Имом Молик (р) дар мавридашон мегўянд: Бародаре доштам дар синни Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ. Рўзе падарам аз мо саволе кард, ки бародарам ҷавоби саҳеҳ дод. Падарам ба ман гуфт: «Кабўтарҳо туро аз талаби илм боз доштаанд». Аз ин қавли падарам нороҳат шудам ва муддати ҳафт сол дар мазҳари Ибни Ҳурмуз ба касби илм машғул шудам. Имом Молик дар талаби илм ҷиддӣ буд ва худи Имом мегўяд: «Дар ҳангоми зуҳр дар зери офтоб, ки ҳеҷ сояе набуд, интизори хориҷ шудани Нофеъ бандаи озодшудаи Ибни Умар (р)-ро мекашидам, зеро ки инсоне тундхў ва хашин (дурушт) буд. Пас аз ин ки аз хона хориҷ мешуд, худро машғул мекардам, мисли ин ки ўро надидаам. Пас бар ў салом дода ва ҳангоми дохил шудан ба хона аз ў суол мекардам, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар ин масъала чӣ мегўяд. Ў ҷавобамро медод ва сипас дари хона ба рўи ман баста мешуд».
Имом Молик ҷўёи аҳодисе буд, ки Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ ривоят мекардааст. Худи Имом мегўяд: «Пас аз намози ид бо худ гуфтам: Имрўз рўзе аст, ки Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ танҳо мебошад. Дар пушти дари хонааш нишастам, садояшро шунидам, ки ба канизаш мегуфт: Бубин чӣ касе пушти дар нишастааст. Каниз гуфт: Молик ибни Анас аст. Гуфт: Ўро ба дохил биёвар. Пас аз дохил шудан ба хона гуфт: Мебинам ба хонаат нарафтаӣ? Гуфтам: На. Гуфт: Оё чизе хўрдаӣ? Гуфтам: На. Гуфт: Пас ғизо бихўр. Гуфтам: Эҳтиёҷе ба ғизо надорам. Гуфт: Пас чӣ мехоҳӣ? Гуфтам: Бароям аҳодис ривоят кун. Гуфт: Дафтаратро биёвар ва чил ҳадисро барои ман ривоят кард. Талаби зиёдат кардам. Гуфт: Кофӣ аст. Агар ту ин чил ҳадисро ҳифз кардаӣ, аз ҷумлаи ҳофизон ҳастӣ. Гуфтам: Оё ин аҳодисро алҳол бароят аз ҳифз такрор кунам? Дафтарро аз ман гирифт ва ман аҳодисро такрор кардам. Гуфт: Бархез, ки ту кисаи илм ҳастӣ».
Tags Абӯ Ҳанифа Дин
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …