Главная / Илм / ФАЛСАФАИ МАСЕХИ (схоластика)

ФАЛСАФАИ МАСЕХИ (схоластика)

Дини насронӣ низ чун динҳои дигари ҷаҳонӣ дорои мактаби фалсафаи хосе мебошад.

Метавон поягузори фалсафаи илоҳии насрониро Августини Саъид ( Аврелий ) (354-430 м.) номид. Фалсафаи илоҳии насроният дар заминаи синтези фалсафаи навафлотунӣ ва сарчашмаҳои мазҳабии яҳудиву насронӣ алалхусус Библия ташаккул ёфтааст. Августин дар тамоми тӯли қуруни вусто то зуҳури Фомаи Аквинӣ дар умури динӣ ва фалсафӣ марҷаи тақлид буд.

sloxastikaФома Аквинӣ (Аквинский) (12251274) дар таърихи афкори фалсафаи илоҳии насронӣ нахустшахсе буд, ки кӯшидааст то мобайни ақл ва ваҳй (фалсафа ва илми лоҳут), мобайни Арасту ва Масеҳ созиш барқарор кунад. Дар ин роҳ кӯшиши ӯ бар он будааст, то нишон диҳад, ки ақл ва имон мартабахо ва зинаҳои мухталифи як амранд ва якдигарро такмил мекунанд.

Хулоса, натиҷаи кӯшиши Фома Аквинӣ он буд, ки байни мантиқу ваҳй, ақлу имон, илми фалсафа ва илми илоҳӣ созиш барқарор кунад ва онҳоро мӯҳтоҷ ба якдигар нишон диҳад.

Фома Аквинӣ дар таърихи фалсафаи Ғарб, аз ҷумла дар фалсафаи навини Аврупо таъсири зиёде гузоштааст. Аз асри Х1Х то имрӯз равияи неотомизм дар ин кишварҳо пайравони зиёде пайдо кадааст.

Дар ташаккули фалсафаи илоҳии насронӣ ба ғайр аз ин ду нафар боз шахсиятҳое чун Анселми Контерберӣ, Альберти Бузург, Исанн Димишқ ва дигарон нақши зиёде гузоштаанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222