Главная / Илм / Дуо ҳангоми пӯшидани либоси нав

Дуо ҳангоми пӯшидани либоси нав

Ҳазрати Абӯсаиди Худрӣ (р) ривоят мекунад, ки ҳар гоҳ Паёмбар (с) либоси нав мепӯшид, ин дуоро мехонд:«Аллоҳумма лака-л-ҳамду анта касавтаниҳи, асъалука хайраҳу ва хайра мо суниъа лаҳу ва аъузу бика мин шарриҳи ва шарри мо суниъа лаҳу».«Илбас ҷадидан ва ъиш ҳамидан ва мут шаҳидан».images-16
«Худоё! Ситоиш Турост, ки ин либосро ба ман пӯшондӣ, аз Ту хайри онро ва хайре, ки барояш сохта шудааст, мепурсам ва аз шарру бадии он ва бадие, ки барояш сохта шудааст, паноҳ металабам».
Вақте яке аз наздиконро дар либоси нав дидӣ, ин дуоро бихон
Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) либоси тозаеро дар тани Умар (р) дида, пурсид: «Либоси нав аст ё шусташуда?». Умар арз кард: «Шусташуда!». Паёмбар (с) ин калимаҳоро хонд:«Илбас ҷадидан ва ъиш ҳамидан ва мут шаҳидан».
«Доим либоси нав бипӯшӣ, зиндагии зебо кунӣ ва шаҳид бимирӣ».
Фоида: Ҳангоми пӯшидани либос, кафш ва монанди он одоби шаръӣ ин аст, ки онро аз тарафи рост бипӯшад. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) дӯст медошт ҳамаи корҳои хубро аз рост шурӯъ кунад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222