Главная / Илм / Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

Психологияи ҳаётӣ ҳанӯз аз афкори психологии одамони қадим сарчашма гирифта,
давра ба давра ташаккул ёф-
тааст ва самтҳои гуногуни инкишофи он дар марҳалаи
муайян ба тадқиқоти илмӣ бархурда, заминаҳои психоло-
гияи илмиро ба вуҷуд овардааст. Раванди таҳаввулоти до-
нишҳои психологӣ таърихи ниҳоят дурудароз дошта, як-
чанд марҳаларо дар бар мегирад. 
Марҳалаи якуми инкишофи донишҳои психологӣ
афкори мутафаккирони дунёи қадим ва асрҳои миёна дар
бораи «рӯҳ» мебошад. Дар замони қадим одамон ҳамагу-
на ҳодисаҳои психикиро бо фаъолияти рӯҳ алоқаманд до-
ниста, худи рӯҳро ба монанди як сояи шаффофи ҷисм, як
мавҷудоти новобаста аз ҷисм вуҷуддошта тасаввур мекар-
данд. Тасаввурот дар бораи рӯҳ талаботи маърифатии
одамони он замонро нисбати дарки ҳодисаҳои «пура-
срор», аз қабили хобу хоббинӣ, иллюзия, галлютсинат-
сияҳо (таваҳҳумот) ва ғайра қаноатманд менамуд аз ин рӯ
дар ҳама тамаддунҳои замони бостон атрофи ин мафҳум
фикру ақидаҳо ташаккул меёфтанд.
Табиат ва моҳияти рӯҳ аз ҷониби мутафаккирони
замони қадим ба таври гуногун шарҳ дода мешуд. Илми
муосир нуқтаҳои асосии ин афкорро дар зери мафҳумҳои
гилозоизм ва анимизм гурӯҳбандӣ менамояд. Мафҳуми
гилозоизм (аз юн. гилос-модда, ашё ва зоо-ҳаёт) таълимо-
ти фалсафиеро ифода мекунад, ки асоси онро тасаввурот
дар бораи ҳаёт ҳамчун хусусияти умумии ашё ташкил
медиҳад. Мувофиқи ин таълимот рӯҳ чун вазн, шакл ва
ҳаҷм хосияти ҳамагуна ашё мебошад ва ин аст, ки тамоми
ашё зандааст.
Дар зери мафҳуми анимизм (аз рим. анима-ҷон) дар
илми муосир тасаввуротеро мефаҳманд, ки мувофиқи он
ҳар як ашёи алоҳида рӯҳи худро дорад, ки новобаста аз он
мавҷуд аст. Рӯҳ дар тасаввуроти анимистӣ мавҷуди махсус
буда, ҳамроҳи ҷисм ё ҷудо аз он вуҷуд дошта метавонад.
Дар афкори мутафаккирони асрҳои миёна таълимот
дар бораи рӯҳ бо каме тағйироти миқдорӣ боқӣ монданд.
Акнун рӯҳ танҳо хоси мавҷудоти зинда дониста шуда,
кӯшишҳои аввалини басистемадарории донишҳо ва
омӯзиши таҷрибавӣ ба вуҷуд омаданд. Маҳз дар ин давра
мафҳуми «психология» ба майдони илм омад, ки дар иб-
тидо маънои «илм дар бораи рӯҳро дошт. Муаллифони
он пешниҳод менамуданд, ки психология бояд рӯҳ ва ме-
ханизмҳои фаъолияти онро омӯзад, вале на дар он замон
ва на минбаъд роҳу воситаҳои омӯзиши объективии рӯҳ
(тавре, ки онро дар замони қадим тасаввур мекарданд)
пайдо карда нашуд. Ҳамин тавр таълимот дар бораи рӯҳ
ҳамчун предмети психология то ибтидои асри XVIII арзи
вуҷуд дошт ва ҳамагон онро эътироф мекарданд. Таъли-
мот дар бораи рӯҳ зинаи аввали инкишофи тасаввурот дар
бораи предмети илми психология буд.
Зинаи навбатӣ аз тафриқагузории худи ҳодисаҳои
психикӣ ба вуҷуд омад. Ҷои рӯҳро дар афкори фалсафӣ –
психологӣ ҳодисаҳое ишғол намуданд, ки ба мо шиносанд
ва мо ҳангоми ба фаъолияти рӯҳии худ назар кардан, ба
онҳо «дучор» мешавем. Ин ҳодисаҳо фикрҳои мо,
хоҳишҳо, ҳиссиёт, хотирот ва дигар падидаҳои олами
рӯҳии мо мебошанд, ки ба ҳар кас аз таҷрибаи шахсӣ
маълуманд. Мафҳуме, ки тамоми ин зуҳуротро ба таври
умумӣ ифода карда метавонад, мафҳуми «шуур» аст ва
ҳамин тавр таълимот дар бораи шуур ҳамчун предмети
психология ба вуҷуд омад. Файласуфи англис Ҷон Локк
(1632-1704) асосгузори ин ақида ҳисобида мешавад, аммо
муаллифи мафҳум Рене Декарт (1596-1650) мебошад. Ҳар-
ду олим дар зери мафҳуми «шуур» тамоми ҳодисоти пси-
хикии аз ҷониби одам идрокшавандаро мефаҳмиданд.
«Шуур – ин аз ҷониби одам идрок намудани ҳамаи он
чизест, ки дар олами рӯҳии ӯ ба амал меоянд», гуфта ме-
шавад дар таълимоти Ҷон Локк.
Минбаъд таълимот дар бораи шуур дар доираи наза-
рияи фалсафии маърифат – гносеология, психологияи эм-
пирикӣ ва психологияи ассотсиативӣ ташаккул ёфтанд.
Пайравони ин таълимот шуурро ҳамчун предмети омӯзи-
ши психологӣ шинохта, ба сифати усули тадқиқи он мето-
ди интроспексия (аз лот. тюгозрюеге – ба ботин нигари-
стан)- ро пешниҳод намуданд, ки маъноаш худмушоҳида
аст. Ба ақидаи онҳо, «ҳодисаҳои рӯҳӣ субъективӣ буда, ба
омӯзиши объективӣ дастнорасанд ва аз ин рӯ худму-
шоҳида ягона роҳи ҷамъ овардани далелу бурҳон доир ба
ҳақиқату моҳияти олами рӯҳӣ ва шуур мебошад». 
Мафҳуми шуур тадриҷан дар илм мавқеи уставор
касб кард. Он ҳамчун қобилияти танҳо ба одам хосбудаи
мушоҳида намудан аз болои зуҳуроти оламии рӯҳии худ
дар таълимоти мухталифи динӣ низ истифода бурда
мешуд. Аммо ноустуворӣ ва ноқисии таълимот дар бораи
шуур низ ба зудӣ ошкор шудан гирифтанд. Ҳанӯз ҳамза-
мони муалифони ин таълимот Лейбнитс (1646-1716) ба
танқиди он бархоста гуфта буд: «боварӣ ба он, ки олами
рӯҳӣ танҳо аз далелҳои идроки аз ҷониби шуур фаҳмида-
шаванда иборат аст, бузургтарин манбаи гумроҳист». У
пешниҳод кард, ки олами рӯҳӣ, яъне психика танҳо аз
ҳодисаҳои шуур иборат нест, балки дар он падидаҳое низ
вуҷуд доранд, ки берун аз шуури мо ҷараён мегиранд ва
олим барои ифодаи онҳо мафҳуми бешууриро истифода
намуд. Дертар таносуби шуур ва бешуурӣ низ ошкор гар-
дида, маҷозан ба айсберг – кӯҳи яхин ташбеҳ дода мешуд,
ки қисми зиёдаш дар зери баҳр пинҳон буда танҳо ҳиссаи
каме дидашавандааст. Албатта, илме, ки танҳо ба омӯзи-
ши чунин ҳиссаи ками зуҳуроти олами рӯҳии мо машғул
аст, наметавонист қонеъкунанда бошад.
Ақидаҳои интроспективӣ низ ба танқиди шадид
рӯбарӯ гардиданд. Қайд карда шуд, ки истифодаи интро-
спексия ҳамчун методи ҷаъоварии маълумоти илмӣ но-
мумкин аст, зеро натиҷаҳои аз он бадастомада маълумоти
субъективӣ мебошанд. Гоҳо ҳатто чунин маълумотро ба
даст овардан низ номумкин аст. Масалан, ҷараёни фикрҳо
худ ҳодисаи психикист ва психология бояд механизҳои
амали фикриро омӯзад, вале иҷрои ин кор тавассути худ-
мушоҳида ғайриимкон аст, зеро одам наметавонад, ки дар
як вақт фикр карда истода, боз мушоҳида намояд, ки чӣ
тавр ва бо кадом роҳҳо фикр карда истодааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, шуур ҳамчун предмети психоло-
гия мавқеи худро то охири асри XIX устувор нигоҳ дошт.
Танҳо дар ин давра дастовардҳои илм ва хусусан илмҳои
биологӣ нуқтаи назарро ба ин масъала тамоман дигар
намуданд. Дар нимаи дуюми асри XIX тадқиқоти зиёди
физиологӣ анҷом дода шуданд, ки ба омӯзиши меха-
низмҳои рафтори ҳайвонот равона гардида буданд. Дар
зери таъсири таълимоти таҳаввулотии Дарвин, ки махсу-
сан дар ин давра эътирофи умумиилмӣ касб карда буд,
физиологҳо натиҷаҳои аз таҷриба бо ҳайвонот бадасто-
вардаи худро хоси одам низ ҳисобиданд. Ҳамин тавр ма-
фҳуми нав – «рафтор» ба миён омад, ки тасаввуротро дар
бораи предмети психология ба таври радикалӣ тағйир
дод.
Таълимот дар бораи рафтор зинаи сеюми инкишофи
тасаввурот дар бораи предмети психология буд. Ҷони-
бдорони ин таълимот худро бихевиорист меномиданд, ки
аз калимаи англисии бармеояд. Ақидаҳои
пайравони бихевиоризмро дар шакли схематикии содда
чунин баён намудан мумкин аст: «ҳодисоти дар олами
рӯҳӣ баамалоянда ба омӯзиши объективӣ дастнорасанд,
ва психология бояд натиҷаи ба таҷрибаи илмӣ дастраси
ин ҳодисот, яъне рафторро омӯзад. Таҳлили рафтор имко-
нияти баҳои объективӣ додан ба зуҳуроти олами рӯҳиро
фароҳам меоварад, зеро рафтор инъикоси берунии олами
ботинист». Албатта, дар назари аввал чунин менамояд, ки
ҳамааш комилан дуруст аст. Маҳз ҳамин таассурот буд, ки
афкори бихевиористӣ бо суръати баланд паҳн гашта,
ҷонибдорони зиёд пайдо намуд. Ин вазъиятро муҳаққиқи
америкоӣ Е.Боринг дуруст баҳо дода, чунин қайд карда-
аст: «ақидаҳои бихевиористӣ доираҳои илмии он замонро
чунон тасхир карда буданд, ки ба зудӣ тамоми психо-
логҳо бихевиорист гаштанд, вале онҳо чунон гуногу-
нақида буданд, ки ягон бихевиорист бо дигараш розӣ шу-
дан намехост».
Бо мурури вақт ноустувор будани мафҳуми рафтор
низ дар маснади предмети илми психология ошкор гар-
диданд. Аввалин эътироз ба ақидаҳои рафторгароёнаи
бихевиористон ин буд, ки бихевиоризмро «психологияи бе
психика» номиданд, зеро бихевиоризми ибтидоӣ рафтор-
ро аксуламали бевосита ба ангезаҳои беруна дониста, на
танҳо нақши психика ва шуурро дар танзими он рад ме-
кард, балки онҳоро ҳамчун мафҳуми илмӣ инкор менамуд.
Минбаъд низ рафтор ҳамчун предмети психология ба
танқиди ҷиддӣ дучор омад. Масалан, олими рус
П.Я.Галперин (1902-1988) беасос будани даъвои бихевио-
ристонро дар ду самт дида мебарояд. Аввалан, ҳарчанд,
ки рафтор ҳодисаи объективист, вале муҳтавои психоло-
гии он чун унсурҳои шуур барои бақайдгирии объективӣ
дастнорасанд. Баъдан ба ақидаи олим бихевиористон
омӯзиши рафторро бе зуҳуроти шуур мақсади хеш қарор
дода, ба интихоби ҷиддӣ рубарӯ омаданд: ё ба омӯзиши
механизмҳои физиологии рафтор шуғл варзида тасдиқ
кардан, ки ҳеҷ гуна психология вуҷуд надорад ва танҳо
физиологияи рафтор мавҷуд аст; ё омӯзиши механизмҳои
рафторро берун аз физиология ба роҳ мондан, яъне бо
тадқиқи таносуби ангезандаҳо ва аксуламалҳо қаноат-
манд шудан. Бихевиористон роҳи дуюмро интихоб кар-
данд, вале душвориҳои дигар пеш омад. Иштироки меха-
низмҳои физиологиро дар амалишавии рафтор сарфи
назар кардан чандон кори саҳлу осон набуд.
Дертар тадқиқотҳо дар самти омӯзиши сохтори пси-
хологии шахс, психологияи фаъолият, мақсадгузорӣ, ма-
ромнокӣ, танзими шууронаи рафтор ва ғайра натиҷаҳоеро
ба бор оварданд, ки барои исботи ноустувории таълимот
дар бораи рафтор ҳамчун предмети илми психология да-
лелҳои кофӣ буданд.
Ҳамин тавр, мафҳумҳои рӯҳ, шуур ва рафтор ифода-
кунандаи таҳаввулоти предмети психология мебошанд.
Ин таълимот бо вуҷуди моҳиятан хато буданашон барои
илми психология аҳамияти таърихӣ доранд, зеро маҳз дар
доираи онҳо ҷустуҷӯи ҳақиқати психика сурат гирифта,
пояҳои устувори илми муосири психология ба вуҷуд ома-
даанд. Инро низ фаромӯш кардан лозим нест, ки илми му-
осир мафҳумҳои рӯҳ, шуур ва рафторро танҳо чун предме-
ти психология инкор мекунад, ва худи мафҳумҳо бошанд
дар шаклу мазмуни нав унсурҳои муҳими системаи до-
нишҳои психологӣ мебошанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222