Аз Паёмбар (с) дуоҳое ривоят шудааст, ки онҳоро дар намоз байни ду саҷда мехонд. Чунончи, аз ҳазрати Ҳузайфа (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) байни ду саҷда ин дуоро мехонд:«Раббиғфир лӣ, Раббиғфир лӣ».
«Парвардигоро! Маро биомурз, Парвардигоро! Маро биомурз».
Ҳамчунин аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) байни ду саҷда ин дуоро мехонд:
«Аллоҳумма-ғфир лӣ варҳамнӣ, ваҷбурнӣ, варфаънӣ, варзуқнӣ, ваҳдинӣ».
«Худоё! Маро биомурз ва ба ман раҳм кун, ба ман саломатӣ деҳ, маро ҳидоят кун ва ба ман рӯзӣ деҳ».
Масъала: Барои шахси танҳогузор беҳтар аст, ки байни зикру дуоҳо ҷамъ намояд, яъне он зикру дуоҳое, ки ҳангоми бархостан аз рукуъ ва байни ду саҷда зикр шудаанд, намозгузор то ҳадди имкон байни онҳо ҷамъ карда бихонад. Аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки фармуд:
«Намоз дуруст намешавад, модоме ки мард пушти худро дар рукуъ ва саҷда дуруст накунад».
Пас аз рукуъ ва саҷда бархостан бояд ба оромиш ва ба ҳадде сурат гирад, ки ҳамаи аъзо дар мақоми худ мустақим ва рост шаванд. Қавли дуруст ва мухтори мазҳаби Имом Абӯҳанифа (р) ин аст, ки ҳар рукни намозро бояд бо итминон ва оромиш ба ҷо биёрад, вагарна намозашро бояд аз сар бихонад.
Мутаасифона, имрӯз баъзе аз намозгузорон ба ин масъала ҳеҷ аҳаммият намедиҳанд, алалхусус дар ҳолати аз рукуъ бархостан сарро набардошта ва миёни худро рост накарда, ба саҷда мераванд. Агарчи имом аз хавфи тӯлонӣ шудани намоз ва риояи ҳоли қавм метавонад дар ҳолати бархостан аз рукуъ ба «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» ва «Раббано ва лака-л-ҳамд» ва дар байни ду саҷда ба гуфтани «Аллоҳуммағфир лӣ» иктифо кунад. Вале хуб мешуд барои таълим аз дуоҳои мазкур истифода мекард.
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб мусульманы Ҳаҷ
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …