Главная / Илм / Гурӯҳбандии таваккалҳо (виды риска)

Гурӯҳбандии таваккалҳо (виды риска)

Дар ҳар сарчашмаи идоракунии таваккал гурӯҳбандии гуногун ба чашм мерасад. Ҳоло дар адабиёти иқтисодӣ гурӯҳбандии таваккал (рискба забони русӣ)  ва рӯйхати бештар пурраи намудҳои он пешниҳод гардидааст. Аз ин рӯ чунин намудҳои таваккалро бояд ба эътибор гирифт:

  • Саноатӣ;
  • Экологӣ;
  • Инвеститсионнӣ;
  • Қарзӣ;
  • Техникӣ;
  • Соҳибкорӣ;
  • Молиявӣ;
  • Тиҷоратӣ;
  • Суғуртавӣ;
  • Сиёсӣ;

Намудҳои номбаршудаи таваккалро муфассал аз назар мегузаронем.

Дар зери таваккали саноатӣ, хатари расонидани зарар ба корхона (объекти таваккал) ва шахсони дигар (сеюм) дар натиҷаи халалдор гардидани кори мӯътадили ҷараёни истеҳсолӣ, фаҳмида мешавад.

Ғайр аз ин, ба он хатари вайрон ё нобуд гаштани таҷҳизоти истеҳсолӣ ва нақлиётӣ, хароб гаштани иморату биноҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна, чун қувваҳои табии ва амалҳои бадқасдона, дохил шуда метавонанд.

Дар зери таваккали экологӣ эҳтимолияти ба вуҷуд омадани ҷавобгарии шаҳрвандӣ барои расонидани зарар ба муҳити беруна, ҳаёт ва солимии шахсони дигар (сеюм), фаҳмида мешавад. Он метавонад дар ҷараёни сохтмон ва истифодабарии объектҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд ояд ва ҳамчун қисми таркибии таваккали саноатӣ маҳсуб меёбад. Зарар ба муҳити беруна дар намуди ифлосшавӣ ё нобудшавии захираҳои ҷангал, обӣ, атмосфера ва замин инъикос меёбад ё расонидани зарар ба биосфера ва киштзори хоҷагии қишлоқ.

Мафҳуми ҷавобгарии экологӣ-ҳуқуқӣ ҷуброн намудани зарари расондаро барои ифлосшавии муҳит ва нодуруст истифодабарии муҳити табииро дар назар дорад.

Таваккали инвеститсионӣ бо имконияти нопура гирифтан ё аз даст додани фоида дар натиҷаи амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ вобастагӣ дорад. Объекти таваккал дар мавриди зерин манфиатҳои мулкии шахсоне мебошад, ки маблағҳои худро ворид намудаанд.

Таваккалҳои инвеститсионнӣ вобаста аз хусусияти ҷорӣ намудани лоиҳа ва воситаи ҷалби маблағҳо гурӯҳбандӣ мешавад. Дар ҳолати умумӣ намудҳои зерини таваккалро ҷудо менамоянд.

  • қарзӣ;
  • дар марҳилаи аввали лоиҳаи инвеститсионӣ ба вуҷуд омада;
  • соҳибкорӣ, ки бо марҳилаи дуюми лоиҳаи инвеститсионӣ алоқамандаст;
  • суғуртавӣ;

Таваккали қарзӣ бо имконияти барнагардонии маблағи қарз ва фоизҳои он вобастагӣ дорад. Барнагардонидани қарз метавонад бо сабабҳои сохтмони нотамом, тағирёбии вазъияти умумии иқтисодӣ ва бозаргонӣ, коркарди нокифояи маркетингии лоиҳаи инвеститсионӣ, вазъяти фавқуллода ва ғайра ба вуҷуд ояд.

Барои қарздиҳанда на танҳо бозгашти маблағ қарз бо фоизҳояш, балки мӯҳлати бозгашт низ аҳамияти калон дорад. Ҳамин тавр, барои қарздиҳанда хавфи зарари бевосита дар ҳолати барнагардонидани маблағи қарз ё қисми он мавҷуд мебошад,инчунин зарари ба восита мавҷуд мебошад, ки бо боздошти пардохти қарзи асосӣ бо фоизҳояш алоқамандӣ дорад.

Таваккали техникӣ бо сохтмони объектҳои нав ва истифодабарии минбаъдаи он вобастагӣ дорад. Дар байни онҳо таваккалҳои сохтмонӣ- васлгарӣ ва истифодабариро ҷудо менамоянд. Таваккали техникӣ метавонад ҳамчун қисми таркибии таваккалҳои саноатӣ, соҳибкорӣ ва инвеститсионӣ маҳсуб ёбад.

Таваккали соҳибкориро ба беруна ва дохилӣ ҷудо менамоянд. Таваккали беруна бо расонидани зарар ва нагирифтани фоидаи мунтазиргаштаи соҳибкор ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ аз тарафи шарикони соҳибкор ё дигар сабабҳо вобастагӣ дорад.

Таваккали дохилӣ бошад аз қобилияти соҳибкор оиди ташкил кардани истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот вобастаги дорад. Ба он омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

  1. сифати низоми менеҷмент;
  2. сифати маҳсулот;
  3. хароҷоти истеҳсолӣ;
  4. ташкили маркетинг ва ғайра;

Ширкатҳои суғуртавӣ ва институтҳои молиявӣ ба соҳибкорон барои ҷуброни хароҷоти таваккали дохилӣ кафолат намедиҳанд, зеро он дар зери бисёр омилҳои субъективӣ қарор дорад.

Зарар аз таваккали соҳибкорӣ метавонад бевоситава бавоситабошад. Зарари бевосита- ин талафоти воситаҳои асосӣ ва гардон, зарари ҷисмонӣ ба ҳайат, зарари ҷисмонӣ ва мулкӣ ба шахсони сеюм (аҳоли ва ташкилотҳо). Зарари бавосита-ин нагирифтани фоида дар натиҷаи танаффус дар фаъолияти хоҷагидорӣ бо якчанд сабабҳои гуногун.

Таваккали молиявӣ дар ҷараёни идоракунии молияи корхона, ташкилот ба вуҷуд меояд. Он ба чунин намудҳо ҷудо мешавад:

  1. Асъорӣ, амалиётӣ (оператсионӣ), интиқолӣ, иқтисодӣ;
  2. Фоизнок мавқеъӣ (позитсионӣ), портфелӣ, иқтисодӣ;
  3. Портфелӣ (низомӣ, ғайринизомӣ).

Таваккали амалиётии асъориро ҳамчун имконияти ба вуҷуд омадани хароҷот ё нопурра гирифтани фоида дар натиҷаи тағйир ёфтани қурби асъор ва таъсири он ба фоидаи мунтазиршуда аз фурӯши маҳсулот муайян намудан мумкин мебошад.

Таваккали интиқолии асъорӣ дар ҳолати мавҷуд будан дар ширкати асосӣ ширкатҳои фаръӣ (дочернее) ё филиалҳо дар хориҷа ба вуҷуд омада метавонад. Сарчашмаи он метавонад номутобиқати байни активҳо ва пассивҳои ширкат бошад, ки асъори дигар давлатҳо ҳисоб шуда бошад.

Шакли таваккал - намудТаваккали иқтисодии асъорӣ ҳамчун эҳтимолияти таъсири номусоиди қурби асъор ба вазъияти иқтисодии ширкат арзёбӣ мегардад. Он метавонад, масалаи дар натиҷаи тағйирёбии ҳаҷми гардиши мол дар давлат, тағйирёбии нарх ба воситаҳои истеҳсолот ё маҳсулоти тайёр, инчунин дар натиҷаи тағйирёбии рақобатпазирии ташкилот ба вуҷуд ояд.

Дар зери таваккали фоизнок эҳтимолияти пайдо шудани хароҷот дар ҳолати тағйир ёфтани меъёри фоизӣ аз рӯи захираҳои молиявӣ фаҳмида мешавад. Таваккали мавқеии (позитсионии) фоизнок дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки агар фоизи истифодабарии захираҳои қарзӣ аз рӯи меъёри «тахминӣ» партдохт гардад. Ширкате, ки қарз медиҳад ё дар банк аз рӯи фоизи «тахминӣ» депозит дошта бошад, дар ҳолати паст шудани меъёри фоиз зарар мебинад. Ва баръакс, ширкате, ки аз рӯи меъёри «тахминӣ» қарз гирифта бошад, дар ҳолати баланд гардидани меъёри қарз зарар мебинад.

Таваккали фоизноки портфелӣ таъсири тағйирёбии меъёрҳои фоизро ба арзиши активҳои молиявӣ, чун саҳмияҳо ва вомбаргҳо инъикос менамояд. Дар навбати худ таъсир на ба намудҳои алоҳидаи қоғазҳои қиматнок, балки ба тамоми сандуқи инвеститсионӣ расонида мешавад. Зиёд шудани меъёри фоиз ба захираҳои асосии қарзӣ, аз рӯи қоида арзиш сандуқи инвеститсиониро паст менамояд ва баръакс.

Таваккали фоизноки иқтисодӣ (сохторӣ) бо таъсири тағйирёбии меъёри фоиз ба вазъияти иқтисодии ширкат умуман, алоқамандӣ дорад. Масалан, агар рақибони ширкат истеҳсолкунандагоне бошанд, ки барои фаъолияти худ маблағҳои зиёди қарзиро истифода мебаранд, дар ҳолати паст шудани меъёри фоиз, рақобатнокӣ низ дучанд меафзояд.

Таваккали портфелӣ таъсири ҳар гуна омилҳои макро ва микроиқтисодиро ба активҳои соҳибкор ё сармоягузор (инвестор) инъикос менамояд. Партфели актив метавонад аз саҳмияҳо ва вомбаргҳо, қоғазҳои қимматноки давлатӣ, ӯҳдадориҳои ҳатмӣ, маблағҳои пулӣ, полисҳои суғуртавӣ, амволи ғайриманқул ва ғайра иборат бошад. Омилҳои алоҳидаи таваккал метавонад ба намудҳои гуногуни активҳо таъсири мутақобил расонад.

Таваккали тиҷоратӣ бо имконияти нопурра гирифтани фоида ё ба вуҷуд омадани хароҷот дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои савдоӣ алоқаманд мебошад ва дар ҳолатҳои зерин инъкос меёбад:

  • Пардохт карда натавонистани маблағи мол аз тарафи харидор;
  • Рад намудани фармоишгар пардохти маҳсулотро;
  • Тағйир намудани нархи мол пас аз бастани шартнома;
  • Паст шудани талабот ба маҳсулот;

Таваккали суғуртавӣ ҳангоми фаъолияти соҳибкорон ё сармоягузорон дар ҳудуди давлатҳои дигар ба вуҷуд омада метавонад. Фоидаи тиҷорат метавонад дар ҳолати номусоид гардидани вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии ҳамон давлат паст гардад. Талафот ё паст шудани фоидаи тиҷорат метавонад бо сабабҳои гуногун ба вуҷуд ояд. Сабабҳои асосии паст шудани фоидаи тиҷорат инҳоянд:

  1. Тағйир ёфтани сохти давлатдории мамлакат;
  2. Мусодира ё милликунонии объектҳои моликияти хориҷиён;
  3. Нобудсозӣ ё вайрон кардани объекти моликият дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ ё тазоҳуротҳои шаҳрвандӣ;
  4. Тағйирёбии қонунгузории маъмурӣ ва ғайра: (гумрукӣ, андозбандӣ ва ғайра).

Таваккали сиёсӣ қисми таркибии таваккали суғуртавӣ маҳсуб меёбад. Моҳияти он дар имконияти нопурра гирифтани фоида ё талафи моликияти сармоягузори хориҷӣ ё соҳибкор дар натиҷаи тағир ёфтани вазъияти иҷтимоӣ – сиёсӣ дар мамлакат инъикос меёбад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222