Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. Субҳ, вақте ки нурҳои аввалини хуршед рӯи қатраҳои шабнамро мебӯсид, замин ҷон мегирифт, ҳаво аз садоҳои суруромез, ҳаяҷонангез, умедбахш пур мешуд, шомгоҳ бошад, худи ҳамин замин ором мегардиду ба қаъри торикӣ фурӯ мерафт. Рӯз ба рӯзу шаб ба шаб мемонд. Гоҳ-гоҳе абри сиёҳе пайдо шуда, раъду барқ садои қаҳролуд мебаровард, ё ситораи ғафлатзадае аз осмон канда мешуд ва ё роҳиби рангпаридае аз роҳ мегузашту ба ихвон ҳикоят мекард, ки дар қарибии дайр паланге дидааст – вассалом, сипас боз рӯз ба рӯзу шаб ба шаб мемонд.
Роҳибон кор мекарданду Худоро шукр мегуфтанд, муршиди мӯйсафе- ди онҳо арғунун менавохт, шеърҳои лотинӣ менавишт ва оҳангҳо эҷод менамуд. Ин мӯйсафеди аҷиб истеъдоди фавқулодае дошт. Арғунунро чунон моҳирона менавохт, ки ҳангоми аз ҳуҷраи ӯ расидани садои арғунун ҳатто куҳансолтарин роҳибоне, ки гӯши начандон шунаво доштанд, оби дида мерехтанд. Вақте ки аз ягон хусус, ҳатто дар бораи одитарин чизҳо, масалан, оид ба дарахтон, ҳайвонот ё баҳр сухан мегуфт, ӯро бе табассум ва ё бе оби дида гӯш кардан имконнопазир буд ва чунин ба назар мерасид, ки торҳои дилаш низ мисли торҳои арғунун садо медиҳанд. Вале агар қаҳр мекард, ё беҳад хурсанд мешуд ва ё дар хусуси ягон чизи даҳшатангез ва бузург сухан оғоз менамуд, ҳаяҷони беандозае фаро мегирифташ, дар чашмони дурахшонаш қатраҳои ашк ҳалқа мезаданд, рухсорааш сурх мешуд, садояш мисли раъд меғуррид ва роҳибон ӯро гӯшкунон ҳис менамуданд, ки ҳаяҷону илҳоми вай ба дилашон чӣ тазйиқе меоварад; дар ин гуна лаҳзаҳои аҷибу ҳайратангез соҳиби ҳокимияти беҳадду каноре мегардид ӯ ва агар ба мӯйсафедонаш фармон медод, ки худро ба баҳр андозанд, ҳамаашон бидуни истисно мекӯшиданд, ки ҳарчи зудтар ва бо дилу ҷон ҳукмашро ба ҷо оваранд.
Мусиқӣ, овоз ва шеърҳое, ки вай дар онҳо Худо, осмон ва заминро меситуд, барои роҳибон манбаи сурури ҳамешагӣ буданд. Баъзан чунин мешуд, ки аз якрангии зиндагӣ дарахтон, гулҳо, баҳор, тирамоҳ ба дилашон мезад, садои баҳр гӯшашонро хаста мекард, аз хониши мурғон ғашашон меомад, вале истеъдоди муршиди мӯйсафед, мисли нон, ҳар рӯз лозим буд.
Даҳҳо сол мегузашт ва ҳамоно рӯз ба рӯзу шаб ба шаб мемонд. Ба ҷуз мурғону ҳайвоноти ваҳшӣ дар наздикии дайр ҷонзоде наменамуд. Наздиктарин манзили одамӣ дар дуродур воқеъ буд ва барои аз дайр то он ҷо ва ё аз он ҷо то дайр расидан тақрибан сад чақрим аз биё- бон роҳ рафтан лозим меомад. Ба убури биёбон танҳо касоне ҷуръат мекарданд, ки аз зиндагӣ безор шудаву онро тарк гуфта, ба дайр, чун ба гӯр, раҳсипор мегардиданд.
Аз ҳамин рӯ, вақте ки дар яке аз шабҳо шахсе дарвозаи дайрро кӯфт ва маълум шуд, ки он кас аз бошандагони шаҳр, як осии зиндадил ва ҳаётдӯст будааст, тааҷҷубу ҳайрати роҳибон ҳадду канор надошт. Ин шахс пеш аз он ки аз муршид дуои хайр бигирад, шаробу таом талаб намуд. Ба суоли роҳибон, ки ӯ чӣ хел аз шаҳр ба биёбон афтидааст, бо ҳикояти дуру дарози шикорчиёна ҷавоб гардонд: ба шикор рафта, аз меъёр зиёдтар нӯшида, раҳгум задааст. Ба ташвиқи роҳибиро ихтиёр намуда, гуноҳҳои худро шустан ӯ ҷавобан табассуме карду гуфт: «Ман ёри шумо нестам».
Вай баъди шикамсерӣ хӯрдану нӯшидан ба роҳибон, ки хизматашро адо менамуданд, як чашм давонд, маломатомезона сар ҷунбонд ва гуфт:
— Шумо, роҳибон, бекорхӯҷаед. Фақат хӯрдану нӯшиданро медонеду бас. Магар ҷонро аз гуноҳ ҳамин хел мераҳонанд? Як фикр кунед: тамоми муддате, ки шумо дар ин оромгоҳ нишаста, мехӯреду менӯшед ва дар қайди роҳату ҳаловат ҳастед, муқаррабини шумо ҷон ба даргоҳи Худованд месупоранду ба ҷаҳаннам раҳсипор мешаванд. Як бубинед, ки дар шаҳр чӣ воқеаҳое рух медиҳанд!
Гурӯҳе аз гуруснагӣ мемирад, гурӯҳе дигар ба чи роҳ харҷ кардани зару зеварашро надониста, худро ба дарёи фасодат мезанад ва чун магасҳои ба асал дармонда ҳалок мешавад. Одамон на дин доранду на диёнат! Кӣ бояд онҳоро наҷот диҳад? Кӣ бояд онҳоро ба роҳи ҳақ андозад? Оё ман, ки аз субҳ то шом масту аластам? Магар рӯҳи осуда, қалби пурмеҳр ва эътиқодро Худо ба шумо барои он ато намуд, ки ин ҷо даруни чор девор нишинеду коре накунед?
Суханони мастонаи шаҳрӣ аз доираи одоб берун ва густохона буданд, вале ба тарзи аҷибе ба муршид асар карданд. Мӯйсафед ба роҳибони худ назаре афканд, рангаш парид ва гуфт:
– Ихвон, охир, ӯ рост мегӯяд! Воқеан ҳам одамони бечора аз беақливу сустӣ дар гирдоби фасоду бедиёнатӣ ҳалок мешаванд, вале мо аз ҷой намеҷунбем, гӯё ин ба мо дахле надошта бошад. Пас чаро ман нараваму Масеҳоро, ки онҳо фаромӯшаш кардаанд, ба ёдашон наорам?
Суханони шаҳрӣ мӯйсафедро ташвиқ карданд; рӯзи дигар вай асояшро гирифт, бо ихвон хайру маъзур намуд ва ба шаҳр раҳсипор гашт. Ва роҳибон аз мусиқӣ, аз нутқҳову шеърҳои ӯ бенасиб монданд.
Онҳо як моҳу ду моҳ бесаброна интизорӣ мекашиданд, вале мӯйсафед барнамегашт. Ниҳоят пас аз се моҳ садои гӯшошнои асои ӯ шунида шуд. Роҳибон ба пешвози вай шитофтанду суолборонаш карданд, вале ӯ ба ҷои он ки аз дидори эшон хурсанд шавад, талх гирист ва ҳарфе ба забон наовард. Роҳибон пай бурданд: вай бисёр пир ва лоғар шудааст; чеҳрааш хаста буду андӯҳи бузурге ба он соя меафканд ва ҳангоме ки ӯ инони гиряро сар дод, аз ваҷоҳаташ шахси таҳқирдидаро мемонд.
Роҳибон низ гиристанд ва ҳамдардона ба пурсиш даромаданд, ки чаро мегиряд, аз чи сабаб чеҳрааш чунин ғамгин аст, вале вай ҳарфе дар ҷавоб нагуфт ва ба ҳуҷраи худ рафту дарро баст. Ӯ ҳафт рӯз дар ҳуҷрааш нишаст, чизе на хӯрду на нӯшид, арғунун наменавохт, мудом мегирист. Ба даркӯбӣ ва хоҳиши роҳибон аз хусуси он, ки барояду дарди дилашро ба онҳо холӣ кунад, бо сукути пурдавом ҷавоб мегардонд. Ниҳоят ӯ баромад. Тамоми роҳибонро гирди худ ҷамъ кард, бо чеҳраи гирёну пурандӯҳ ва нафратбор аз хусуси он, ки дар се моҳи охир чиҳоро аз сар гузаронд, ба нақл шурӯъ намуд.
Вақте ки вай роҳи худро аз дайр то шаҳр тавсиф мекард, садояш орому чашмонаш пур нақши табассум буд. Дар роҳ, мегуфт ӯ, барояш мурғон мехонданд, ҷуйборон наво мекарданд, умедҳои ширину ҷавон ба дилаш ҳаяҷон мебахшиданд; вай роҳ мерафту худро аскаре мепиндошт, ки ба ҷанг меравад ва ба ғалабаи худ итминон дорад; ӯ хаёлманд роҳравон, шеър мегуфту суруд мехонд ва пай набурд, ки чи тавр роҳ ба охир расид.
Вале садои ӯ ларзид, чашмонаш дурахшиданд ва ҳамин ки аз шаҳру шаҳриён сухан оғоз кард, тамоми вуҷудашро ҳисси ғазаб фаро гирифт. Он чизҳоеро, ки вай баробари ба шаҳр ворид шудан дид, дар умраш надида буд ва ҳатто ба тасаввурашон ҷуръат намекард. Танҳо ин ҷо, бори аввал дар зиндагӣ, дар пиронсолӣ ӯ дид ва фаҳмид, ки иблис чи гуна тавонову зиштӣ чи гуна зебост, одамон чи гуна махлуқи наҳифу тарсуву ночизанд. Аз тасодуфи носозгор аввалин хонае, ки вай ворид шуд, хонаи фисқу фаҳш буд. Тақрибан панҷоҳ каси серпул бе ҳеҷ гуна меъёр хӯрок мехӯрданду шароб менӯшиданд.
Онҳо масти шароб шуда, сурудҳо мехонданд, бебокона чунон суханони қабеҳу хунук ме гуфтанд, ки шахси худотарс ба гуфтанашон ҷуръат намекунад; беҳад озод, бардам, хушбахт буданд онҳо, на аз Худо, на аз иблис, на аз марг метарсиданд, балки ҳар чи мехостанд, мегуфтанду мекарданд, ҳар ҷо дилашон мехосту пояшон мекашид, мерафтанд. Шароби арғувонӣ бо ҷилои тиллоиаш дилу ҳуши ин тоифаро ба қайд гирифта ва, аз афташ, ниҳоят лазизу хушбӯй буд, зеро ҳар кас баъди нӯшиданаш қаноатмандона табассум менамуд ва боз нӯшидан мехост. Ба табассуми кас шароб низ бо табассум ҷавоб мегардонд ва вақте ки онро менӯшиданд, хушбахтона ҷило медод, гӯё медонист, ки чи лаззати аҳриманонае дар худ нуҳуфтааст.
Мӯйсафед ҳамоно бештар ба шӯр омада, аз ғазаб гириста, чизҳои дидаашро нақлу тавсиф мекард. Дар рӯи миз, дар байни айёшон, мегуфт вай, зани гумроҳи нимбараҳнае меистод. Махлуқе аз он зеботар ва дилкаштарро тасаввур кардан ва дар табиат пайдо намудан амри муҳол аст. Ин махлуқи ҳаром ҷавон, мӯйдароз, сабзина буд, чашмони сиёҳу лабони сергӯшт дошт, лоқайдонаву бешармона дандонҳои барф барин сапсафедашро намоиш дода табассум менамуд, гӯё мехост бигӯяд: «Бубинед, чи беҳаё ва чи зебоям ман!» Қабатҳои шинами шоҳиву парча рӯи китфони ӯ мехобиданд, вале зебоӣ намехост зери либос пинҳон бимонад ва чун сабзаи навхези баҳорон аз зери хок, аз зери қабатҳои либос зӯран бадар меомад. Зани беҳаё шароб менӯшид, суруд мехонд ва худро ба ихтиёри ҳар касе медод, ки ӯро мехост.
Сипас мӯйсафед бо дастони аз шиддати ғазаб ларзон аз хусуси пойгаи аспон, ҷанги говон, театрҳо, коргоҳҳои рассомон, ки он ҷо сурати занони бараҳнаро мекашанду аз лой месозанд, ҳикоят кард. Ӯ бо ҳаяҷон, ниҳоят бо шавқ ва лаҳни ағонӣ сухан мекард, гӯё ба торҳои ноаёне нохун мезад, роҳибони ҳайратзада ҳар сухани ӯро бо тамоми вуҷуд гӯш мекарданд ва аз шиддати ҳаяҷон ҳатто нафас намекашиданд… Мӯйсафед тамоми наҷобати иблис, дилкашии бадӣ, ҷаззобияти бемисоли ҷисми ҳароми занро тавсиф карду иблисро лаънат хонд, сӯи ҳуҷрааш роҳ гирифт ва аз пасаш дарро баст…
Вақте ки ӯ субҳи рӯзи дигар аз ҳуҷрааш бадар омад, дар дайр аз роҳибон касе намонда ва ҳама ба шаҳр фирор карда буданд.
Тарҷумаи Абдураҳмони Абдуманнон