Ҳаракати Қарматия дар ибтидои пайдоиши худ аз сабаби химоя кардани манфиатҳои мазлумон: тарфдорони зиёдро пайдо намуд. Дар баробари дехдонон, косибон, зиёиёни тарақкипарвар аз кабили Рудакй, Балъамй, Фирдавсй, Ибни Сино, Носири Хусрав ба ин ҷараён пайравй намуданд.
Асосгузори ҷараёни қарматия Ҳамдони Кармат ба шумор меравад.Мувофики ахбори Низомулмулк яке аз аввалин таблиотгарони ин таълимот Муборак бо хати нафиси « мукармат» менавишт ва ӯ лақаби «Карматуиё»-
ро сохиб гардид. Эҳтимол номи «Карматия» аз ҳамин ҷо пайдо шудааст. Аз ҷиҳати оявй карматия ба ҷараёни
исмоилия пайваст, бо шиъа алоқаманд ва бо маздакия муштарак буд. Карматиён моликияти хусусии заминро инкор мекарданд. Бозгашт ба ҷамои деҳаро таргиб мекарданд, лекин нигоҳ доштани гуломро тарафдор буданд.
Мақсади ниҳоии онҳо ҷорй намудани тақсимоти баробари воситаҳои истеҳсолй хисоб меёфт. Оммаи халк ба карматия барои эътироз бар зидди тартиботи нави феодалй ҳамроҳ мешуд.
Ашрофи феодалй бошад, дар навбати худ мақсад гузошт, ки ин ҳаракатро зидди ҳокимияти марказй истифода барад.
Дар аввал қарматиён амалиёти пинҳонй мебурданд. Баъди шӯриши гуломон дар Хуросон соли 873 тарафдорони ҷараён ба амалиёти рӯи рост гузоштанд. Ба шӯриши Ироқ Ҳамдон Кармат роҳбарй мекард. Гарчи шӯриш соли 883 аз тарафи хилофат пахш шуда бошад, аммо мубориза пурра хотима наёфт.
Дар Хуросон неҳзати Карматиён дар вилоятҳои Ҳирот, Ғур ва Гурҷистон дар охири давраи Исмоили Сомонй рӯй дод. Дар ин шӯриш 10 ҳазор нафар одамони мехнткаш бо сарварии Абӯ Билол ширкат доштанд. Соли 907 шӯришгарон муҳосира карда шуда, нобуд карда шуданд. Баъдтар шӯриш бо сарварии воли Хуросони Чанубй Ҳусайн ибни Алии Марвазй сар шуд, ва ин ба мубориза ба зидди хокимияти марказй табдил ёфт. Соли 919 лашкари Сомониён ба шӯриш шикаст доданд.
Дар Мовароуннахр карматиён бо сарварии Мухамад Нахшабй тавонистанд, хатто байни ашрофи баландмақоми давлат, мисли хочиби бузурги даргох, раиси девони муставфй, раиси Бухоро, хокими Илок ва дигарон тарафдор пайдо кунанд. Худи подшох Насри-11 таълимоти онхоро кабул кард.
Амммо Нӯҳи- 1 дар байни дохили Карматиён Нахшабй ва рухониёни мазхаби суннй мунозира ташкил кард, ки рухониён олиб омаданд, Нахшабй дар майдони Бухоро бв дор кашида шуд.
Мухолифони карматия бар зидди тарафдорони ин равия чорахои амалй диданд. Дар натича одамони маъруф, ки ба ин харакат майл доштанд, бечазо намонданд.
Ба ин аз тахт фуроварда шудани Насри – 11, кӯр карда шудани Рӯдакй, аз дарбор ронда шудани вай, мусодира гаштани молу мулкаш, ба бало гирифтор шудани Балъамй, дертар қатл гардидани Дақиқй, оворагардии Фирдавсй, Абуали ибни Сино, Носири Хусрав ва дигарон мисол шуда метавонад.
Нехзати карматиён дар Хуросон дар натичаи заифии воқеии он ва заминаи устувори ичтимой надоштанаш, аз доирахои хукмрони хукумати Сомониён, рухониёни
бонуфузи муътакид ва гвардияи турки дарбор шикаст хӯрд. Ин таълимот инкироз ёфт ва чояшро таълимоти исмоилиён иваз намуд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …