Главная / Илм / Ибтидои фарзшавии рӯза

Ибтидои фарзшавии рӯза

Чараёни нузул ва муқаррар гардидани ахкоми фаризаи руза ба
таври тадриҷй сурат гирифтааст ва он пас аз гузаштани чанд марҳала
ва ё таҳаввули зина ба зина бар мусалмонон ба шакли ниҳой муайян
гардидааст.
Дар ривоятҳои зиёде омадааст, ки вақте ин оят нозил шуд, ҳар ка-
се аз гирифтани руза эҳсоси машаққат ва сахтй мекард, хоҳ пир бо-
шад, хоҳ чавон, ифтор намуда, ба ҷои ҳар рузи он як мискинро таом
медод. Ин амр дар ибтидои фарзияти руза машруият дошт. Вақте ояти
баъдй нозил шуд, ҳукми он танҳо дар ҳаққи пирамарди оҷиз ва фонй
(бемадор) боқй монда, барои дигарон мансух гардидааст. Дар Саҳеҳи
Бухорй ва Муслим аз Ибни Умар (р), Ибни Масъуд (р) ва Салама иб-
ни Акваъ (р) ҳадисҳое ба ҳамин маъно ривоят шудааст. 
Дар ривояти Бухорй аз Салама ибни Акваъ (р) омадааст: Вакте
ояти «Ва бар касоне, ки (рӯзаро) бо машаққат мегиранд, ба андозаи
таоми як мискин фидя аст» нозил шуд, касе мехост ифтор мекард ва
фидя медод, то он ки ояти баъдй нозил шуд ва ин хукмро бекор кард.
Бухорй дар таъйиди ин маъно ривоят мекунад, ки Анас вакте пир шуд,
як сол ё ду сол рузаи мохи Рамазонро ифтор намуда, ба ҷои хар рузи
он мискинеро бо нону гушт таом дод.
Дар ривояти Суддй аз Абдуллох омадааст: Вакте ояти «Ва бар ка-
соне, ки бо сахти руза медоранд, …» нозил шуд, касе мехост, руза ме-
дошт ва касе мехост, ифтор мекард ва (ба ҷои он) мискинеро таом ме-
дод. «Ва касе бештар хайр намояд, яъне бо таом додани мискини дига-
ре, он барояш бехтар аст ва руза доштан бароятон (аз ифтор) бехтар
аст». Онхо бар ин хол буданд, то он ки ояти «Пас касе аз шумо мохро
шохид гардад, рузаи онро бидорад» нозил шуд ва хукми ояти каблиро
бекор кард.
Аммо Бухорй дар ривояти дигаре аз Ибни Аббос (р) овардааст, ки
ин оят аслан дар бораи марду зани солрафтае нозил шудааст, ки ги-
рифтани руза барояшон ба сахтй муяссар мегардад. Онхо ифтор на-
муда, ба ҷои хар рузи он як мискинро таом медиханд. Бинобар ин, он
мансух нагаштааст.
Ба хар хол, хукми нихоии Ислом дар ин бора он аст, ки ҷавоне, ки
аз гирифтани руза эхсоси машаккат ва сахтй менамояд, агар бемор ва
ё дар сафар набошад, бояд рузаашро тамом (пурра) намояд, вале пи-
рамарди бемадор метавонад бо тахаммули сахтй рузаро бидорад ва ё
ифтор намуда, ба ҷои хар рузи он як мискинро таом дихад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222