Главная / Илм / ДИНИ КОНФУТСИЙ

ДИНИ КОНФУТСИЙ

Ин дин номи худро аз номи асосгузори он мутафаккир ва файласуфи чинӣ Кунфутсзӣ, ки шакли юнонии он Конфутсиюс аст, гирифтааст.

Конфутсий дар соли 551 т.м. таваллуд шудааст. Дар хурдсолии ӯ падараш вафот кард, аммо дар натиҷаи фидокорӣ ва кӯшиши модар тарбияву таълими хуб гирифта буд. То понздаҳсолагӣ вай пурра вақти худро ба талаби илм ва мутолиъа сарф карда, аммо дар 17 солагӣ мадрасаро тарк кард ва машғули кор шуд. Дар аввал амбордор буд, дар синни бистсолагӣ шуғли давлатиро ба вай супурданд. Дар ҳамин сол хонадор мешавад. Дар 22 солагӣ мактаби худро мекушояд. Баъд аз вафоти модараш муддати 27 моҳ (се соли чинӣ) аз кору бори умумӣ канорагирӣ кард ва ба сӯгвориву мотам нишаст.

konfuciy

Ин рафтори ӯ баъдан барои мардуми Чин сармашқу дарси муҳаббат ва эҳтироми фарзанд нисбат ба падару модар мебошад. Ӯ дар панҷоҳсолагӣ ба шуғли вазорат мерасад ва дар корҳои сиёсӣ ва идорӣ обрӯ ва мувафақияти зиёде касб мекунад, вале бо дасисаи рақибон ногузир тарки кори девон намуда, муддати сездаҳ сол дар атрофи кишвари Чин мусофират мекунад. Ӯ доимо дар фикри амалӣ сохтани назарияи сиёсиву ахлоқии худро будааст, вале дар ҳама ҷо ҳокимони замон ӯро ҳарчанд бо адабу эҳтиром қабул кунанд ҳам, аз қабули таълимоту дастуроти сиёсии ӯ худдорӣ мекардаанд. Танҳо дар 67 солагӣ, соли 484 т. м. ӯ ба ватанаш баргардад. Бақияи умри худро ӯ ба ҷамъоварии маводу усули таълиму тадриси худ пардохт сарф кардааст. Аз ӯ ду асар бо номи «Панҷкитоб (У-тзин)» ва ва «Чоркитоб» («Сушу») боқӣ мона_аст. Ӯ дар соли 479 т.м. аз ҷаҳон чашм пӯшид ва таълимоти ӯро шогирдонаш идома доданд.

Дар сарчашмаҳои динию фалсафии конфутсия «Панҷкитоб» на ҳама чи дорои мазмуни динӣ мебошад, балки қисмати зиёди онро ахбори таърихию тақвимӣ, маҷмӯи осори бадеию классикии чинӣ ташкил кардааст. Аз ин панҷ китоб чаҳортои аввал маҷмӯе аз мунтахаботи ҳикматҳо ва гуфтаҳои гузаштагон буда ва танҳо панҷумин эҷоди шахсии ӯст.

«Чаҳоркитоб» низ тафсирҳо ва таъвилҳои шахсии Конфутсий аз осори гузаштагон ва гуфтаҳо ва навиштаҳои худи ӯ, ки баъдан шогирдонаш гирдоварӣ ва тадвин кардаанд.

Бузургтарин хатар ба сари конфусия дар давраи ҳукумати хоқони бузург кишвари ЧинДук Чинг аз сулолаи Чинг омада буд. Ин хоқон тамоми сарзамини васеъи Чинро дар соли 221 т.м. ба зери фармони худ дароварда, худро аввалин хоқон (Ши Хуанг.ти) лақаб дод. Ӯ низоми феодалии қадимаро барҳам дода, девори бузурги Чинро бино ва Чинро ба сию шаш иёлат тақсим карда буд. Дук Чинг уламо ва пайравони дини Конфутсиро яке аз мухолифони сарсахти худ пиндошта, соли 213 т.м. амр кард, ки тамоми китобҳову осори қадимаро бисӯзанд. Онҳое, ки чунин китобҳоро пинҳон мекарданд, бо оҳани тафсон баданашонро доғ мекард ва муддати чаҳор сол ба корҳои маҷбурӣ дар сохтумони девори Бузурги Чин ба кор мегузошт. Мувофиқи ахбор ҳудуди чаҳорсад тан аз уламо ва фузалои олимартабаро, ки пайравӣ аз фалсафаи Конфутсий мекарданд, зинда дар гӯр мадфун кард.[1] Хушбахтона китобҳои номбурда, ки дар хазинаи хоси салтанатӣ маҳфуз монда буданд, аз нав дар давраи салтанати Хон пайдо ва интишор ёфтанд.

Конфутсий ҳеҷ гуна иддаое дар бораи илҳому ваҳй будани мазмуну мундариҷаи сарчашмаҳои номбурда накардааст ва шахсияти Конфутсий ба ҷуз муаллими мазҳабию ахлоқӣ бештар нест,

Таълимоти Конфутсий асосан масоили ахлоқӣ, сиёсӣ ва тарбияи инсони комилро фаро мегирад. Конфутсий пеш аз ҳама муаллими ахлоқӣ аст. Ӯ дар ахлоқ ва умуман дар ҳеҷ масоиле навоварӣ накардааст, балки риояи дақиқи суннати гузаштагонро талаб кардааст. Усули ахлоқии ӯ бар пояи қоидаи умумӣ «Ли» устувор аст. Ӯ истилоҳи «Ли»ро ба маънои гуногун истеъмол кардааст. Аз ҷумла, он ба маънии покиву таҳорат, адабу инсоният, ташрифот, расму одатҳои ибодат истифода шудааст.

«Ли»- ҳамчун асоси назму тартиби корҳо ва ҳусни робитаи инсонӣ иборат аз панҷ асл аст: робитаи султон бо раият, падар бо фарзанд, шавҳар бо зан, бародари бузург бо бародари хурд, дӯстон бо дӯстон аст.

Бояд куллияи одобу ташрифоти иҷтимоӣ, тибқи усули «Ли», мутобиқи расму одатҳо, суннатҳои гузаштагон анҷом пазирад ва дар он эҳсон нисбат ба волидайн- падару модар ва арвоҳи гузаштагон мақоми хос дорад. Конфутсий таълим медиҳад, ки «ба волидайн дар давраи ҳаёташон, мутобиқи суннатҳову русуми ниёгон хизмат кунанд ва вақте ки ин дунёро пидрӯд мегӯянд, бар асоси анъанавурусум гӯронанд ва мувофиқи нишондодҳои маросимию мазҳабӣ қурбонӣ оранд[2]

«Ли» ҳамонвақт амалӣмегарданд, кидар саросаримамлакат эътидол бошад;

Ҷавҳари таълимоти ахлоқии дини конфутсия инсондустӣ ва одамият аст. Асоси ҷавонмардиро ӯ дар инсондӯстӣ мебинад. Ҷавонмард дар ҳар ҳолат ҳатто дар сурати нокомӣ низ бояд инсондӯстиро тарк накунад. Афкори иҷтимоию сиёсии конфутсия ҷустуҷӯест барои ислоҳи сиёсии ҷомеаи онрӯзаи Чин. Аз ахбори тарихӣ маълум мешавад, ки замони зиндагии Конфутсий- замони нооромӣ ва пур аз зиддиятҳо ва кашмакашҳои сиёсӣ будааст. Нуктаи асосии таълимоти сиёсии Конфутсий он аст, ки барои ислоҳи давлат ва суботи он бояд пеш аз ҳама шахси аввали мақоми давлатӣ – шоҳ, хоқон, амир шахсияти шоиста бошад ва дар мансабҳои давлатӣ ашхоси шоистаро гузорад. Аз ӯ пурсидаанд:

–«Чӣ кор бояд кард то халқ итоат кунад?»

Конфутсий ҷавоб додааст:

–«Агар одамони одилро пешбарӣ ва ноодилонро сабукдӯш кунанд халқ итоат мекунад. Агар ноодилонро пешбарӣ ва одилонро сабукдӯш кунанд, халқ итоат намекунад.»[3]

Конфутсий ба суннату маросимҳо мақоми баланд дода шудааст. Ба ақидаи Конфутсий муҳимтарин омил дар ҳифзи суботи сиёсӣ ва давлатдорӣ боварӣ ва имон аст.

Конфутсий, чунон ки худаш борҳо таъқид кардааст таълимоти мазҳабии тоза наовардааст, балки ӯ талаб мекунад, ки ақидаҳои мазҳабии гузаштагон ва суннатҳои онҳо бо ҷиддият ва дақиқ риоя ва иҷро карда шаванд .

Дар таълимоти мазҳабии Конфутсий «Осмон» (Тян) меҳвари асосӣ аст. Он ҳам як ҷузъи табиат ва ҳам қувваи олии рӯҳонӣ мебошад, ки тақдири табиат ва инсонро муайян мекунад. Манбаи ахлоқии инсон низ аз Осмон (Тян) аст. Инсон бояд мувофиқи он сифати ахлоқие, ки ба ӯ ато шудааст, амал кунад, худро бо роҳи омӯхтан такомул диҳад.

Фалсафа ва таълимоти мазҳабии Конфутсий инсонмеҳвар (антропотсентрист)-и мебошад. Дар маркази таълимоти ӯ назарияи инсони комил- «Марди наҷиб» («Тсзюн-Тсзи»’) ва Жен (жень) – одамият ё худ инсондӯсти қарор дорад. Жен дар адолат, вафодорӣ, садоқат ва ғ. зоҳир мешавал. Яке аз аслпояи таълимоти Конфутсий назарияи «Сяо», эҳтироми фарзандон ба волидайн, куҳансолон мебошад. Инсони комил (Тсзюн-Тсзи) он инсонест, ки усули «Ли»: одоб, (эътиқод), эҳтиромро нисбат ба халқ, эҳсону икром ба волидайн ва мудоро бо болодастонро риоя мекунад.

Ҳамин тавр барои пайравони Конфутси ҳамагуна хидмат дар роҳи барпо доштани ҳаёти ахлоқӣ ва зиндагии шарафатмандонаи халқ ибодат барои худои Осмон (Тян) мебошад.

[1] Ниг. Ҷон Б. Нос. Таърихи ҷомеи адён.- С.248.

[2]  Конфутсий. Лунь Юй.- \\ Древне китайская философия. Т. 1.-М.: Мысль 1972.- С.143.

[3]  Ҷон Б.Нос. Таърихи ҷомеъи адён.- С. 257.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222