Главная / Илм / Дуоҳои маъсура далели сидқи нубуввати Паёмбар (с) аст

Дуоҳои маъсура далели сидқи нубуввати Паёмбар (с) аст

Донишмандон мегӯянд: «Агар мо ба маҷмӯи ҳадисҳои Паёмбари акрам (с) назар кунем, мебинем, ки сеяки онро дуо ва одоби он ташкил медиҳад». Ҳар китобе, ки дар он ҳадисҳо ҷамъоварӣ шудааст, як боби алоҳида дар он гузошта шудааст, ки дар зери он дуоҳое аз таълимоти Паёмбар (с) зикр гардидааст. Агар шахсе фақат дуоҳоеро, ки аз Паёмбар (с) ривоят шудаанд, хонда, дар маънои он хуб андеша кунад, дар нубуввати Паёмбар (с) ва содиқ будани ӯ ҳеҷ шакку шубҳае намекунад, зеро он дуоҳо тавре ҷумлабандӣ шудаанд, ки осону мухтасар ва шомили калимаҳои ҷомеъ буда, ҳамаи мақсадҳои инсонро дар бар мегиранд. Ғайр аз паёмбарон (а) ҳеҷ инсоне бо он ақлу фикре, ки дорад, ин гуна дуоҳои пур аз ҳикмат, мухтасар ва ҷомеъ тартиб дода наметавонад. Дар ҳақиқат он дуоҳо ба зоти худ як муъҷизаанд. Ин ҳақақатро бо ташреҳи яке аз дуоҳои Паёмбар (с) ба хубӣ дарк хоҳем кард.
Шахсе, ки дучори мушкилӣ ё мусибате шавад, мутобиқи фармудаи Паёмбар (с) дуои зайл бояд бихонад:
«Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Аллоҳумма-ъҷурнӣ фӣ мусибатӣ вахлуф лӣ хайран минҳо».
«Мо ҳама аз Худоем ва бозгашти ҳамаи мо ба суйи Ӯст. Парвардигоро! Маро дар мусибатам подош бидеҳ ва ба ҷойи он маро хайр ато кун».kogda-i-gde-voznik-islam
Бубинед, ки ин дуо дорои чӣ калимаҳои муфиду пурмаъност, ки дар мавриди хос мураттаб шудааст. Шахси мусибатзада ҳангоми мусибат «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун»-ро мехонад. Яъне Худованд зотест, ки моро офаридааст, мо ҳама махлуқи Ӯ ҳастем ва тақдири ҳар як банда дар дасти Ӯст. Пас, ҳар мушкилӣ ё мусибате бар болои банда меояд, аз ҷониби Парвардигор аст, ки аз ҳикмат холӣ нест. Бо ин ҷузъи дуо банда дар муқобили амри Худо иқрори оҷизӣ ва бандагӣ мекунад. Вақте банда дар ин гуна ҳолати ногувор қарор мегирад, ба тарафи Парвардигори худ рӯй меорад ва ба Ӯ таввакул мекунад. Пас, Худованд бар ӯ нерӯе мебахшад, ки ҳар гуна мушкилӣ ё мусибатро ба осонӣ таҳаммул мекунад. Сипас бо хондани ҷузъи дигари дуо:
«Аллоҳуммаъҷурнӣ фӣ мусибатӣ вахлуф лӣ хайран минҳо», дар баробари он мусибат ва сабре, ки дар он кардааст, Худованд ба ӯ подоши хуб ва беҳтаре медиҳад.
Умми Салама (р) яке аз ҳамсарони поки Паёмбар (с) мефармояд: «Вақте ҳамсарам Абӯсалама аз дунё даргузашт, ман ин дуоро ҳамон гуна ки Паёмбар (с) фармуда буд, хондам. Худованд аз ӯ (Абӯсалама) беҳтар, яъне Паёмбарро шавҳарам гардонид».
Дуоҳои маъсура ба ду қисми асосӣ тақсим мешаванд: «Дуоҳои қуръонӣ» ва «Дуоҳои набавӣ».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222