Главная / Илм / ДИНИ МОНАВИЯ

ДИНИ МОНАВИЯ

Монавия динест, ки дар асри III мелодӣ дар давраи салтанати хонадони сосонӣ, дар заминаи ислоҳи зардуштия ба майдон омад. Асосгузори ин дин Монӣ (216-276)[1] буд.

Муҳаққиқон падари ӯро аслан аз аҳли Ҳамадон мешуморанд, ки баъдан ба Бобил муҳоҷират карда, дар деҳкадае низдикии Тайсафун зиндагӣ кардааст. Монӣ дар ҳамин деҳа ба дунё омада, дар ҷавонӣ таҳти сарпарастии падараш таҳсили хуб мекунад. Ӯ куллияи илмҳои замонаш, аз ҷумла фалсафа ва адабиёти юнонӣ, мусиқӣ, наққошиву суратгарӣ, ситорашиносӣ ва тиббро аз худ карда, баъдан дар мадрасаи рӯзгор дарси зиндагӣ омӯхта буд.

monaviyaДар синни 25- солагӣ Монӣ худро ҳамчун навовар ва як муслиҳ (реформатор)-и иҷтимоӣ ва мазҳабӣ муаррифӣ мекунад. Таълимоти монавия фушурдае аз унсурҳои динҳои зардуштия, насрония, ва таълимоти гностики юнонӣ ва зӯҳди ҳиндуиву буддоия ташаккулёфта аст. Аз ин рӯ, низоми динии Монавия низоми омехта (эклектикӣ) мебошад. Монӣ ақида доштааст, ки динҳои зардуштӣ, насронӣ ва буддоия ҳама ҳамон як дини ростинанд, ки ба иллати нафаҳмидани одамон таҳриф шудаанд.

Таълимоти Монӣ ба зиддияти сахти мӯъбадони зардуштия рӯ ба рӯ мешавад ва ниҳоят ӯ маҷбур мешавад аз Эрон гурезад. Ин дар аҳди шоҳ Шопур буд. Ӯ аввал ба Ҳиндустон ва баъдан ба Осиёи Марказӣ (Туркистон)-у Хитой ҳиҷрат карда, чанд соле дар он ҷойҳо монда, ба тарғиби дини худ пардохтааст. Образи Монӣ дар адабиёти форсу тоҷик ҳамчун «суратгари дебои Чин» васеъ истифода шудааст.

Монӣ танҳо пас аз вафоти Шопури I, дар замони салтанати Ҳурмузи Аввал ба Эрон муроҷиат мекунад. Пас аз вафоти Ҳурмузи Аввал, ки ба Монӣ мухолифате надошт, Баҳроми Чаҳорум ба ҷояш нишаст. Баҳром бо таҳрику дассисаи мӯъбадон ба саркӯбии Монӣ дастур медиҳад. Мониро дар шаҳри Ҷундишопур, воқеъ дар шимоли Шуш дастгиру зиндонӣ мегардад. Ӯро дар он ҷо бо шиканҷа куштанд.

Таълимоти динию фалсафиимонавия аз ду қисм: илоҳиёт ва низомот иборат аст. Монӣ боварӣ дорад, ки олами мавҷуд мураккаб аз ду асли қадим: нур ва зулмат аст ва ин ду асл абадию азалӣ -беоғозу анҷоманд. Зиндагии ин ҷаҳонӣ омехташавии маҷбурии рӯҳ бо модда аст. Равони одамӣ бояд саъй кунад, то худро аз асорати модда ва нафси аммора бадар оварад.

Мувофиқи таълимоти монавия, метавон гуфт, худое, ки ҷаҳонро офаридааст шайтоне беш нест ва махлуқи ӯ ҳама бад ҳастанд.

Аҳурамаздо ва Аҳриман (нур ва зулмат) ду иродаи мустақил ва ду нахуст- асли ҷудогона ҳастӣ ба шумор мераванд. Монӣ ақида дошт, ки ҳама ашё аз омехтани ду асли ҷовидон- нур ва зулмат фароҳам меоянд.

Дар андаруни зулмат, ки асли модинаи табиат аст, аносири шарр тараққӣ мекунад ва ба мурури замон марказият меёбанд ва сабаби по ба арсаи вуҷуд ниҳодани шайтон мешаванд. Ин шайтон, ки нахустин парвардаи зиҳдони оташини зулмат аст, ибтидои фаъолияти олам ё худ такондиҳандаи он ба шумор меравад. Ин шайтон аз он лаҳзае, ки ба вуҷуд омад, ба қаламрави подшоҳи рӯшноӣ ҳамлавар шуд. Подшоҳи қаламрави рӯшноӣ, барои он ки балогардоне биёбад, нахустинсонро офарид. Пас аз ин байни нахустинсон ва шайтон задухӯрди шадиде ба вуқӯъ мепайвандад ва дар он инсон комилан шикаст мехӯрад ва дар натиҷа шайтон панҷ унсури зулматро бо панҷ унсури нуронӣ меомезад.

Хулосаи калом, инсони нахустин ба хотири он ба вуҷуд омад, ки кори душвори дифоъ аз олами рӯшнои ва зафар бар модда / зулмат /–ро анҷом бидиҳад, вале дар ин талош ӯ мағлуби торикӣ гардид ва дар натиҷа олами рӯшноӣ як бахш аз нури худро аз даст дод ва ин нур дар зулмат ҷазб ё худ омехта шуд ва боиси пайдоиши ҷаҳон гардид. Ба ҳамин наҳва метавон гуфт, ки зулмат дар натиҷаи тамос гирифтан бо нур ром ва фаъол гардид. Вале аз сӯи дигар нур қисмате аз нури худро аз даст дод ва дучори ташвиш ва изтироб гардид. Мақсади « падари рӯшноӣ» аз таслим кардани як ҳиссаи хурде аз нури худ он буд, ки аз пешрафти бештари зулмат дар қаламрави нур пешгирӣ карда, оҳиста-оҳиста нури маҳбусшударо озод намояд.

Монӣ ин матлабро ба воситаи овардани як тамсиле тавзеҳ медиҳад. У мегӯяд, ки чуноне ки чӯпон барои наҷоти рамаи худ аз гург чоҳе канд ва дар он бузеро раҳо кард. Вақте ки гург бузро дид, худро ба чоҳ афканд ва шубон ҳам фурсатро ғанимат шуморида, фавран бузро аз чоҳ берун кашид ва гургро дар чоҳ раҳо кард, то дар он ҷо ҷон супорад. Ба ҳамин тариқ, як ҳиссаи хурду ночизе аз нур дар ин чоҳи ҷаҳон раҳо шудааст, то моддаро бахуд ҷазб кунад. Аз ин рӯ, ҳадафи зиндагӣ наҷот додани рӯҳи маҳбус аз шарри модда аст[2] Монӣ, мафҳуми «наҷот»-и масеҳиро густариш дода, ба шеваи мантиқӣ, ҷаҳонро зотан бадсиришт медонист ва ин худ заминаи даъвати ӯро ба зӯҳд ва риёзат ташкил кардааст. Инчунин ақида ҳаст, ки майл ба зӯҳду риёзат доштани таълимоти Монӣ дар заминаи таъсири падараш аст, чунки ӯ мувофиқи маълумоти баъзе муҳақиқон дар ҳалқаи тариқати зоҳидон будааст.[3]

Мувофиқи таълимот Монӣ одам асосан тасвире аст аз як ҳастии бартару болотар. У олате аст дар дасти падари рӯшноӣ, ки ба воситаи ӯ нури зиндонишударо озод менамояд. У олами асғар ва оинаи куллияи қудратҳои замин ва осмон аст. Дар ӯ рӯҳ рӯшноӣ аст ва тан торикӣ. Вақто, ки ҳамаи равонҳо аз куллияи танҳо озод шуданд, ҷаҳон ба поён мерасад.

Мазҳаби монавия (ба номи манихей) аз Бобул то Самарқанд, аз Африқо то Туркистони Чин ва аз Ҳинду Тибет то Аврупо интишор ёфта буд ва таъсири зиёде ба масеҳият ва ислом гузоштааст. Он дар баробари меҳрпарастӣ (митраизм) аз динҳои ҷаҳонии гузашта мебошад.

[1]  Баъзе муҳақиқон соли вилодати Мониро 215 ва 217 низ нишон додаанд.

[2]    Аббоси Меҳрин. Фалсафа ва ойини Эрони бостон, саҳ . 24– 25.

[3]  Мэри Бойс. Зороастрийцы:с.136

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222