Главная / Илм / Фатҳи Макка аз тарафи Муҳаммад

Фатҳи Макка аз тарафи Муҳаммад

Дар зимистони соли 630 м., соли ҳаштуми ҳиҷрӣ, Муҳаммад(с) бо ҳазор нафар лашкари ислом ба тарафи Макка руй овард. Аҳли Макка ибтидо мухтасар муқовимат нишон доданд, ки бе заҳмате шикаста шуд. Муҳаммад (с) 23-юми январь соли 630 м ба Макка дохил гашт. Фатҳи Макка хеле ором гузашт. Шаҳр, мисли суннатҳои лашкаркашон, тороҷ нагардид, танҳо бутҳо шикаста, бутҳо ва ибодатгоҳҳои берун аз Макка вайрон карда шуданд. Пас аз фатҳи Макка ду ғазои дигар дар Ҳунайн ва Тойиф рӯх дод, ки аввали ба осони торумор ва дуввумин баъди мухосираи тӯлонӣ ба таъвиқ гузошта шуд ва баъдан бе ҷанг худ таслим гардиданд.

makaТаслим гардидани Макка ғалабаи қатъии сиёсию ҳарбии Муҳаммад (с) ва сипоҳи ислом буд. Ҳамин тавр минбаъд яке пас аз дигар қабоили араб бо роҳи ҷанг ва ё осоишта ба ҳокимияти сиёсии нав ва дини нав таслим шуданд.

Соли 631 Муҳаммад(с) ба сарфармондеҳии сипоҳи азиме ба сӯи сарҳади арабу Византия (Сурияи имрӯза) ҳаракат мекунад. Вале ӯ чунон.ки аз сарчашмаҳо маълум аст, пас аз даҳ рӯз дар водии сарҳадии Табук таваққуф кардан, амалиёти ҳарбие оғоз накарда ба Мадина бармегардад. Дар ин сафар аҳли бошишгоҳҳои насронии араб замонати ҳимояти Муҳаммад(с) ва озодии эътиқодро бо қабули ӯҳдадорӣ дар мавриди пардохти хироҷ ба даст оварданд. Яҳудиён низ даст аз мубориза бардоштанд.

Соли 632 (соли 10-уми ҳиҷрӣ) Мухаммад озими аввалин ва охирин зиёрат, ҳаҷҷи исломии “Хонаи Худо” Каъба мешавад. Ин ҳаҷҷ баъдан “Ҳаҷҷи видоъ” номида шуд. Паёмбари ислом (с) баъд аз анҷоми ҳаҷҷ Муҳаммад (с) бо ҳамроҳонаш ба Мадина бармегардад, баъд аз се моҳи ҳамон сол У аз илтиҳби пардаи шуш дар синни 63 солагӣ вафот кард.

Дар тӯли даҳ соли зиндагии худ дар Мадина Паёмбари ислом Мухаммад(с) сию ҳашт сирия- ҷангҳо бидуни иштироки шахсии ӯ ва бисту хафт ғазо (ҷанг бо иштироки шахсию бевлситаи ӯ), барои барқарории ислом тадорук дидааст. Дар ин байн нӯҳ ғазоват (Бадр, Уҳуд, Хандақ, Қурейза, Мусталик, Хайбар, Фатҳи Макка, Ҳунайн ва Тойиф) аз ҷангҳои бузурги сарнавиштсоз будаанд. Ин муқаддима зарфият ва ҳавсалаи баёни муфассали амалиётхои ҳарбии Памбари исло(с) ва рафтори ӯ ва мусалмонон дар ин корзорҳоро надорад, мо наметавонем бештар аз он чи гуфта шуд чизе илова кунем, вале омӯзиши таърихи футуҳот-кишваркушоиҳои низомию сиёсии ислом хеле зарур аст. Будуни омӯзиши ин ҷиҳати таърихи ислом шинохти худи ислом пурра ва кифоя нахоҳад буд. Ғазовоти садри ислом, яъне замони Паёмбар(с) пур аз дарсҳои омӯзишии ахлоқиву маънавӣ, дарси адлу инсоф, гузашту бахшиш ва шаҳомату мардонаги аст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222