Главная / Илм / Бархӯрди мушрикон бо Расули Худо (с)

Бархӯрди мушрикон бо Расули Худо (с)

Бузургони Қурайш дар даврони даъвати пинҳонӣ бо Паёмбар (с) ба мухолифат напардохтанд. Иллати асосии мухолифат накардани онон ин буд, ки онҳо манфиатҳои иқтисодӣ ва шахсии худро дар хатар намедиданд. Аммо дар даврони даъвати ошкоро қазия баръакс сурат гирифт ва онон ба таври ошкоро бо Паёмбар (с) ба мухолифат пардохтанд. Ин ҳам ба ин хотир буд, ки манфиатҳои иқтисодӣ ва шахсии худро дар хатар медиданд, зеро ки рӯз ба рӯз теъдоди пайравони Паёмбар (с) зиёд мешуд. Онон вақте чунин саҳнаро мушоҳида карданд, эҳсос карданд, ки қудрат ва шарафу мавқеъияти иқтисодию иҷтимоии гузаштаи худро аз даст додаанд. Бинобар ин, ба чунин фикр афтоданд, ки ин нуқсонро ҷуброн намоянд. Пас аз ба вуҷуд омадани чунин ҳаводисе буд, ки ба озору азийяти Паёмбар (с) шуруъ намуданд. Онон ба Паёмбар (с) нисбатҳои норавову зиштро медоданд. Аз ҷумла, Паёмбар (с)-ро бо лақабҳои “соҳир”, “ҷодугар”, “девона”, “коҳин” ва “шоир” мехонданд ва касонеро, ки барои ҳаҷ меомаданд, ононро аз рӯй овардан ба ин ойини ҷадид барҳазар медоштанд. Аз сӯйи дигар, Паёмбар (с) аз ҳар фурсате, ки даст медод, барои таблиғу инзори мардум ба сӯйи Худо истифода менамуд ва Абӯлаҳаб ҳар ҷо ки Паёмбар (с)-ро медид, мегуфт: “Ин мард аз дин баргашта ва дурӯғгӯ аст”. Аммо натиҷа ин шуд, ки касоне, ки ба Макка барои ҳаҷ омада буданд, аз даъвати Паёмбар (с) бо иттилои кофӣ бармегаштанд ва даъвати Паёмбар (с) дар тамоми сарзаминҳои араб густариш пайдо кард.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

656959

Таҳлили муқоисавии ҷумлаи пайрави пуркунанда ва хабар дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ

Аз ин қоида ва таҳлилу табдилҳо фаҳмидан душвор аст, ки оё ҳамаи ҷумлаҳои пайрави пуркунанда …