Главная / Илм / Даврони таҳсили Имом

Даврони таҳсили Имом

Имом Нававӣ (р) дар муқаддимаи «Ал-маҷмўъ» аз Мусъаб ибни Абдуллоҳи Зубайрӣ нақл мекунад, ки Имом Шофеъӣ дар ибтидо ба шеъру таърихи араб ва луғати арабӣ рўй овард, пас ба фиқҳ таваҷҷуҳ кард. Иллати он ин аст, ки рўзе ҳамроҳ бо нависандаи падарам савор бар ҳайвони худ буд, ки шеъреро хонд. Нависандаи падарам шаллоқе ба ў зада ва гуфт: «Оё инсоне мисли ту бояд бо хондани ин гуна ашъор шахсияти худро поймол кунад? Ба дунболи фиқҳ бирав». Имом Шофеъӣ аз ин сухан мутаассир шуд ва ба ҳалқаи дарсии Муслим ибни Холиди Занҷӣ, ки муфтии Макка буд, рафта, сипас ба Мадина омад ва дар маҷлисҳои дарси Имом Молик ибни Анас ширкат кард. Ҳамчунин Имом Нававӣ аз Ҳумайдӣ аз худи Имом Шофеъӣ нақл мекунад, ки бо Муслим ибни Холиди Занҷӣ мулоқот кардам. Ў пурсид:
Эй ҷавон, аз куҷо ҳастӣ?
Гуфтам: Аз Макка.
Гуфт: Хонаат куҷост?
Гуфтам: Дарае дар Хайф.
Гуфт: Аз кадом қабилаӣ?
Гуфтам: Аз Абдуманоф.
Гуфт: Чӣ некў аст. Худованд туро дар дунё ва дар охират мушарраф кардааст. Чӣ хуб буд фаҳму ҳушатро дар роҳи фиқҳ ба кор мебурдӣ.
Пас Шофеъӣ аз Макка ҷиҳати касби илм аз мазҳари Имом Молик (р) ба Мадина омаданд, ки китобе ҳам дар бораи ин мусофирати Имом Шофеъӣ таълиф шудааст. Ҳангоме ки ба назди Имом Молик омаданд, «Муваттаъ»-ро аз ҳифз барои Имом Молик хонданд, ки Имом Молик аз ҳифзи Имом Шофеъӣ тааҷҷуб карданд ва ба ў гуфтанд: «Аз Худованд битарс ва аз гуноҳон дурӣ кун, зеро ту ояндаи равшане хоҳӣ дошт».
Ҳадисро ёд гирифт ва дар талаби илм ба мусофират пардохта аз маҳзари уламо истифода мебурд ва дар муқобил уламо низ аз илми ў баҳра меҷустанд. Ба шогирдони Имом Абўҳанифа (р) монанди Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (р) ба муноқиша ва баҳс мепардохт, ки Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ дар бисёре аз масоили фиқҳӣ тобеи Имом Шофеъӣ шуданд.
Ибни Касир мегўяд: «Ҳадисро аз гурўҳе аз машоих ва имомон фаро гирифт ва китоби «Муваттаъ»-ро аз ҳифз барои Имом Молик хонданд, ки Имом Молик аз ҳифз ва иродаи Имом Шофеъӣ тааҷҷуб карданд, илми аҳли Ҳиҷозро аз Муслим ибни Холиди Занҷӣ ва Имом Молик фаро гирифт ва афроди зиёде ҳам аз ў ривоят кардаанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222