Главная / Илм / ДИНИ ЯҲУДИЯ

ДИНИ ЯҲУДИЯ

Дини яҳудия яке аз динҳои яктопарастӣ-тавҳидии миллию давлатй буда, ба гурӯҳи динҳои сомй тааллуқ дорад. Ҳама пайравони ин дин аз миллати яҳуд (онҳоро иброниёнй ва банни исройил низ меноманд) мебошанд. Яҳудия аз аввалин дини тавҳидӣ дар байни динҳои сомй аст.

Иброниён, чунон ки таърих шаҳодат медиҳад, аз нажоди сомй буда. Мисли ақвоми дигари сомӣ дар ибтидо, зиндагии кӯчӣ ва бодиянишинӣ доштаанд. Мувофиқи таҳқиқотҳои охирин равшан шудааст, Иброҳим (Авраам), ки яҳудиён ва аъроб вайро наздиктарин асосгузори аҷдоди худ мешуморанд, шахси таърихӣ мебошад.

iudaizmМувофиқи хабари сарчашмаҳои яҳудия, Иброҳим бо қабилаи худ аз маҳалли УР- поиноби рӯди Фрот, аз сарзамини БобилБайнаннаҳрайн баромада, ба Канъон(Ханаан) ва аз он ҷо ба Миср кӯч бастааст \Ҳастӣ.15:7\. Ин ҳодиса дар нимаи аввали ҳазорсолаи ду (1700)-и қабл аз мелод сурат мегирад. Мувофиқи Таврот Иброҳим ва бародараш Лут пас аз муддате иқомат дар Миср ба Канъон ФаластинуУрдуни имрӯза бармегарданд.

Бори дуюм мувофиқи маълумоти Таврот дар давраи ба вазорат расидани Юсуф писари Яъқуб, ки пас аз ҳодисаи ба чоҳ андахтани ӯ аз тарафи бародаронаш ва раҳоӣ ба ин кишвар омада буд, боз яҳудиён ба Миср муҳоҷират

musoШояд шумори Бани Исроил дар Миср хеле зиёд мегардад, ки мисриён дар фикри ҷилавгирӣ аз афзоиши нуфузу саршумори онҳо меафтанд. Ин давра ба давраи салтанати фиръавн Рамсеси II рост меояд, ки ваймарде девонамиҷоз буда, шавқи зиёде ба сохтумони биноҳои азиму шаҳрҳои бузург, таъсиси маъбадҳо ва аҳромҳои боҳашаматро дошта аст. Ӯ дар сохтумони ин иншоотҳо аз қувваи яҳудиён истифода намуда, ба онҳо зулму истибдоди зиёде раво медидааст. Зуҳур ва рисолати Мӯсо дар ҳамин давра ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222