Вақте ки инсон ба кори нав шуруъ кард, барои анҷоми нек ва натиҷаи пурсамари он кор ин дуоро бихонад:«Рабби адхилнӣ мудхала сидқин ва ахриҷнӣ мухраҷа сидқин ваҷъал лӣ мин ладунка султонан насиран».
«Эй Парвардигори ман, маро ба ваҷҳи писандида дохил кун; ва маро ба ваҷҳи писандида берун ор; ва барои ман аз назди худ қуввати ёридиҳанда бидеҳ!».
Дуои мазкурро барои дохил шудан ба хона ё идораи нав низ мехонанд.
Дуои савор шудан дар воситаҳои гуногуни нақлиёт
Дар вақти савор шудан барои шукрона ва сиҳҳату саломат расидан ба манзил дуои зайлро бихонад:«Субҳоналлазӣ саххара ҳозо ва мо кунно лаҳу муқринин».
«Пок аст Худое, ки инро барои мо мусаххар сохт, ҳол он ки мо бар он тавоно набудем».