Вазъи сиёсии Точикистон дар солҳои 20-ум мураккаб буда, дорои хусусиятҳои хос мебошад. Ба мустахкмшавии ҳокимияти Шӯрави дар ноҳияҳои Маркази ва Чанубии Точикистон кувваҳои аксулинкилоби халал расонда, вазъи сиёсиро мураккаб мегардонд. Дар чунин шароити вазнин дар Точикистон барпо намудани дастгохи нави идоракунии давлати сар шуд.
Баъди ғалабаи инкилоби Октябр дар шахру навохиҳои маркази диктатураи пролетариат барпо шуда бошад ҳам, Осиёи Миёна ва дар Точикистон вай хусусиятҳои хоси худро доштанд. Дар нохияҳои Шимолии Точикистон аввал асоси ҳокимиятро Комитетҳои инкилоби ташкил карда, баъди бо рохи интихоботи Шӯроҳо гузошта буданд. Дар Точикистони Маркази ва Чануби 2-январи соли 1922 Комиссияи фавкулода диктатураи (КФД) КИМ ЧХШБ оид ба корҳои Бухорои Шарки ташкил ёфт. Комиссия дорои ваколатҳои васеъ буд ва масъалаҳои иқтисоди ҳарбиро дида баромад.
Дар назди комиссия шуъбаҳои иктисоди, обу замин, сохтмон, молия, андоз, нақлиёт, нигаҳдории тандурусти, трибунали инкилоби ҳарби, адлия, суди амал мекарданд.
Ба баробари мӯътадил гаштани вазъият аз соли 1922 сар карда, дар Точикистони Шимоли ва Помир комитетҳои инкилоби ба Шӯроҳо табдил дода шуданд. Дар Бухорои Шарки барои аввал соли 1923 маъракаи интихоботи ба Шӯроҳо гузаронида шуд. Лекин бо сабабҳои гуногун дар интихобот шумораи ками интихоботкунандагон иштирок карданд. 7-июни соли 1924 комиссияи фавкулоддаи диктатори бекор карда шуда, комитети ичроияи марказии мувавдатии Бухорои Шарки таъсис дода шуд. Аз 1 то 5 сентябри соли 1924 Анчумани 1-уми Шуроҳои намояндагони халкии Бухорои Шарқи ба кори худ сар кард. Анчани КИМ Шуроҳои намояндагони халкии Бухорои Шаркиро интихоб намуд.
Аз ҷиҳати маъмури Бухорои Шарки ба вилоятҳои Душанбе, Куронтеппа, Сари Осиё, Кӯлоб, Ғарм ва аз 2 январи соли 1925 Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳи тақсим мешуд. Мувофики ислоҳоти маъмури соли 1923 вилоятҳо ба туманҳо ва туманҳо ба кентҳо тақсим мешуданд.
Дар давоми соли 1924 то соли 1926 дар вазъияти сиёсии чумхури таироти зиёд ба амал омада, кисми зиёди интихобкунандагон дар интихобот иштирок мекарданд. Ин имконият дод, ки мохи декабри соли 1926 Анчани Муассисони Шӯрои вакилони коргарон, дехдонон даъват карда мешавад.
Дар Анчан расман ташкилёбии ЧХШ Точикистон эълон карда шуд. Анчуман КИМ (Комитети ичроияи маркази) Точикистонро, бо сардории Н.Махсум ва Шӯрои комиссарони халқиро бо роҳбарии А.Ҳочибоев интихоб намуд.
Дар назди ҳукумати навтаъсиси Точикистон душвориҳои зиёди меистоданд. Миллати аз марказҳои фарҳангию иқтисодиаш чудошударо пеш бурдан кори осон набуд. Ба замми ин роҳбарони туркгарои Узбекистон ба ҳар роҳу восита ба Точикистон фишор меоварданд. Ҳуқуқҳои точиконро (зиёда аз 2,5 миллион, ки дар ҳудуди Узбекистон монданд) маҳдуд мекарданд. Аз ин рӯ ҳукумати Точикистон моҳи январи соли 1929 ба ҳукумати Иттифоқи мурочиат карда, бо далелу санадҳо ноадолатҳоро нисбати халқи точик исбот намуданд. Роҳбарони ҳукумат дар назди Сталин масъалаи аз ҳайати Узбекистон баромада, ба Точикистон ҳамроҳ кардани вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Сурхандарё, Қашқадарё, ҳавзаи Хучандро ба ба миён гузоштанд.
Баъди кашмакашиҳои зиёд талаботи аҳолии Хучанд, (ки аксари аҳолии онро точикон ташкил медоданд), моҳи сентябри соли 1929 ичро шуда, ҳавзаи Хучанд ба Точикистон ҳамроҳ гардид.
16 октябри соли 1929 Анчани сеюми фавқулоддаи Шуроҳои Точикистон дар бораи ташкил ёфтани Чумҳурии Шӯрави Сотсиалистии Точикистон қарор ва Изҳорот қабул кард.
Анчани VI-уми Шуроҳои ИЧШС аз моҳи марти соли 1931 қарор ба ҳайати ИЧШС (СССР) ҳамроҳ кардани ЧШС Точикистонро тасдиқ намуд. Бори дигар киш карда шуд, ки қисми ками қаламрави точикнишин ба Точикистон ҳамроҳ карда шавад. Гарчанде, ки 3-феврали соли 1930 КИМ Умумииттифоқи масъалаи ба Точикистон ҳамроҳ кардани вилояти Сурхандарёро мавриди барраси қарор дода хоҳиши Тикистонро қонеъ намуда бошад ҳам, мутаасифона пас аз 10 рӯз КИМ қарори худро бекор кард.
Анҷумани 4-уми Шӯроҳои ҶШС Тикистон 24 феврали соли 1931 якумин конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тикистонро қабул намуд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …