Фарқияти намояндагони
ҷинсҳои мардона ва занона дар
се сатҳ баррасӣ карда меша-
ванд: сатҳи анатомӣ – морфологӣ; сатҳи физиологӣ – ҳор-
моналӣ ва сатҳи иҷтимоӣ- психологӣ. Барои баҳои воқеӣ
додан ба тафовути психологии ҷинсҳо тавсифи ду сатҳи
аввал (дараҷаи биологӣ) низ муҳим аст.
Фаркияти цисмонии цинсҳоро, ки асоси биологӣ дорад,
диморфизми цинсӣ меноманд.
Ҳанӯз дар лаҳзаи бордоршавии ҳуҷайратухм тано-
суби хромосомҳо ҷинсияти генетикии ҷанинро муайян ме-
кунанд, ки дар схемаи биологӣ чунин тасвир карда меша-
вад: XX- духтар ва Х¥- писар. Тақрибан дар ҳафтаи 7-ми
инкишофи ҷанин ғадудҳои ҷинсӣ ташаккул меёбанд, ки
ҷинсияти ҳормоналии ӯро муайян мекунанд. Ҳормони ин
ғадудҳо аз як ҷониб самти инкишофи морфологии ҷинсро
муайян карда, ба шаклгирии аломатҳои аввалиндараҷаи
ҷинсият (узвҳои ҷинсӣ) мусоидат мекунанд. Аз ҷониби ди-
гар бошад, ба марказҳои дахлдори мағз таъсир расонида,
заминаи равандҳои минбаъдҷараёнгирандаи балоғати
ҷинсиро ба вуҷуд меоварад. Пас аз таваллуд дар асоси
нишонаҳои зоҳирӣ ҷинсияти расмии кӯдак муайян карда
мешавад. Фаъолияти бенуқсони ғадудҳои ҷинсӣ дар
давраи балоғати ҷинсӣ боиси ба вуҷуд омадани як қатор
тағйироти морфологӣ ва физиологӣ мегарданд, ки нишо-
наҳои дуюмдараҷаи ҷинсӣ номида мешаванд (баромадани
ришу мӯйлаб дар писарон, дамидани синаҳо, ҳайзбинӣ
дар духтарон ва ғ.).
Кӯдак аз рӯзи таваллуд бо муайян шудани ҷинсияти
расмӣ ба муносибати хоси «духтарона» ва ё «писарона»
рубарӯ мегардад, ки минбаъд ба муайянсозии мавқеи
иҷтимоӣ ва худшиносии ҷинсии ӯ мусоидат мекунад. Му-
носибати ҷамъият ва хусусиятҳои тарбия доимо ба кӯдак
талқин мекунанд, ки кадом намуди рафтор барои ӯ «раво»
ва кадомаш «норавост». Ҳамин тавр нақшҳои ҷинсӣ ва
дар заминаи онҳо тасаввурот дар бораи хусусиятҳои хоси
«мардона» ва «занона» шакл мегиранд, ки дар илм бо но-
ми стереотипҳои маскулинӣ (аз лот. маскулинус-мардона)
ва феминӣ (аз лот. феминус-занона) маъмуланд.
Кӯдак аллакай дар синни 1,5 солагӣ ба кадом ҷинс
тааллуқ доштанашро мефаҳмад. Дар 3-4 – солагӣ ҷинсияти
дигаронро аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ (масалан сарулибос)
муайян мекунад. Дар 6-7 – солагӣ аллакай тафовути воқе-
ии ҷинсиятро фарқ карда, кӯдак кӯшиш мекунад, ки ба
меъёрҳои муайянкардаи ҷамъият мувофиқ бошад. Ҳамза-
мон иҷроиши нақшҳои ҷинсӣ аз ҷониби калонсолон назо-
рат карда мешавад. Волидайн ва атрофиён писарро (дух-
тарро) барои рафтори маскулинӣ (феминӣ) таҳсин ва
баръакс барои рафтори мухолиф танқид мекунанд.
Дар тасаввуроти ҷамъиятӣ зери хусусиятҳои «мардо-
на» одатан далерӣ, шуҷоат, ҷиддият, сиёсат, фаъолӣ,
қатъият ва монанди инҳоро мефаҳманд. Зери хусусиятҳои
занона бошад, назокат, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, ҳассосӣ,
нофаъолӣ ва ғайра. Ин намунаи хусусиятҳои маскулинӣ ва
феминӣ на ҳамеша дар воқеият тасдиқи худро меёбанд,
яъне хусусиятҳое, ки мардона ҳисобида мешаванд, дар
занҳо низ ташаккул меёбанд ва баръакс. Аз ин рӯ, онҳоро
тасаввуроти стреотипӣ (аз юн. стереос – устувор ва типос –
нақш) ё шахшуда меноманд.
Ҳамин тавр, тафриқагузории хусусиятҳои занона ва
мардона шартӣ буда, сарҳади аниқи фарқкунӣ надоранд
ва аз омезиши онҳо як навъ типҳои «мобайнӣ» ба вуҷуд
меоянд. Масалан, дар тасаввуроти омма аз рӯи баҳодиҳӣ
ба хусусиятҳои ҷинсии рафтор чаҳор типи одамон фарқ
карда мешаванд: марди мардонахислат, марди зано-
нахислат, зани мардонахислат ва зани занонахислат.
Бояд қайд намуд, ки дар чунин зуҳуроти хусусиятҳои
барои ҷинси муқобил хос донисташаванда, ҳам омили
биологӣ (ихтилоли функсияҳои тарашшуҳоти ҷинсӣ) ва
ҳам омили иҷтимоӣ (тарбияи нодуруст) нақш доранд.
Саволе ба миён меояд, ки фарқияти воқеии психикаи
мардона ва занона дар чӣ ифода меёбад? То чӣ андоза
нишондиҳандаи ин фарқият бузург аст?
Таҳқиқотчиёни америкоӣ Е.Е.Маккоби ва
К.Н.Ҷеклин дар натиҷаи таҳлили тамоми тадқиқотҳои то
солҳои 70-уми асри XX гузаронидашуда танҳо чаҳор
фарқияти психологии ҷинсҳоро маълум карданд: қобили-
ятҳои мавқеъгирӣ дар вазъият, қобилиятҳои математикӣ,
малакаҳои нутқӣ ва агрессивият. Муҳаққиқон ба хулосае
омаданд, ки писарон дар қобилиятҳои биноӣ-фазоӣ бар
духтарон афзалият доранд ва қобилиятҳои математикиа-
шон низ баландтар аст. Духтарон бошанд, дар қобили-
ятҳои шифоҳӣ пешсафанд ва писарон бештар агрессивӣ,
яъне бадхашманд (Е.Е.Маккоби ва К.Н.Ҷеклин, 1974).