Главная / Гуногун / Давраи кудакиӣ Абуалӣ ибни Сино

Давраи кудакиӣ Абуалӣ ибни Сино

Кулли осори тарбиявй-ахлокии он давра таълим медоданд, ки «агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай нех, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст».

Ба Абдуллохи чавон номи Ҳусайн хушоянд буд. Барои ҳамсари ӯ Ситорабону ҳам ҳамин ном писанд буд. Ва онҳо бармаҳал сари карор омада буданд, ки писари нахустинашонро Ҳусайн ном медиҳанд.

image031Барояш куния-унвони эхтиромй ҳам бахшиданашон аз имкон дур нест, зеро дар хонадонҳои наҷиб ҳамин гуна анъанае ҷорй буд. «Писараки ман, албатта, сохиби писар хоҳад шуд! – механдид Абдуллох,. – Биг- зор Ҳусайнҷони ман аз ин бобат ғам нахурад. Ман ал- лакай номи писари ояндаи ӯро Алй мондаам». Вале дар худ андешид: «Ҳа, албатта, ба шарафи халифаи ҳақ Алй». Кунияти писар Абуалй мешавад, ки маънояш па- дари Алист. Сипас худи «исм» – номи Ҳусайн меояд, баъди он, ҳамрохи калимаи нисбати арабии «ибн» (яъне

Ҳазораи Ибни Сино мувофики солшумории мусулмонй (чрй) тачлил ёфта буд. Мутобики солшумории масеҳй (мелодй) ҳазораи Ибни Сино соли 1980 фаро расид.

Акнун навзоди гирёнрую бебок ва мазҳари шодмонии оиларо ба тартиби зерин ном мегирифтанд: падари Али, Ҳусайни писари Абдуллох,, Абдуллохи писари Ҳасан (номи бобои Ҳусайн), Ҳасани писари Али, Алии писари Сино.

Абдуллоҳи чавон аз шоди дар курта намегунҷид. Рузе даҳ бор ҳарамсаройи занонаро, ки дар он ҷо ҳамсари хушбахташ Ситора хуфтухез мекард ва дар ҳамон ҷой аввалин маротиба Ҳусайни чак нишонаҳои оламро дида буд, аз сару бар қадам мезад.

Вале Абдуллоҳ аз кучо медонист, ки дар номгузори ба нияташ намерасад, яъне Ҳусайн сохиби писар намешавад. Сохиби оила ҳам намегардад. Як умр ҳамроҳи корвониён аз шаҳре ба шаҳре, аз каламраве ба қаламраве сарсону саргардон мегардад.

Тафсилоташ сонитар. Алҳол Абдуллохи масрур аз табассум гул мекунад.

Ин воқеа мохи сентябри соли нуҳсаду ҳаштод рух дода буд.

Ҳусайни чак дар арафаи иди басо муаззами Мехргон таваллуд ёфт. Ин иди бостони тирамох,, айёми муттасил сустшавии гармсели хушки чанголуд фаро расид. Ҳама барои якдигар иди мебурданд, дарбориёну лашкариён пушоки зимистона мегирифтанд. Дар ин рузи саид одамон колинҳои кухнаю чиркин, намаду гилем, ҳама гуна чизу чораи фартуту фасурдаро бароварда мепартофтанд. Сарулибоси наву озода, зебову шинам ва бармаҳал харидаву дар сандувдо эхтиёткардаашонро мепушиданд.

«Чи хеле ки олами атроф саросар дигаргуна мешавад, рӯзгори ман ҳам рангу оҳанги тоза гирифт, – андеша меронд Абдуллох,. – Фақат касе марди боли, инсони комил хисоб меёбад, ки дар олам сохиби писар шуда бошад. Ана, акнун ҳаёти нави ман ооз меёбад».

Бисёр чизҳоро ба хотир гирифтани кудак, алалхусус, агар аллакай гапзаниву фикркуниро омухта бошад, инсонро дар ҳайрат мегузорад. Дар ҳарами занон аз манзилгохи модараш накҳати мушку абир ба димош мерасид. Вале дар сарои мардон, ҳар гоҳ ки падараш аз сафарҳо баргашта писарро гарм ба оғӯш кашида, пайиҳам бусобусаш менамуд, буйи чарму таффи аспи арақшор дами нафасашро мегирифт.

Агар шамолаки нарм аз миёни буттаҳои чуде, ки дар руйи ҳавлӣ рустаанд, вазида ба хона дарояд, монанди буйи хуши рангу равғани аз Бухоро барои модараш меовардаи падар ширину гуворо ба димоғ мерасид.

Падараш тез-тез аз пайи коре ба сафар мебарояд. Вай одами шӯхӣ нест. Деҳаи Рометанро хукмронй мекунад. Ин деҳа аз калонтарин деҳоти Бухорост. Падар ҳанӯз чавон аст ва дар ин синну сол ҳукумати чунин деҳаеро ба кам андар ками одамон бовар мекунанд.

…Рузе Абдуллоҳ аз миёни деҳаи хурдакаки Афшана мегузашт. Афшана дар карибии Рометан воқеъ гардида буд. Гирду атрофашро заминҳои хушку ташналабе, ки вақфи толибилмони мадрасаҳо буданд, иҳота менамуданд. Агар масҷиди ҷомеи «мукаддасе», ки онро замоне сарлашкари истилогарони араб Қутайба сохтааст, садди роҳ намешуд, несту нопадид гардидани Афшана ҳам аз эхтимол дур набуд.

Ҳар деҳаи калон умеди масҷиди ҷомеъро дошт, зеро масҷид дошта бошад, он деҳаро шахр номидан мумкин буд. Аммо камтар деҳаеро рухсати бинои масҷид насиб мегардид. Аз ин ҷиҳат толеи Афшана хандида буд. Ҳатто аз худи Бухоро ба Афшана намозгузорй меомаданд.

Ҳангоми аз Афшана гузаштан Абдуллоҳ барои анҷоми зарурати нокиройие аз асп фуруд омад. Ногаҳон овози духтаре ба гушаш расид. Дафъаи аввал ӯ ба чуз овоз чизи дигареро нашунид. Аммо баъди каме 16 дуртар рафтан гуфтаҳои духтаракро дар лавҳи хотир зинда гардонда, ба ҳайрат афтод, ки чи кадар окилонаву бомаъни гуфта шудаанд.

Кори муҳимме надошта бошад ҳам, Абдуллоҳ рузи дигар боз аз мобайни деҳа асп ронд. Дар ҳамон ҷойи дируза пой аз рикоб баровард, аммо садои духтаракро нашунид. «Мумкин ӯ духтар не, модар ё ҳамсар ва ё, бадтар аз ин, канизи касе бошад. Ғайр аз ин, барои одаме мисли ман мансабдор гирдогирди ҳавлии бегона тор танида гаштан аз руйи одоб нест», – андешид Абдуллоҳ ва ба аспаш савор шуд.

Агар баногоҳ рост аз худи ҳамон ҳавлӣ тоҷири чавони шинос Райҳон берун намеомад, шояд ӯ бо ҳамин равиш бебозгашт мерафт ва, мумкин аст, абади садову сухани духтарро фаромуш мекард. Ин тоҷир чандон сарватманд набошад   ҳам,  одами  басо маърифатандухтае буд.

-Ассалому алайкум! – шодмони зоҳир намуд Райҳон. – Боиси фараҳмандист, ки Худованди карим имруз маро ба дидоратон мушарраф гардонд. Шумо бароям хеле зарур будед.

Райҳон Абдуллоҳро ба хона даъват намуд. Райҳон муҷаррад буду ин ҳолро Абдуллоҳ хуб медонист.

Ғуломбача лаҷоми савориро гирифта саисхона бурд. Абдуллоҳ ба хонаи Райҳон даромад.

Каниззан дастурхони нуклу наво густард. у пойҳояшро бошарфа мегузошт, овозаш ҳам кампирона буд.

Суханони Райҳон аз гӯши Абдуллоҳ зада мегузаштанд, зеро ба садоҳои гуногуни дигаре бодиккат гӯш медод. Ана, ҷарангоси сатил баромад. Ана, кими коҳ-коҳ зада хандид. Ҳа-ҳа, ана, инаш ҳамон овози шинос! Боз, ана, ҳамон духтарак ким-чиҳо гуфт; ана, боз таронаеро замзама намуд, боз хандид, аз нав замзамаро сар кард. Уҳӯ! Ин шеъри Рудакист, ки Абдуллоҳ бештар аз ҳамаи шоирони дигар дусташ медошту осорашро мехонд.

-Хаёли шуморо гуфтугузори хоҳари ман парешон карда истодааст, – гуфта Райҳон аз ҷо бархост.- Ман ҳозир рафта мегуям, ки дами нафасашро гирад.

Не, не, даркор нест, илтимос! Ман аз тахти дил гӯш карда истодаам!

Райҳон бо Абдуллоҳ дар ҳар бора маслиҳат мекард, аз ӯ, ҳамчун аз марди тачрибадоре, донистан мехост, ки имсол нарху наво баланд мехезад ё не, ҳосил чи хел мешавад…

-Хооари ман, Ситора, – дар омади гап хайрухушкунон изҳор намуд Райҳон, – ба синни балоғат расида, вакти шавҳарбароиаш ҳам омадааст. Фурсати ба кору бори вай диққате додан ҳам намондааст, акнун барояш ягон номзади муносибе пайдо кардан лозим. Ба ҳар ҳол, фарзанди хонадони наҷиб, тарбияи хуб гирифтааст. Ғайр аз ин, пинҳони ба шумо мегуям, бисёр хушрую ҳалим аст, таърифи донишу фазилаташро пиру барнои деҳа лаҳзае аз забон намегузоранд. Факат аз ҳад зиёд шармгин аст. Мабодо, агар мефахмид, ки Шумо, мехмони азиз, овозашро шунидаед, гурезон ба хонаи худ даромада, то шом аз он ҷой намебаромад. Сад афсус, ки падарамон даргузаштанд. Ман, худатон медонед, аз ҳад зиёд серкорам!

…Баъди моҳе чанд Ситора ҳамсари Абдуллоҳ гардид. Абдуллоҳ дар Афшана ҳавлие ҳам харид ва писари нахустини ӯ, нури чашмони падар Ҳусайни чак ана дар ҳамин ҷой ба дунё омад! Ана, писарчаи дуструяк рӯ-рӯйи гилем дилғеҷ меравад, ба гуфтаҳои калонсолон гӯш медиҳад ва ҳамаро дар хотир мегирад! Калонсолон танҳо дар тааччуб меафтанд ва номи Худоро ба забон меоранд. Онҳо ёд надоранд, ки кудаке роҳгардиро наомухта, гап зада тавониста бошад. Боз чунон оқилона, ки ҳар чавони болиғ ибрат гирифта метавонад!

Бачагони хурдсол, одатан, дар ибтидо гап зада наметавонанд. Маънои бисёр калимаҳоро фахманд ҳам, аз увдаи талаффузашон намебароянд.

Аммо Ҳусайни хурдсол бачаяки хеле кунҷков буд. Сарбардориро ёд гирифтан замон онро ба ҳар тараф алвонҷ дода, ҳар чизеро аз назари диққат мегузаронд. Баъдтар ӯ дарк намуд, ки мардум барои ҳар чизе як ном ниҳодаанд. Агар дар ҳузураш «гӯш» гуянд, гушашро мекашид. «Девор» гуянд, бо кафи дастонаш деворро тап-тап мезад. Рузе бозичаи сафолиеро ба дасташ гирифта, ногаҳон афтонд. Албатта, бозича шикаст. Ана, баъди ҳамин ҳодиса Ҳусайн аввалин дафъа ба забон омада пурсид:

  • Барои чи?

Вай аз ҳад зиёд ба ҳайрат афтод: бозичае, ки навакак бутуну сиҳат ва бо накшу нигорҳо музайян буд, афтода дар як они вохид ба сафолпораҳо мубаддал гардид.

Аз ҳамон дам ин саволро дар як рӯз чандин маротиба такрор мекард.

Дар хонадони ҳамсоя ҳам Умар ном писарак ба камол мерасид.

Умарро тез-тез ба хонаи Ҳусайнино меоварданд. Умар дастакони сергушташро тарафи ҳар чизи пешомада дароз карда фарёд мебаровард:

  • Деҳ! Деҳ! Деҳ!

Вале Ҳусайн аз ин дар ҳайрат меафтод:

  • Барои чи?
  • Писаратон марди хоҷагидону увдабаро мешавад! – мегуфт Ситора, модари Ҳусайн.- Аз соли хурди аллакай ба ҳама чиз иштиёк зохир мекунад.

«Вале писари шумоён ким-чӣ хел гулу гаранг барин, – аз дил мегузаронд модари Умар. – Ҳеҷ балоро намефаҳмад! Буду шуд «чаро?» ва «барои чи?»-ро медонаду бас».

Аз саргузашти Ҳусайн вокеае ривоят мекунанд, ки то рухдоди он аз тамоми гуфтаниҳо «Барои чи?!»-ро гуфта метавонисту бас.

Канизак ангуштари тиллоеро ба Ҳусайн нишон доду нохост онро ба ҷуволи орд афтонд. Ва дар ҳамин асно диққаи уро ба тарафи дигаре кашида, ким-куҷо даъваташ карданд, дар натиҷа ангуштар аз хотираш баромад. Баъд он чуволро то гулу пури орд карда, аз хона ба анбор кашиданд. Ҳамаи ин манзараро Ҳусайни кучак дида буд.

Рузи дигар ангуштари гаронбаҳо ба хотири модараш расид, хеле кофт, аммо дар ҷояш пайдо накард. Фавран аз канизак шубҳа бурд: «Онро фақат ту дуздида метавонисти, зеро дар хона ғайри ту каси бегонае набуд!». Канизак ашк мерехт. Аммо ба зориву илтиҷояш бовар накарда, аз даргошон ронданд.

Ҳусайн дастаку почак зада, бо тамоми овоз гиря cap дод. Касе сабаби нохушии табъи вайро намедонист. Ду рузи тамом ш кард.

Баъди муддати кӯтоҳе дар гапзани чунон устокор шуд, ки суханонашро калонсолон ҳам бемалол мефаҳмиданд. То ҳозир ӯ факат овозҳои якхеларо чандин рӯз пайиҳам такрор мекард, аммо чи маъни доштани онҳоро касе намедонист. Ҳоло нахустин алфози ӯ дар бораи канизак, баъдтар ангуштари, сипас беадолати буданд.

Калонсолон аз ин ҳарфҳо дар ҳайрат афтода, чуволро оварда кушоданд ва ордашро таконданд. Ангуштариро пайдо карда, ҳаққонияи гуфтаҳои

Ҳусайни кучакро эътироф намуданд.

Канизакро ҳам ёфта маъзарат хостанд, туҳфаҳо бахшиданд, аммо барнагашт ва тамоми умр ин воқеаи ҳаёти Ҳусайни хурдакаки ҳайратоварро аз забон намепартофт.

Рубоиёти фараҳбахшу ғамангез ва нешдору нушофарини Одамушшуаро Рудакиро ки намедонад?! Дили ҳар касеро ғазалу касидаҳои ғановатбори у мусаххар накарда бошад, он кас коно, ходаи хушк аст ва барои чунин ашхос дар миёни мардум ҷой нест!

Мегуянд, ӯ як миллиону сесад ҳазор байт офаридааст. Аммо ҳаминаш маълум аст, ки на ҳар одам дар тули умри худ то ҳазор шумурда метавонад. Ва барои аксарияти одамон аз дами таваллуд то вафоташон бист ҳазор рӯз кифоят мекунад. Агар ракамҳоро ҳисобу китоб кунем, ана ҳамин хел мешавад!

Дар зодгоҳи Рудакй кӯҳе комат афрохтааст, ки доманаашро боғу бустонҳо шероза гирифтаанд. Онро «Ки Булбулон» меноманд. Рудакй бисёр вакт он ҷой рафта, аз булбулону чашмасору ҷангалистонаш дарси навою но меомухт ва ба суруди онҳо ҷӯр мешуд…

Окибат ӯ ба Бухоро, ба дарбори амир хонда ва аз деҳаи хурди кӯхистонаш чудо шуд. Сурудаҳои ӯ сурудаҳои замин, таронаҳои одамоне буданд, ки заминро шодоб менамуданд. Вай, ҳатто, тахаллуси шоирии худро ҳам аз номи зодгош, аз номи деҳае, ки як андар ҳазори савдогарон онро медонисту бас, интихоб намуд. Дар дарбори амир Рудакй шухрату обру ва молу мулки зиёдеро сохиб гардид.

Вале бинои саодати Рудакй нопойдор буд. Ҳазордастон метавонад аз гулистони худ фаромуш кунад ва дар қафаси тиллокорй нағма сарояд. Аммо шоири ҳақиқй халку диёри худро фаромуш карда наметавонад. Аз ин рӯ, вакте ки дар Бухоро мардуми башуромада ба муҳофизати дину адолат бархостанд ва ҳангоме ки тахти зарбаи шамшерҳо сари онон аз танашон чудо меафтод, ба ҷонибдории халк намебаромад, Рудакй ҳам монанди ҳамон булбули содалавхи қафаси тилло мебуд…

Сухансарои бузурги аз дарбор рондашуда куру пиру гадо ба зодгош баргашт. Аммо халқ мисли пешин аз дидори шоири худ муфарраҳ буд.

Дар хонаи Абдуллоҳ ҳам такрибан аз ҳамин хусус суҳбат мерафт. Шабонгоҳон буд, дар хона шамъ месухт. Ри гилеми колин Абдуллох,, Райҳон ва амаки Райҳон нишаста буданд.

Амак аз Бухоро барои дидорбинии бародарзодагонаш омада буд. Инчунин, баъзе корҳои дигар ҳам дошт. Ҳамагй бори дувумаш медида бошад ҳам, ситораи Абдуллоҳ ӯро маъкул афтода буд, зеро Абдуллох, ҳам сохибмаърифат ва ҳам дар муносибат бо калонсолон хеле боадаб буд. Дар ҳузури Абдуллоҳ Ҳусайни хурдсол ҷой гирифта буд. Ором нишаста, ба суҳбати калонсолон бодиккат гӯш медод.

Мегуянд, ки ин тифлаки маъсум калимаҳои пурра- пурраеро ба забон меорад. Аммо кудаке, ки дар шохрохи зиндагй танҳо чанд қадами ботарсу ларз ниҳодааст, чй ҳам гуфта метавонад?!

Аммо чун ногаҳон ин кудак ба забони шеър, шеъри ҳақиқӣ, сухангиро сар кард, ҳайрату тааҷҷуби амаки Райҳон аз ҳадду канор берун омад.

Амаки Райҳон аз хусуси ким-кадом ошнояш ҳарф зада, дар омади гап аз Рудакй санад овардан хост.

  • «Ҳар кй н-омухт аз гузашти рузгор», – гуфту ногаҳон мисраи дувумиро фаромуш кард. То ҳол онро медонист, аммо дар ин ҷо якбора аз хотираш баромад. у ҳатто аз бетокатй панҷаҳои дасташро карсосзанон ба ҳам метофт.

Ҳамон дам Ҳусайни хурдсол идома дод:

  • «Ҳеч н-омузад зи ҳеч омузгор»!

– Аҳсан, аҳсан, худи ҳамон мисраи Рудакии бузург аст! – гуфт амаки Райҳон ва моту мабхут тарафи писарак нигариста истод.

Тамоми шаб амаки Райҳонро хоб набурд. Аз пахлу ба пахлу мегашт, дар гирдоби ҳайрату тааҷҷуб банд мешуд, хамёза мекашид, аммо фикру ёди тифле, ки додарзодааш Ситора таваллуд кардааст, аз сараш лаха дур намерафт.

Баъди чанде Ҳусайн сохиби додарак шуд. Майдаяк бисёр кам нозунуз мекард, кам мегирист,
хандиданро бармаҳал ооз намуд. Нишастану дилғеч рафтану роҳ гаштанро ҳам ёд гирифт.

-Писараки шудани,- таъриф мекарданд ҳамсояҳо.

Вале падар умедҳои бештареро дар дил мепарварид. у дар ин бора ба касе, албатта, ҳарфе намегуфт, аммо мунтазири ҷомаи амал пушидани ниятҳояш буд. «Кош, Худованди карим писари дувумамро ҳам мисли Ҳусайн ҳайратовар меофарид» таманно менамуд у.

Ҳусайни хурдакакро падараш ҳамроҳ ба Рометан овард.

Даҳаҳои нахустини шахревармоҳ буд, таффи гармо торафт пасттар мешуд, аммо заминҳои атроф хушку холи буданд. Ғози мизон аз замин ба ҳаво мепечид.

Ҳусайн ҳамроҳи падар аспсавор буду падараш ӯро муттако мешуд. Инак, бори якумин, Ҳусайни хурдсол аз деҳаашон Афшана, ки дар ҳамин ҷо таваллуд ёфтаву шаш соли расо нашъунамо дидааст, берун мебаромад.

– Ин замини шурбахт, писарам, – мегуфт Абдуллоҳ ба писари кӯчакаш. – Замини бесамар. Агар ба ин ҷой об баровардаву тамоми қитъаҳояш обшор карда шавад, аз биёбон ба гулистон мубаддал мегардад. Вале ҳоло ки ғами ин замини бечораву кашшокро мехурад?! Ба ҷойи амирамон Нӯҳ ибни Мансур алҳол модарашу вазир хукумат меронанд.- Барои эхтиёт Абдуллох, як пасу пешро аз назар гузаронид.- Вале касе парво намекунад, ки замин кашшоку бенаво бошад, одамон ҳам гадову бебизоат мешаванд. Ва одамон бебаргу бенаво гарданд, асоси давлат ҳам хароб хоҳад шуд.

Онҳо масофаи тулониеро тай намуданд. Сари рох,, баъзан, аробаву саворае вомехурд. Дар саҳро мардони чандапуш каланд мезаданд, девдонони ҷомадаридаи пешбаромада аз дур Абдуллоҳро дида сари таъзим фуруд меоварданд.

– Ҳозир ту дигар хел заминҳоро мебинй! Нигар, киштзорони ин ҷо ҳамвортар, ҳо-о онсутар боғу роғ! Ин Рометани ман! Ба он ҷӯйи калони об оварда шудааст!

Минбаъда ҳар одами пешомада ҳамрохи падари Ҳусайн бо иззату эҳтиром вохурдй мекард.

Баъди чанде онон вориди Рометан шуданд.

-Ии деҳаи аз ҳама кадимист. – шарҳу тавзех, медод падари Ҳусайн. – Бехуда онро «Бухорои Қадим» наменоманд. Бунёдашро худи шохи афсонавй Афросиёб ниҳодааст. Ҳанӯз чаҳорсад сол мукаддам, муддати мадиде пештар аз пайдошавии истилогарони Қутайба дар турми дарвозаҳои Бухоро, ҳукуматдорони шахр омада зимистонро фориғ аз молу малол дар ҳамин ҷой мегузаронданд.

Ҳарду суҳбаткунон ба сохили ҷӯйбор расиданд. Падар аз асп фуромада, писарашро ҳам фуруд овард.

Миёни ду сохил оби лойолуди тирае босуръат чорй буд. Аз он насими фораме бармеомад.

– Харобазори он тарафи соҳилро намебинй?! Он ҳам боқимондаи деҳаи кадими Ромуш аст. Онро душмани Афросиёб бино карда, дар марказаш ибодатхонаи оташпарастон сохтааст. То ҳол соле як маротиба муғиён рузи иди худ дар он ҷамъ меоянд.

Ҳамин дам марди ҷандалибосе расида, дар хузури онҳо қарор гирифт, ки аммомаи обшустае гирди cap печонда буд. Хиҷолатмандона дар ҷояш истода, чанд бор кӯшиши гапзанй намуд, аммо ҳарфе аз даҳонаш берун оварда натавонист.

-Агар чизе гуфтанй бошед, боҷуръаттар фармоед, – ҷониби вай табассуме кард Абдуллох,.

-Ҷуръати буридани риштаи суҳбати падару писарро надорам,- гуфт мардак. – Дархости ман пеши шумо пули пуччаке арзиш надорад, аммо ба назари худам кӯҳи гаронест…

-Бигуед, чй дархост доред? – пурсид Абдуллоҳ.

-Аз шумо хохишу илтиҷо дорам, ки… – мардак аз нав хомуш шуд. – Аз шумо хохишу илтиҷо дорам, ки маро аз боҷу хироҷи ҳаминсола озод кунед…

-Сабабаш дар чист? Магар дурудароз бемор шудед? Ё киштатон аз замин нарид? Ва ё мазраъаатонро сипохиён поймол намуданд?

Мардак бо аломати инкор сар ҷунбонд.

-Ман асар менависам. Асари манзуме дар ситойиши корномаҳои аҷдодамон. Барои пешниҳоди дарбор намудан фақат китобату нусхабардорияш бокй мондаасту бас.

-Магар номи шумо Фирдавсист?

-Не, – бо тааччуб чавоб дод он мард. – Ман Ҳасан ибни Асирам. Вале, илтимос, бигуед, он марди мухтарами ба ном Фирдавсй кист?

-Фирдавсй шоирест, ки бист сол инҷониб монанди шумо китобе таълиф менамояд. Ва ӯро, мувофиқи шунидам, аз тамоми андозҳо озод кардаанд, зеро субху шом ба навиштани ҳамон асар машғулй дорад. Хуб, майлаш, бехавотир ба хонаатон баргардед. Шуморо аз андози имсола озод мекунам.

-Ман одами камбағалам, танҳо ба василаи қасидае шуморо ташаккуру таҳсин гуфта метавонам. Ҳатман дар ситойишу миннатдории шумо қасидае хоҳам навишт…

-Ташаккур, ҳоҷат надорад, – хандид Абдуллох,. – Беҳтараш, дар мадҳи амир ё вазирамон касидае сароед.

Ҳамон лаҳза ба кароргохи онон саворае тозон расида омаду лаҷоми аспашро кашид. у Райҳон буд.

– Абдуллох,, барои пайдо карданатон ҳама ҷоро кофтам! – арза дошт ӯ ва ба тарафи шоир нигарист.

Шоир алалфавр рӯ ҷониби дигар тофта, рошро пеш гирифт.

-Шуморо таъҷилй ба Бухоро мехонанд. Ду нафар савора дар назди ҳавлиатон мунтазири шумоянд. Амир вазирашро иваз намуд. Вазири нав акнун ҳамаи тарафдорони вазири собик Утбиро рондану парешон кардан мехоҳад. Аз ин сабаб, пинҳони омадам, ки шуморо аз ҳақиқати ҳол вокиф созам. Шояд дар ягон ҷой пинҳон шуданатон лозим бошад? Мабодо ба зиндон андозанд, ҳолатон чи мешавад? Ман андаке пул ҳам овардам… Аҳли байтатонро худам нигаҳбони мекунам…

-Ддарор нест, – гуфт Абдуллоҳу зуд Ҳусайнро ба асп савор кард. – Ман одами рост, аз андозҳо дирҳамеро ҳам аз худ накардаам. Барои ман гурезу фирор шармандаги ва берун аз доираи акл аст! Худам танҳо ба Бухоро меравам, писарамро ту ба хона бирасон! Ситораро таскин дех,, бигу, ки ман зуд бармегардам.

-Ба сипохиёне, ки дар назди ҳавлӣ мунтазири шумо ҳастанд, чи гуям?

-Бигзор ба Бухоро баргарданд. Ман пештар аз онҳо ҳозир мешавам.

Онон ҳамроҳ аз          чаҳои Рометан мегузаштанд.

Абдуллоҳ ба таъзими одамони вохурда ботамкин чавоб медод.

Аз дарвозаи Рометан ду роҳ чудо мешуд: яке, ҳамвору фарох, – тарафи Бухоро, дигаре, бориктар, – ҷониби Афшана.

Абдуллоҳ сари Ҳусайни           чакро силакунон ба

аспи Райҳон шинонду худ рохи ҳамворро пеш гирифт.

Ҳусайн шаби дароз оҳанги кадамзании модарашро мешунид. Модари бечора тамоми шаб мижа тах, наменамуд. Додаракаш Махмуд ҳам пайваста ш мекард.

Субвдам Райҳон омад.

– Пайдо нашуд? – пурсид ӯ бо тахлука.

– Не, – гуфт модар, оҳи вазнине кашида.

-Ман ӯро огоҳ карда будам. Сахт огоҳ карда будам. Як рузи дигар интизор мешаваму сони ба

Бухоро рафта, ҳақиқати масъаларо аз одамони боваринок фаҳмида мегирам.

Вале ҳоҷати Бухорорави намонд. Худи падари

Ҳусайн баргашта омад.

– Хайр, вазири нав чи тур? Ман гуфта будам-ку, дар назари Худованди карим пок ҳастед, гуноҳе надоред, ки боиси мазаммату маломататон гардад, – пешдастй намуд Райҳон. – Бисьёр хушнудам, ки ҳамаи корҳо ба неки анҷомиданд.

Падари Ҳусайн тавдорона хандид:

– Ман имшаб дар хонаи дустони бухорои хуфта будам. Анқариби онҳо ҳавлие фурухта мешудааст. Саҳарӣ ман онро дида баромадам. Ҳавлии бисёр хуб. Чош ҳам мувофик… Ба фикрам, онро харидан даркор…

– Вазир чи, вазир? Вазири навро дидед ё не? – бесаброна савол медод Райҳон.

– Дар такутози аз даст надодани мансаб… – Худатон чи? Шуморо ба ҳоли худ гузошт?

– Охир, худат гуфти, ки ман одами пок ҳастам, гуноҳе надорам, ки сабабгори мазаммату маломатам гардад, – захрханда кард Абдуллох,. – Дар ин бобат вазир ҳамфикри ту баромад.

Аробаҳо тақаро тукур аз роҳи сербару ҳамвор убур доранд. Начандон дуртар аз он рохи дигар, рохи сербару ҳамвортаре мегузарад, ки Роҳи Мир ном дошта, Самарқанду Бухороро ба ҳам мепайвандад.

Вале ҳамин рохи рафтаистодаи онҳо ҳам аҷибу тамошобоб аст. Ана, дастаи савораҳо рӯбарӯ баромаданд, аробакаш, канора бигир! Корвони шутурон аз дур ёзида омада истодааст. Як, ду, се… дах,. Коваҳои пурборашонро чунбонида орому бешитоб раҳ мепуянд. Корвонро саворае чанд нигаҳбони мекунанд. Ана, боз чаҳор аробаи дигар аз пеш тақаро- тукур омада истодаанд; факат андаке охистатар меоянд, зеро ба онҳо барзаговҳои харобу лоғареро чуфт кардаанд. Дар аробаҳо чанд одами ношиносу ду бача – як писараку як духтарак нишастаанд. Онҳо, асбобу анҷом ва лавозимоти рузгор – колй, парда, ҳамчунин, зарфҳои нукрагй мекашонанд. Бори аробаи дигар – сандуки либосворй ва мизу курсй. Бо вуҷуди ин, роҳ васеъ буд, андар он на танҳо ду, балки се ароба ҳам аз паҳлуи якдигар гузашта метавонистанд.

Ду тарафи роҳро, аз чапу рост, киштзорон иҳота карда буданд. Шамолаки нарме вазида, хушаҳои пурбори гандумро ба ҳамдигар омезишу молиш медод. Вазиши бод иклими зироатро ба бахри пурамвоҷе мубаддал гардонда буд. Мурғаке дар оғӯши нопайдоканори само баҳузур шино мекунад. Ҳанӯз вакти аз деҳа баромадан дар болои сарҳо чарх мезад, ҳоло ҳам дар осмон шиноварй дорад. Ин ҳамон мурғак бошад ё мурғаке дигар…

Ҳамрохи хонаводаи худ Абдуллоҳ ба Бухоро рафта истодааст. Аз ин ҳам хеле пештар чидан лозим буд. Бухоро чй кадар одамони сохибмаърифате дорад! Ҳам навкару ҳам дабир, ҳам олиму ҳам файласуф, ҳам меъмору ҳам наҷҷор! Масҷиду мадрасаҳои музайяну мунаккашашро намегуед?! Бооти    бихиштосойи

Мулиёнро чй?!

Умуман, Абдуллоҳе, ки ҳокими яке аз деҳоти калонтарини Бухорост, гирифтори ҷазбманди зиндагонй дар пойтахти кишвар гашта буд.

Беихтиёр рамаи калони гусфандон аз сари роҳ зада гузашт. Аробаву дехконони пиёдарав аз гардиш бозистоданд. Маҳмуди чакро хоб даррабуд. Се нафар савораи телпаки карокули гӯшагардонпуш ҳам омада бозистоданд.

– Бибин, писарам, ин одамон аз рохи дур, аз Хоразм омадаанд. Факат хоразмиён ин хел телпакҳои болобаланд мепушанд.

Гусфандон гузаштанд. Акнун роҳро идома додан мумкин.

  • Ана, дарвозаҳои Бухоро ҳам намудор шуданд, – ишора мекунад Абдуллох,. – Инаш Дарвозаи Рометан. Ҳозир ҳақки гузар дода, вориди шаҳр мешавем. Сони дар хонаи наву барҳаво шомона хурда, бофароа истироҳат мекунем.

Афшана чунон деҳаи хурдакаке буд, ки Ҳусайни хурдсол озодона аз каду бараш қадам зада метавонист. Аммо дар куҷо хотима ёфтани Бухороро намедонист. Як           ча дувумашро, дувуми савумашро бурида

мегузашт. Масҷиду мадориси мунаққаш, касру кушкҳои лаби ҳавзу ҷӯйбор, боои сердолударахт, бозорҳои серодам ҳусну назокати шаҳрро меафзуданд.

Рузе падараш Ҳусайнро ҳамроҳи худ ба сайру тамошои Бухоро баровард.

Дар миёнаҷойи шахр, болои теппае, арки қалъабандй комат афрохта буд. Аркро ғуломони силавдор посбони мекарданд. Дар ин қасри мухташам амиру ахли хонаводаи ӯ икомат доштанд.

  • Ҳар каси назаркардаи амир хушбахту бадавлат мешавад. Аммо ба арк одамони хоса рухсати вуруд доранд, – изҳор менамуд падар.

Начандон дуртар аз арк, дар майдони ҳамворе, даҳ иморати сарбафалаккашида комат афрохтаанд. Дар онҳо вазорат – девондори ҷой дода шудааст. Падар якеи девонҳоро, ки дар он адои хидмат менамуд, ба Ҳусайн нишон дод. Ба тамоми девонҳо вазир – мушовири асосии амир роҳбари мекард. Дар ҳар девоне девондорони алохида хидмат ба ҷой меоварданд. Ва ҳар девоне сохибдевони худро дошт.

Ҳусайн сохибдевони падарашро дид. Падараш бо вай эхтиромдорона гап зада, чанд маротиб сари таъзим ҳам фуруд овард. Аммо сохибдевон ба сабаби номаълуме нигошро тарафи дигаре медухт. Охир, падараш ҳам одами муътабар-ку, дар Рометан ӯро ба чй дараҷаҳое, ки ҳурмату эҳтиром наменамуданд!

Боз дид, ки марди сарулибоси ашрофонапуше дар иҳотаи ғуломони ҷангй тирвор ҷаҳида ба арк даромад. Ҳама барои вай аз дур роҳ мекушоданд.

  • Шояд ин сарлашкари машҳур, – оромона гуфт падар, – Симҷурй, ё мумкин аст, Сабуктегин ва ё сарлашкари дигар, Фоик, бошад. Баъди амир инҳо шахсони аз ҳама бонуфузанд. Онҳо ҳатто аз вазир наметарсанд. Худи амир ҳам аксаран бо маслиҳати онон амал мекунад…

Кучаҳои Бухоро васеъ, аз онҳо ду ароба ба осонй гузашта метавонад.

Бозорҳояш ҳамто надоранд! Дар миёни ҳама дукону растаҳо, ғавғою савдоҳо, дар байни маркабу шутурони пурбор, барзаговони аробакаш, дар мобайни савдогарони хоболуда сару савдои худро аз даст додан, рахгум задан аз имкон дур намебошад. Аз ин сабаб, Ҳусайн дасти падарашро маҳкамтар дошт.

Баъд аз он работи хунармандон ооз меёбад. Гузаргоҳҳои работ тангу тор, кулбаҳояш назарногир. Дар як работ бофандагон, дар дигараш хайётон, дар савумй камонгарон истикомат ва мехнат мекунанд. Работи оҳангарон, работи заргарон, работи нассохон ҳам ҳаст! Ҳама ҷо тангу бадбуй! Танҳо аз работи ҳалвогарон би хуше ба димоғ мерасид. Работҳо тавассути девор аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Агар кухнадӯз бошй, шабона пеши нассохи китобҳо даромада наметавонй, зеро сари шаб дарвозаҳоро мебанданд, посбон давр зада мегардад.

Лекин, албатта, мавзеи бехтарини Бухоро Чии Мулиён аст. Чии Мулиён Боғи Ирамест, ки саросарашро нагмаи ҳазордастону хироми товусон иҷора гирифтаанд. Чии Мулиён ошёни ашрофон аст. Туфайли ҷуйборони саршор онро ҳеҷ вакте гармо фаро намегирад. Ҳавлии Абдуллоҳ ҳам аз Чии Мулиён он кадар дур нест. Онҳо ҳам ҷӯйбор доранд.

Масҷиди зеботарини Бухоро дар Хиёбони Регистон, дар маркази шахр вокеъ гардидааст. Дар кошинкориҳои луобиву нилуфарии масҷид Офтоби оламтоб аксандози мекунад. Ин олиҳаи санъатро вазири собик Утби бунёд намудааст.

Маъмураи зебои дигаре ҳам ҳаст, ки басо мавзуну муҷалло буда, гуиё ҳунармандон онро на аз хишти пухта сохта, балки аз риштаи абрешим турбофй кардаанд. Он бино мақбараи Исмоили Сомонй – нахустамири Мовароуннахр аст. Ҳамаи умарои ҳозира набераву аберагони уянд. Ва тамоми онҳо хотираи ҷаддашонро ба некй пос медоранд.

Сонй падар аз дукондоре бодомкулча гирифт, зеро Ҳусайн ин гуна кулчаҳоро бисёр нағз мебинад.

Ҳамин тавр, онҳо тавассути рохи сангфарш ба хона баргаштанд. Мегуянд, ки дар ягон шахри дигари дунё чаи сангфарш нест; аз рохи сангфарш рафтуо намудан танҳо насиби мардуми Бухоро гардидаасту бас!

Ҳамин ки офтоб гунбади манораҳоро нурафшонй кард, ҳамон лаҳза муаззин барои даъвати мусулмонон бахри адои намоз азон мегуяд.

Муаззин бояд, албатта, сохиби овози ширадоре бошад. Аввалин муаззини дунё – Билоли Ҳабаша ғуломи озодкардаи худи Паямбар буд. Дар бораи овози ӯ то ҳозир афсонаҳо мебофанд.

Пирамард Убайд муаззин нест. у хатиб аст. Барои муаззин сифату фазилати зиёде лозим нест, ӯро факат овози хубу ҷарангосие, ки аз масофати дур мусулмонон азонашро фахмида тавонанд, кифоят мекунад. Аммо хатиб бояд сохиби маҳорати кироату дорои хираду маърифати беҳад бошад, зеро амали мухимтареро анҷом медиҳад.

Баъди азони муаззин, пас аз ҷамъомади мусулмонон дар масҷид, хатиб сари мехроб мебарояд.

Дар дасти ӯ вараки оёту ҳадис. Хатиб хутба мехонад. Зимни хутба хатиб, албатта, Худованди раҳмону раҳимро ҳамду ситоиш мекунад. Сипас сояи Илоҳӣ дар замин – халифаи Бағдодро ҳамду сано мегуяд. Баъди он муқарраби халифа ва, ба ҳамин васила, мукарраби Илоҳӣ – худи амирро.

Тамоми муслимини руйи замин дар ин соат ҷойнамоз густарда, бар замин саҷда меоваранд ва, ба ин маънӣ, си Маккаи мушаррафа сучуд мебаранд.

Ҳар мусулмоне бояд китоби мукаддаси дини ислом, маҷмӯи конуну кавоиди шариат – “Қуръон”-ро баробари панҷ панҷааш медонист. «Куръон» китоби мукаддасе хисобида мешуд, ки ба забони арабӣ танзим ёфта, ба забони дигаре тарчума карданаш мамнуъ аст.

  • “Қуръон”-ро дар мактабу мадориси мусулмонӣ меомузанд.

Баъди чанд рузи кӯчида Бухоро омадан Абдуллоҳ Ҳусайнро ба мактаб овард.

Понздаҳ писарбача зери по қоличаҳо густарда, гирдогирди Убайди хатиб давра ороста буданд. Дар миёни бачаҳо Ҳусайн аз ҳама хурдтар буд. Хатиб ба забони арабӣ сураҳои “Қуръон”-ро аз як cap мадкашон кироат мекард. Бисёрии бачаҳо забони арабиро бад мефаҳмиданд. Онҳо форсӣ – забони тоҷикону форсиёни бостониро медонистанд.

Ҳусайн алалфавр Убайдро саволборон намуд.

-Ситораҳои осмон аз куҷо пайдо шудаанд? – пурсид ӯ.

  • <{Қуръон»-ро биёмуз, – мегуфт устод Убайд, – аз он ба кулли саволҳоят ҷавоб хоҳӣ ёфт.
  • Барои чӣ одамон мемиранд? – аз нав мепурсид Ҳусайн.
  • Додани чунин саволҳо барои ту ҳанӯз бармаҳал аст, – оташин мешуд устод, – сараввал <{Қуръон»-ро пурра азбар бикун!

Одамони          бешуморе «Қуръон»>-ро             азбар

менамуданд. Бисёриҳо бо ҳамин дараҷаи донишу омузиш то поёни зиндаги каноат меварзиданд.

  • То рузи оянда сураи «Аъроф»-ро азбар намоед,- мефармуд устод.
  • Мумкин аст, ки ман боз ягонтои дигарро ҳам азхуд намоям? – пурсид Ҳусайн.

– Не, танҳо сураи «Аъроф»-ро!

Вале талабагон дар рузи оянда ҳатто ҳамин сураро ҳам азёд гуфта наметавонистанд ва такроран меомухтанд.

Ғайри сешанбеву ҷумъа дигар ҳама рӯз талабагон дар мактаб чамъ меомаданд. Онҳо гоҳо дар кулбаяки сахни масҷид ва гоҳо дар худи масҷид машгулият мегузаронданд. Устод пушт бар сутуну шогирдон руйи количаҳо давра менишастанд.

-Мумкин аст, ки ман то дафъаи оянда боз ягон супориши дигарро ҳам иҷро намоям? – сураи бутунеро азёд баёнкунон мепурсид Ҳусайн.

-Вазифаи барои дигарон супурдашуда ба ту ҳам дахл дорад! – ғазабноктар мешуд устод. – Саросема нашав!

Ҳусайн дар айни вакт ба таълими устоди дигаре ҳам мерафт. Ин муаллим улуми адабия, сарфу нахв ва сабки забони арабиро меомузонд. Ҳатто муаллим ба Ҳусайн усули кофиябандиро ёд дод.

Рузе Убайди хатиб бемор шуд. Ба ҷойи ӯ як моҳ каси дигар хутба хонд. Вай одами бефаросате буд, дар торҳои ришаш ҳамеша резаҳои нону хурок ва, ҳатто, коғазпораҳо часпида меистоданд.

Баъд Убайд баргашт. Бачаҳо боз мактаб омаданд.

– Ман «Қурьон»-ро битамом омухтам, – арз намуд Ҳусайн. – Акнун метавонам, ки ба саволҳоям чавоб пурсам?

-Чаро ту бехурматона маро фиреб медихи- ранҷид устод.

-Солиёни дароз «Қуръон»>-ро таълим медиҳанду бо вучуди ин кам андар ками мусулмонон онро фаро мегиранд. Ба ин тоифа унвони эхтиромии «Ҳофиз» -ро медиҳанд.

-Пас, ман – «Ҳофиз», – илова намуд Ҳусайн, – зеро тамоми сураҳоро аз аввал то охир азёд медонам!

-Бисёр хуб, – изҳор намуд устод. – Он гоҳ ту ба ман мазмуни сураи «Торик» -ро гуфта деҳ.

Устод саҳифаи даркориро кушоду рафти ҳикояти Ҳусайнро муоина намуд.

Ҳусайн калимаеро ҳам напартофт.

-Не, ин сураи бисёр кӯтоҳ буд, ту ба ман акнун сураи «Бақар»-ро меи. То ҳол онро ягон шогирди ман битамом наомухтааст.

Ҳусайни хурдсол ин сураро ҳам аз ёд гуфт.

-Сураи «Моъун»-ро чи.? Сураи «Шуро» -ро чи.?

Ҳусайн инҳоро ҳам хонд.

«Қуръон»-ро ба ин пурраги ҳатто худи хатиби номи Убайд ҳам намедонист.

  • Акнун, – мепурсид Ҳусайн, – ман метавонам, ки саволҳоямро ба шумо диҳам?

– Намедонам, – худашро аз даст дода ҷавоб гардонд устод. – Танҳо ба падарат гуфта метавонам, ки туро дигар мактаб наорад. Ту, дар ҳақиқат, «Ҳофиз» ҳастӣ! «Куръон»-ро битамом азёд медони. Замони бачаги ман ҳам ана _ҳамин гуна саволҳоро ба муаллимам дода будам. у сахтакак адабамро дода буд. Аз ҳамон дам ба гушаи хушам гирифтам, ки ҷавоби кулли саволҳо дар «Қуръон» аст ва минбаъд аз худаму дигарон пурсидани чизеро бас кардам. Агар ту ба саволҳоят аз «Қуръон» ҷавоб ёфта натавони, ҳолат хароб мешавад. Рузгорат вазнину табоҳ мегардад.- Чунин буд андешаи Убайди куҳансол.

Аз ҳамон дам Ҳусайн дигар мактаб нарафт.

Дар бораи Ҳусайн чунин ривоятеро ҳам меоранд.

Ҳусайн бачаи басо окиле буд. Ҳанӯз дар айёми туфуллийят ба шарофати шёриву даррокй «як тори муйро ба чихил мӯя таксим карда метавонист».

Ҳамаи талабагон аз истеъдоду кобилияти ӯ ба ҳайрат афтода буданд.

Боре ҳамсабақонаш ӯро санҷиданй шуданд. Онҳо пештар аз Ҳусайн ба мактаб омада, зери қоличае, ки ҳамеша дар болои он менишаст, як варак оаз гузоштанд.

Ҳусайн ҳам омад, муаллим ҳам пайдо шуд, машгулият ҳам ооз гардид.

Талабагон ба тамоми ҳастй рафтору амалиёти Ҳусайнро зери назорат гирифтанд. у иримукаррарй рафтор менамуд. Го дида тарафи шифт медухту даме cap ҷониби фарши дарсхона мехамид.

Баъди фосилае мутаҳаййирона пурсид:

  • Намедонам, ё боми мактабамон андаке поён хамида, ё фаршаш каме болотар баромадааст; ба ҳар ҳол, баландии деворҳо таир ёфтааст…

Давомашро дар ин сахифа хонед >>>

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222