Главная / Илм / Инкишофи психика дар онтогенез

Инкишофи психика дар онтогенез

Ибораи инкишофи психика ва шуур дар ду маврид истифода бурда меша

вад: якум, дар мавриди баёни инки-

шофи таърихӣ ё таҳаввулоти психика;
дуюм дар мавриди ифодаи инкишофи психикии фарди
алоҳида. Мавриди аввал, ки филогенез (аз юн. филе-
сулола, намуд ва генезис-баромад, пайдоиш)-и психика
низ номида шудааст, дар мавзӯи сеюми ҳамин боби китоб
баррасӣ карда мешавад. Ҷараёни инкишофи фардии орга-
низмро бошад онтогенез (аз юн. онтос-ҳақиқӣ, аслӣ ва ге-
незис-баромад, пайдоиш) меноманд. Доир ба инкишофи
онтогенезии психика ду нуқтаи назари ба ҳам мухолиф
вуҷуд дорад, ки бо номи равияҳои биогентикӣ ва сотсио-
генетикӣ маъмуланд. Намояндагони равияи биогенетикӣ
чунин мешуморанд, ки дар инкишофи психика ва шахси-
яти одам асосан омилҳои биологӣ нақш доранд. Ба ақидаи
онҳо, раванди инкишофи психикаи одам ҳанӯз пеш аз та-
валлуди ӯ дар генҳо- ноқилҳои махсуси ахбороти ирсӣ
сабт шудаанд ва чӣ гуна хусусиятҳои психикиро соҳиб
шудани ӯ, кадом қобилияту маҳоратро аз худ кардани ӯ ва
аз ахбороти дар генҳо маҳфузбуда вобаста аст. Ҷонибдо-
рони равияи сотсиогенетикӣ бошад чунин меҳисобанд, ки
дар инкишофи психика нақши омилҳои иҷтимоӣ асосист.
Онҳо чунин мешуморанд, ки одам танҳо заминаҳои ин-
кишофи психикиро ба мерос мегирад, ҳамагон аз рӯзи та-
валлуд қобилиятҳои якхелаи биологӣ ва имкониятҳои ба-
робари инкишофро соҳибанд. Чигунагии хусусиятҳои
психологӣ ва инкишофи қобилиятҳои фард пурра аз
таъсироти муҳит вобаста буда, дар шароити мусоид ҳар як
нафар метавонад ба дараҷаи баланди инкишофи психи-
кию ақлонӣ расад. Яке аз намояндагони равияи сотсиоге-
нетикӣ Ҷ. Локк буд, ӯ психикаи кӯдаки навзодро чун
газа» (тахтаи хатнависии тоза) баҳо медод, ки онро
таҷриба бо нақшҳои худ пур месозад. Мувофиқи таълимо-
ти олим, дар шуур чизе нест, ки тавассути узвҳои ҳис во-
рид нагардида бошад.

Камбудии ҳам биогенетикҳо ва ҳам сотсиогенетикҳо
дар он буд, ки ба омилҳои инкишофдиҳандаи психика ва
шахсияти одам баҳои якҷониба медоданд. Илми муосир
бо далелҳои қатъӣ исбот мекунад, ки дар инкишофи пси-
хика ҳам омилҳои табиӣ ва ҳам омилҳои иҷтимоӣ нақши
муассир доранд. Тасаввур кунед, ки кӯдак бо мағзи иллат-
нок ё узвҳои ҳиссии корноқобил, масалан чашми нобино
таваллуд мешавад. Албатта, рушди психикию ақлонии
чунин кӯдак маҳдуд аст. Қайд кардан лозим аст, ки кӯдак
на танҳо сохторҳои анатомиро ба мерос мегирад, балки як
қатор хусусиятҳои психофизиологӣ низ, аз қабили типи
системаи асаб ва хусусиятҳои конститутсионалӣ, хусуси-
ятҳои узвҳои ҳис, заминаҳои табиии қобилиятҳо, аз ҷумла
қобилиятҳои махсус ва ғайра дар сатҳи табиӣ ба инсон
дода шудаанд, ки то андозае самт ва хусусиятҳои инки-
шофи психикии ӯро муайян мекунанд. Аз ин мебарояд, ки
мо наметавонем нақши омилҳои табиӣ, аз ҷумла ирсиро
сарфи назар кунем. Аз ҷониби дигар, инкишофи кӯдакро
бе таъсири раванди таълиму тарбия ва дигар таъсироти
иҷтимоӣ низ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамин
тавр, нуқтаи назари психологияи муосир ба омилҳои асо-
сии инкишофи психикӣ, чуноне, ки мегӯянд, биосотсиоге-
нетикӣ аст. Ин мавқеъро омӯзиши раванди инкишофи
психикии дугоникҳои аз як тухмҳуҷайра таваллудшуда
асоснок карда метавонад. Агар дугоникҳои дар як
ҳуҷайратухм ташаккулёфтаро дар муҳити гуногун тарбия
намоем, пас мебинем, ки дар инкишофи психикии онҳо
умумият ва фарқиятҳо мавҷуданд. Худ аз худ муайян аст,
он хусусиятҳое, ки умумианд, заминаи ирсӣ ва табиӣ до-
ранд ва он хусусиятҳое, ки фарқкунандаанд, дар асоси
таъсири муҳит ба вуҷуд омадаанд. Истифодаи амалии ме-
тоди дугоникҳо нишон дод, ки ҳарду гурӯҳи хусусиятҳо
нишондиҳандаҳои муҳими инкишофи психикии фард ме-
бошанд ва барои афзалият додан ба яке аз омилҳои био-
логию иҷтимоӣ асоси илмӣ вуҷуд надорад.

Чунин як баҳси дигар дар атрофии қувваҳои ботинии
ҳаракатдиҳандаи инкишофи психикӣ ҷой дошт. Олими
австриягӣ З.Фрейд ба сифати чунин қувваҳо майлҳои
бешуурона ва хусусан майлҳои шаҳвониро пешниҳод ме-
кунад, ки аз ҷониби ӯ энергияи либидо номида шудааст.
Ба ақидаи ӯ, маҳз дар раванди кӯшиши қаноатмандсозии
майлҳои шаҳвонӣ фаъолии одам ба вуҷуд меояд, ки ин-
кишофи психикии ӯ бо он вобаста аст. Муҳаққиқони зиёде
ба ин «хулосаи беадабона» зид баромаданд, аммо самтҳои
гуногуни назарияи З.Фрейд исботи худро ёфтаанд. Психо-
логияи муосир бошад талаботҳоро қувваи ҳаракат-
диҳандаи инкишофи психикӣ мешуморад. Талабот гуно-
гунанд: органикӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва ғайра. Қаноат-
мандсозии як талабот талаботи навро ба вуҷуд меоварад.
Дар раванди қаноатмандсозии талабот инкишофи пси-
хикӣ низ ба амал меояд.

Психика ва шуури одам дар давоми ҳаёти фардии ӯ
аз рӯи қонунияти муайян инкишоф меёбад. Чунин
қонунҳои инкишофи психикиро муайян кардаанд:

  • қонуни номутаносибинкишофёбии психикӣ;
  • қонуни интегратсияи фаъолияти психикӣ;
  • қонуни пластикӣ (тағйирёбанда) будани инишофи
    психикӣ ва ҷуброн шудани ноқисиҳои он аз ҳисоби та-
    шаккули дигар тарафҳои шахсият.

Ҳангоми баҳо додан ба инкишофи психикии кӯдак на
инкишофи равандҳои алоҳидаи психикӣ, балки воҳиди
давраҳои синнусолиро ба назар мегиранд. Муҳим будани
чунин нуқтаи назарро психологи рус Л.С.Виготский (1896-
1934) дарк карда навиштааст: «синну сол чунин ташкилаи
яклухти динамикӣ, чунин сохторест, ки нақш ва аҳамияти
ҳар як ҷузъи алоҳидаи инкишофро муайян мекунад».
Л.С.Виготский ба сифати ченаки таҳлили инкишофи пси-
хикӣ воҳиди давраҳои синнусолиро истифода кард. Ҳам-
чунин ӯ яке аз аввалинҳо шуда, даврабандии синнусолии
инкишофи психикиро пешниҳод намуд. Айни замон дар
психологияи синнусолӣ якчанд таснифоти синнусолии ин-
кишофи психика маъмуланд, ба монанди таснифоти пси-
хологи америкоӣ Э.Эриксон (1902-1994), психологони рус
Д.Б.Элконин (1904-1984), Б.Г.Ананев (1907-1972) ва дига-
рон.

Яке аз маъмултарин даврабандиҳои инкишофи син-
нусолии психикаро, ки ба психологи рус А.Н.Леонтев
(1903-1979) тааллуқ дорад, дида мебароем.

А.Н.Леонтев ҳафт марҳалаи инкишофи психикии
кӯдакро ҷудо кардааст: навзодӣ (аз таваллуд то 2 моҳагӣ);
синни аввали тифлӣ (аз 2 то 6 моҳагӣ); синни баъдии ти-
флӣ (аз 6 то 12-14 моҳагӣ); синни барвақти томактабӣ (аз 1
то 3 солагӣ); синни томактабӣ (аз 3 то 7 солагӣ); синни
хурди мактабӣ (аз 7 то 11-12 солагӣ); синни наврасӣ ва
навҷавонӣ (аз 13-14 то 17-18 солагӣ).

Ҳар як давраро аз нигоҳи инкишофи психикӣ тав-
сиф менамоем.

Барои давраи аввал, яъне синни навзоди узвҳои ҳис-
сӣ, ҳаракат ва системаи асаби нисбатан инкишофёфта хос
аст, ки ҳанӯз дар давраи дохилибатнӣ шакл гирифтаанд.
Дар навзод аллакай эҳсоси биноӣ, шунавоӣ, пустӣ, маза ва
эҳсоси ҳолати бадан дар фазо, инчунин аксар рефлексҳои
содда ташаккул ёфтаанд. Бо вуҷуди он, ки системаи асаб
ва қисмҳои он, аз ҷумла қишри мағзи сари навзод ташак-
кул ёфтаанд, вале аз сабаби инкишофи ҳанӯз номукамма-
ли сохтори микроскопии мағз навзод наметавонад ба
таъсироти муҳит аксуламали мувофиқ зоҳир намояд.

Ҳаёти кӯдак дар рӯзҳои аввали таваллуд бо ҳаёти
дохилибатниаш умумияти зиёд дорад: ҳангоми оромӣ нав-
зод дар ҳолати эмбрионалӣ қарор мегирад; 4/5 ҳиссаи ҳаё-
ташро вай дар хоб мегузаронад. Фаъолии зоҳирии навзод
асосан ба қаноатманд кардани талаботи ӯ ба ғизо равона
гардидааст. Ҳаракатҳои даст ва ҷойивазкунӣ дар фазо
тақрибан вуҷуд надорад. Аммо бо вуҷуди ин дар ӯ алла-
кай унсурҳои ибтидоии рафтор ташаккул меёбанд. Идро-
ки биноӣ дар ибтидо умуман мавҷуд нест, кӯдак танҳо ба
объектҳои калон ва ё равшан эътино мекунаду халос.
Ҳамзамон ташаккули аксуламалҳои мавқеъгирӣ, ба мисли
эътино ба садо ва хусусан навозиши модар оғоз меёбад.

Кӯдак дар синни се-чор ҳафтагӣ каме фаъолтар ме-
шавад. Дар ин давра аксуламали махсус шакл мегирад, ки
дар як навъ фаъолшавии кӯдак ҳангоми ҳозир будани
одамон ифода меёбад. Ин аксуламалро муҳаққиқон «аксу-
ламали хушҳолӣ» омидаанд. Ин аксуламал нишонаи он
аст, ки дар кӯдак идроки предметӣ шакл гирифта истода-
аст.

Ҳамин тавр, тавсифдиҳандаҳои инкишофи психикӣ
дар ин марҳала ташаккули сохтори микроскопии мағз,
шаклгирии унсурҳои соддаи рафтор ва аксуламали
мавқеъгирӣ ва зуҳуроти «аксуламали хушҳолӣ» мебо-
шанд.

Кӯдак дар марҳалаи синни аввали тифлӣ аллакай
бо ашёҳо манипулятсияҳо менамояд, протсесси идрок
шакл мегирад ва ӯ метавонад ба ашёҳо даст расонида ё
онҳоро дошта, дар як вақт нигоҳашро ба онҳо равона ку-
над. Дар ин давра вай нишастанро меомӯзад ва одамону
ашёҳоро мешиносад.

Ҳамин тавр хусусияти асоси инкишофи психикӣ дар
ин марҳала инкишофи амалҳо бо ёрии ашё ва протсессҳои
идроки предметӣ аст.

Синни баъдии тифлӣ аз нимаи дуюми соли аввали
ҳаёт оғоз меёбад. Кӯдак дар ин давра амалҳои навро аз
худ мекунад, ки муносибати ӯро бо олами иҳотакарда
тағйир медиҳанд. Дар ҳафтмоҳагӣ аллакай ҳаракатҳои
дастӣ хуб инкишоф ёфтаанд. У метавонад ашёҳоро гирад,
ба даҳон барад ё тела диҳад. Ҳамзамон метавонад му-
стақилона нишинад, ба шикам хобад ё ба пушт ғел занад;
вай хазидан, бо ёрии дигарон хестан ва ба ашёҳо овезон
шуданро ёд мегирад. Ҳамаи ин ба инкишофи системаи
такягоҳу ҳаракат (устухону мушакҳо) мусоидат мекунад,
ки дар навбати худ, ба қабули бештари ахборот аз олами
иҳотакарда ва боиси инкишофи мустақилияти кӯдак ме-
гарданд. Муносибати кӯдак бо калонсол тадриҷан харак-
тери фаъолияти якҷояро мегирад, ки дар раванди он
муоширати предметӣ низ амалӣ мешавад. Масалан, ка-
лонсол ашёро ба кӯдак тела медиҳад, кӯдак онро мегирад
ё кӯдак ашёро мепартояд ва калонсол онро мегирад.

Дар ин давра идроки кӯдак ташаккул ёфта, акнун ӯ
ашёҳои алоҳидаро не, балки маҷмӯи онҳоро идрок меку-
над. Дар рафти муоширати предметӣ тадриҷан нутқ ва
тафаккури содда (тафаккуи предметӣ) шакл мегиранд,
нишонаҳои аввалини тақлид ба рафтори калонсол ба
вуҷуд меоянд. Ҳамчунин дар ин давра кӯдак роҳгардиро
ёд мегирад.

Ҳамин тавр, нуқтаҳои муҳими инкишофи психикӣ
дар ин давра инҳоянд: тағйир ёфтани муносибати кӯдак
бо олами иҳотакарда дар асоси муоширати предметӣ;
зуҳури нишонаҳои нутқ ва тафаккури содда; тақлид ба
рафтори калонсол ва омӯхтани роҳгардӣ.

Синни барвақти томактабӣ бо шаклгирии ибтидоии
фаъолияти табиати ҷамъиятидоштаи ба одам хос ва ҳам-
чунин намуди ба одам хоси инъикоси шууронаи олами
иҳотакарда тавсиф дода мешавад. Кӯдак ба калонсолон
тақлид кардаистода, ашё ва хусусиятҳои онҳоро маърифат
мекунад. Маърифати ашё ва функсияҳои онҳо дар ду самт
ба вуҷуд меояд: аввалан, ҳангоми азхуднамудани мала-
каҳои оддитарин, аз қабили доштани чумча ва пиёла,
баъдан ҳангоми манипулятсияи ашё дар вақти бозӣ бо
онҳо. Пайдоиши бозиҳо бошанд, давраи нави инкишофи
психикиро оғоз мебахшанд, зеро акнун кӯдак оламро на
танҳо бо ёрии алонсолон, балки мустақилона низ маъри-
фат мекунад. Ҳамзамон кӯдак калимаҳоро ёд мегирад ва
ибораи такроршавандаи «ман худам» ё ифодаи ишоравии
он, ки мустақилиятхоҳии ӯро ифода мекунад, хусусияти
хоси ин давра мебошад.

Мувофиқан хусусиятҳои асосии инкишофи психи-
кии кӯдак дар ин давра аз худ кардани типи ба одам хоси
муносибат бо олами иҳотакарда ва шаклгирии
функсияҳои асосии тафаккур мебошанд.

Синни томактабӣ. Хусусияти асосии инкишофи
психикӣ дар давраи синни томактабӣ мавҷудияти зиддият
дар хоҳиши аз худ кардани олами ашёи ҳақиқӣ ва маҳду-
дияти имкониятҳои ӯ ифода меёбад. Ин номувофиқат дар
бозиҳои сюжетӣ-нақшофарӣ ҳалли худро меёбад, ки кӯдак
ҳангоми он на худи амалро, ки ба ӯ дастнорас аст, балки
намуна ё образи онро иҷро мекунад. Масалан ронандаро
дида, бо ҳаракат ва садоҳо амали ӯро тақлид мекунад.
Кӯдак ҳангоми бозиҳои сюжетӣ муносибтҳои иҷтимоиро
маърифат мекунад, хаёли эҷодӣ, қобилияти идораи
рафтор, идрок, бахотиргирӣ, азнавҳосилкунии образҳо ва
инчунин нутқ ташаккул меёбанд.

Хусусияти дигари муҳими ин давра раванди ша-
клгирии шахсияти кӯдак мебошад. Дар асоси маърифати
муносибатҳои иҷтимоӣ азхудкунии меъёру қоидаҳои
рафтор ба амал меояд, ки дар натиҷа хусусиятҳои харак-
тери кӯдак шакл мегиранд. Ба он ҳамчунин бозиҳо,
мазмуни афсонаҳо, расмкашӣ ва ғайра таъсир мерасо-
нанд.

Ҳамин тавр, хусусияти муҳими ин давра ташаккули
шахсияти кӯдак ба шумор меравад.

Синни хурди мактабӣ кӯдакони аз 7 то 12 соларо
муттаҳид мекунад. Ба мактаб рафтани кӯдак марҳилаи
нави инкишофи психикии ӯро тавсиф медиҳад, зеро акнун
системаи муносибатҳои ӯро бо олами иҳотакарда на
танҳо ҳамкорӣ бо калонсолон, балки муошират бо ҳамсо-
лон низ муайян мекунанд. Илова бар ин, акнун бар души ӯ
ӯҳдадории ҷамъиятӣ гузошта шудааст, ки аз иҷрои он
оянда ва мавқеи ҷамъиятии ӯ вобаста аст. Бо вуҷуди он,
ки кӯдак дар давраҳои қаблӣ низ ба таълим машғул буд,
вале маҳз дар ин синну сол таълим ба фаъолияти асосии ӯ
табдил ёфта, дар давоми мактабхонӣ маҳаки асосии ин-
кишофи психикӣ ба шумор меравад. Самтҳои асосии ин-
кишофи ҷараёнҳои психикӣ дар ин давра бо таълим
алоқаманданд. Яке аз самтҳои муҳими инкишофи психикӣ
дар ин давра инкишофи ақлонӣ мебошад. Дар асоси ша-
роиту талаботи мактаб ва таълим дар кӯдак диққати их-
тиёрӣ, идроки ихтиёрӣ (мушоҳидаи мақсаднок), хотир,
тафаккури мантиқӣ ва нутқ инкишоф меёбанд.

Дар раванди таълим шахсияти кӯдак низ мунтазам
инкишоф меёбад, ки ба он асосан ҷаҳонбинии нисбатан
васеъ ва хусусиятҳои фаъолияти коллективона таъсир ме-
расонанд.

Ҳамин тавр хусусиятҳои асосии инкишофи психика
дар синни хурди мактабӣ инкишофи суръатноки соҳаи
маърифатӣ, ташаккули минбаъдаи шахс ва таҷрибаҳои
аввалини мутобиқати иҷтимоӣ мебошанд.

Синни наврасн ва навҷавонн. Кӯдак дар ин давра ба
наврас мубаддал гардида, боз ҳам бештар ба ҳаётӣ иҷти-
моӣ ворид мешавад. Ӯ ба амалигардонии имкониятҳои
худ оғоз мекунад, дар фаъолияти мушаххас муваффақ ме-
шавад ва доир ба касби оянда фикр мекунад. Ҳамзамон
инкишофи соҳаи маърифатӣ ва ташаккули шахсият идома
меёбад. Наврас дар муайянсозии мавқеи худ «ҳаёти» ка-
лонсолиро ба асос мегирад.

Қайд кардан зарур аст, ки ба инкишофи шахсият
дар ин давра балоғати ҷинсӣ таъсири калон мерасонад.
Дар зери таъсири инкишофи суръатноки организм ва
омилҳои дигар тадриҷан рафтори кӯдакона ба рафтори
ҷиддии калонсол монанд мешавад.

Албатта, инкишофи психикии одам дар давраи
наврасӣ ба охир намерасад. Он бо вуҷуди суст шудан то
охири умри одам идома меёбад. Муаллифи рус
А.Г.Маклаков ду давраи дигари инкишофи минбаъдаи
психикиро қайд кардааст: давраи акмеологии инкишоф ё
давраи камолот ва давраи геронтогенез.

Давраи акмеологӣ (аз юн. акме-нуқтаи баландтари-
ни инкишоф, гулгулшукуфӣ, балоғат) ё камолот аз 18 то
60 солагиро дар бар мегирад. Одатан ин давраро
марҳалаи самараноктарини ҳаёт ва давраи эҷодкорӣ ме-
номанд. Дар ин давра инкишофи ҷисмонию ҷинсӣ хотима
ёфта, хусусиятҳои иҷтимоию психологии одам низ ба ка-
мол мерасанд.

Давраи геронтогенез (аз юн. геронтос-пир, пирӣ) аз
се давра иборат аст: миёнсолӣ (барои мардон 60-74, барои
занон 55-74       – солагӣ); пиронсолӣ (75-90             – солагӣ);

кӯҳансолӣ (90 – солагӣ ва зиёда аз он).

Ин давра асосан бо таназзули инкишофи ҷисмонию
психологӣ тавсиф дода мешавад. Дар асоси тағйироти фи-
зиологии алоқаманд бо пиршави организм пастшавии
фаъолии зуҳуроти психикӣ низ ба назар мерасанд ва хусу-
сан диққат, хотир ва тафаккур халалдор мешаванд.

Аммо қайд кардан лозим аст, ки ҷараёни ин давра аз
хусусиятҳои фардии шахс низ вобастагӣ дорад. Дар
давраҳои охири онтогенез нақши шахсият ва мавқеи
иҷтимоии одам дар нигаҳдошти қобилиятҳои кори ӯ
ниҳоят бузург аст.

Аз таҳлили даврабандии инкишофи психикӣ бармео-
яд, ки тараққиёти психикаи одам ростхата ба амал намео-
яд, он аз давраҳои гоҳо мунтазам, гоҳо пурҷушу хурӯш ва
мураккаб иборат аст. Барои ифодаи чунин хусусиятҳои
инкишофи фардӣ мафҳумҳои «давраҳои бӯҳронӣ» ва
«давраҳои сензитивии инкишоф»- ро истифода мебаранд.

Давраҳои буҳрони ё бӯҳронҳои синнусолӣ гуфта, чунин
марҳалаҳои ҳаёти фардро меноманд, ки гузаришро ба
давраҳои сифатан нави синнусолӣ ифода карда, дар мурак-
кабӣ ва ноустувории муносибатҳои шахс бо олами иҳота-
карда зоҳир мешавад, ки асоси онро мухолифати хоҳишҳо
бо имкониятҳо ташкил медиҳанд.

Дар инкишофи психикии фард якчанд давраи
бӯҳронӣ фарқ карда мешаванд, ки муҳимтаринашон
инҳоанд: бӯҳрони навзодӣ, бӯҳрони яксолагӣ, бӯҳрони се-
солагӣ, бӯҳрони шаш-ҳафтсолагӣ ва бӯҳронӣ синни
наврасӣ(11-12 солагӣ) .

Дар зери мафҳуми давраҳои сензитивии инкишоф чу-
нин давраҳои ҳаёти одамро мефаҳманд, ки барои шаклгирӣ
ва инкишофи зуҳуроти муайяни психикӣ шароити мусоид
фароҳам меоварад.
Масалан барои ташаккули нутқ синни
1 то 3 солагӣ давраи мусоид ё сензитивӣ мебошад. Агар
кӯдак дар ин давра аз муошират бо калонсолон маҳрум
бошад, пас бо вуҷуди кӯшиши зиёд минбаъд дараҷаи ба-
рои одами солим меъёрии инкишофи нутқро дар ӯ инти-
зор шудан ғайриимкон аст. Инро дар мисоли инкишофи
психикии кӯдакони ҷудо аз ҷамъияти инсонӣ зиндагикар-
да дидан мумкин аст. Соли 1920 аз ҷангалзори Ҳиндустон
ду духтарча, яке ду ва дигаре ҳафтсола аз лонаи гургон

дарёфт карда шуд. Духтарчаи хурдӣ ба зудӣ фавтид, аммо
калонӣ дар зери тарбияи одамон боз қариб 10 соли дигар
зиндагӣ кард. У, ки давраи сензитивии инкишофи нутқро
аз даст дода буд, дар муддати 7-8 соли омӯзиш, яъне дар
синни 15 – солагӣ танҳо 45 калимаро аз худ карду халос.
Барои муқоиса ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки захираи
луғавии кӯдакони 3-4 – сола то 1500 калимаро ташкил
медиҳад.

Аз таърифи давраҳои сензитивӣ бармеояд, ки синну
сол барои инкишофи зуҳуроти мухталифи психикӣ шаро-
ит фароҳам меоварад. Дар зери ин шароит пеш аз ҳама
инкишофи анатомию физиологии организм ва хусусан
ташаккули системаи асаб, системаи такя ва ҳаракат, ин-
кишофи малакаҳои ҳаракатӣ ва ғайра фаҳмида мешавад.
Инкишофи организм ҳам бевосита аз тариқи шаклгирии
заминаҳои физиологии функсияҳои психикӣ ва ҳам баво-
ситаи васеъ намудани системаи муносибатҳои шахс бо
олами иҳотакарда, ки аз ташаккули тадриҷии имкони-
ятҳои ҷисмӣ бармеояд, ба инкишофи психикӣ мусоидат
мекунад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222