки насрониён ба вай имон намеоварданд, дар ҳайрат меафтод.

Аҳодиси Муҳаммадро шахсони дигар навишта мегирифтанд.   Ба ҳадисҳо аз худ иловаҳо

медароварданд. Маҷмӯи ҳадисҳоро Муҳаммад «Қуръон» номид. Тамоми зисту зиндагонй, додгустарй, таълиму тарбия, хулоса, тамоми фаъолияти мусулмонон бояд аз ри нишондоди «Қуръон» амалй мегардид. Аммо баъди дах,-понздаҳ соли Муҳаммад «Қуръон»-ҳои зиёде пайдо шудан гирифтанд, ки ҳамагй мутафаррика буданд.

Халифаи савуми баъди Муҳаммад – Усмон фармон дод, ки ҳамаи «Қуръон»-ҳои мутафаррика сузонда, танҳо якто боки монда шавад. Аз ри ҳамин нусхаи ягона нусхаҳои мутааддиде нусхабардорй ва ба шахрҳои калон фиристода шуданд.

Фармон ба душманони халифа Усмон нафорид. Онҳо ба муқобили вай исён бардоштанд. Усмон кушта шуд. ӯ «Қуръон» дар даст истиқболи котилон баромад. Чунин мехисобанд, ки ҳамон «Қуръон»-и ба хуни Усмон ошта ҳоло дар Осорхонаи Тошканд нигоҳ дошта мешавад.

Баъди фавти халифа Усмони сарнагуншуда Алй – писарамаки худи Муҳаммад сари ҳукумат омад. Илова бар ин, ӯ Фотимаи духтари Муҳаммадро ба зани гирифт. Баъди чанд сол Али ҳам аз дасти котиле кушта шуд.

Баъди марги Али мусулмонон ба чандин гурӯҳҳо таксим шуданд. Гурӯҳҳои асоси ҳоло ҳам зери унвони сунниён ва шиъён арзи ҳастӣ доранд.

Дуди сиёҳе биёбонро фаро гирифта буд, зеро шаҳрҳо месухтанд; дар муҳорибаҳо ҳазорон одамон мефавтиданд, зеро саворагони араб, озиёни дину ойини барпокардаи Муҳаммад сарзаминҳои нав ба навро истило менамуданд. Худуди бекарони истилогардида ба давлатҳои алохида таксиму таҷзия мешуд. Дини тамоми давлатҳо ягона – ислом буд. Аммо дар сари як давлат сунниёну дар сари дигаре шииён меистоданд. Онон ҳамдигарро такфир мехонданд. Сунниён сари шиъёнро мегирифтанду шиъён сари сунниёнро! Шиъён мегуфтанд, ки хукумат танҳо дар дасти хешовандони Муҳаммад бояд бошад. Гӯё, Муҳаммад асрори дини худро ба кабилаҳои бесавод пурра кушода дода наметавониста будааст. Мифтохи тафсири бисёр ибороти номафҳуми <{Қуръон»-ро факат авлоду асҳоби Муҳаммад медонистаанду бас.

Чилави ҳукумати Мисрро авлоди Али ва духтари Муҳаммад – Фотима ба даст гирифтанд. Ҳокимони силсилаи мазбурро Фотимиён меномиданд ва, табиист, ки шиъмазҳаб буданд.

Сунниён изҳори итминон менамуданд, ки тамоми нуктаҳои «Куръон»-ро ба маънои асли бояд фахмид ва барои дар руйи замин пайгири Муҳаммад шудан набера ва ё абераи ӯ будан шарт нест, ҳар мусулмони комил метавонад ҷойнишини Паямбар гардад.

Албатта, дар аксари маворид муноқишаҳои мазҳаби баҳонае беш набуда, сабаби воқеӣ мубориза барои тахту тоҷу салтанат буд.

  • Ҳама дар назди Худо баробаранд, бадбахтонро ранҷондан ва муъминонро таққир намудан вубол аст! – ҷор меандохтанд воизон аз минбари масҷидҳо.

Вале дар хилват ҳам сохибони дину имону ҳам воизон акси гуфторашон амал мекарданд, авомро паст мезаданд.

Сарзаминҳои истилошуда тобеи халифагон бу- данд. Сунниён халифаи худу шиъён халифаи худро доштанд. Дар Бухорое, ки Ҳусайн икомат дошт ва дар сарзаминҳои нопайдоканору шахрҳои нохия амирон – ҷонишинони халифаҳо салтанат меронданд. Ба хотираи поягузори хонадон Исмоили Сомонй силсилаи амиронро Сомониён меномиданд. Онҳо тобеи халифаи Бағдод буданд. Халифаи Бағдод суннимазҳаб буда, бо тамоми кувват алайхи шиъён мубориза мебурд.

Форсҳо, тоҷикон ва дигар халвдое, ки тахти сарварии Сомониён умр ба cap мебурданд, тобеи ха- лифаи бағдодй буданро намехостанд. Аз ин рӯ, дар миёни халвдои мазбур одамони зиёде буданд, ки пинҳонй шиъёнро тарафдорй мекарданд. Падари Ҳусайн – Абдуллоҳ ҳам шиии пинҳонй буд. Ҳатто ба писари худ ӯ кунияи Абуалиро, ба шарафи халифаи маҳбуби шииён, писарамаки паямбар – Алй дода буд.

Хонаи Абдуллоҳ тез-тез мехмондор мешуд. Ба зиёфати имшаба ҳам ӯ аз дами субҳ тайёрй медид. Аз бозор гили хушхури нишопурй харида оварданд, ки зумуррадгуну равғанй буда, мехмонони мисрй чашидани онро дуст медоштанд. Шафтолу, мағзи писта ва найшакари гулобандуд ҳам оварданд. Кузаҳои гулобу шаробро низ захира намуданд.

Мувофики одати ҷиддй кадбону ҳаққу хукуки кабули мехмононро надошт. Хидмати мехмононро канизак ба ҷой меовард. Маколи «мехмоне, ки ба мизбон «кадбонуро ҷеғ занед, то даме бо мо нишинад» мегуяд, сазовори се карат сангсор аст»-ро ҳамаи мехмонон ба хуби медонистанд.

Канизак дастархони калоне густарда, нуклу наворо муҳайё намуд.

Махсусан, имшаб мехмонони зиёде ҷамъ омада буданд.

Се нафар мусофири ҳофиз ҳам ҳамрохи созҳояшон омаданд. Ҳар сеи онҳо ба якдигар шабоҳати кулли доштанд, зеро муйҳояшон якхела ранги балути дода, якхела ба расми замон аз ду чаккаи cap пасру шоназада буданд, ки ба таъбири мардуми ондавра «монанди каждуме буданд, ки аз сабаби ба шуълаи рухсорахо наздик омадан дар худ печидааст».

Ҳофизон аз Миср, аз Манаф, омада буданд ва барои чанде дар хузури амир хунарнамой кардан омода мешуданд. Ҳамрохи онҳо тоҷири сарватманде ҳам мехмон буд, ки Абдуллоҳ ӯро «марди дар фалсафа, меъморй ва санъат донишманд» гуфта шиносонд. Чанд одами дигаре ҳам омаданд, ки пирамарди аз рохи дур омада – олим ва файласуф Нотилй ҳамрошон буд.

Меҳмонон давра ороста, ба хурдани зиёфат, нушидани шароб ва тафсондани суҳбат оғоз намуданд. Падараш Ҳусайнро дар бари худ шинонда, шафтолуе дупора карда доду донакашро ба таораи ахлот партофт.

Ҳофизон аз зиёфат фориғ гашта, ба хонишу ромиш пардохтанд. Онҳо ҳам месароиданду ҳам менавохтанд. Аз дарди фироку ами хичрон, аз боби висолу вавдат, аз хусуси вафодориву сангдилй суруду наво мебардоштанд.

  • Овози ширадори чунин ҷавононро шунидан саодатест беназир! – гуфт пирамард Нотилй. – Факат одами бисёр муътабар аз давлати ташрифи онҳо бахравар гашта метавонад.

Абдуллоҳ табассуме карду китф дарҳам кашид.

Сипас, баъди суруду наворо басанда кардани ҳофизон, онҳоро аз хусуси роҳ, аз тарзи ҳаёти мисриён пурсукоб намуданд.

– Оё дуруст аст, ки дар бозорҳои шумоён танҳо рости гапро гуфтан одат шудааст? Ва касе харидорро фиреб диҳад, ӯро савори шутур кардаву ба дасташ зангула дода, гирдогирди шаҳр мегардондаанд?

-Ии ҳолатро ман ҳам тасдик карда метавонам, – ба гап ҳамроҳ шуд тоҷири сарватманд. – Гунаҳкор дар чунин маврид зангулаеро зангзанон фарёд мебарорад: «Ман дурӯғ гуфтам, акнун ҷазои онро мекашам! Сазои дурӯғгӯ ҳамин аст!»

-Чунин низому тартиб факат дар мамлакате ҷорй буда метавонад, ки онро халифаи ростин, авлоди Паямбар идора кунад.

-Ии ҷо, дар Шарк, дар бозор маро боб карда фиреб доданд. Ба ивази коло забонхати сохтае пешниҳод намуданд. Рузи дигар, вакте ки калбакй будани ҳуҷҷатро фаҳмида, колои худро бозпурсидам, ҳама баробар ханда бардоштанд. «Одати мо чунин аст: агар фиребро дарҳол пай набарй, колоро бознамегардонем».

– Дар ҳамаи мамлакатҳое, ки сунниёни худашонро боимон вонамудкунанда салтанат меронанд, бенизомиву бетартибй хукмрон аст! – гуфт яке аз ҳофизон.

– Дар бораи Бағдод ҳоҷати гап нест, – аз нав ба гап даромад тоҷир. – Чанде пеш вазири Бағдод як душмани худро асир гирифта, дар мукобилаш чунон расвоиҳо кард, ки ҳеҷ одами муъмину мусулмон ва окилу доно рафтори ӯро ҳак шумурда наметавонад. Вазир ба душмани худ пусти бузина пушонда, ҳангоми айшу нушҳояш ӯро маҷбур менамуд, ки раксу бозй кунад.

-О-ҳо, вай майнушй ҳам мекунад?- изҳори таҳайюр намуд пирамард Нотилй.

– Ба дараҷае менушад, ки…!

– Дар бораи халифаи моён ал-Азиз чунин гапҳоро наметавон гуфт, – изҳор намуд ҳофизе. – ӯ монанди сарв коматбаланду хушандом. Сайёди часур, касе чинси аспонро беҳтар аз ӯ намедонад, чавҳаршиноси доно. Вакте ки душманашро асир афтонд, ӯро бо хаймаи махсус, аспҳо ва, умуман, тамоми лавозимоти даркорй таъмин намуд. Халифа ба ӯ ҳатто ангуштарини муҳрдор ва мукаррабонашро баргардонд. Ҳангоми вохурии нахустин ӯ фармуд, ки барои душман ҷоми шароб оранд ва чун дид, ки ҳариф аз заҳролудшавй тарсида, чуръати нушидан намекунад, аввалин шуда худаш аз ҷом чуръаеро ошомид.

-Фақат ашхоси наҷибу ҷавонмардони ҳақиқӣ, ворисони Паёмбар ба чунин амал қодиранд! – арза дошт Нотилй.

Албатта, агар ба хона одамони бегона меомаданд, меҳмонон мулоҳизакорона рафтор менамуданд, андаке дигархелтар суҳбат мекарданд. Лекин имруз ҳамаи меҳмонони Абдуллоҳ эътикодманди мазҳаби ягона – шиъй буданд. Онҳо бо каноатмандй душманонашонро таҳкиру мазаммат ва ҳаммаслаконашонро таърифу тавсиф менамуданд.

  • Шумо дар шаҳри мо ба чй коре машғул хоҳед шуд? – пурсид Абдуллоҳ аз пирамарди фозил Нотилй.
  • Рисолае таълиф намуда, дар он донистаҳои худро доир ба фалсафа, нуҷум ва бархе улуми дунявй баён хоҳам дошт. Шояд маро ба дарбор муаррифй кунанду маоше пайдо намоям.
  • Шумо ягон ошно ва ё хешу табор доред?
  • Не, ман танҳоям ва тамоми сарватамро ҳамроҳ дорам.
  • Охир, то дами хотимаи рисола ба шумо лозим меояд, ки муддате бемаош зиндаги кунед…
  • Ман инро медонам. Барои ман маоши зиёде лузумат надорад. Мумкин ягон нафар ва ё бештар шогирде пайдо кунам.

Абдуллох, ғарқи андеша гардид.

Барои муаллими Ҳусайн шудан оё ин пирамарди бохиради нурони рози мешуда бошад? Аҷаб хуб мешуд, агар ӯ розиги медод. Хубии кор боз дар он аст, ки ӯ шиъст!

Абдуллоҳ аз он вокиф набуд, ки муйсафед пули пуччаке надошта, то дами хонаи вай омадан ба ҳар чизи пешомадаю хушомадаи мардум – порае нони ҷаву пиёлае оби хунук иктифо менамуд. Абдуллоҳ аз он хабар надошт, ки муйсафед аз остонаи дари ӯ даромадан ва Ҳусайнро дидан замон кариб аз шоди динг-динг ҷаҳида буд. «Фарзандони шахси сохибфазилат, албатта, бояд илму дониш омузанд, – дар худ меандешид ӯ. – Ки медонад, шояд маро ба муаллимии писарашон бигиранд?».

– Барои писари ман омузгор лозим аст, – арз намуд Абдуллох,. – Тавассути пешниҳоди худ боиси малоли хотири шумо гаштанро намехоҳам, аммо худатон изҳори майлу хохиш намоед, ман бо мамнуният дарҳои хонаамро ба руятон мекушодам.

– «Албатта, рози мешавам», – андешид Нотили дар дил, аммо чизи дигареро ба забон овард:

– Дар роҳи таҳсил оё писаратон ягон дастоварде дорад? Охир, мантику ҳандаса ва улуми бакия, ки ман ӯро таълим хоҳам дод, барои акли ҷавон гарони мекунанд.

-Марҳамат, агар майли суҳбати ӯро дошта бошед, дараҷаи донишашро хоҳед санҷид, – ҷавоб дод Абдуллох,.

Шаб анҷом пазируфт.

Ҳофизони сохибҷамол инъомҳоро гирифта, роҳи манзили иқоматашонро пеш гирифтанд.

Тири сарватманд барои шаббоши хонаи рафиқаш рафт. Меҳмонони боқимонда ҳам хона ба хона тақсим шуданд.

Нотили дар хонаи Абдуллоҳ бозистод.

Субҳи рузи дигар Абдуллоҳ аз пайи саранҷоми корҳои идори шитофт. Маҳмудро ба мактаб барои омузиши «Куръон» оварданд. Нотилии солхурдаву Ҳусайн бар дар бари якдигар нишастанд.

Нотили се нусха китоб дошт. Якеи онҳо боиси ифтихори хосаи ӯ буд. Ин китоб аз таълифоти Порфирий Тир буда, «Муқаддимаи мантиқ» номида мешуд.

  • Мантиқ ченаки кулли ҳақиқатҳост, – Нотили такрори ин таъбири дар хотираш сабтшудаи хирадмандонро дуст медошт.
  • Писарам, ман ҳаяҷону ваҳми туро дар пеши ин фан эҳсос мекунам… – Нотили қарор дод, ки Ҳусайнро таскин бахшад.
  • Ман ҳам як вақтҳо дар ҳарос афтода будам ва он тарсу ҳароси ман то ҳоло дур нашудааст. Мувофиқи шунидам, ту ҳофизӣ, <{Қуръон»-ро азбар медони. Зеҳни кудак тез, аммо нопойдор аст. Дар бачаги ман ҳам метавонистам ҳофиз шавам. Ва он улуми адабия, ки ту омухтай, ҳатто фиқҳу ҳисоби ҳиндй – ҳамагй қадамҳои нахустинеанд дар роҳи дарки маърифат. Доираи илму фарҳанг нопайдоканор буда, ҳудуди он дар торикии ғафлату ҷаҳолат ниҳон мешавад ва танҳо илми мантиқ роҳи моро ба суйи дониш мунаввар месозад. – Нотилй даме хомуш истод. Вай аз чунин муқаддимаи худ қаноатманд буд. – Ҳамаи он чизеро, ки бароят гуфтам, фаҳмидй?
  • Бале, ҳамаашро фаҳмидам.

– Бисёр хуб. Набошад, сар мекунем.

Нотилӣ боэҳтиёт чанд саҳифаеро варак гардонд.

– Хуб, ин ҳамд. Инак мукаддима. Ҳа, мана, дар ин ҷо… Шарҳи чинс, навъ ва тафрикаи навъӣ. Дар аввал ин ба назарат душвор менамояд, аммо сонитар, боварии комил дорам, ки ба ҳар роҳу васила онро хоҳӣ фаҳмид. Худи ман дар айёми таҳсил фарки миёни ҷинсу навъро дар тули ду ҳафта дарёфтам. Гӯш дор, барои ту мехонам: «Чинс мафҳумест, ки дар мавриди ифодаи маҷмӯи ашёҳои гуногуннавъ ва дар ҷавоби саволи «ин чист?» оварда мешавад».

– Нафаҳмидӣ? – пурсид ӯ Ҳусайнро.

– Ба гумонам, фаҳмидам.

– Не, ту каме фикр бикун. Агар хоҳӣ, бароят боз як бор ва ё якчанд бори дигар мехонам. Ва ё, ма, худат гирифта бихон, фақат эҳтиёт бош, варакҳоро надаронӣ.

– Ман аллакай фаҳмидам, – гуфт Ҳусайн.

–Т саросема нашав, худи ман барои амик фаҳмидани ин мафҳум ду ҳафтаи расо кушидаам…

– Мо «бино» ва «каср» мегуем. Ва медонем, ки ҳар як қаср биност, аммо ҳар бино каср нест. Ба ин маънӣ, мафҳуми «бино» ҷинс асту мафҳуми «каср» навъ. Яъне, мафҳуми васеътар дар таносуби мафҳуми тангтар ҷинс мебошад.

-ЧЧ хел? Чӣ хел ин ҳамаро ту якбора фаҳмидӣ? – ба ҳайрат афтод Нотилӣ. – Наход ман ба ту ҳамин қадар содаю равшан фаҳмонда бошам?

-Ин чизи душвор нест. Масалан, «ҳайвон» ва «шутур». Ҳайвон – ҷинс, шутур – навъ. Ана боз…, – хандид Ҳусайн. – «Инсон» ва «аблаҳ». Инсон – ҷинс, аблаҳ – навъ.

-Агар «шутур» ва «шутуркурра» бошад чӣ? – Нотилӣ чашмонашро айёрона нимроғ кард. – Ва ё, масалан, «каср» ва «касри амир» бошад чӣ?

-Дар он сурат шутур ва каср ҷинсу шутуркурра ва қасри амир навъ мешаванд.

Акнун ҳамрохи ту чи бояд кунем? – ҳайрон монд Нотили. – Гумон доштам, ки барои дарки ин муаммо ману туро на кам аз як ҳафта сарф мешавад. Хайр, бисёр хуб, давомашро мехонем.

Онҳо шарҳи таъриф ва тавсиф, шарҳи казия ва шархи таносуби ихтилофи казоёро омухта, муттасил пеш мерафтанд. Дигар акнун Нотили ба шогирди худ чизеро шарҳу тафсир намедод. ӯ факат таърифотро мехонду бас. Шогирд алалфавр моҳияти таърифотро дарк намуда, ба омузгор онҳоро шарҳу тафсир медод. Бар илова, Ҳусайн ончунон содаю фахмо ташреҳ медод, ҷиҳатҳои нозуктарини масъалаҳоро чунон амик дармеёфт, ки дар бораи онҳо устодаш ҳатто тасаввуроте надошт.

Баъди намози пешин Абдуллоҳ омад.

-Шуморо саъю кушиши писари ман конеъ мекунонад?

Нотили чи гуфтанашро надониста, шах шуда меистод. Ҳатто аз оти ҳаяҷону изтироб ашки дида резонд.

– Ман лойики омузгории писари шумо нестам… – гуфт ӯ худро ба даст гирифта. – Баргузидатарин омузгори тамоми давру замонҳо факат орзуи чунин шогирдеро парварида метавонаду бас. Падари чунин писаре… – гуфту муйсафед инони суханро боз аз даст бидод.

– Сабаби изтироби шуморо мефахмам, – табассум кард падар, – ва хеле хурсандам, ки писари ман писанди табъатон гардидааст. Ҳоло наҳорӣ мехурем, сони ту, Ҳусайн, баъзе ҳисобу китоби аз девон овардаи маро саранҷом медихи

– Не, не, – беихтиёр ба сухан даромад Нотили. – Маи бачаро эхтиёт бояд кард, онро ба фаъолияти бехуда банд намудан лозим нест! Ҳеҷ чиз, бидуни илму дониш, онро набояд фаро бигирад! Маъзурам доред, ки ман ба коруборатон дахолат мекунам, аммо, беҳтараш, он ҳисобу китобро худи ман анҷом бидиҳам. Охир, ман ҳам аз ҳисоби ҳиндй каме бохабарам…

  • Медонед, гап дар сари он аст, ки… – андаке худро гум кард Абдуллоҳ, – гап дар сари он аст, ки ману шумо қудрати дар як шаб анҷом додани ин қадар ҳисобро надорем, аммо Ҳусайн дар бадали панч дақиқа, бе оазу қалам, аз ёд онҳоро ҳал мекунад. Ин кор барои ӯ як дилхушй, бозист.

Аз аввал то охири хурокхурй пирамард муҳри хомушй бар лаб зада, танҳо ба руйи шогирди худ бо ҳисси эҳтирому мехрубонй назар меафканд.

Як вақтҳо дар Афшана Ҳусайни чак Умар ном ҳамсояи майдаяке дошт. Ин ҳамон Умаре буд, ки «деҳ, деҳ, деҳ!» гуфта дод заданро нағз медид.

Ҳоло волидайни Умар соҳиби мерос ва ба ин васила сарватманд гашта,          чида Бухоро омаданд ва

дигарбора ҳамсояи Ҳусайн шуданд. Умар ёздаҳ сол дошт. Барои омузиши ҳунари таббохй ӯро шогирди ошпазе монданй буданд, зеро таои Умар вазифаи палавпазии хосаи амирро адо менамуд.

Ҳусайну Умар аксаран ҳамроҳ сайругашт мекарданд.

Рузе онон аз      ча мегузаштанд.

  • Ана ҳамин хел роҳ гашта, роҳ гашта, ногаҳон агар пул ёбй…- гуфт Умар.

Ва ҳамон лаҳза тасодуфан онҳо пул ёфтанд.

Ҳамёни чармини пуре дар миёни чангу хоки ча мехобид, ки ниҳон аз чашми мардум мондааст. Куча холй буд. Фақат аз дур муйсафеди маркабсаворе наздик меомад.

  • Баробар тақсим мекунем! Пулҳоро баробар тақсим мекунем! – аз хурсандй дод мезад Умар.

Сонй ба хамгашти         ча давиду дар болои санги

пурчанге нишаста, оҳистаяк пулҳоро ба кафи дасташ рехт ва ҳамёнро пушти санг партофта, ба таксимоти бозёфта даромад. Тавассути даҳ дирҳам чи корҳо кардан мумкин?!

Ширавори харида, то ба дилҳо задан даҳанро ширин кардан мумкин.

Ва ё бозичаҳои шавқовари муйина харидан мумкин, ки ба ин ҷой аз Хоразм ва аз кишварҳои дурдасти каҳратун овардаанд.

Ва ё пулҳоро ба чандин морбоз додан мумкин буд. Он гоҳ ҳар морбозе бо най навои хосаи худро менавохту ҳар море рақси хосаи худро намоиш медод ва, дар натиҷа, ти вахмангези морон барпо мегардид.

Билохира, ҳатто маркаб, албатта, маркаби начандон куррасолу бакуввату корои, харидан мумкин буд.

Ҳамёни чармин ана ҳамин кадар арзиш дошт.

  • Бодоми ширинакро дуст медорам, – гуфту Умар аз пайи харидани бодом шитофт. – Агар пулҳоро хона барам, кашида мегиранд.

Ҳусайн аз паси вай рафт.

– Ту ҳам бихар, вагарна ту дар пахлуям истиву ман хурдан гирам, хиссаи худро тақсим карданам лозим мешавад. Лекин ин аз руйи адолат нест, чунки пули ҳардуямон баробар аст.

Вале чашми Ҳусайн аллакай ба китобфуруш афтода буд.

Китобфуруш дар соябуне панаҳ оварда бошад ҳам, аммомааш тар шуда буд. Аз рабинаш катраҳои калони арақ мешориданд. у марди чандон сохибмаълумоте набуд, аммо якумри китобро азиз медонист. Ҳамрохи китобҳо мезисту паҳлуи китобҳо мехуфт. Одамони китобдустро баот дуст медошт. Ба ин маъни, Ҳусайнро ҳам дуст дошт. Ҳатто рухсаташ дод, ки китобҳои фуруширо тагуру кунад, агарчи пул надоштани писаракро хуб медонист.

Лекин имруз ӯ пул дошт. Бар замми он, китобфуруш имруз рисолаи нодире оварда буд, ки Ҳусайн кайҳо боз орзуяшро дар дил мепарварид. Нархаш ҳам расо панҷ дирҳам буд.

-Ман дигар ҳамроҳи ту пул намеёбам, – норозиёна ғур-ғур кард Умар аз бари Ҳусайн кадамзанон, зеро Ҳусайн тамоми пулҳояшро барои китоб харҷ намуд.

Ҳусайн ҷавобе намедод. Ба пеши пояш ҳам нигоҳ намекард. ӯ фавриба китобхони сар кард.

-Ҳооии     ба ягон шутур бармехуриву шутур

гушатро мегазад, – гуфт Умар.

Ҳусайн ҷавобе намегардонд.

– Ма, коматро бо бодоми ман ширин куну дониста мон, ки ман сахи ҳастам! – Умар унвони китобро хонд: «Шархи «Усули ҳандаса»-и Уклидус». Акаллан ягон нави суратдорашро дар бораи Синдбод мехариди, намешуд, ки факат кухнаколоҳоро ғун мекуни?!

Ҳусайн то фаро расидани шом китоб хонд.

Умар ҳамаи бодомҳоро хурд.

Ҳусайн ҳамоно китобхониро давом медод.

-Рафттм ба хонаи мо, аспакбози мекунем, – таклиф менамуд Умар. Аммо Ҳусайн ӯро пайхас наменамуд.

Рузи дигар онҳо боз ча баромаданд.

– Ту ҳозир аз ҳама бештар чиро мехости? – нохост пурсид Умар.

– Бисёр чизро… – табассум кард Ҳусайн.

– Вале, медони, ман чи мехоҳам? – як ба гирду атроф чашм давонд Умар. Куча монанди дафъаи гузашта холи буд. Чашмонашро пӯшид. – Мехоҳам, ки боз пул ёбем. Факат як бор, охирин бор! – ӯ дарҳол чашмонашро кушоду ба замин нигарист. Мутаассифона, дар замин аз пул нишоне набуд.

Ниҳоят, устоду шогирд ба омухтани китобе, ки Нотили басо ҳурмату иззаташ мекард, оғоз намуданд.

Нотилй ҳатто аник гуфта наметавонист, ки худи ӯ навиштаҷоти ин китобро хуб медонад ё не. Китоб «Ал- Маҷастй, ё ахкоми кабири ҳайъат» номида мешуд. Онро мунаҷҷими искандариявй Клавдий Батлимус таълиф карда буд.

Албатта, то давраи Батлимус ҳам одамон анҷумшиносиро пеш гирифта, ситораҳоро мавриди муоина карор медоданд. Аммо Батлимус аввалин шуда ба ин фан низому тартиби собиту муайяне ворид овард.

На ҳамаи одамони қадима чунин мепиндоштанд, ки Замин ҳамворие буда, бар души ҳафт наҳанг меистад. Бархе донишмандон изҳор менамуданд, ки Замин устувонашакл буда, гирдогирдашро фазои малаъ иҳота кардааст. Ва ситораҳо монанди гулмехе бар осмон куфта шудаанд. Гурӯҳи дигаре ҳам буданд ва чунин даъво доштанд, ки Шамсу Қамар сершуморанд ва ба тори ҳар кишваре Шамси худиву Қамари худй шуъла мепошад.

Танҳо хирадманди замони қадим, пири руҳонии Искандари Макдунй – Арасту собит намуд, ки Замин курашакл аст. Лекин ӯ ҳам чунин мехисобид, ки Замин, албатта, маркази коинот мебошад. Ба таъбири дигар, агар Замин марказ намебуд, Худо дар торами кайҳон чй кор мекард?! Фақат Архимед мегуфт, ки Замини курашакл аслан марказ не, балки сайёраи муқаррарии начандон калонест, ки дар атрофи меғи оташбор – Офтоб давр мезанад.

Батлимус ҷадвали муназзами ҳайъати худро тартиб дод. Дар офаридаи худ ӯ тамоми дастовардаҳои муначчимони пешинаро истифода бурда, зимнан дар он барои Худо ҳам ҷойи алохидае гузошт.

Айёми ҷавонй Нотилй сафаҳоти аввали «ал- Маҷастй»-р0 гаштаву баргашта мутолиа менамуд. Парчаҳои зиёдашро азбар медонист. Аммо ҳар чй қадар дарунтар мерафт, китоб ҳамон андоза душвортару мураккабтар мегардид. Барои ҳамин Нотилй гуфт:

– Китобро мустакилона омухта, сонй барои ман накл мекунй. Он гаҳ туро санҷида, ҷоҳои номафҳумашро фаҳмонда медиҳам.

Ҳусайн аз асари Батлимус донист, ки Замин кураи азими номутаҳаррике будааст. Гирдогирди Замин пардаҳои шаффофи мудавваре чарх мезадаанд, ки ба онҳо ҷирмҳои нурафшони гуногун илҳок шудаанд. Мохтоб кураи наздиктарини Замин аст. Сипас кураи Аторуд, сонй Ноҳид, пас Офтоб, баъд Миррих, баъди он Муштарй меояд. Кураи ҳафтумй Зуҳал мебошад. Ба кураи ҳаштумй тамоми ситораҳои номутаҳаррик илҳок шудаанд. Аммо дар кураи нухумй «кувваи ҳаракатдиҳандаи ибтидой» ниҳон шудааст, ки кулли ситора ва олами атрофро маҷбури ҳаракат месозад. «Қувваи ҳаракатдиҳандаи ибтидой», албатта, комилан аз хосту кудрати Худо вобастагй дорад.

Аз ин назария ҳам мунаҷҷимону ҳам уламои фикҳ розию каноатманд буданд. Танҳо баъди солиёни зиёде донишманди лахистонй Коперник алайхи Батлимус ихтиёри баҳсу мунозира мекунаду бас.

Батлимус накшаи ҳаракати тамоми ситораҳоро кашида буд.

Нотилй тарзи кашидани накшаи мазбурро кайҳо фаромуш карда буд. Аммо Ҳусайн онро ҳам сарфахм мерафт. Бо фараҳу мамнунй накшаи чархиши ҳар як сайёраро ба калам меовард ва ҳамаашро барои Нотилй шарҳу тавзеҳ медод.

Замоне фаро расид, ки Нотилй тамоми дороиву сарваташро ба Ҳусайн бахшида, захираи дониши худро кариб ба анҷом расонида буд. Акнун онҳо факат як илмро даст нарасонда монда буданд. Бисёр одамони он давра тавассути ин илм бурдаи нону косаи пиёбае меёфтанд.

– Аз ри ситораҳо пеши намудани кисмати одамонро ба ту меомузонам. Он илми танҷим аст, – хабар дод Нотили рузе ба оҳанги махфиёна.

Шабонгоҳон Ҳусайну устодаш ба тори манораи баланде мебаромаданд. Пирамард бо машаккати зиёде по ри зинаҳои баланди сангини зинапоя мениҳод. Барои он ки сараш ба ҷое барнахурад, хамида раҳ мепуид, вазнин-вазнин оҳу уҳ мекард, тез-тез бозистода, ба тахтапушти Ҳусайни хурдсол такя менамуд. Ба ҳамин минвол окибат ба тораки манора мерасиданд. Сояи наҳифи пирамард аз ри ҳамвори бомҳо намудор мегардид. у худро дар хилъаташ печонда буд. Ҳусайн аз дасташ дошта меистоду ҳар ду оромона фазои тираву сокитро назора менамуданд. Сони пирамард ба гап медаромад. Овози ӯ дар ин олами тангу тору сабуксар хорикулодда ба гӯш мерасид.

-Ҳу, ана, Насри Вокеъ, ситораи субҳ, – нишон медод пирамард. – Дами субҳ онро бисёр хуб дидан мумкин аст… Касе дар зери ана ваяш оламро наззора кунад ва мулоҳизаву эҳтиёт ба кор барад, умри дароз мебинад.

Шамол аз нав хилъати устодро парешон намуд. Устод танашро маҳкамтар печонда, нигоҳашро тарафи нуктаҳои базур намоён – ситораҳо, ки дар аъмоки тираву тор чашмак мезаданд, духта меистод.

Баъди чанде Ҳусайн макоми сайёраву бурҷҳоро зудтар аз пирамард меёфтаги шуд.

-Охир, ин ситораҳо баҳри чи вучуд доранд? – гоҳо мепурсид Ҳусайн. – Онҳо на гармие доранду на чандон зиё мебахшанд!

Пирамард хомуш меистод.

– Худи олам барои чи вучуд дорад?

Пирамард ҳамоно хомуш буд.

– Ҳастии ман барои чист?

– Кулли ашё бо иродаи Худо сохта шудааст. Барои чи лозим будани ҳамаи ин берабтиҳоро факат Оллоҳ медонад, – чавоб дод Нотили, сараввал пасу пешро аз назар гузаронда, то гуфтаҳояшро нашунаванд. – Агар марди комилу болиғ шавй, он дам, мумкин аст, розеро барои ту бикшоям, – изҳор намуд пирамард дар яке аз чунин рӯзҳои мукаррарй. – Ростй, худи ман ҳам бар он шубҳа дорам…

– Ман аллакай ба камол расидаам. Намебинед, чй кадар калон ҳастам?! – комат афрохт Ҳусайн.

Агарчанд аклат аз синну солат расотар аст, ҳанӯз кудакй!

-Медонед, ба гумонам, макоми ситораҳо ба такдири инсон кам таъсире дорад…

-Во-оҳ! – пирамард сарашро миёни каф гирифт. – Чунин андешаҳоро руйрост изҳор намудан мумкин нест! Ба ту ин гапро кй гуфт?

-Худам фикр кардам. Агар навиштадоти хирадмандонро тааммук фармой ва ҳодисаю вокеоти зиндагиро киёс намой, ногузир ба сари ҳамин хулоса меой. Охир, тамоми бурҷҳо нисбат ба ҳамаи одамон якхела дойгир шуда бошанд ҳам, дар як деҳа ҳосил фаровону дар дигаре хушксолист!

-Инашро ҳам худат андешидй?! – музтар монд пирамард. – Акнун мани муйсафед чй бояд кунам?! Наход аз нав овораю бенаво гардам?! Ту мефахмй, чй балоеро ба сарам овардй?!

– Магар шуморо рандондам?

-Бехтараш меранҷондй. Чунин   хонадони пурфайзеро дигар аз кудо пайдо мекунам?! Чунин шогирди хушкареҳаеро дигар аз кудо меёбам?!

– Мо шуморо магар аз хона меронем?!

-Ман худам, худам, аз хонадони шумоён бояд биравам! Ман палави хуштаъми шумоёнро бехуда хурдаву хилъати зебои шумоёнро ройгон пушида наметавонам! Мани муйсафеди бенаво тамоми умр аз конуну кавоиди ҷаҳон андешидам, дар биёбонҳо овора гаштам, дар шахрҳо гуруснагй кашидам, ҳаракати дирмҳои осмониро омухтам, лекин омада-омада дар охири зиндагй ба фикри дакикае пеш изҳордоштаи ту расида, танҳо дар ҳамин лаҳза онро кашф намудам. Чунин андешидан хатарнок аст, аммо, ба назари ман ҳам, мақоми ҷисмҳои осмони, ҳақиқатан, ба такдири одамон кам таъсире дорад. Вале ту дар ин бора ғайри ман ба каси дигаре ягон чиз нагуфта боши?

– Не…

– Агар пурсидани чунин гапҳо барои омузгор раво нест, кайҳо боз донистан мехостам, ки ин ҳама дониш барои ту чи лозим аст, барои чи шабҳои дароз намехобиву шуғли китоб меварзи? Магар пули падарат кифоят намекунад? Ва ё ҳавлиатон мувофики табъ намебошад? Наход ту надони, ки илму дониш бахту саодатат намебахшанд?! Пайваста дар гирдоби ранҷу кулфат мемони, ғаму озор ҳамсафари доимият мегардад. Наход то ин дам ҳаминро нафахмида боши?!

– Рохи дигаре надорам, – ҷавоб дод Ҳусайн.

Ногаҳон фикре ба сари пирамард омад: «Не, ин кудак нест, ҳамту ба назар кудак менамояд. Шояд дар асл аз ман ҳам солортар бошад».

– Агар муттасил чизи наверо фахмида наистам, соате ҳам зиста наметавонам, – идома медод Ҳусайн. – Ман бояд аз хусуси фарозу нишеби олам ҳамвора фикри тозае дарёбам, вагарна тамоман зиста наметавонам.

– Рӯзгори ояндаи ту басо вазнин хоҳад омад. Бо вучуди ин, ягон замоне, шояд баъди ҳазор сол, дар бораи ту суҳбат ороста, одамон номи камина – Нотилиро ҳам ба неки ёдовар шаванд, зеро ман, андаке бошад ҳам, ҳаққи устодии туро дорам.

Шаби дароз Абдуллоҳ ошуфтаҳолона рӯ-рӯйи хона қадам мезад. Омадани мехмонон даркор буд, аммо наомаданд. Ҳофизони манафи ҳам наомаданд, онҳо хапу дам рахт барбаста, азми сафар намудаанд.

– Ин амиру вазири моён чиҳо карда истодаанд?! – такрор менамуд падари Ҳусайн. – Халқ норози, душманон тохта ба шахр наздик омада истодаанд! Инҳо бошанд, андозу хироҷи нав ҷорӣ мекунанд! Ситора, медони, мабодо ман бимирам, кисми молу мулки мо ба хазина мегузарад. Чии он ки ба хонаводаи марҳум дасти ёри дароз кунанд, маҷбуран андоз меситонанд! Ҳукуматдори моён имруз ана ҳамин гуна қарор баровард. Бар илова, умед дорад, ки халк ба тарафдории ӯ мебарояд. Мани бадбахт бояд ин иродаи ӯро амали гардонам. Пагоҳ, агар ягон рафикам бимирад, ман ба кадом рӯ пеши аҳлу аёли вай рафта, молу мулкашро меситонам?!

– Агар иродаву хости амир чунин бошад, шумо бояд муросо кунед!

– Ман-ку муросо мекунам, аммо девдононе, ки фавран аз онҳо барои ҳосили оянда ҳозир андоз бояд ғун намоям, чи кор мекунанд? Медони, барои ҳосили оянда!! Баъди ин ҳам хазинаи амир боз холи мешавад, пас ӯ барои ҳосили кадом сол андоз мегирад? Шояд ин дафъа аз хисобу ризку рузии Ҳусайни мо занад!

– Шумо саросема нашавед, – гуфт модари Ҳусайн. – Шитоб накунед.

– Шитоб намудан шарт аст, зеро дар бадали ҳафта ҷамеи андозҳоро ба хазина супурданам лозим!

– Саросари бозорро хабару овозаҳои воҳиманок фаро гирифтаанд. Фоики сарлашкар дар даромадгохи Самарканд мағлуб гаштааст. Буғрохон бар лашкари мо олиб омада, рост тарафи Бухоро меомадааст. Мегуянд, ки амир ҳамрохи муқаррабонаш шахрро тарк гуфтанист. Ба фикрам, бачаҳоро рухсати  чабарои надодан бехтар.

– Ҳа, бехараш аз хона набароянд.

– Агар амир рохи гурезро пеш гирифта бошад, андозҳоро шумо барои хазинаи ки ҷамъ меоваред? Худо нишон надиҳад, мабодо силохиёни Буғрохон шахрро забт кунанд, боҷу хироҷ туъмаи онҳо мегардад. Шумо се-чор рӯз сабр кунед. Сони пешомади тамоми корҳо равшан мешавад.

Рузи дигар авзои корҳо равшан гардид.

Субҳи мурғҷеғзан, ҳанӯз Офтоб набаромада ва гунбади манораҳо шуоъҳои онро акс нанамуда, садои наъли аспон оромиро фуру бурд.

Ҳавои субҳи содиқон ҳамеша мусаффост, зеро рузона чангу ғубор аз ҳарорати Хуршед намиро партофта, ба ҳаво бармехезанд. Аммо шабона гарду хок руйи замину болои бому пушти баргҳо мехобанд.

Сокинони аз садои бемаҳали наъли аспон баҳаросафтода сар аз дару дарвозаҳо берун меоварданд.

Саворагони фарбеҳ-фарбеҳ, ки посбонони зархариди шахсии амир буданд, аспони пурзурашонро бо суръати тамом метозонданд. Шутурбонон шутурҳои пурбори молу мулки хусусии амирро саросема пеш меронданд. Дар иҳотаи хоҷагони дабанг зебосанамони чодари сияҳпуш – аҳли ҳарами амир аспсавор раҳ мегирифтанд. Боз ғуломон. Аз паси онҳо худи амир. Ва боз саворагони мусаллаҳ.

Хомушй ҳама ҷоро фаро гирифт. Танҳо нолаи мурғакону ҳангоси аҳён-аҳёни маркабон оромиро каме халалдор менамуд. Чангу ғубори бархоста ҳам оҳиста- оҳиста ба          чаҳои шаҳр фуру менишаст. Одамони сари

деворҳо медиданд, ки аз тарафи уфуки шаркй ри Офтобро пушонда, пораи дигари чангу ғубор наздик меояд. Аввал он ба абрпораи ҳақиқие монандй дошт. Аммо чанде мардони ҳассос руйи замин хобидаву гӯш бар сангҳо ниҳода, садои раъдосои саворагони Буғрохонро таъйин намуданд.

Дарвозаҳои шаҳрро касе посбонй намекард, тамоми дувоздаҳ дарвозаи Бухоро кушода буданд. Дар сурате, ки худи ҳукуматдор аз шаҳр фирор кардааст, ба саворагони ваҳшй мукобилату муқовимат нишон надодан окилонатар менамуд.

Баъзеҳо ҳанӯз умеди хайре доштанд, ки абри карибоянда монанди ҳамон абрпораҳои раъдоваре, ки баъзан аз болои шаҳр убур менамуданд, аз тори сарашон гузашта меравад.

Вале дурандешон аллакай дару дарвозаҳои худро баста буданд. Кӯчаҳо ҳам холи шуданд, танҳо хасу хошокҳо рӯ-рӯйи замин ғелида, мурғакон аз каноре ба канори дигари роҳи сангфарш ҷасурона паропари мекарданд.

Садои ғиреву наъли савори торафт наздиктар мешуд. Мана, аллакай онҳо дар кӯчаҳо! Ҳазор андар ҳазор саворагон дар кӯчаҳо ҳар чизи пешомада: одами бадбахт, хару гов, чизу чораҳоро зери по карда, асп метозонданд.

Буғрохон ба дарбори амир зада даромад. Арки амир маъкулаш афтоду қарор дод, ки дар миёни ин ҳама боғу роғу ҳавзҳо рахти икомат густарад.

Сипохиёни       чманчи барои дар хонаҳои хафа

зистан одат накарда буданд. Онҳо дар чодарҳое, ки дар ҳама ҷо ҳамрошон доштанд, истикомат мекарданд. Ҳоло гирдогирди Бухоро шахри нав – шахри чодарпуше пайдо шуда буд.

Амир барои аз шаҳр баровардани тамоми хазина – сарвати ғункардаи бобою бобокалонаш фурсату имконияте наёфта буд.

«Ғанимати начандон баде насибам гардид, – изҳори хурсанди менамуд Буғрохон. – Шояд, фармон диҳам, ки аҳолии шахрро, махсусан ба хотири мукобилат нишон надоданашон, он қадар безобита накунанд».

Дар     ча касе баланд-баланд нолиш мекард.

– Ягон ҳодисае рӯй додагист, баромада ёри расондан лозим, – оромона гуфт Абдуллох,.

– Ман метарсам, – ҳамчунин оромона ҷавоб дод Ситора. – Мабодо дар он ҷо сипохиёни Буғрохон бошанд, ба хонаи мо зер карда даромаданашон мумкин.

-Бо вуҷуди ин, нигоҳ кардан даркор. Намефахмй, чй хел вазнин-вазнин менолад!

Абдуллох,, Рустами хидматгор ва Нотилй наздики дар омада, охиста ба ча нигаристанд. Куча холй буд.

Марде дар буни девор мехобид. Бо дасти чапаш китоберо сахт оғӯш мекарду дасти росташ номутаносиб тофта шуда буд.

-Одами бомаърифат барин, ӯро ёрй додан лозим, – пичиррос зад Нотили.

-Дар ҳар ҳолат, ҳатто бесавод ҳам бошад, ёрй расондан даркор! – садо баровард Абдуллоҳ.

Онҳо давида кӯча баромаданд ва марди хобидаро ба хона дароварданд. Мардак монанди пештара бо дасти чапаш китобро маҳкам фашурда, доду нола мебароеард. Ҳусайн назди вай омад.

– Уро ба ҳуш овардан лозим, – гуфт Нотилй.

Сонй рухсораҳои нолишгарро тап-тап задан, ба даҳонаш пуф кардан ва гӯшҳояшро кафмол додан гирифт.

Рангу рӯйи нолишгар барои Ҳусайн ошно менамуд. Нотилй бори дигар ба даҳони мардак ҳаво дамид. у чашм кушода, бо овози наҳифе пурсид:

– Китоби ман дар куҷост?!

-Китобатон дар ҳамин чост, осуда бошед! Шумо дар куҷо, дар кадом маҳалла зиндагй мекунед?

– Китобамро нишон диҳед!

Ҳусайн китобро дароз кард. Китоб аз асари наъли аспҳо дарида буд.

-Писарам, бахти фарзандонаш баланд бод, ту писари Абулхусайн Абдуллоҳ ибни Сино нестй?! – баногох, пурсид он мард.

-Балегуфту Ҳусайн акнун кй будани ӯро фаҳмид.

Соҳиби китоб дар Рометан мезист. Ана ҳамин одам аз падараш пурсида буд, ки аз андоз озодаш кунад. Ана ҳамин одам маснавие навишта, ба амир бахшиданй буд.

-Ман китобамро Бухоро оварда, Худо рӯзгори босаодаташро афзун дорад, ба худи Нӯҳ ибни Мансур ҳадя карданй будам.

– Барои иҷрои ниятатон вакти беҳудаеро интихоб кардаед, – талх хандида гуфт Абдуллоҳи пешомадаистода. – Мебинам, ки мадоратон баргашта истодааст. Дасти ӯро чи шудааст? – пурсид Абдуллоҳ аз

Нотили.

-Ба фикрам, устухонаш сиҳат. Вале, бехтараш, шикастабандро даъват кардан лозим.

-Барои ман ташвиш кашидан даркор нест, даркор нест. Ҳатто пайсае надорам, ки дар ивази некиҳои то ин дам барои ман раводоштаатон шумоён бидиҳам.

-Ҳозир Абусахли Масехи табиби машхури хоразми дар чаи мо икомат дорад. Рустам, он хонаро ту медони, як охиста ба он ҷо рафта меомади. Масехи ҳаммазҳаби мо не, ахли насорост. Ҳоло ҳаёти ӯро ҳам хавфу хатар тавдид мекунад. Сипохиёни Буғрохон ҳар каси дар кофири гумонбурдаашонро мегиранд, аз ин ҷиҳат ҳоли масехиён зиёдтар хароб мешавад. Ба ҳар ҳол, уро ба хона даъват бикун!

Рустам рафту ба зуди ҳамрохи марди хилъати сиёхпеч ва кулохи болобаланди карокулипуш омад.

Ин одам Абусаҳли Масеҳӣ буд. Вай аз Хоразм ҳамрохи корвониён барои дидорбинии дусташ омада буд. Акнун илоҷи аз Бухоро баромаданро ёфта наметавонист.

у саропойи беморро муоина намуд. Баъд, ғайричашмдошт, дасти ӯро такон дод. Бемор фарёди ҷонкоҳе баровард, аммо Масеҳӣ зуд оромаш бахшид:

– Акнун ҳамааш ҷобаҷо шуд. Ин китоби шумост?

liypviig UJ ٧ل٧ل٧٧ р.  ل١٦ل ,ل٧لسلللإ٧٧ل¥ل ш٧лр٠1٧д.

-Ман шоири бетолеъам. Барои навиштани маснави солиёни дарозе захмат кашидам. Билохира, баъди нусхаи тоза бардоштан, рузе, субхи содик, аз хоб бархеста, Бухоро, ба дарбор омадам, то достонро барои амир ҳадя фармоям, аммо дарборро холи дарёфтам. Сипас саворагон он ҷо зада даромаданд, ман худамро буни деворе гирифтам, лекин онҳо маро асптозон аз по фитонда, китобамро зери наълҳо мондаву дарронданд. Ҳатто ханҷарамро кашида гирифтанд. Сад шукр, ки бесавод буданду китоб барояшон даркор нашуд. Ман роҳу бероҳаро надониста рафтан гирифтам, онҳо маро бори дувум аз по фитонданд. Хушбахтона, дафъаи дувум дар карибии ҳавлии Абдуллоҳ ибни Сино зада афтонданд… Ҳа-а, Абусаҳли Масеҳӣ будани шумо рост аст? Дар бораи донишмандии шумо бисёр чизҳо шунидаам.

-Бале, Масеҳӣ манам. Аммо ҳозир аз ин хусус гуфтугузор намудан окибати бад дорад.

-Мефаҳмам. Ба касе чизе намегуям. Барои ман худи ҳамин лаҳзаи гуфтугу бо шумо, давою шифои шумо ва ҳузури хонаи Абдуллоҳ ибни Сино кифоят аст.

Масеҳӣ музди пешниҳодкардаи Абдуллоҳро нагирифта, хайрухуш намуду боз худро ба чакмани сиёҳ печонда, баромада рафт.

Шоири беморро барои шаббоши нигоҳ доштанд. Субҳдам ӯ худро тамоман солиму бардам ҳис менамуд. Абдуллоҳ барояш хачире чудо карду шоир озими Рометан гардид.

Баъди ин воқеа Масеҳӣ боз чанд маротиба ба хонаинҳо ташриф овард.

Уву падараш аз боби фикҳу фалсафа суҳбат меоростанд. Ҳусайн гуфтаҳои ононро бодиккат гӯш мекард.

-Ман аз чавонони ҳозира дар ҳайратам, – гуфт боре Масеҳӣ. – Порае аз тафсири <{Қуръон»-ро ҳифз менамоянд, андаке аз фикҳро ба хотир мегиранд, ду-се ривоятеро дар бораи Паёмбар мефаҳманд ва бо ҳамин гумон мекунанд, ки соҳиби маълумот шудаанд. Ҳол он ки барои онҳо чи кадар муаммоҳо пушидаанд!

– Ҳусайни писарҷони ман, – гуфт Абдуллоҳ, – ҳофиз аст. «Куръон»-ро битамом азёд медонад!

-Наход?     Аҷиб-ку…       Агарчанд аҳли мазҳаби

ирам, – одамонеро, ки дар касби амали худ саъю кӯшиши бештар омухтанро доранд, эҳтиром мекунам. Магар ӯ барои воизи тайёри мебинад?

– Илмҳои дигарро ҳам меомузад.

– Охир, ту домони кадом пешаро хоҳӣ гирифт, Ҳусайн? – пурсид Масеҳӣ.

– Ҳоло чизе гуфта наметавонам. Ба назарам ҳама чиз аҷиб менамояд.

– у на танҳо «Муқаддимаи мантиқ», балки тамоми шарҳу тафсироти онро ҳам омухт, – сарбаландона гуфт Нотилӣ. – Аммо дар шарҳу тавзеҳи ашколи ҳандасаи Уқлидус, ба гумонам, дар саросари Бухоро касе баробараш намеояд. Ҳозир мо якҷоя «ал- Мачастӣ» – рисолаи ҳайъати Батлимусро омухта истодаем.

– Танҳо дар доираи ситорашиносӣ мавдуд нашав! Беҳтараш, илми тибро интихоб бикун! Ман Берунӣ ном шогирде дорам, ҷавони басо мустаъид аст, барои ӯ низ ҳамин маслиҳатро додам. Вале диккати вайро бештар улуми табииёт ба худ мекашанд. Кори аз ҳама хайр тиббу табобат аст. Табиб барои ҳама: ҳам амиру дарвешон, ҳам пайғамбару тифлони гаҳвора шахси даркорист!

– Дурустии ин гуфтаро шумо чанде пеш, ҳангоми даровардани дасти шоири шуридабахти рометанӣ ба хубӣ собит намуда будед.

-Албатта, фақеҳӣ ҳам бад нест, аммо чунин ҳолатҳое ҳам пеш меоянд, ки ба кас на фиқҳу на… – гуфту гирдогирдашро аз назар гузаронд, – ҳадиси Паёмбар ёрӣ расонда метавонанд! Танҳо илми тиб туро ҳамеша аз кулли балоҳо наҷот медиҳад. ҳатто, аз эҳтиёчу ниёзмандӣ! Ва, албатта, як табиб аз даҳҳо фақеҳ манфиатноктар аст! – Масеҳӣ якбора хандид. – Мехоҳед, таърихи аз тарафи табиби номӣ Закариёи Розӣ чӣ гуна табобат намудани фалаҷи падари амири ҳозираро ҳикоя кунам?

Ва ба нақли воқеа оғоз намуд:

– Амир Мансур ибни Нӯҳ одами асабоние буд. Дасту пояш доимо ларзида меистод. Оқибат ӯ гирифтори бемории фалаҷ гардид. Ҳар ду пояш аз ҳаракат монданд. Амир бархостан мехост, аммо поҳояш итоат наменамуданд. Дар бораи мустакилона савори асп шудан ва аз хонае ба хонаи дигари гузаштан ӯ дигар фикр ҳам карда наметавонист. Табибон ӯро дурудароз муолиҷа намуданд, аммо ҳоли амир бадтар мешуд. Танҳо баъди ин ба Рози кас фиристоданд. у муддати дарозе рози нашуд, зеро фалаҷи гузаштаро табобат намудан амре муҳол буд. Кор ба ҷое расид, ки дастони табибро баста, ӯро ба каик кашола карданду ба воситаи Омударё Бухоро оварда, зуран ба арки амир дароварданд.

Хулоса, Рози маҷбур гардид, ки аз пайи табобат шавад. Аз таҳти дил табобат мекард, тамоми воситаҳоро ба кор мебурд, аммо беҳбудие ҳис карда намешуд. Он гоҳ карор дод, ки охирин даворо ба кор андозад. у медонист, ки амир одами асабонист ва фалаҷ аз ихтилоли сахти асабҳо пайдо шудааст. Ва, инак, Рози ба амир рӯй овард: «Пагоҳ ман табобати дигареро ба кор мебарам, аммо барои гузарондани ин табобат аз аспу хачири хоса чудо шуданатон лозим меояд». Аспу хачири амир савориҳои аз ҳама тезгарди Бухоро буданд. Аспу хачирро зину банд заданду ба ихтиёри ӯ доданд.

Рози ба ғуломаш фармуд, ки савориҳоро дар пушти дари ҳаммом омода дорад. Худаш ҳамроҳи хидматгорон амирро аз арк бароварда, ба ҳамон ҳаммом овард. Гирду атрофро боғу бустонҳо иҳота карда буданд, товусони хушхиром зери дарахтон гаштугузор доштанд. Амир раҳораҳ ашк мерезонд: Наход ӯ дигар мустакилона ба сайру тавофи Мулиён баромада натавонад?!

Табиб амирро дар миёнадойи ҳаммом шинонда, ба хидматгорон ишораи рафтан намуд. Баъд ба сару тани амир чанд таора оби гарм рехта, шарбати ба мушакҳо кувватдиҳанда нушонд. Боз аз нав ба курси шинонда, худаш берун баромада сарулибосашро пушид ва назди амир баргашта, ӯро бо тамоми суханони аз даҳонаш омада дашному ҳақорат додан гирифт. «Аҳ, ту фалону беҳмадон! Ту фармон доди, ки дасту пойи маро баста, ба зӯрӣ оваранд?! Барои ҳамин поҳои кадалаи ту ҷаллод ҷазои маро медиҳад?! Агар дар баҳои ин ҳама ман худам ҷонатро нагирам, номам Розӣ набошад!».

Амир аз ҳад зиёд ба хашму ғазаб омад, ҳатто фолиҷии худро фаромуш карда, аз ҷояш нимхез шуд. Розӣ каҷкордашро аз ғилоф кашида, боз ба тавдиру дашноми амир пардохт. Амири ба тарсу ҳарос ва хашму ғазабафтода тамоман аз ҷой бархост ва акиб гурехтан гирифт. Ба ин ҳол Розӣ хандида, аз ҳаммом берун давид ва худаш ба аспу ғуломаш ба хачир савор шуда, ҳар ду савориҳоро бо тамоми суръат тарафи Амударё тозонданд. Аз дарё гузашта, муддати мадиде дар ягон ҷой таваккуф накарданд. Баъдтар Розӣ номае ирсол дошта, асли воқеаро шарҳ дод.

– Амир чӣ кор кард?! – пурсид Ҳусайн. – Аз нав сихдату саломат ёфт?!

– Албатта! Ҳамон лаҳзае, ки Розӣ аз ҳаммом берун давид, амир аз ҳуш рафт. Баъд ба худ омада, аз ҳаммом берун баромад ва хидматгоронро ҷеғ зада пурсид: «Табиб дар куҷост?!». «Магар ӯро худатон ҷавоб надодед?! – дар тааҷҷуб афтоданд хидматгорон. – Табиб ба аспу ғуломаш ба хачир савор шуда, ҳар ду тозон ғайб заданд». Амир асли воқеаро фаҳмид. Сонӣ зиёфат орост. Ҳама изҳори хурсандӣ мекарданд, ҳамаро хайру садақа медоданд. Ба табиб амир аспи муҷаҳҳаз, чакмани гаронбаҳо, салла, яроқ, ғулом ва канизаке фиристод. Ин ҳама инъомотро ӯ ҳамроҳи шахси номдоре роҳӣ намуд.

Аз таърихи  ҳикоякардаи  Масеҳӣ ҳамагон дурудароз хандиданд.

Сипас Масеҳиву падари Ҳусайн дар бораи ким- чизе оҳиста-оҳи ста суҳбати тулоние карданд.

Шаби оянда Масеҳӣ ба меҳмонӣ наомад.

– Вай рафт, – гуфт Абдуллоҳ. – Ман бо тоҷири шиносам гуфтугу кардам, аспу ҳамсафарони боэътимоде дод ва субҳи бармаҳал Масеҳӣ баромада ба Хоразм равон шуд. – Падар китоберо ба Ҳусайн дароз кард. – у хош кард, ки инро ба ту диҳам. Ва гуфт, ки ту бояд инро, албатта, аз назар гузарони.

Китоб «Тибби назари ва амали» номида мешуд. Онро табиб ва донишманди маъруф Фороби навишта буд. Ҳусайн аз хусуси Фороби шунида бошад ҳам, китоби ӯро бори нахуст ба даст мегирифт.

Як пагохи ду савора ба ҳавлии Ҳусайнино омада, ба Абдуллоҳ ибни Сино фармуданд, ки зуд ба девон расида равад.

– Рузашон бе ман намегузарад, – гуфт Абдуллох, – ва саллаи наверо гирди сар печонда, ҷомаашро афшонду аз дар баромад.

Такрибан баъди чаҳор соат, наздикиҳои намози шом, вакте ки Офтоб баръало ба тарафи мағриб фуру мерафт, Абдуллоҳ баргашт.

– Дар бораи Масеҳӣ аз шумо чизе напурсиданд? – гуфт Ҳусайн.

-Напурсиданд, агарчи ӯро меҷӯянд. Буғрохон касал шудааст, онҳо нияти барои табобат Масеҳиро даъват кардан доранд.

-Онҳо барои чи шуморо ҷеғ задаанд? – пурсид Ситора.

-Ддард дерина. Фурсати рамъоварии бору хирори амирро наёфта, аллакай бояд барои хазинаи Буғрохон андоз ғун кунам. Ин кор барои ман душворие намеоварад. Аммо ҳоли бечораҳое, ки аллакай барои ҳосили соли оянда ба хазинаи амир пул супурдаанду ҳоло бори дигар ба Буғрохон бояд супоранд, чи мешавад?

Аз афташ, корҳои Буғрохон ҳам чандон хуб нестанд, агар ӯ чунин шитоб дошта бошад. Ҳанӯз, охир, тамоми ҳосил рамъ оварда нашудааст, – охи вазнине кашид Нотили. – Шояд, ба мадади Илохи, амири худамон бар гардад…

-Ман дируз фахмидам, ки Буғрохон касал будааст,- гуфт Ситора. – Гап-гап меравад, ки аз таъсири боду ҳавои мо ва кадом мевароте, ки ба хурданашон одат накардааст, касал шудааст. Мегуянд, ки ба карибиҳо аз Бухоро мерафтааст.

-Оҳ, кош ки ҳамин тавр мешуд! – хурсанди зоҳир намуд Нотили.

-Ба ҳар ҳол, дар андозғундорй шитоб кардан лозим нест, – гуфт Ситора. – Беҳтараш, Шумо чанд рӯз пинҳон шавед. Агар пурсанд, мегуем, ки андоз гундошта истодааст.

Гапи Ситора ҳак баромад.

Буғрохонро сипоҳиёни ӯ бар ри тахти равоне гузоштаву бурдан доранд. Чодарҳояшонро ҳам рахт баста истодаанд. Анбӯҳи чангу ғубор ҳам ба дуродур, ҷониби Самарқанд меравад.

Баъди ин шикор сар шуд. Сокинони Бухоро бокимондаҳои лашкари Буғрохонро дар кӯчаҳо дошта, аз аспҳо сарозер меафканданд.

–Т аспи маро кашида гирифтй? Кашида гирифтй! – дод мезад муйсафеде дар ча. – Акнун ман аспи туро кашида мегирам! Ту хонаи маро орат кардй? Ғорат кардй! Акнун ман яроку аслиҳаи туро зада мегирам!

-Дар роҳ аробаи пур аз колоҳои гуногун ва сарулибосу зару зевари Буғрохон банд шуда мондааст! – дод мегуфтанд одамон. – Рафтем, кашида меорем!

Дарҳол гурӯҳе, такрибан иборат аз сй нафар савдогарону ҳунармандону маъмурони хурди давлатй, чамъ омад. Ҳамаи онҳо мусаллаҳ шуда, тарафи ароба шитофтанд.

Баъди чанд рӯз, ҳабдаҳуми августи соли 922, амир Нӯҳ ибни Мансур бо иззату икроми тамом дохили Бухоро гардид.

– Шояд падари ту шахси асосие бошад, ки барои ба ин ғалаба нойил гардидан ба амир ёрй расондааст, – гуфт Нотилй. – Агар падарат Масеҳиро намефиристод, кй медонад, мумкин ӯ Буғрохонро табобат мекард. Он гоҳ Буғрохон ҳамроҳи лашкариёнаш баромада намерафт ва амир, Худо бахту икболи баландаш ато кунад, шаҳр ба шаҳр оворагарди карда мегашт.

Падари Ҳусайн ҳам аз паси лашкари амир баргашта омад. ӯ дар Рометан дар хонаи одамони боэътимоде паноҳ бурда буд, агарчи ӯро касе ҷустуҷӯ ҳам намекард. Зохиран, ахволи Буғрохон бисёр бад шуда буд, ки андозҳо ба гушаи гумонаш ҳам намеомаданд.

Расо баъди чанд ҳафта Буғрохон мурд.

– Акнун, ки ба хонаи шумоён осоиш омад, ман бояд бо шумо хайрухуш намоям, – гуфт Нотили.

– Пас роҳбарии таълими Махмудро ки бар увда мегирад? – узр овард Абдуллох,.

Вале карори Нотили катъй буд.

-Маро ба Гурганҷ даъват мекунанд. Хеши ман фарзандони бисёре дорад, онҳоро ҳам омузондан лозим аст!

Ин гап рост буд, зеро Нотили бо хешаш мукотиба дошт ва ӯ дар яке аз номаҳояш Нотилиро ба ҳавлии худ даъват намуда буд. Субхи бармаҳал Нотили аз Бухоро баромада рафт.

– Оянда кадом пешаро ихтиёр хохи намуд? – мепурсид Абусахли Масехи аз Ҳусайн. ӯ пай набурда буд, ки Ҳусайн аллакай бар сари ин масъала мустақилона андеша рондааст.

Илму дониш фоидаи ночизе меоваранд – ана он чизе, ки Ҳусайн ғайри чашмдошти худ кашф намуда буд!

Чандин сол ӯ факат аз субҳ то шом ба китобхони машгул гардида, танҳо дар вакти намозу тановул сар аз китоб бармедошту бас. Шабони дароз китобҳоро азбар менамуд ва, ҳатто, вакти хоб дар сараш ҳалли муаммоҳои норавшане пайдо мешуданд. Баногоҳ саволи кутоҳакаке вайро аз рош боздошт: «Барои чи?»

у фақеҳи мутакаббиреро медонист, ки бо тамоми ҳастӣ «умқи дониши худро» нишон додан мехост. Вале аз ин кори вай олам ранги беҳтаре намегирифт. Ҳатто қонуну қоидаҳо мисли пештара вайрон карда мешуданд.

Фарз кардем, ки <{Қуръон»-ро битамом азёд донисти, пас аз он чи фоида?! Ва ё ҳандасаи Уқлидусро! Ё, ҳатто, мантиқро! Одамон на аз руйи нишондоди мантиқ, балки дар асоси хоҳиши ҳарлаҳзаинаи худ амал мекунанд!

Аз деҳқони одие, ки ғалла мекорад, ва аз ҳунарманде, ки муза медузад, нисбат ба фақеҳи каллааш лабрези дониш манфиати бештаре ба зиндагист.

«Ман ҳам фақеҳ шуда метавонам, – андеша меронд Ҳусайн. – Ҳатто мисли падарам, ходими намоёни давлати ҳам шуда метавонам. Вале метавонам нашавам. Барои чи, чаро ин ба ман лозим?»

Ҳусайн дар саросари зиндагии одамон як навъ номувофиқатии ваҳмангезеро медид. «Одам барои чи зиндаги мекунад?! – шабҳои дароз азоб кашида фикр мекард Ҳусайн. – Наход барои мурдан?! Пас, ӯ барои чи шоди мекунаду ғам мехурад?! Барои чи олим як умрашро харҷи донишомӯзй карда, дар охир ба тариқи кофй донишҳоро фаро мегираду ҳамон лаҳза мемирад?! Наход ӯ якумрй барои он илму дониш ҷуста бошад, ки оқибат онҳоро ба гӯр барад?! Худи ман барои чй зиндагй мекунам?! Ҳаёти човидони ман дар он дунёст! – чунин таълим медиҳанд уламои дин. Пас, ман дар ин дунё ҳаёти ғайриасосй ба сар мебарам?!».

Ба ин ҳама Ҳусайн бовар кардан намехост.

«Ҳозир ман ҳаёти ғайриасосиро ба сар мебарам». Аз ин фикр дилаш ба дард медаромад. Ақлаш бо чунин андеша муросо карда наметавонист!

«Агар одам дар руйи замин чи кадар хоҳад, ҳамон андоза зиста метавонист… Он гоҳ ҳаёти мо ҳаёти асоси мешуд, – меандешид Ҳусайн. – Касе, ки хонаи кабрро хоҳад, бигзор ба он ҷо биравад. Факат… касе ба он ҷо рафтан намехоҳад. Ҳама дар ҳамин ҷо, дар ри замин зистан мехоҳанд».

«Наход, ки мани бардаму бакувват рузе бимираму дигар дар руйи замин набошам! – фикр мекард Ҳусайн. – Ман мурдан намехоҳам! Ман умри дароз дидан мехоҳам!».

Баногоҳ фикри одие соикавор ба сари Ҳусайн бархурд: «Охир, илми тиб маҳз барои ҳамин вучуд дорад! Чаро пештар инро пай набурдам! – меандешид ӯ. – Илми тиб барои он даркор аст, ки ҳаёти руйизаминии одамонро дарозтар кунад. Шояд одамоне ҳам бошанд, ки ҷовидон зистан хоҳанд. Шояд аллакай чунин доруҳое ҳам ёфт шаванд, ки ба одамон умри ҷовидонй бахшанд. Барои инро донистан бисёртар китоб хондан лозим».

Ҳамрохи ҳамин фикрҳо дар кӯчаҳо гаштаву бо ҳамин андешаҳо табассум мекард.

Муйсафеди нуронии харсавори аз пахлуяш гузаранда фаъолияти азимеро, ки ҷавони рубаруяш тааччубовар табассумкунанда ба накша гирифта буд, ҳатто пай намебурд.

«Ман гирехи аҷалро хоҳам кушод! – меандешид Ҳусайн. – Барои амали гардондани ин максад зистан меарзад. Шуғли асосии ман тиббу табобат хоҳад буд. Ман одамонро дарозумр хоҳам кард. Ана, барои чи ман зистан мехоҳам!».

Акнун Ҳусайн мунтазам китобҳои тиббиро мехонд. Падараш аз шиносе си ҷилди «ал-Ҳовӣ» ном асари Розиро гирифта, дар хӯрҷине ба хар бор карда хона овард. Муаллифи асар ҳамон табибе буд, ки Масехи дар бораи вай накл карда буд. Рози, мувофики шуниди Ҳусайн, роҳбарии нахустин табобатхонаи дар Бағдод сохташударо бар увда дошт.

Рози дастовардҳои табибони атика – Букроту Чолинусро муфассал баён менамуд. Дар асар хосияти бисёр дорувориҳо тавсиф шуда буданд.

Ҳусайн ин китобҳоро як соли расо омухт. Баъзан дар онҳо фикру маслиҳатҳои аз акл дуре ҳам вомехурданд.

«Чунин меҳисобанд, ки агар заргушро дошта, бо пӯсташ            шонанд ва, баробари ин, аз ҷондор чашм

наканда нигоҳ карда истанд, сармохурдагиро шифо мебахшад».

«Чаро маҳз заргуш?» – ҳайрон мешуд ӯ.

Баъди як сол Ҳусайн аллакай тамоми навиштаҷоти дастраси тиббиро фаро гирифт. Акнун аввалин беморон ба назди ӯ меомаданд.

Ҳусайн дорухат менавишт ва атторон аз руйи он дорую даво тайёр мекарданд. Тайёр кардани доруҳои номураккабро худаш ёд гирифт.

Ҳар чи бештар табибон ҳам ба назди ӯ барои маслиҳату ёри меомадаги шуданд.

  • Ҳусайн, ту таркиби дорувориеро, ки ба сактаи дил шифо мебахшад, дар хотир надори? – пурсид пирамарди солхурда, вале шифокори чаласавод.

Ҳусайн дарҳол таркиби онро гуфта дод:

  • Сунбул, дорчини чини, занҷабил ва тухми шибитро дар шароби ангур маъҷун месозанд.

Минбаъд ӯро ба назди гирифторони бемориҳои вазнин даъват мекардаги шуданд. Го тамоми гуфтаҳои осори тибро дар бораи аломатҳои касалии чунин беморон як-як ба ёд оварда, сари кароре омадани худи ӯ лозим мешуд.

Китобҳо дар бораи сохти узвҳои даруни чизе намегуфтанд.

«Дар бораи инсон мо бисёр кам медонем, – фикр меронд Ҳусайн. – Гурдаҳо аз чи таркиб ёфтаанд? Шуш чист? Барои чи одамони сиппа-сиҳат аз дарду халаи ёни росташон яку якбора мемуранд ва дар ин вақт бисёриҳоро шикам дам мекунад?»

Ҳусайн ба назди қассоб рафта, меъда ва дили шутуру гусфанду аспонро аз назари таҳқиқ мегузаронд.

– Наход ту дили маро ба дили ҳамин гусфанди фарбеҳ монанд пиндори? – механдид қассоб.

Ҳатто сохти мушаку меъдаву рудаҳои шутуру гусфанд аз ҳамдигар фарқи кулли доштанд. Одам аз онҳо бояд тамоман фарқи калон дошта бошад!

Гоҳо Ҳусайн аз табобати одамон муваққатӣ даст кашидан мехост, зеро донишҳое, ки бар тахмину фарзияҳо асос ёфтаанд, танҳо зарар оварда метавонанду бас. Аммо беморон, одамони оҷизу дармонда омадан мегирифтанд ва Ҳусайн аз ёрии онҳо даст кашида наметавонист. Табибони дигар аз ӯ на зиёдтар, балки камтар медонистанд. у барои ёри расондан ба беморон маҷбур буд. Онҳоро аз таҳти дил муоина менамуд. Нафасгири, набз ва садоҳои мухталифи бадани онҳоро бодиққат гӯш мекард. Доруҳо таъйин менамуд ва аксаран доруҳо ба беморон даво мебахшиданд.

Вале баъзан, вақте Ҳусайнро ба назди беморон даъват менамуданд, ӯ то охир фаҳмида наметавонист, ки дар он ҷо, дар даруни вуҷуди чанде пеш солим чи ҳолате рӯй додааст. Дар чунин ҳолатҳо табибон одатан дорувориҳои ба тамоми узвҳо қувватбахш таъйин менамуданд, то андаке бошад ҳам, ба бемор умедворие боқӣ гузорад.

Роҳи омузиши сохти бадани инсон баста буд. Агар барои омузиши колбад кушише ба харҷ диҳад, худи табиб аз ри қонуни шариат алалфавр ба колбад табдил дода мешуд.

Ҳусайн орзуву андешаҳои худро дар бораи дароз намудани умри тамоми одамон ба хотир овард. Онҳо то чй андоза дастнорас буданд! Вай аз беиктидориву дасткӯохии худ нафрат менамуд. Аммо, зохиран, илоҷи дигаре набуд.

Рузе Ҳусайн дар миёни китобҳои пахну парешон меистод, ки табиби машхури бухорой Қамарй наздаш омад.

– Номат чист, ҷавонмард? – пурсид Қамарй.

– Ҳусайн.

-Овозаи шифокории муваффакиятноки ту ба гӯши ман ҳам расид, – бо овози паст гуфт Қамарй маънидорона.

Ҳусайн ҷавобе надод, фақат табассуми талхе намуд. Магар ҳамин ҳам шифокории муваффакиятнок шуд!?

-Гӯш дор, ҳамин рӯз як ба хонаи пушти истевдоми шахр, назди дарвозаи Рометан ташриф биёр, – гуфт баногох, Қамарй ва дарҳол баромада рафт.

Барои чй маро даъват кард? – меандешид Ҳусайн, шабона аз дарвозаҳои шахр гузашта. Дар ин ҳавлй кайҳо боз касе намезист. Хона ба харобазоре мубаддал гардида, ба сабаби номаълуме тирезачааш махкам пардапш буд. Дар даруни он шамъҳо месухтанд ва Қамарй танҳо менишаст.

-Ба ман бии, ҷавонмард, ки аз надонистани сохти бадани одамй бисёр азобу машаккат мекашй? – пурсид Қамарй.

-Хайр, онро чй хел омухтан лозим? Одами зиндаро ҷаррохй кардан мумкин нест, мурдаро шариат иҷозат намедиҳад. Акаллан, агар чунин имконияту шароите мебуд, ман барои ёрй расондан ба зиндаҳо ҳатман ҷасади одами мурдаро меомухтам.

Ҳусайн мақсади даъвати Камариро пай бурд.

Ҳангомм ки бемориҳои мураккабро табобат намудан лозим буд, аз сабаби кӯтовдастй муддати дарозе ман ин корро анҷом дода натавонистам. Акнун пир шудааму чизеро аз даст намедиҳам. Ҳозир посбони қабристон одами ҳамин рӯз гуронидашудаеро меорад ва мо сабаби марги ӯро муайян мекунем. Ман дарди шиками ӯро дурудароз муолиҷа намудам, аммо табобат кумаки ҷиддие нарасонд.

То субҳдам Ҳусайну Қамарй зери рушноии шамъҳо узвҳои одами мурдаро таҳқиқ намуданд. Онҳо дар курруда муғҷаи номаълумеро пайдо карданд. Ҳусайн чунин муғҷаро дар ҳайвонот надида буд. Қамарй ҳам бори аввал онро мефаҳмид. Муғҷаи зери чароҳат хуну рим гирифтаву кафида ва аз он фасоду зардоб баромадаву паҳн шуда, ҷидори шикамро заҳролуд кардаанд.

Акнун муаммои бисёр касалиҳои номаълум кушода шуд. Ва аллакай дар роҳи табобати онҳо нахустин иқдомотро гузоштан мумкин буд.

Ин шаб ба Ҳусайн на камтар аз китобҳои хондааш дониш дод.

Минбаъда на як бору ду бор Ҳусайну Қамарй шабонгоҳ, ба пасу пешашон нигариста, то ки онҳоро таъқиб накунанд, ба кулбаи харобу абгоре, ки дар паҳлуи хонаи посбони қабристон ҷойгир буд, медаромаданд.

«Фалсафа модари тамоми илмҳост, – аксар вақт мешунид Ҳусайн. – Танҳо дар сурате олим шудан мумкин аст, ки моҳияти фалсафаро дарк намой».

Аллакай ӯ «Мобаъдуттабиа»-и донишманди Юнони Қадим ҳаким Арастуро аз сатри аввал то охир бист маротиба хонда баромад, онро азёд медонад, аммо ягон бобашро амиқ фаҳмида наметавонист.

«Ин китобест, ки роҳи маърифаташ нопайдост» – андешид ӯ.

Сипас қарор дод, ки онро як сӯ гузорад, дар бораи он дигар фикре накунад, фаромушаш кунад.

Пагохи ба назди вай ду нафар бемор омаданд. Яке ҳунарманд, бофанда буд. Аз зарби гаштугузор поҳояш обила карда буданд. Ҳусайн барои марҳами он равн тайёр намуд. Дувуми савдогари оази Самарқанд буд. Абруйи чапи ӯ тез-тез парида меистод. Ҳусайн маслиҳат дод, ки то ҳадди сабру тоқат он мард абруяшро, монанди он ки худи абру мепарад, парондан гирад. Баъди чанд рӯз абру дигар ба ҳеч ваҷҳ намепарид. Савдогар каллаашро ҷунбонда, нобоварона табассум менамуд. Ҳусайн бо душворие ӯро бовар кунонд.

Диккати ӯро беморон аз китоби Арасту канда буданд. «Вале ҳама илоҳиётро илми асоси меҳисобанд. Наход онҳо дурӯғ гуянд, ҷаҳолату нодонии худро рӯпӯш кунанд?! – меандешид Ҳусайн. – Набояд чунин бошад. Маълум мешавад, ки фаҳмиши худи ман он қадар кофи нест».

Ҳусайн намедонист, ки ин китобро борҳо аз забоне бар забони дигар тарҷума кардаанд. Ҳар як тарҷумон аз худ бар он порчаву саҳифаҳои бутунеро илова мекард. Ва дар ҳамин шакли пуртаҳриф китоб ба дасти вай омада расида буд.

Шабона Ҳусайн дурудароз сайругашт карда, сипас ба майдоне омад, ки дар он бозори китоб ҷой гирифта буд. Аз он ҷо китобҳои доир ба тамоми соҳаҳои донишро харидан мумкин буд. Тафсирҳои арабиву форсии «Қуръон», тарҷумаҳои рисолаи тибби Букрот, кутуби нуҷум, маҷмӯаҳои ашъору маснави болои ҳам мехобиданд. Тамоми одамони соҳибмаърифати Бухоро ба ин ҷой омада, дастнависҳоро тагуру менамуданд. Ҳусайн аллакай шоири маъруф Абулфатҳи Бутсиро мешинохт, ки ба ду забон – арабиву форси шеър менавишт, бародариву баробарии олии мардумро тарғиб менамуд ва бар зидди ҷангу нифок мебаромад. Харидори дигари ҳамешаги ва маъруфи бозори китоб – ҳаким Қамарӣ дусти Ҳусайн гардида буд. Ҳамаи инҳо ва дигар одамони шиносу ношинос дастнависҳоро муҳокима менамуданд, ба якдигар шеър мехонданд, баҳс мекарданд, ҳатто ҳамдигарро дашном медоданд, аммо, зоҳиран, бе ҳамдигар зиста наметавонистанд.

Китобфуруш Ҳусайнро бо ишорае назди худ хонд.

– Китоби тамоман арзон. Ҳамагӣ се дирҳам. Талабае мефурушад. Мегуяд, ки китоби бисёр хуб. Факат аз сабаби дармондаги ба савдо мондааст.

Ҳусайн китобро ба даст гирифт. Китоб чандон ғафс набуд. Вай унвонашро хонд:      «Ағрози

«Мобаъдуттабиа». «Боз ҳам мобаъдуттабиа»! – нешханде зад ӯ.

Муаллифи тафсир ҳамон Абунасри Фороби буд. «Ҳатто ба ман ёри расондани Фороби ҳам дар гумон аст», – андешид Ҳусайн.

– Се дирҳамак, бисёр арзон, – рози мекунондаш китобфурӯш.

Ҳусайн аз киса се тангаи нукраро бароварда, ба китобфуруш дароз кард.

Раҳорах,, аввал боби якум, баъдан дувум, сипас савуми китобро хонда баромад.

Ҳамааш фахмо буд. Ҳамааш ба кулли равшан буд.

«Охир, ҳама чизи одӣ-ку! Пас, чи гуна ман Арастуро нафахмидаам! – ҳайрон шуд Ҳусайн. – Таълимот дар бораи аз шакл чудо набудани ҷавҳари ашё фахмо. Ҳамааш фахмо!»

Акнун, баъди дастраси китоби Фороби, Ҳусайн фарахмандона аз сари як ҷумла ба чумлаи дигари Арасту мерасид…

Рузи дигар аз падараш пул гирифта ба бозор рафту онро ба ниёзмандон тақсим кард.

Боре Ҳусайн дар куча бо ҳамсояаш Умар вохурд. – Салом – гуфт Умар, – кайҳо боз туро надидаам!

Доимо бандаи китоби?

– Чомаи нават муборак!

– Чома! Ту бибин, чи хел саллаи киматбаҳо дорам! Ба худам нигар, ишкамам сер, димоғам чоқ!

– Ту хурсанд боши, ман ҳам хурсандам, Умар!

-Албатта, хурсандам! Медони, ман дастёри худи ошпази амири кабир шудам. Ту чи? Ягон амал дори?

– Усули табобати одамонро меомузам.

-Табобат?! Аз он даромади зиёде мегири?! Худо хоҳад, агар худам ошпаз шавам, туро ба дарбор даъват мекунам. Ба ман мадад мерасони, ҳар чи ҳам бошад, бо ҳам калон шудаем…

Умар аз куча бовикорона кадам зада, дур шуд. Баъди рузе чанд аз Ҳусайн дасти ёрй талаб намуд. Не, Умар соку саломат буд. Падараш ҳам сиппа-

сиҳат буд.

Танҳо бародари калонии Умар бемор буд. Чандин руз инҷониб аз ояти бемадори аз ҷояш бархоста наметавонист, иштиҳояш тамоман баста буданд. Чандин руз инҷониб бо хешовандонаш гуфтугу ҳам карда наметавонист, ру ҷониби девор мехобид.

Бародари калонии Умарро духтуре табобат мекард. ӯ ба бемор пучоки куфтаи чормағз ва «нушдоруи чини» медод, вале фоидае намебахшиданд. Сипас маслиҳат дод, ки ба пойи бемор каждуме гузоранд, то аз таъсири неши ҷонвари захрнок аз чояш барчаҳад. Каждумро дошта оварданд, аммо ҷонвар оҳиста ру-руйи пойи беҳаракат хазида, онро намегазид.

Бародари калони руз аз руз беҳолу бемадор мегашт.

-Хуш, дар боби чунин касалиҳо дар китобҳои ту чизе навишта нашудааст? – пурсид Умар, вакте ки

Ҳусайн беморро аз назар мегузаронд.

-Ба гумонам, аввал сабаби касалиро фаҳмидан даркор.

-Хаёл мекуни, ки напурсидам? Вай аз аввал дамдузд буд, ҳоло тамоман хап шудааст. Дар давоми моҳ калимае ҳам нагуфтааст. Ба карибй аз хизмат озодаш мекунанду дарди сари ман мешавад.

Бародари калони, ҳақиқатан, ба онҳо эътиборе намедод. Мисли пештара рӯ ҷониби девор мехобид, гоҳ-гоҳ оромона нафас мекашид.

– Ман ба вай гап намезанам, – гуфт Ҳусайн.

Баъд дасти беморро гирифта, набзашро санҷид ва нохост тамоми маҳаллаҳои Бухороро пайиҳам ном бурдан гирифт.

–Т чи кор карда истодаи? – дар ҳайрат афтод Умар.

Ҳусайн ӯро бо дасташ ишора намуд: «Хомуш!». Баъд аз ӯ пурсид:

-Кучаҳои маҳаллаи калони тоҷиронро дар хотир дори?

-Набошад чи! Ҳамон ошпази амири кабир дар он ҷо зиндаги мекунад!

– Хайр, онҳоро як-як номбар кардан бигир!

Умар ном бурдан гирифт.

Ҳусайн мисли пештара набзи беморро месанҷид. Умар, мувофиқи дархости Ҳусайн, ҳавлиҳои яке аз чаҳоро пайиҳам ном бурдан гирифт.

– Ана, ҳоло ҷояш ба мо маълум шуд, – гуфт Ҳусайн. – Шояд акнун сабаби касалиро худи бародарат гӯяд?

Вале бародари Умар ҳамон хомуш меистод. Муқобилат ҳам нишон намедод ва дар вақти дасташро доштани Ҳусайн, гӯё дасти каси дигаре бошад, онро ҳатто намекашид. Ва худашро чунон воменамуд, ки гӯё дар ҷойи дуре воқеъ гардидаасту дар кунҷи девор каси дигаре мехобад. Ва, гӯё, аз каноре назора менамуд, ки бо он каси бегона чиҳо карда истодаанд.

– Хуб, кани, – гуфт Ҳусайн ба Умар, – номи он занҳоеро, ки ба хотират меоянд, гуфтан бигир!

Ҳусайн мисли пештара дасти беморро раҳо наменамуд ва набзи ӯро санҷида меистод.

-Иссо! – саросемавор гуфт ӯ. – Ман сабаби бемориро ёфсам. – Дар ин маврид Ҳусайн сарафи бемор нигарисса, баланд-баланд гап задан гирифс, со гуфсаҳояшро ба хуби фаҳмад. – Бародарас ошик шудаасс. Сабабгори ғаму кулфаси ӯ Дилоро ном дорад. Он духсар дар ҳавлии назди ҳаммоми нав, дар маҳаллаи калони соҷирон иссикомас мекунад.

– Шумо чи хел фаҳмидед?! – ногаҳон бо овози хира ба гап даромад бародари калони, ҳамчунон рӯ ба сарафи онҳо нагардонида. – Ин розесс, ки ман дар дил ниҳонаш медорам…

-Ман ҳам аз ри задани диласон фаҳмидам. Ваксе ки одамон суханони ба дил наздику азизашонро салаффуз мекунанд, дил ором мегирад. Ва дар ин маврид набзи он меафзояд. Ман як рози сабобаси бародари суро медонам, – гуфс Ҳусайн ба Умар. – Вай ошиқ шудаасс. Тӯй бояд ҳар чи зудсар ва шодмона гузаронида шавад.

Баъди як моҳ Ҳусайну Умар боз дар                          ча

вохурданд.

– Аҳволи бародарас хуб асс? – пурсид Ҳусайн.

– Қарибӣ дар ҷойи хидмас ӯро мансаби баландсаре медиҳанд. Баъди як ҳафса сӯй. Ту меҳмони гироми мешави.

-Мусаассифона, дар сӯй ишсирок карда намесавонам. Ҳозир машғули сабобаси гирифсорони вабо ҳассам. Ҳеч кас, ғайри ман, ҷуръаси нигоҳубини онҳоро намекунад.

-—Т дар ҳузури гирифторони чунин касалии махуф чй хел истода метавонй? – дар ҳайрат афтод Умар. – Не, ба ҳар навъ, одами ғалатй ҳастй. Ягон рӯз касалии онҳо ба ту сироят карда, ҳатман касал мешавй. Лекин ғам махур, ман туро тоқа намегузорам, бароят ҳар рӯз палав мефиристам.

Боре шиками амири кабир ба дард омад. Шикамаш пештар ҳам гоҳ-гоҳ дард мекард, аммо дард ба зудй гузашта мерафт. Вале ҳоло шикам бар болишт мехобид. Аз дами субҳ то намози шом ва баъди он тамоми шаб гирдогирди ӯ табибону хидматгорон парвонавор чарх мезаданд, аммо ба ягон усул фоидае бахшида наметавонистанд. Баъди таомхурй дарди шикам якбора меафзуд ва амир, ба хотири он ки бо доду фарёд обруяшро нарезад, шараккос дандонҳоро ба ҳам месоид.

-Наход дар саросари шаҳр ғайр аз шумо, курсаводони бехунар, ягон табиби ҳаққонӣ набошад! – ба дод омад окибат шабе амир, вакте ки дард аз ҳадди токат гузашт. – Чоб деҳ! – пписаомез пурсид аз табиби калонй.

– Ҳаст, – чавоб дод сартабиб. – Ман бо вай шахсан шинос нестам, аммо, мегуянд, ӯ беморонеро табобат мекунад, ки аз онҳо худи Худо ҳазар менамуд. у шогирди Қамарй будааст. Мутаассифона, худи Камарй дар шахр нест, мо дар ин хусус арза дошта будем…

– Пас, барои чй дар бораи шогирди Қамарй чизе нагуфтй?

– у бисёр чавон. Ҳатто, наврас, – ҳамагй ҳабдаҳ сол дорад ва хавфи ман аз он аст, ки дар роҳи табобати касалиҳо ба ӯ на ҳунари шифокорй, балки тасодуф мадад мерасонад.

– Уро ба ин ҷо биёр! Зудтар биёред! – даст афшонд амир.

Дарвозаҳои арк кушода шуданд ва дастаи посбонони савора асптозон ба чаҳои торик даромада рафт.

– Аз афташ, ягон гунаҳкори ашаддиро медоранд, – зери лаб пичиррос мезаданд сокинони бедоршуда. – Фақат, кош, ки дуртар, кош, ки дуртар аз хонаи мо медоштандаш…

Онҳо метавонистанд ором бихобанд, зеро ғуломон табиби чавон Ҳусайнро мечустанд.

Баъди чанде аз доду фарёд ва кубокуби дарвоза ҳамчагони Ҳусайн аз хоб бархостанд.

Сони посбонони савора писари Абдуллоҳ ибни Синои барои ҳама азизу муҳтарам, Ҳусайни бечораро гирифта бурданд.

-Магар нагуфта будем: «Аз баҳри ҳамин китобҳои сабилмонда баро!» – миёни худ пичир-пичир мекарданд ҳамсоягони дилсузу меҳрубон.

– Хабар доред? ӯро барои табобати амири бемор бурданд, – пичиррос мезаданд баъзеҳои дигар. – Бисёр хуб, ӯ мо, бандаҳои фониро ҳам табобат карда буд. Лекин табобати мо барин одамони оди кори осон аст. Аммо дарди одами бузург ҳам дардест бузург! Сари писараки бечора ба бало дармонд!

Ҳусайнро аз миёни бооти Мулиён гузаронда, ба арк оварданд.

– Акнун ҳамин писарак ба мо, табибони машҳур, сабак медиҳад! – гурӯҳи табибоне, ки назди девор рост меистоданд, тамасхуромезона калла меҷунбонданд.

Вале Ҳусайн       юрона назди амири дарозкашида

даромад.

– Ту кисти, писар? – пурсид амир.

– Ман табибам ва барои табобати шумо омадаам, – ҷавоб дод Ҳусайн.

Дар овози ӯ нишонаи тарсу нобовари зоҳир набуд.

Амирро дурудароз аз назари муоина гузаронд. Амир итоатмандона аз паҳлуе ба паҳлуи дигар мегашт, шиками урёнашро гаҳе мекашиду гаҳе сар медод.

Сони барои амир таом оварданд.

Ошпазҳо яке паси дигар, ҳар яке бо таоми пухтаи худ саф оростанд. Дар миёни онҳо палавпазе, ки Умарро ба шогирди гирифта буд, низ меистод.

– Иҷозат аст, ки таоми пухтаи шуморо бибинам? – пурсид Ҳусайн.

– Аз он намеандеши, ки шояд ин таом захролуд бошад? – ба ҳаяҷону талотум омаданд табибон.

-Ҳар дафъа, пештар аз пешкаши ҷаноби оли намудан, моён онро нафакат аз назар мегузаронем, балки чашида мебинем, – гуфт сартабиб.

-Магар амир ҳамеша чунин таомҳои серравн, палаву шурбо тановул мекунанд?

-ЧЧ гуна ҷуръат карда чунин саволро доди? – дар ҳайрат афтоданд табибон. – Магар амири моён гадост, ки гӯшти шутури кок хурад? Ва ё ту бехабари, ки барои таоми амир одамони махсус уфандони махсусеро парвою парвариш мекунанд?

-Акнун сабаби касалиро фахмидам, – гуфт Ҳусайн.- Шумо доруҳои шифобахш тайёр мекунед, – рӯ тарафи табибон гардонд. – Вале, мухимтараш, ин ҳама таомҳои серравнро бардоред. Баъд ин хел кунед: пиёбаи бегушту равған пазед ва нони аз орди гандуми хушсифат тайёршударо хушконед!

– Боз ҳамин пиёбаатро ба амир додани набоши?! – табассум кард амир.

– Бале, – тасдиқ намуд Ҳусайн. – Меъдаи амир дар сайру сафарҳо ҳамрошон гашта, монда шудааст, акнун андаке бояд дам бигирад. Палави серравн кори меъдаро душвор мегардонад.

– Албатта, ба нияти шифо ин пиёбаро хурданам мумкин аст. Аммо ту медони, ки дар сурати фоида набахшиданаш ба чӣ балое гирифтор хоҳӣ шуд?1 – таҳдидомез пурсид амир.

Вале пиёба фоида бахшид.

Рузи оянда Ҳусайн барои амир таоми дигар фармуд.

Амири хушҳолгашта ба болиштҳо такя зада, дигар дандонҳояшро ба ҳам намесоид.

– Чӣ инъоме аз ман талаб дорӣ, ҷавон? – пурсид амир рузе. – Табобатат ба дарди ман даво бахшид.

-Мешунавед,-ба ҷунбуҷӯл даромаданд дарбориён, – амир ба вай инъоми дилхоҳашро пешкаш мекунад! Сағираи хушбахт будааст!

-Намедонам, аз шумо пурсиданам мумкин бошад… Талаби ман бисёр бузург аст, – ба гап даромад Ҳусайн ва тамоми дарбориён муҳри хомӯшӣ бар лаб зада, гарданҳояшонро дароз карданд.

-Бифармой, боҷуръаттар бифармой, чӣ матлаб дорӣ?!

– Ман дер боз орзуи вуруди китобхонаи дарборро мепарварам. Ният дорам, ки китобҳои китобхонаро мутолиа намоям.

-Буду шуд ҳамин!? – оромона хандиданд аҳли дарбор.

-Дарххсти бад не! – фучур-кучур мекарданд баъзеҳо. – Охир, факат аҳли хонадони амир рухсати истифодаи китобхонаро доранд…

– Ҳамааш ҳамин?! – писхандзанон пурсид амир.

– Ман мефаҳмам, ки дархостам бисёр азим аст, зеро ин китобхона – яккаву ягона, назираш дар дунё боқӣ намондааст…

-Иҷхзаа аст, албатта, иҷозат аст, – ҷавоб дод амир.

-Чй хел соддалавҳ будааст! – ба фучур-кучур даромаданд аҳли дарбор. – Агар бахти моён чунин омад мекард, чӣ туҳфа гирифтанамонро медонистем.

-Ва боз, – зери лаб гуфт амиру якбора хомуш шуд. – Ту табиби дарбор таъйин мешави. Минбаъд дасти касе ба ту нахоҳад расид. Ҳаётатро посбонон муҳофизат мекунанд.

  • Ташаккур гӯй, зудтар ташаккур гӯй! – Ҳусайнро пештар тела дод сартабиб.
  • Барои чунин шарафи бузургеро насибам гардондан ба шумо ташаккур мегуям, – таъзим намуд Ҳусайн. – Вале ман онҳои дигареро ҳам табобат кардан мехостам, ки… надоранд.

Амир      аллакай    ӯро гӯш намекард.            Тарафи

дарбориён рӯй оварда буд.

Падар, модар, додар, хидматгорон – ҳама Ҳусайнро аз хусуси зебу зинати дарбор, аз хусуси шаклу намуди амир пурсуков менамуданд, вале фикру зикри Ҳусайн танҳо ба як чиз – китобхона банд буд.

Дар бинои мухташаму дурударози китобхона хонаҳои бисёре мавчуд буданд. Дар ҳар як хона сандукҳои махсуси китобдори ҷой доштанд.

Ҳусайнро муйсафеди турушруйи кузапуште истикбол намуд.

Ғайр аз муйсафед ва чанд нафар фаррош дар бино каси дигаре набуд. Муйсафед Ҳусайнро аз хонае ба хона мебурд. Дар як хона танҳо китобҳои тиб, дар дигараш китобҳои нуҷум, дар савуми корномаву саргузаштҳо ҷой гирифта буданд.

Баъди чандин сол, ҳангоми накли тафсилоти рӯзгори худ ба шогирдаш Чурҷонй, Ибни Сино аз ин китобхона чунин ёдовар мешавад: «Дар ин китобхона китобҳои гуногунеро дидам ва хондам, ки ҳатто номи онҳоро ҳам касе нашунида буд ва худам низ то он рузгор чунин китобҳоро надида будам ва баъди он ҳам дигар надидам. Сипас он китобҳоро хондам ва аз онҳо баҳравар гардидам ва макоми ҳар як олимро дар ҷаҳони илму дониш дарёфтам».

Танҳо як нафар – писари калонии амир Мансур гоҳо ба китобхона медаромад. Ҳусайн аз дур бо ишорати сар ӯро салом дод. Мансур саломи вайро алейк гирифт. Онҳо дар китобхона ба ҳамдигар тамоман ёри гап нашуданд.

Гар шоирон наванд, манам навгувора, Як байти парниён кунам аз санги хора!

Ин сатрҳои Рудакиро Ҳусайн ҳанӯз аз овони кудакй, аз давраҳои дар Афшана зистанаш медонист. Баъдтар дар Бухоро омузгори улуми адабия ба вай усулу қоидаҳои шеърнависиро омузонд.

Қофиябандй ва дар қолаби аруз овардани мисраъҳоро бисёр одамони соҳибмаълумоти давра медонистанд, лекин ин сатрҳои пароканда дар сурате шеъри комил ҳисобида мешуданд, ки шодиву фараҳ ва дарду алами қалби гуяндаро ифода намуда, дилҳои дигарон ҳам баъди шунидани онҳо ба ларзиш дароянд.

Шеърҳои нахустинашро Ҳусайн аз руйи ҳавову ҳавас менавишт. Гоҳо мутантану сурарангез ва гоҳо риккатовар шудани калимаҳои муқаррарй ба назараш аҷиб менамуд. Оҳиста-оҳиста чанбаи эҳсос ва хиради ашъори ӯ бештар мегардид. Аллакай онҳоро бисёр сокинони Бухоро медонистанд, аз даст ба даст мегардонданд.

Дар бозгашт аз китобхона Ҳусайн ба муфтии калони Бухоро рӯбарӯ омад. Муфтй Ҳусайнро боздошта, бо майлу рағбати тамом аз ӯ мепурсид, ки дар китобхонаи амир кадом китобҳоро мехонад. Албатта, Ҳусайн ба муфтй нагуфт, ки дируз мутолиаи китоби Розй «Ҳиял ал-мутанаббия»-ро ба охир расондааст. Табиби номй дар ин китобаш кулли каромоти паёмбаронро зери шубҳа гирифтааст. Дар бораи дигар китобҳо ҳам Ҳусайн ба муфтй чизе нагуфт.

  • Ман аҳодиси Муҳаммадро мехонам, – ҷавоб гардонд Ҳусайн.

Муфти аз ин ҷавоб каноатманд буд.

Ҳусайн ҳам каноатманд буд.

Онҳо хайрухуш намуданд ва филфавр ин шеър ба сари Ҳусайн омад:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд, Хар бош, ки ин ҷамоа, аз фарти хари, Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд!

Ҳамин тарик, монанди порина, шаби ҷумъаи чаҳордахуми мохи раҷаби соли 387 хиҷрӣ, яъне 23-юми июли соли 997, боз суми аспон гарди кӯчаро ба фалак баровард. Савораҳо дар назди ҳавлии Абдуллоҳ бозистоданд.

Ҳамагй чанд соат пеш муаззин азони намози хуфтанро хонда буд. Бӯю таффи шошаи хару оби гандидаи кулмаку ҳавзҳо боду ҳавои хафаро хафатар менамуданд. Одамону ҳайвонот давоми ҳаёти рузонаро дар хоб медиданд.

Ҳусайн ибни Абдуллоҳ бояд зуд ба дарбори амир равад! – дод мезаданд ғуломон.

Ҳусайн даррав омода шуд.

  • Ҳоли амир аз нав бад шудагист. Вакте ки бо вай хайрухуш мекардам, ахволи саломатиаш хеле ногувор буд, – гуфт ӯ ба падари аз хоб бедоршудааш.

Имсол дарахтони себ ҳосили фаровоне бастаанд. Шохаҳо аз ояти гаронборй ба замин хамида буданд. Боғбонон онҳоро ба ҳаччаву тиргак бардошта буданд.

Ҳусайн ҳамрохи сипохиён аспсавор аз миёни себзорони Мулиён гузашта мерафт. Пеши роҳро Мохтоб равшан менамуд. Аз вазиши шамоли сахт себҳо тук-тук ба замин меафтоданд.

Дарбориён ҳанӯз нахобида буданд. Ду нафар давида пешвози Ҳусайн баромаданд. Якеи онҳоро Ҳусайн даррав шинохт – ӯ писари миёнаи амир буд.

Ҳамон лаҳза вазири амир ҳам пешвози Ҳусайн баромад. Ранги ри вазир парида буд. Ҳарфе нагуфта аз зери каши Ҳусайн дошту ба ҷое, ки амир хобида буд, рохнамой намуд.

Амир чашмонашро ба шифт духта, руболо дароз кашида буд.

Ҳусайн пеши ӯ ба зону нишаста, дасташро гирифт ва набзашро санҷид. Набз хис карда намешуд.

Амир мурда буд.

Писарони амир: калони – Мансур, мобайни – Абдулмалик, хурди – Исмоил охиста даромада омаданд.

Вазир тарафи Ҳусайн бо даст ишорае кард. Онҳо оҳиста баромаданд.

  • Туро посбонон то хонаат мегуселонанд, – гуфт вазир.

Ва дар пахлуи Ҳусайн андаке кадам зад.

– То дамидани субх, тафсилоти бемори ва маргро тайёр бикун! Онро ба халк эълон намудан даркор! – Вазир, гӯё хунук хурда бошад, худ ба худ ларзид. – Шаби дахшатовар. Метарсам, ки минбаъд чунин шабҳои дахшатовар пайиҳам омадан нагиранд.

Писари амир Мансур, ки ҳоло амири муъминин шуда буд, ҳамаи мансабдорони олирутбаро назди худ даъват намуд. Дар ин ҷаласа Абдуллоҳ ҳам иштирок дошт.

Мансур ҳамаро ба нигаҳ доштани тартибот ва дастгирии конуну коидаҳо даъват менамуд. Ҳамон вазири пешинаи падарашро вазири худ таъйин кард.

Абдуллоҳ накл мекард, ки вазир мутакаббирона дар назди амир истода, гоҳ-гоҳе хам шуда, пичирросзанон ба гушаш чизе мегуфту амир маслиҳатҳои уро пазируфта, ба нишони тасдик сарашро мечунбонд.

Амири ҷавон солиму бардам буд ва ба табибон эҳиеҷе надошт.

Ҳусайн бо сабру токати тамом дар китобхона нишаста, ҳатто баъзан намози хуфтанро дар он ҷой мехонд. Ҳамаи посбонон ӯро мешинохтанд ва бе гапу ҳарф иҷозати даробарояш медоданд. Рузе вай, мувофики одати мукаррарй, то намози шом дар китобхона машғули мутолиа буд. Аз ҷониби дарбор ғалоғулае ба гӯш мерасид. Аммо ин хол касеро ба ҳайрат намеовард, зеро дар дарбор ое кам ғалоғула рӯй медиҳад?! Китобдори кузапушт дар миенаҳои рӯз ба ким-куҷое ғайб зада, дигар бо ҳамин барнагашт. Вакте ки тамоман торик шуд, Ҳусайн худаш китобхонаро куфл кард ва суйи дарвоза қадам ниҳод. Баногоҳ ӯро дағалона фаред карданд.

– Ту кистй? – пурсид аз ӯ сипоҳии ношиносе.

– Ман табибам, – мутаҳаййир гардид Ҳусайн. – Табиби хосаи амир Мансур, – илова намуд ӯ

бовикорона, то ки дағалии посбонро шиканад. Посбон аз банди дасти ӯ сахт дошт.

– Чй, ту дар ин ҷо зидди хости Худо фикр карда истодай? Амири ту ҳанӯз нисфирузй ба калъаи худ, ба Омул гурехта буд. Мо ҳозир кй будани туро фаҳмида мегирем!

– Ба ростй, ман табибам! – худро гум кард Ҳусайн.

– Агар табиб бошй, беморонат канй? Дар сурате ки ҳама гурехтаанд, ту дар ин нисфишабй киро табобат мекунй? Беҳтараш, икрор шав, ки ба чй кор машғулй!?

-Дар китобхонаи амир китоб мехондам, ҳоло дарашро маҳкам кардам, – ӯ калидро нишон дод, – ва ба хона рафта истодаам.

– Бо вай гапзанон кардан ҳоҷате надорад! – гуфт сардори посбонон. – Пурсукови ӯ вазифаи мо нест! Вазифаи мо доштан буд, ки анҷомаш додем!

Ҳусайнро ба таххона бурда, дар хонаи намноки холие, ки палоси фарсудае дошт, маҳбус намуданд.

Раҳораҳ аз руйи гапҳо фахмид, ки Фоики сарлашкар ҳамрохи лашкаркашони дигар моҷаро карда, тавассути се ҳазор сипоҳиёни худ Бухороро забт намудааст. Амир, эҳтиётан, то расидани Фоик, дар қалъа паноҳ овардааст.

Ҳавои кароргохи Ҳусайн хунук буд. Дар кунҷҳояш мушҳо китир-китир доштанд.

Танҳо карибиҳои субх, хобаш бурд.

Субвдам ӯро худи сардори посбонони дарбор ҷавоб дод. Сардор ҳамон сардори пешина буду Ҳусайнро мешинохт. Вале посбонон ҳоло дар тобеияти сардор набуданд. Чноварони Фоик танҳо ба сарлашкари худ итоат мекарданд.

– Ҳамин?! – пурсид сардори посбонон.

– Ҳамин! – чавоб дод сардори собики посбонон. – Ҳусайн ибни Абдуллох,, табиби хоса! ӯ ҳамеша то фарорасии шаб ба мутолиаи китоб машғул мешавад.

Дарборро ким-кадом сарлашкари бовиқори ғафси савори аспи зебое бурида мегузашт. ӯ карор гирифта, ҳамаро бо ишорати даст тарафи худ хонд: ҳам Ҳусайн, ҳам сипохиён ва ҳам сардори собики посбононро.

Сардори посбонону сипохиён сари таъзим хам карданд, Ҳусайн ҳам таъзим намуд.

-Ии Фоик, – мавриде ёфта ба гӯши Ҳусайн пичиррос зад сардори собики посбонон.

Фоиқ одами куҳансол ва ғафсе буд. Рӯю ғабғабу гарданаш аз хурдтарин ҳаракат ба ҷунбиш медаромаданд. ӯ бо овози ғайричашмдошти махине ба гапзани даромад.

-Пас, одамони ман шабона туро доштаанд? – пурсид ӯ Ҳусайнро.

– Уро, ӯро! – чавоб дод сардори сипоҳиён.

– Табиб будан ва ё ягон касди баде доштани туро дар нисфишаби таъйин намудан душвор аст! Ман фармон дода будам, ки дарбори Амиралмуъминин Мансур сахт посбони карда шавад. То даме ки вай дар калъаи худ Омул сархуши мекунад, аз молу мулкаш бояд гарде ҳам кам нашавад! Ҳар кадом хидматгори вафодоре чунин амал мекунад ва ман ҳам ҳамин хел амал намудам. Ман хидмати падари ӯро адо кардам ва ҳоло хидмати худашро ҳам ба ҷой меорам. Иншоаллох,, пагоҳ амир ба Бухоро бармегардад ва маро барои чунин амалам инъомҳо хоҳад бахшид.

Сардори собики посбонон ҳамвора сари таъзим фуруд оварда, дар ҷавоби ҳар гуфтаи Фоик бо аломати тасдиқ калла мечунбонд.

– Ту ҳам молу мулкро дурустакак назорат бикун! – гуфт ӯро Фоиқ. – Ҳушёр бош, ки худат дуздида, шармандагиро ба гардани сипохиёни ман бор накуни! Ман душмани амир не, хидматгори вафодори ваям, – илова намуд ӯ, – ва барои муҳофизати амир аз дасти фишору зуроварии вазир ва худсариҳои сарлашкарон омодаам!

Дар беруни дарвоза Ҳусайнро додари ба ҳаяҷономадааш Махмуд интизор буд.

-Падарам аллакай аз пайи ҷустуҷӯйи одамони лозими рафтанд, то барои халосии шумо чорае бинанд, – гуфт Махмуд. – Акнун он кас бисёр хурсанд мешаванд.

Рӯзгори сиёҳи Бухоро фаро расид.

Вазире вазири дигарро муовиза менамуд. Вазири нав вазири кухнаро дуртар аз назари худ, ба ягон гушаи дурдасти мамлакат мефиристод. Сарлашкарон охирин дафъа миёни худ ҷанҷолу моҷарои чиддй намуданд ва дигар амир Мансур онҳоро оштй дода натавонист.

Писари ғуломи собики турк ва сарлашкари сонй Сабуктегин – Махмуди Ғазнавй шахреро аз паси шахри дигаре забт менамуд.

Аммо хатибони ӯ ҳамвора дар масҷидҳо халкро бовар мекунонданд, ки Махмуд мисли пештара хидмати Амиралмуъминин Мансурро поквиҷдонона адо менамояд. Онҳо ба Махмуд унвони «сайфулислом»- й, яъне «Шамшери ислом»-ро дода буданд. «Шамшери ислом» сарҳои ғайримазҳабонро бе истиҳола буридан мегирифт. Барои он ки мехру муҳаббати халифаи Бағдодро нисбат ба худ афзояд, ӯ тамоми шиъёнро тавдиди кирон менамуд. «Шамшери ислом» ҷавону бакуввату часур буд. Орзуи шухрату ҳокимиятро парварида, сохиби тахту тоҷ шудан мехост. Алҳол ин орзуву ниятҳояшро ниҳон медошт.

Сарлашкарони байни худ моҷарокарда барои муддати кӯтоҳе оштй намуданд, то бо кувваи умумй хисоби Махмуди Ғазнавиро ёбанд, зеро вай аз ҳад зиёд худхоху бесар шуда буд. Онҳо ба юруш баромаданд, ҳамрошон амир Мансур ҳам баромад. Амир ҳанӯз ҳам нияте дошт, ки сарлашкаронро бо Махмуд оштй диҳад. ӯ дудила мешуд, муҳорибаро сар кардан намехост. Чунин дудилагиву бекатъиятии амир боиси ҳар гуна шубҳаҳо мегардид. Беҳуда нест, ки Фоик борҳо ба амир ва савганди худ хиёнат намуд. Сарлашкарони дигар низ ҳар рӯз айёриву маккорй нишон дода, як сарлашкарро ба дигараш, дувумиро ба савумаш шуронда, хиёнат ба савгандашон мекарданд.

«Мабодо ба тарафи Маҳмуд гузашта намонад», – шабона пичир-пичир мекарданд сарлашкарон дар бораи амир Мансур.

Вале дар асл амир мехост, ки бидуни мамониат онҳоро оштй диҳад, аз ҳамаи монеаҳо бе ҷангу хунрезй гузарад.

Се ҳафта пеш амир Мансур ба кӯшунҳо сардорй мекард, вале ҳоло ҷавони нобиноеро ба шутур бор карда бурда истодаанд. Чони нобино ҳама чизи пешомадаро бо дастони нобовараш мепалмосад. Нобино сарулибоси амир Мансурро дар тан дорад.

Бале, ин ҳамон амири собиқ аст! ӯро хидматгорони вафодораш, мисли Фоику дигарон, ба пушт афтондаву кӯр кардаанд. Ҳаққонӣ, амир аз ҳад зиёд беиродаву бекатъият буд. Ҳамаро таскин додан мехост.

Мебинем, ки бародари мобайнй чй гуна салтанат меронад ва чанд вакт сари тахт меистад.

Ҳар рузе ҳазор андар ҳазор саворагон пешвози сапедадамон баромада, Бухороро тарк мегуянд.

Дар шаҳрҳо овозаҳои ириодие ба гӯш мерасанд. Овозаҳо ҳатто ба Бағдоду Хоразм расидаанд. Яъне, давлати муктадире, ки қариби дусад сол ба он сулолаи Сомониён хукмронй менамуд, акнун хароб мешавад. Аз тамоми гушаю канор абри сиёхи чангу ғубор фаро мерасад – лашкари пуриктидори савора ба Бухоро наздик меояд. Агар тахту тоҷро Махмуди Ғазнавй кашида нагирад ва дар ин кор андаке таваккуф намояд, пойтахтро дигарон хоҳанд ситонд. Айёми бачагии Насри писари Буғрохон дар Бухоро гузашта, ҳоло ба камол расидааст ва қӯшуни турконро сардорй мекунад. у буйи муаттари боғоти Мулиён, чахчахи шабҳангоми мурғакон ва садои чашмасорони онро нагз дар хотир дорад.

Бародари калонй дар дарбор гашта, тамоми ашёро бо дастони ларзонаш мепалмосад. Хидматгоре ӯро ба сайругашт мебарорад. Бародари мобайнй баъди муҳорибаҳои бемуваффакият бо Махмуди Ғазнавй дар

дарбор паноҳ мебарад. Ҳамроҳи вай тамоми лашкариёнаш низ гурехтаанд.

Вазири навбати амалдоронро даъват намуда, барои ҷамъоварии андоз фармон медиҳад.

– Халқ гуруснаву урён аст, аз он чизе гирифтан имкон надорад, – ҷавоб медиҳанд амалдорон. – Агар пештар китъаи хурди бо ду барзагов киштукоршаванда се ҳазор дирҳам арзиш дошта бошад, ҳозир онро кариб бепул гирифтан мумкин аст, зеро дар ҷайби одамон пули пуччаке боқӣ намондааст.

  • Боке надорад, ҳар чизеро, ки пасандоз кардаанд, ҳамонро бигиред!
  • Ҳар он чизеро, ки пасандоз кардаанд, мо дар давраи вазири пешин гирифта будем…

Боз омилон – ғункунандагони бочу хироҷ ба деҳаҳо фиристода мешаванд. Онҳо бо зарби тозиёнаву фишору тавдид пулу мол ситондани мешаванд.

  • Агар ҷавон мебудам, фавран тарки Бухоро менамудам, – гуфт Абдуллоҳ ба Ҳусайн. – Тирон корвонҳояшонро ба ақиб бармегардонанд. Корвоне, ки ҳар сол дар ин вакт муина меовард, аз Хоразм наомад. Аз Миср ҳам корвоне наомад. Эх,, сабаби ин ба кудак ҳам маълум – дар ин айёми дахшатбори мо ки хохишу майли тиҷорат мекунад!?

Хатибон дар тамоми масҷидҳои Бухоро хутба мехонанд.

-Душмани қаттол, Насри писари Буғрохон ба тарафи мо хучум меоварад. Чноварони ӯ ҳарису бадкоранд. Онҳо на ба мардон рахме доранду на ба занон! – дод мезананд хатибон. – Худи Наср мусулмони ломазҳаб, тамоми лашкараш кофиркешанд! Ҳунармандону тоҷирон, ярок ба даст бигиред! Дар муҳориба ҷон диҳед ҳам, дину имон ва амиру хонадони худро муҳофизат мекунед!

Шахриён гуфтаи хатибонро шунида, байни худ гуфтугузор мекунанд.

Дар шафати онҳо суфии хирқаи сиёхпуше руйи қоличае намоз мехонад, шабзиндадорй мекунад. Вай аллакай чашмонашро ба само духт ва худро фаромуш карда, хирқаашро аз гиребон медарад, куртаи пашминаашро пора-пора мекунад, худашро тозиёна мезанад ва ҳубоб-ҳубоб кафк аз даҳони суфй мерезад. Пораҳои куртаро бод ба ҳар тараф мебарад. Шаҳриён пораҳоро дошта, пинҳон мекунанд. Суфй                                                                                          шахси

муқаддас аст, аз ин рӯ, пораҳои пушоки ӯ низ муқаддасанд…

Баъди намозашро тамом кардану нафасашро рост намудан суфй бо овози муқаррарй ба анбухи ҷамъомада мегуяд:

-Ҷанговвронн Наср чй гуна кофир будаанд?! Онҳо мусулмони ҳақиқиянд! Худи Наср ҳам мусулмон аст! Онҳо аз амири моён муъмину мусулмонтаранд! Амир халифаи нави Бағдодро нашинохт, аммо Наср ӯро эътироф менамояд.

-Ҳақ асту рост, – ба пичир-пичир медароянд анбухи шахриён.

-Яроқу аслиҳа ба даст гиред, шахрро муҳофизат кунед, амирамон – такягохи сулху амониро муҳофизат кунед! – дод мезаданд хатибон.

-Такягоои сулху амонй кифоят аст! – пичиррос мезаданд суфиён дар миёни анбух,. – Тухми кинаву нобоварии зиёде корид. Шиъён бемалол дар хонаҳо ҷамъ омада, байни худ изҳори фикру ақида мекунанд. Китобҳои пур аз афкори дахриёна харидаву фурухта мешаванд. Барои мо хукумати пурқувват даркор аст. Ҳукумати пурқувват дину имонро мустахкам мекунад.

Рузи душанбеи 23-юми октябри соли 999 писари Буғрохон, пештози саворагони турк Наср ба шаҳр зада даромад. Ягон одами мусаллаҳе пеши рохи вай набаромад. Наср соҳиби хазина гардид. Аммо хазина камбизоат буд.

Чноварони Наср хонаҳоро орат мекарданд.

-Кулли кофиронро аз Бухоро меронем! – хурсандй менамуданд онҳо, нимати бағоратовардаро тақсим карда истода.

Ҳатто рузона аз кӯчаҳо гузаштан хавфнок буд. Ҳар як савори рубаруомада бе ягон сабаб одами раҳгузарро метавонист зери зарбаи тозиёна гирад. Занонро аз хона танҳо баромадан намегузоштанд.

Одамон ба якдигар зери лаб пичирросзанон гап мезаданд, гирду атроф пур аз ҷосусон буд. Ва ба ин ҳама нигоҳ накарда, дар девони Абдуллоҳ хидмат идома меёфт.

– Мо одамони аз ҳама мухимму даркорй шудем, – мегуфт Абдуллоҳ дар хона. – Чишини амир андози нав чорй намуд. Вале кй онро медиҳад? Одамон заминҳои худро партофта, ба ҷойҳои бехавфу хатар мегурезанд. Ба карибй заминҳоро бепул таксим мекунанду онҳоро касе намегирад.

Дар Бухоро ҷонишини Наср хукмронй менамуд.

Машғулияти Ҳусайн дар китобхонае, ки ба он бисёр одат карда буд, рузе ба охир расид. Китобҳо битамом сухтанд. Дигар акнун аз дарбор ӯ маоше пайдо карда наметавонист, зеро ҷонишин табибони худро дошт.

Тамоми мардони хирадманд – шоирон, риёзидонон, файласуфон ва меъморон аз шахр ғайб заданд. Дигар ба хонаи Абдуллоҳ касе мехмонй намеомад. Умуман, одамон мехмониравиро бас карда буданд.

-Агар одамони ёру бародар аз озодона ба ҳамдигар гап задан тарсанд, аён аст, ки ба мамлакати онҳо марг тавдид мекунад, – гуфт рузе Абдуллох,.

Бар ивази ин саросари шаҳрро ҳар гуна раммолу фолбину дарвешон пур карда буданд. Онҳо дар дари масҷидҳо менишастанд, дар майдонҳо оворагарди менамуданд, бо раксу симоъ намоз мехонданд.

Рузе як нафар ҳаммаҳаллаашон ба ҳавлии Ҳусайнино омад. Шахси давлатманде буд, аммо Ҳусайн ӯро хуб намешинохт. Танҳо дар вакти вохуриҳо саломаш медод. Абдуллоҳ дар хона набуд, аммо меҳмон майли рафтан надошт ва Ҳусайн кӯшиш намуд, ки сабаби омаданашро фаҳмад.

Онҳо дар бораи ҳар гуна майда-чуйдаҳо, боду ҳаво ва ҳосили соли оянда суҳбат карданд.

Меҳмон дар омади гап овозаеро хабар дод, ки гӯё бародари хурдии амир дар либоси занона аз зиндон гурехтааст. ӯ худашро Мунтасир, яъне мағлубнопазир номида, ҳоло барои забти Бухоро кушун ҷамъ меовардааст.

Меҳмон ин овозаро чунон накл кард, ки ҳеч равшан набуд – оё вай хурсанди дораду омадани Мунтасирро интизор аст ва ё, баръакс, аз он ғам мехурад.

Ҳусайн оромона гуфтаҳои ӯро тасдик менамуд.

Билохира, меҳмон ба сари максад омад:

  • Эҳтимол, зиндагии ту вазнин бошад. Охир, ту аз хукуки маоши дарбори амир маҳрум шуди.
  • Ҳамааш ба дасти Худост, – гуфт Ҳусайн.
  • Ҳа-ҳа, боз чи кадар китобҳои китобхонаи амир сухтанд. Мегуянд, ки ин дувумин китобхонаи дунё будааст. Оё рост аст, ки боре амир ба ту рухсати даромадани онро додааст?

-Рост аст, – ҷавоб дод Ҳусайн, – ман дар ин китобхона ду соли расо илм омухтам.

  • Ҳа-ҳа, ҳамин кадар бойигари сухт. Оё дар ин китобхона машғулият намуда, бисёр чизҳоро омӯхтӣ?

– Бисёр чизҳоро омухтам, – гуфт Ҳусайн ба таври норавшан, – аммо ҳанӯз нокифоя аст.

-Наметавони барои ман китобе тартиб дихи ки дар он аз хусуси ҳамаи илмҳо маълумот дода шавад? Медонам, ки барои ин заҳмат ба дараҷаи он лутфу марҳамате, ки танҳо ҳокимон кодиранд, ҳак дода наметавонам. Аммо ҳамин изҳори ташаккури ночизи ман дар чунин айём аз фоида холи нест.

-Ии аз имкон берун аст, зеро барои накли мазмуни ҳазор китоб ҳазор китоби наве навиштан лозим меояд. Ман, албатта, ҳамаашро азёд медонам ва он ҳамаро баркарор карда ҳам метавонистам, аммо барои ин ҳаёт даркор аст.

-Ман мухтасаран мехоҳам. Бисёр муфассалаш даркор нест. Охир, дар бораи як рузи ҳаёт мумкин аст як рӯз ва мумкин аст як дакика накл куни.

Ҳусайн рози шуд. Ба ҳар ҳол, ин маоши зиндаги мешуд.

ӯ шабуруз менавишт. Ва бисёр тез менавишт. Окибат китоби ғафсе пайдо шуд. Дар он, ба ғайр аз риёзиёт, дар бораи тамоми илмҳои дигар маълумот дода мешуд. Го Ҳусайн худдори карда натавониста, ба ҷойи наклу хикоя бо муаллифони кадими ба баҳсу мунозира мепардохт. Ин баҳсу мунозираҳо низ ба маҷмӯа дохил карда мешуданд. Китоб «ал-Маҷмӯъ» номида мешуд. Ҳамсоя аз хурсанди дар курта намегунҷид, зеро вай акнун якумри бо илму дониш таъмин буд. Илму дониш акнун дар хонаи ӯ нигоҳ дошта мешуд – ҳар лаха, ки хоҳад, онро истифода бурда метавонист.

Ҳанӯз китоби якумри ба охир нарасида, ҳамсояи дигараш – Барки назди Ҳусайн омад. Аслан аз Хоразм будани ӯро кулохи болобаланди карокулиаш ҳам тасдик менамуд. ӯ факеҳ буда, тафсири <{Қуръон»-ро медонист, таърихи мазоҳиби исломро меомухт. Пештар

Ҳусайн аксар вақт уро дар бозори китоб медид.

Барқй дуруягй намекард, даступо ҳам намехурд, гапашро руйрост ва омирона мегуфт. ӯ мехост, ки Ҳусайн китобе дар шарҳи илми фиқҳ бинависад. Ҳамчунин, мехост, ки Ҳусайн дар боби ахлоқ, дар бораи қонуну қоидаҳои муоширати одамон дар руйи замин китоби дигаре таълиф намояд.

Ҳусайн ин дархостро ҳам қабул намуд.

Дар он замон қонунҳои зиёде вучуд доштанд, ки ба ҳамдигар махлут шуда буданд. Шарҳу тафсири қонунҳо тақрибан бист ҷилдро фаро гирифтанд. Барқй дар ҳайрат афтод, зеро худро фақеҳи ҳамадон меҳисобид, аммо баъди ин акнун ба мақсадаш расида метавонист. Китоби ахлоқ «ал-Бир в-ал-исм» номида мешуд.

Тамоми тирамоҳу зимистону тобистон ва тирамоҳи нав сарфи кору андешаҳо гардиданд.

Ҳусайн аҳён-аҳён аз хона берун мебаромад.

Кучаҳо пури овоза буданд. Гоҳо шаҳрро саворагон зер карда мегирифтанд. Ин ҳамон бародари хурдии амир, ки дар либоси занона аз ҳабс гурехта буд, ба Бухоро баргаштааст. Ин ҳамонест, ки худро Мунтасир – мағлубнопазир номида буд. Вале баъд Мунтасирро ҳам мағлуб намуданд ва аз Бухоро гурехта рафт. Баъд, бори дигар, олиб омада, боз ба Бухоро омад. Ва боз уро мағлуб намуданд.

Хонаҳо месухтанд. Вақте ки Мунтасир ғолиб меомад, хонаҳои душманони у, вақте ки Мунтасир мағлуб мешуд, хонаҳои тарафдорони у месухтанд.

Ҳар хонаи дилхоҳро дар ҳар рузи дилхоҳ оташ зада метавонистанд. Барои ин танҳо як бор дод задан кифоя буд, ки соҳиби ҳавлй дуст ва ё, баръакс, душмани фалонист. Алҳол сипоҳиёни оворагард танҳо барои сархушй давутоз менамуданд.

Рузе, ҳанӯз дар давраҳои ороми, ҳаким Қамарӣ ба Ҳусайн номае оварда буд.

– Ин номаи Берунии ҷавон, шогирди Масехист. Дар ин нома саволҳое ҳастанд, ки ба ҷавобашон дониши ман норасои мекунад. Шояд ту ҷавоби ӯро бии. Вай аз ту такрибан шаш – ҳашт сол калонтар аст.

Ҳусайн ҷавобашро гардонд. ӯ ба шогирди Масеҳӣ мефаҳмонд, ки чаро «агар зарфи шишагини мудаввари покиза ва шаффоферо гирифта, тавассути оби соф пур кунем, онро ба ҷойи заррабини булурин барои оташгирони истифода бурдан мумкин аст. Аммо зарфи холи на оташро гиронда метавонаду на нурро ҷамъ оварда».

Ҳусайн, ҳамчунин, бо кадом усул ва барои чи дида шудани ашёи зери обро шарҳ дод. Хосиятҳои сарди ва, шакли сангро ба худ гирифта бошад ҳам, барои чи руйи об истодани яхро низ фахмонд.

Ба тамоми саволҳои Беруни Ҳусайн аз тахти дил чавоб медод. Вале ба вай аз тарафи худ низ чанд саволе пеш ниҳод.

Беруни ба зуди ҷавобашро фиристод. Ин дафъа номаро рост ба худи Ҳусайн оварданд. Маълум шуд, ки Беруниву Масеҳӣ ҳоло дар Хоразм намезистаанд. Дар Ҷурҷон, дар хидмати амир Қобус будаанд.

Беруни бемақсад савол намедод. ӯ дар ин бора аллакай нуктаи назари худро дошт. Ба баъзе ҷавобҳои Ҳусайн рози набуд.

«Тасдик менамои, ки дар табиат хало мавҷуд нест. Аммо чаро ҳавои зарфи шишагиро кашида гирему онро чаппа карда бар об ғӯонем, об оҳиста-оҳиста баланд рафта, даруни зарф медарояд?» – навишта буд Беруни.

Дар номаи дувумаш Беруни саволҳое дода буд, ки аз онҳо сари Ҳусайн гич мешуд, зеро касе ба онҳо чавоби равшан дода наметавонист.

«Аз ду кадоме ҳақанд: оне, ки ҷониби маркази коинот ҳаракат намудани обу хок ва аз марказ омадани боду оташро тарафдори мекунад, ва ё оне, ки тамоми ин таркибот тарафи марказ мекушанду вале вазни бештардорашон аз ҳама пеш мегузарад мегуяд?» – мепурсид Беруни.

Рузи дигар Ҳусайн номаи муфассале навишта фиристод.

Ҳамин тарик, мукотибаи онҳо сар шуд. Вале ҳар ду гумон надоштанд, ки баъди чанд сол дуст мешаванду зарурати номанависи аз миён меафтад, зеро онҳо ҳар рӯз бахри баҳсу мунозира, суҳбату маслиҳат ва шодиву хурсанди назди якдигар меоянд.

Алҳол Беруни бобҳоеро аз китоби наваш ба Ҳусайн фиристода меистод. Ин китоб «ал-Осор-ул- бокия» номида мешуд.

Ҳусайн зуд-зуд аз ҳоли падараш вокиф шуда меистод, аммо пиршавии ӯро пай намебурд.

Ҳусайн тамоми рӯз ва, аксаран, шабона ҳам, баъди баргаштан аз масҷид, мехнат мекард. Бар иловаи китобҳои фармудашуда, фарҳанги бисёрчилдаи тиббие низ тартиб медод.

Аммо вақте ки сустию заъфи падарашро хис намуд, аллакай дер шуда буд…

Ҳамон рӯз падараш хост ба асп савор шавад, аммо натавонист – пойҳояш сусти карданд. у ба хона даромада дароз кашид ва то намози шом хобид.

Намози шом ӯ Ҳусайну Махмудро назди худ даъват намуд. Ҳусайн танҳо ҳамон дам ранги руйи паридаи падарашро дид ва сустии дастони ӯро хис кард.

– Ба модаратон ғамхори намоед, ӯро ҳамеша эхтиёт кунед. Ту, Ҳусайн, ба хидмати ҳокими дигар, ба он ҷое, ки сулху амони ва тартибу интизом ҷорист, бирав! Дар Бухоро дигар ороми намешавад. Аз он дуртар гурез! Беҳтараш, ба Хоразм бирав! Дар ҳамон ҷо ба хизмат даро, соҳиби хонаю дар шав… Ман бовар дорам, ки толеи шумоён нек мешавад, – гуфт Абдуллох,.

Сипас дар бари ӯ Ситора нишаст. Онҳо дурударозу оромона суҳбат намуданд.

Ҳусайнро баъди фавти падараш ба девон хонда, таклифи мирзой намуданд. Ин кор аз дараҷаи дониши Ҳусайн паст истад ҳам, ночор розй шуд, зеро синни ӯ ба бистусе расида ва, бар замми ин, аҳли оилаашонро хурондану пушондан лозим буд.

Давомашро хонед >>>

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222