Главная / Илм / БАРПО ШУДАНИ СОХТИ ШУРАВИ ДАР ТОҶИКИСТОН

БАРПО ШУДАНИ СОХТИ ШУРАВИ ДАР ТОҶИКИСТОН

Мавчи инкилобии Руссия дар як муддати кутох дар тамоми мустамлиқахои собики империяи Россия пахн гардид. Большевикон тавонистанд, ки харакати пролетариатро барои сотсиализм, харакати дехкониро барои замин, харакати умумидемократиро барои сулх ва харакати милли-озодихохии халкхои мазлумро ба қувваи бузург мутахид намуда, ба як чараёни умуми равона намоянд. Аз ин сабаб халқхои Осиёи Миёна, ки яке аз мустамликахои канории империяи Руссия буданд, дар канор намонданд.
Дар Осиёи Миёна аввалин муборизахои инкилоби дар шахри Тошканд сар шуданд. 28- август советхои Тошканд ба коргарон ва аскархои инкилоби такя намуда, шуриш бардоштанд. Шуришгарон дар дигар шахру навохихои Осиёи Миёна дастгири карда мешуданд. Масалан, солдатхои рухияи инкилобидоштаи Уротеппа изхор карданд, ки ба ёрии Тошкандихо мераванд. Дар нуктаи рохи охани Хучанд, Драгомиров, Придонов комитетҳои инкилоби (ревком) ташкил ёфта, назоратро аз болои ҳаракати катораҳо ба дасти худ гирифтанд. Онҳо имконият надоданд, ки ба Тошканд аз дигар шаҳрҳо кувваҳои аксулинкилоби биёянд. Дар натича 1- ноябри соли 1917 советҳои Тошканд дар бораи ғалабаи шӯриши ярокнок ва ба даст гирифтани ҳокимият хабар доданд.
Хабари воқеъаҳои Тошканд дар тамоми кишвари Туркистон ба зуди паҳн гардид. Дар навбати аввал дар маҳалҳое, ки синфи коргар мавчуд буд, мубориза сар шуд. Шуроҳои депутатҳои коргарони конҳои ангишти Сулукта, Шӯроб ва ҳавзаи нефти «Санто» бо якчоягии комитетҳои инкилоби корхонаҳо муборизаи революсионериро ба дасти худ гирифтанд.
11-ноябр советҳои коргарон ва аскарҳои шаҳри Хучанд дар бораи ба даст гирифтани ҳокимият карор кабул намуданд.
15-ноябри соли 1917 дар Тошканд анчумани III кишвари Туркистон даъват карда шуд. Анчуман ташкилёбии ҳокимияти Шӯравиро дар кишвар эълон карда, ҳукумати Шӯрави ва Шӯрои Комиссарони халкии Туркистонро интихоб намуд.
Аз сабаби он, ки ноҳияҳои имрӯзаи Шимолии Точикистон дар байни вилоятҳои Фарона ва Самарканд тақсим шуда буданд, мубориза барои Ҳокимияти Шӯрави дар Точикистони Шимоли аз таносуби кувваҳои инкилоби ва аксулинқилобии ин вилоятҳо вобаста буд. Дар Самарқанд кувваҳои аксулинкилоби шиори «Тамоми ҳокимият ба мачлиси муассисон»-ро ба миён гузошта, мехостанд пеши роҳи инкилобро гиранд. Лекин ин муяссар нашуд. Моҳи декабри соли 1917 анчумани вилояти Самарканд дар бораи ба даст гирифтани ҳокимият карор кабул намуда, Комиссариати Кишвари Туркистонро ба расмият шинохт. Қарори анч, умани советҳои вилояти имконият дод, ки дар Фалғар ва Панчакент ҳокимияти Шӯрави барпо гардад.
Анчани советҳои вилояти Фаргона низ дар бораи ташкил ёфтани ҳокимияти Шӯрави дар вилоят қарор кабул намуд. Лекин кувваҳои аксулинкилоби мукобилияти сахт нишон медоданд. Охирҳои моҳи ноябри соли 1917 миллатчиёни буржуази ва доираҳои феодалии Осиёи Миёна ва Кокистон дар Қуқанд бо ном ба анчумани мусулмонони кишвар чамъ омаданд. Онҳо аз декларасияи қабул кардаи ҳокимияти Шӯрави дар бораи «Ҳукуқи худмуайянкунии миллатҳо» истифода бурда, ба дастгирии кувваҳои беруна Туркистонро давлати автономии бо номи Мухторияи Қуқанд эълон карданд. Дар Қуқанд кувваи зиёди аксулинкилоби чамъ омада барои ҳокимияти Шӯрави дар ноҳияҳои Шимоли Точикистон хавфи чидди таҳдид мекард. Ноҳияҳои Конибодом ва Исфара дар зери таъсири Автономияи Қуқанд монданд. Ҳукумати Туркистон ба кувваҳои инкилоби такя намуда, барои бартараф намудани хавфи ба амал омада чораҳои чидди дид.
21-22 феврали соли 1918 дастаҳои ҳарбии сурх ба Қуқанд фиристода шуданд. Дар муборизаи автономистҳо аҳолии ноҳияҳои гирду атроф ширкат карданд. Бо кувваи умуми дастаҳои ҳарбии Автономия шикаст дода шуда, дар Конибодом ва Исфара ҳокимияти Шӯрави аз нав барқарор карда шуд.
Большевикон ба мақсади ба ҳукумати Туркистон бахшидани рӯҳи байналмиллали намояндагони шӯрои депутатҳои мусулмонро ба ҳайати ҳукумати шӯравии Туркистон чалб намуданд.
Дар Уротеппа моҳи феврали соли 1918 гурӯҳи амалдорони ҳукумати подшоҳи ва ҳарбиёни рус бо баҳонаи ҳимояи аҳолии русзабон ташкилоти худро бо номи Дружинаи халки рус таъсис доданд. Онҳо шӯрои Уротеппаро бекор эълон карда, ба дружина шакли ҳокимият доданд.
Моҳи майи соли 1918 ҳизби коргарон ва деҳқонони мусулмон таъсис ёфт, ки ба маркази муборизаи зидди дружиначиён табдил ёфт. Онҳо дар байни халк корҳои ташвиқоти бурда мардумро ба муборизаи зидди
дружиначиён даъват карданд. Барои ёри ба меҳнаткашони Уротеппа бо карори Шӯрои Хучанд дастаҳои ҳарби фиристода шуданд. 8-уми июли соли 1918 Шурои депутатҳои коргарон, аскарон ва дехдонони Уротеппа ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд.
Дар баробари нохиҳои шимолии Точикистон, дар Помир, ки бевосита ба Туркистон дохил мешуд, барои ҳокимияти Шурави мубориза сар шуд.
Дар Помир муборизаи инкилоби дар шароити душвор мегузашт. Дар инчо синфи коргар набуд, кувваҳои асосии инкилобиро аскарҳо ва афсарони рӯҳияи инкилоби доштаи рус ташкил медоданд. Инчунин сар шудани чанги шаҳрванди дар нохиҳои маркази муборизаи инкилобиро дар Помир душвор гардонданд.
Қисми афсарони рус бо сардории полковник Фенин кушиш намуданд, ки пеши дигаргунсозиҳои инкилобиро дар Помир боз дорад. Лекин дар зери таъсири дигаргуниҳои инкилобии марказ, меҳнаткашони ин сарзамини кӯхистон ба ҳаракати фаъол даромаданд.
Баҳори соли 1918 дехдонони нохияи Рушон ба шуриш бархестанд. Фаъол шудани муборизаи инкилоби аксулинкилобиёнро бо сарварии Фенин мачбур карданд, ки ноябри соли 1918 ба Ҳиндустон гурезад. Дар охири соли 1918 дар Помир Комитети инкилоби бо роҳбарии Д.Волокин ташкил дода шуд. Ба ҳайати он дар баробари аскарҳои инкилобии дар Помир будаи рус инчунин намояндагони аҳолии маҳали дохил мешуданд. Баъдтар ба Помир комиссияи ҳарби-сиёси бо роҳбарии А.Холмаков фиристода шуд, ки аз мохи феврали соли 1919 ба фаъолият сар кард.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222