Алҳамду лиллоҳи Раббил-ъоламин, вас-салоту вас-салому ъало Саййидил-мурсалин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Саросари зиндагии Паёмбар (с) нуҳуфта аз розҳо ва рамзҳое аст, ки ҳеҷ кас, ҳатто наздиктарин ёрону асҳобаш ва фаротар аз он, ҳамсаронаш низ натавонистанд ба он розҳои дарунӣ пай бибаранд ва онро ба таври комил бишиносанд.
Ҳамзамон бо зуҳури Паёмбар (с) ҷаҳон дар остонаи суқут ва ҳалокат қарор гирифта буд ва лозим буд, ки инсоне хастагинопазир ва дилсӯз аз ҷониби Худованди Мутаъол ба паёмбарӣ мабъус гардад, то дунёро аз ин фалокату бадбахтӣ наҷот дода, онҳоро ба сӯйи саодату хушбахтӣ раҳнамун созад.
Оре, суннати Худованд бар ин қарор гирифта аст, ки ҳар гоҳ инсонҳо поро аз чорчӯбаи шариат ва дин фаротар гузошта, дар вартаи суқут ва ҳалокат қарор гиранд ва роҳи наҷоте барои онҳо натавон ҷустуҷӯ намуд, яке аз инсонҳои солеҳ ва шоистаи ҳамон давраро ба унвони наҷотбахш ва паёмбар интихоб менамояд, то ҳуҷҷатро бар онҳо тамом гардонад ва ҳеҷ касро маҷоле барои узр ва баҳонатарошӣ доир ба ин ки аҳкому дастуроти Худованд ба мо нарасида ва баён нагардидааст, боқӣ намонад.
Паёмбар (с) дар ҷомеае чашм ба дунё кушод, ки қатлу ғорату хунрезӣ ва зинда ба гӯр кардани духтарон ҷузви ифтихороти ҳар қавму қабилае маҳсуб мегардид, бинобар ин аз ҳамон ибтидо бо воқеаҳо ва таҳаввулоти бисёр ҷонкоҳ ва тоқатфарсое рӯбарӯ гардид, ки шахсе ғайр аз Паёмбар (с) ба осонӣ наметавонист аз паси он ҳама мушкилот барояд.
Паёмбар (с) аз ҳамон ибтидо наздиктарин афроди хеш – падару модарашро аз даст дод ва аз ин воқеаи ногувор муддате нагузашта буд, ки такягоҳи баъдии худ Абдулмутталибро низ аз даст дод. Бо марги Абдулмутталиб таърихи навине дар зиндагии Паёмбар (с) оғоз гардид, чунки Паёмбар (с) ба амакаш Абӯтолиб супурда шуд ва аз он ҷое, ки Абӯтолиб фарди фақир ва муҳтоҷ буд, Паёмбар (с) наметавонист аз ин вазъияти амакаш чашм бипӯшад. Аз ин рӯ, барои ин ки мададгори амакаш гардад, ба чӯпонӣ мепардохт ва аз музди он зиндагии худро мегузаронид. Чӯпонӣ аз ҷанбаҳои гуногун бо фитрати даруни Паёмбар (с) муносиб буд, зеро ки бештари соатҳои рӯзро ба тафаккур ва розу ниёз бо Парвардигор пардохта, аз ин роҳ бо маъбуд ва маҳбуби воқеияш иртибот барқарор менамуд ва аз муҳити куфру ширколуди Макка дур буд.
Паёмбар (с) аз ин ки арабҳо маъбуди воқеии хешро фаромӯш карда, сангҳо ва чӯбҳои бехосиятеро мепарастанд, ки наметавонанд ҳеҷ як аз ниёзҳояшонро бароварда созанд ё нафъеро ба касе бирасонанд ва ё зарареро аз касе дафъ намоянд, бисёр андӯҳгин ва нороҳат буд, аммо наметавонист ақидаи воқеии хешро баён намояд, зеро ки барои ӯ ҳамон мушкилотеро эҷод менамуданд, ки баъд аз биъсат ба вуҷуд оварданд.
Садоқат ва дурусткории Паёмбар (с) забонзади хосу ом шуда буд ва эшонро ба номи Муҳаммадамин мешинохтанд. Вақте ки ин садоқат ва дурусткорӣ ба гӯши зани наҷибу шариф ва дар айни ҳол сарватманду пулдор – Хадиҷа расид, аз Паёмбар (с) барои рафтан ба тиҷорат дар Шом даъват намуд ва ғуломи хеш Майсараро низ ҳамроҳи эшон фиристод, то тамоми ҷанбаҳои ахлоқӣ ва рафтори Паёмбар (с)-ро мадди назар дошта бошад. Корвони тиҷоратӣ ба Шом расид ва бо суди бисёр зиёд ба шаҳри Макка бозгашт ва Хадиҷа пай бурд танҳо касе, ки метавонад ба орзуҳои қалбии ӯ ҷомаи амал бипӯшонад, Паёмбар (с) хоҳад буд, аз ин рӯ издивоҷи миёни Паёмбар (с) ва Хадиҷа сурат гирифт.
Паёмбар (с) бештари вақти худро ба розу ниёз бо Парвардигор дар ғоре ба номи Ҳиро мегузаронид, ҳатто чандин шабҳоро дар ин ғор сипарӣ менамуд. Дар яке аз ҳамин рӯзҳо буд, ки Ҷабраил (а) бар Паёмбар (с) нозил шуд ва вазифаи бузурги нубувватро бар дӯши эшон гузошт. Аз ин пас Паёмбар (с) мебоист шабонарӯз мардумро ба сӯйи тавҳид ва яктопарастӣ даъват намояд.
Паёмбар (с) аз ҳамон ибтидои нузули ваҳй мукаллаф шуд, то ин даъватро аз хонаводаи хеш шуруъ намояд ва пас аз он ин даъватро ошкоро созад. Бинобар ин, аввалин афроде, ки ба Паёмбар (с) имон оварданд, аз хонаводаи худи Паёмбар (с) буданд ва Хадиҷа дар тамоми марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с) бозуи неруманду тавоно барои ӯ буд ва дар ин муддат тамоми амволу сарвати Хадиҷа барои таблиғ ва интишори Ислом сарф гардид.
Озор ва азийяти куффор нисбат ба Паёмбар (с) ва асҳобу ёронаш рӯз ба рӯз афзоиш меёфт ва Паёмбар (с) барои костани ин фишор ҳар рӯз тасмиме мегирфт, ки аз он ҷумла сафар ба Тоиф, ҳиҷрат ба Ҳабаша ва ниҳоятан ҳиҷрат ба Мадинаро метавон мисол овард.
Бо вуруди Паёмбар (с) ба Мадина даъвату таблиғи исломӣ шакли тозае ба худ гирифт ва то ҳудуде аз озору азийяти Паёмбар (с) ва мусулмонон коста шуд. Мардуми Мадина низ бо оромиши хотири бештаре нисбат ба гузашта ба зиндагии худ идома медоданд, зеро то қабл аз вуруди Паёмбар (с) ба Мадина ду гурӯҳи Авс ва Хазраҷ, ки дар Мадина зиндагӣ мекарданд, ба таври доим бо якдигар дар ҷидолу ситез буданд, ки ба таври мисол метавон ба ҷангҳои Буъос, ки ҳафтод сол тӯл кашид, ишора намуд.
Аҳком ва қонунҳои динӣ, аз ҷумла намоз, рӯза, ҳаҷ ва ҷиҳод дар Мадина бар мусулмонон воҷиб гардид, муқобала ва рӯёрӯии мустақими кофирон ва мусулмонон ба вуқӯъ пайваст ва дар тамоми марҳалаҳои ин даргирӣ, то замоне ки мусулмонон ба Худованд муттакӣ буда, фиреби таҷҳизот ва теъдоди афроду сипоҳиёни худро нахӯрда буданд, пирӯз гаштанд ва Худованд ҳам дар тамоми ҳолатҳо мусулмононро ёрӣ намуд.
Даъвати Паёмбар (с) рӯз ба рӯз дар ҳоли пешрафту такомул буд ва ин пешрафт бо пирӯзии мусулмонон дар фатҳи Макка ба авҷи худ расид. Ҳукумати исломӣ аз он таърих ба баъд, монанди ҳукумати мустақил ва нерӯманд дар канори дигар ҳукуматҳо қарор гирифт, ҳатто ҳукуматҳои неруманди Эрон ва Рум аз ин пешрафти чашмгир ба тарсу ваҳшат афтода буданд.
Умри мубораки шарифи Паёмбар (с) марҳалаҳои поёни хешро сипарӣ менамуд, бинобар ин, тасмим гирифт, то ба зиёрати хонаи Худо раҳсипори Макка гардад. Дар он ҷо суханони лозим ва чигунагии адои ҳаҷро ба мусулмонон омӯхт, чунки ин аввалин ва охирин ҳаҷҷе буд, ки Паёмбар (с) ба ҷо оварда буд. Зиёрати хонаи Худо ба поён расид ва мусулмонон ҳамроҳи Паёмбар (с) вориди Мадина шуданд ва аз ин ҳангом бемории Паёмбар (с) шуруъ гардид.
Бемории Паёмбар (с) ду ҳафта тӯл кашид ва дар ин муддат Абӯбакр (р) аз ҷониби Паёмбар (с) имомати намозро бар уҳда гирифт. Бемории Паёмбар (с) рӯз ба рӯз авҷ гирифта, лаҳзаҳои охири зиндагии Паёмбар (с) наздик мешуд ва дар ниҳоят Паёмбар (с) ин дори фониро видоъ гуфтанд. «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
Лаҳзаҳои вафоти Паёмбор (с) лаҳзаҳои ҳассос ва пурҳаёҳӯ буд ва таърих рӯзи андӯҳбортар аз онро эҳсос накарда ва надида буд. Мусулмонон наметавонистанд бовар кунанд, ки шахсияте ҳаммонанди Паёмбар (с) рӯзе ин дунёро видоъ хоҳад намуд, зеро ки онон рӯз ба рӯз бо Паёмбар (с) бештар унсу улфат мегирифтанд ва гуфтор, дидор ва ҳамаи аъмолу ҳаракоти ӯ барои мусалмонон ниҳояти саодат ва хушбахтӣ маҳсуб мегардид. Онҳо интизор доштанд ҳамон гуна ки Паёмбар (с) тарбият ва роҳнамоии худашонро бар уҳда доштааст, тарбияти фарзандонро низ бар уҳда бигирад. Аммо хости Худо ҷуз ин буд ва маргро ба унвони сарнавишти ниҳоии инсонҳо қарор додааст.
Китобе, ки ҳам акнун дар ихтиёри шумо хонандагони муҳтарам қарор гирифтааст, нигоҳе гузаро ва кӯтоҳ ба зиндагии Паёмбар (с) дорад, ки бо мутолиаи он аз намунаи зиндагии ӯ метавон огоҳ шуд ва ӯро ба унвони намунаи воқеии зиндагӣ дар тамоми саҳнаҳо ва бахшҳо мадди назар қарор дод. Аз Худованд хосторем, то сирати воқеии Паёмбар (с)-ро дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии мо қарор диҳад. Омин. Вас-салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …