Вақте ба масҷид дохил мешавад, ба пои рост дохил шавад ва сипас «Бисмиллоҳ» гуфта, ба Паёмбар (с) дуруд бифиристад ва ин дуоро бихонад:«Аллоҳумма-фтаҳ лӣ абвоба раҳматика».
«Худоё! Дарҳои раҳмататро ба рӯйи ман бикушо». .
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) ҳар вақте дохили масҷид мешуд, ин дуоро низ мехонд:
«Аъузу биллоҳи-л-ъазим ва биваҷҳиҳи-л-карим ва султониҳи-л-қадим мина-ш-шайтони-р-раҷим».
«Ба Худованди бузург ва рӯи гиромӣ (ки лоиқи ҷалоли Ӯст) ва қудрати қадим ва азалии Ӯ аз бадии шайтони рондашуда паноҳ мебарам».
Шахсе ин дуоро бихонад, Худованд ӯро тамоми рӯз аз бадии шайтон ҳифозат мекунад.
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб мусульманы Ҳаҷ
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисм дар Ислом
Дар баробари ин ҳама баҳрахои маънавй, баракоти руҳи ва фоидаҳои беҳдоштие, ки рӯза барои шахси …