Главная / Илм / Дуои шукронаи неъмат

Дуои шукронаи неъмат

Вақте банда ба яке аз неъматҳои илоҳӣ сарфароз мегардад, ки сабаби хушӣ ва хурсандии ӯ мегардад, барои шукргузории Худованд ин дуоро бихонад:«Рабби авзиънӣ ан ашкура ниъматакаллатӣ анъамта ъалайя ва ъало волидайя ва ан аъмала солиҳан тарзоҳу ва адхилнӣ бираҳматика фӣ ъибодика-с-солиҳин».images-41
«Эй Парвардигори ман, маро илҳом деҳ, то шукри ин неъмати Ту кунам, ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаӣ; ва кирдори шоиста ба ҷо орам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ; ва маро ба раҳмати Худ дар зумраи бандагони шоистаат дарор!».
Худованд Сулаймон (а)-ро ба неъматҳои зиёде сарфароз гардонида буд. Яке аз он неъматҳо ин буд, ки ӯ забони ҳар гуна ҷонварро мефаҳмид. Рӯзе Сулаймон (а) бо лашкари худ, ки аз инсу ҷин ва парандагон иборат буд, ба майдоне мерасанд ва он ҷо гуфтугӯи мӯрчаҳоро мешунавад. Аз шунидани сухани мӯрча тааҷҷуб карда, табассум мекунад ва барои шукргузории неъмати Худованд ин дуоро мехонад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222