Имсок дар луғат ба маънои бозистодан ва худдори кардан аст ва
дар истилоҳи шаръ ба маънои бозистодан аз хурдану нушидан дар
идомаи рузе аст, ки рузаи онро ба гунае фосид намудааст. Дар тамоми
мавридҳое, ки шахс рузаи моҳи Рамазонро ба гунае фосид намуда ва
бар вай қазо ва ё қазову каффорат воҷиб гардидааст, ба хотири эҳти-
роми моҳи Рамазон ва ҳамсози бо мусалмонони рузадор бақияи он
рӯз аз хурдану нушидан имсок менамояд.
173 Омма ва ё маъмума (ба он захм ва ҷароҳате гуфтамешавад, ки ба мағзи
сар расида бошад. Дар забони араби мағзи сарро уммурраъс мегуянд ва вожаи омма аз
решаи умм ба ҳамин маъно гирифта шудааст. Чоифа (аз решаи ҷавф гирифта шу-
да, ба маънои захм ва ҷароҳате аст, ки ба ҷавф – шикам (меъда ва рӯдаҳо) расида бошад.
Шахсе ба гумони ин ки субх, ҳанӯз надамидааст, ба саҳархурй идо-
ма диҳад ва баъд маълум шавад, ки субх, кайҳо дамидааст ва ё ба гумо-
ни ин ки офтоб нишастааст, ифтор намояд, вале маълум гардад, ки
офтоб ҳанӯз нанишастааст ё мусофире, ки рузаашро ифтор намудааст,
рузона дар моҳи Рамазон муқим гардад ё беморе, ки рузаашро ифтор
намуда, шифо ёбад ва ё зани дар ҳоли ҳайз ва ё нифос пок гардад, дар
тамоми ин суратҳо бақияи рӯз аз хурдану нушидан имсок менамояд ва
қазои он рӯз низ бар вай воҷиб мебошад.
Кудаке рузона дар моҳи Рамазон ба балоғат расад ва ё кофире му-
салмон шавад, онҳо низ бақияи он рузро имсок менамоянд, вале қазои
он бар онҳо воҷиб нест.
Дар бораи воҷиб ва ё мустаҳаб будани имсок дар мавридҳои ном-
бурда дар миёни фақеҳон назароти гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо онро
воҷиб ва баъзеҳо мустаҳаб медонанд, вале назари умумии мазҳаб ба
вуҷуби он наздиктар аст.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …