Главная / Маданият ва санъат / Бехобӣ ва давраҳои он

Бехобӣ ва давраҳои он

Агар воқеъае шуда хобатон наояд ва он шуморо нороҳат менамояд, пас цеш аз хоб каме дар ҳавои тоза сайру гашт намоед ё дар хона машқхои сабукро ба иҷро расонед, махсусан машқҳои йогаро, баъд аз он ҷурғот ва ё себи ширин хӯред. Мусиқӣ ё суруди форами паст низ метавонад ба шумо хоби роҳат бахшад. Ва ё метавонед аз формулаи худталқинкунӣ барои хобидан истифода бурда хобатонро баргардонед. Намунаи формулаҳо барои хоб кардан. Аввало ҷумла кӯтоҳ ва ҳамагй аз ду ибора иборат бошад. Хоҳиши шахс дар ибораи аввалй гуфта шуда талаби иҷрои он дар ибораи дуввуми гуфта мешавад.

даврахои бехоби дар шабу руз

Сирри дигар дар формулаҳо наовардани «наме» ва калимаҳои ифодакунандаи сифатҳои манфйӣ ба монанди «нороҳат намешавам», «намехоҳам…» ва ғ. аст. Намунаи формулаҳо: «Ман ором ҳастам», «тамоми узвҳои баданам ором ҳастанд», «ман истироҳат », «ман хоб кардан мехоҳам», «атроф ором аст», ҷойи хобам хуб аст» «мушакҳои баданам ором ҳастанд», «ман хоб кардан мехоҳам» ва ғ. Метавонед ҳама хоҳишатонро нисбати чӣ гуна хоби роҳат хостанатон дар ҷойгаҳ дароз кашида бо чашмони пӯшида дар дилатон такрор кунед ва худ нафаҳмида мемонед, ки хобатон бурдааст. Баъди баёни се формула такрори «ман хоб кардан мехоҳам» хеле муҳим мебошад.

Агар бехобӣ азобатон медиҳад аело пеш аз хоб китобхои илми ё душворфаҳм нахонед, киноҳои харобкуиандаи асабро тамошо накунед, ба ҳалли масъалаҳои баҳсталоши ҳатто оилави машғул нашавед ва умуман ба ибораи «кори шаб хандаи рӯз» ихлос баста ҳамаи проблемаҳоро ба вақти рӯз гузаронед. Ба шумо хоби хӯши мӯътадил ва хобҳои форам таманно дорем.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222