Главная / Илм / Дуои баромадан аз хона

Дуои баромадан аз хона

Бандаи мусулмон ҳамеша бо таваккул намудан бар Худо аз манзил берун меравад ва бо ҳамин восита робитаашро бо Парвардигораш тақвият медиҳад ва аз ҳар фитнаю бадӣ дар амон мемонад. Ҳазрати Анас (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуд:
«Шахсе, ки мехоҳад аз хона берун равад, ин дуоро бихонад:images-17
«Бисмиллоҳи таваккалту ъалаллоҳи ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ».
«Ба номи Худо, бар Аллоҳ таваккул кардам, нест қудрату қуввате, магар ба тавфиқи Аллоҳ».
Ҳар гоҳ ин дуоро хонд, аз ҷониби фариштае ба ӯ гуфта мешавад:
«Ҳидоят ёфтӣ ва туро (ҳамин дуо аз ҳар бадӣ) кофӣ аст».
Ҳазрати Умми Салама (р) ривоят мекунад, ки ҳар гоҳ Паёмбар (с) аз хона мебаромад, ин дуоро мехонд:
«Аллоҳумма иннӣ аъузу бика ан азилла ав узалла ав азилла ав узалла ав азлима ав узлама ав аҷҳала ав юҷҳала ъалайя».
«Худоё! Ба Ту паноҳ мебарам аз ин ки худам гумроҳ шавам ё ба василаи дигаре гумроҳ шавам, ё билағжонам ё лағжонида шавам, ё зулм кунам ё мавриди зулм қарор гирам, ё озор диҳам ё ба ман озор расад».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222