Главная / Илм / ЦАРОР ДАР БОРАИ ПО1ХРДАНИ ИТТИҲОДИ ШУРАВИ

ЦАРОР ДАР БОРАИ ПО1ХРДАНИ ИТТИҲОДИ ШУРАВИ

Иттиҳоди Шӯрави давлате буд, ки халқҳои гуногуни дорои маданият, дараҷаи иқтисоди, анъанаҳои мухталиф доштаро дар доираи идеологияи коммунисти муттаҳид намуд. Дар баробари суст шудани таъсири идеологияи ҳизби шиорҳои милли боло рафт. Аввалин шуда барои ба даст даровардани истиқлолият ҷумҳуриҳои назди Балтика Литва, Латвия ва Эстония муборизаро сар карданд.
Масъалаи ба даст даровардани истиқлолият дар анчани 1-уми депутатхои халқии РСФСР (мохи май-июни соли 1990) мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин анчан депутатҳо ба хулосае омаданд, ки шарти пешрафти иқтисоди ва мадании халқҳои Россия ин ба даст даровардани
истиқлолияти комил мебошад. Чунин қарор аз тарафи Шурои Олии чумхуриҳои Белоруссия ва Украина ҳам қабул карда шуд.
Гарчанде, ки дар асоси қонуни асоси ба ҷумҳуриҳо истиқлолияти комил дода шуда бошад ҳам, дар амал иттиҳоди Шурави давлати унитари буд.
Барои амалан нигоҳ доштани давлати ягона роҳбарияти Шурави мохи марти соли 1991 райъпурсии умумииттифоқи гузаронд. Дар райъпурси 9- чумхури ба айр аз се чумхурии назди Балтика, Гурчитон, Арманистон ва Молдавия иштирок карданд.
Дар натича аз чор қисм се қисм барои нигоҳ доштани иттиҳоди Шурави райъ доданд. Махсусан дар Осиёи Миёна аксарияти мардум тарафдори давлати ягона раъй доданд.
Ба ин нигоҳ накарда вазъияти мамлакат то рафт тезу тунд мегашт. Мохи марти соли 1991 шахтиёрҳои ҳавзаҳои калонтарини мамлакат корпартои карда талабҳои сиёси: истеъфои Горбачев, пароканда кардани Шурои Оли ва съезди намояндагони халқ ва супоридани ҳокимият ба ихтиёри Шурои Федератсияро ба миён гузоштанд.
Барои муътадил гардонидани вазъият роҳбарияти давлат қарор дод, ки шартномаи иттифоқи тайёр карда шавад. Охирҳои мохи апрели соли 1991 бо иштироки Горбачев ва роҳбарони 9-ҷумҳури дар бораи бастани шартнома гуфтушунид шуда гузашт.
Дар ин вақт як қисми роҳбарони хизби, давлати ва ҳарби ба вазъияти ба амал омада муросо кардан нахоста 19-август ба воситаи радио ва телевизион дар бораи аз вазифа озод кардани Горбачев ва ба дасти комитети давлатии ҳолати фавқулода гузаштани ҳокимият хабар доданд. Ба ҳайати комитети давлатии ҳолати фавқулода (ГКЧП) ноиби президенти ИЧШС Г.Янаев, раиси парлумон Лукянов раиси шӯрои вазирони ИЧШС В.Павлов, раиси комитети бехатари В.Крючев ва вазири корҳои дохили Б.Пуго ва дигарон дохил шуданд. Онҳо хостанд, ки бо ёрии қувваи ҳарби фаъолияти ГКЧП –0 чори кунанд, лекин мақсади онҳо амали нагашт.
Рузи 19-август Ельцин бо фармонҳои ҳукумати РСФСР фаъолияти ГКЧП-ён табадуллоти давлати маънидод карда, қарорҳои онро ғайриконуни арзёби намуд. Рузи 21-август дар сессияи Шурои Олии РСФСР, амалиёти ГКЧП маҳкум карда шуда, аъзоёни он ба ҳабс гирифта шуданд. Аз ин давра кушиши истиқлолиятхоҳии ҷумҳуриҳое, ки барои бастани шартномаи нави умумииттифоқи тайёр будани худро изҳор карда буданд, дучанд зиёд гардид.
5-сентябри соли 1991 дар анчумани намояндагони халқии ИЧШС органи роҳбарикунанда Шурои Давлатии ИЧШС таъсис дода шуд, ки аз тарафи он барои нигоҳ доштани Иттиҳоди Шурави кушиш ба назар мерасид.
Лекин мавчи чудоихоҳи ҳамоно бо суръат давом мекард. 14- ноябр роҳбарони чумҳуриҳои Руссия, Белоруссия, Озорбойчон, Коқистон, Қириистон ва Точикистон дар бораи ташкил додани Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ССР) изҳори ақида намуда қарор доданд, ки то охири соли 1991 Шартномаи нави иттифоқ тайёр карда шавад. 8-декабри соли 1991 роҳбарони Федератсияи Руссия, Украина ва Белоруссия (Ельцин, Кравчук ва Шушкевич) дар бораи ташкил додани иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) шартномаро имзо карданд. 21 -декабр дар Алмаато роҳбарони Россия, Белоруссия, Украина, Озорбойчон, Коқистон, Қириистон, Туркманистон, Точикистон чамъ омада, дар бораи пошхурдани Иттиҳоди Шурави деклоратсия қабул намуданд. Ниҳоят 25-декабр Горбачев дар бораи ҳамчун президенти ИЧШС аз вазифа истеъфо дода ба қарор имзо гузошт.
26-декабр 1991 палатаи Шурои Оли ИЧШС дар бораи пароканда шудани Иттиҳоди Шурави Деклоратсия қабул намуд.
Ҳамин тариқ Давлати Шурави, ки 25-0ктябри соли 1917 дар натичаи алабаи инқилоби сотсиалисти ташкил ёфта, аз моҳи декабри соли 1922 Иттиҳоди чамҳои Шӯравии Сотсиалисти (СССР) ном гирифта буд, 26-декабри соли 1991 пароканда гардид.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222