Главная / Илм / ИШТИРОКИ МЕҲНАТКАШОНИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛЛ ДАР ИНЦИЛОБИ СОЛҲОИ 1905-1907

ИШТИРОКИ МЕҲНАТКАШОНИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛЛ ДАР ИНЦИЛОБИ СОЛҲОИ 1905-1907

Инқилоби якуми рус соли 1905-1907 аз ҷиҳати характери худ инқилоби буржуази – демократи буд. Характери ҳар як инқилоби ичтимои аз ҷиҳати вазифаҳои он муайян карда мешавад. Инқилоби солҳои 1905-1907, инқилоби зидди тартиботи помешики – феодали буд. Аз ин рӯ, инқилоб характери буржуази дошт. Зеро сарнагун намудани мутлақияти подшоҳи ва тартиботи феодали вазифаи бевоситаи инкилоби буржуази аст.
Инкилоби якуми рус хусусияти хос дошт. Буржуазияи рус умуман дар инкилоб иштирок надошт. Чунки буржуазияи рус, аз ҷиҳати сиёси ва иқтисоди, дар мамлакат мавқеи устувор дошт. Манфиатҳои буржуазия ба манфиатҳои мутлакият ва синфи помешики-феодали як буд. Аз ин чиҳат буржуазия аз инкилоб манфиатдор набуд.
Аз ин рӯ, инкилоб характери демократи гирифт. Қувваҳои пешбарандаи инкилоб синфи коргар ва дехдонони Россия буданд. Дар сари инкилоб синфи коргар меистод. Бо баробари ғалабаи инкилоб дар мамлакат мебоист тартиботи демократи баркарор карда мешуд. Иштироки табақаи мехнаткаш ба инкилоб характери демократи дод.
Инкилоби якуми рус ба халкдои Осиёи Миёна таъсири калон расонд. Садҳо миллион аҳолии аз афлати асримиёнаги бедор шуда, барои ҳаёти нав ва ҳуқуқҳои оддитарини инсон ба мубориза бархостанд.
Дар арафаи инкилоби солҳои 1905-1907 дар Туркистон 14,5 ҳазор нафар коргарони фабрики-заводи, 2 ҳазор коргарони саноати кухи ва 15 ҳазор нафар коргарони рохи оҳан кор мекарданд. Пролетариати милли нисбатан камшумор буд. Дар сафи пеши ҳаракати револютсиони синфи коргарони рус меистоданд, ки дар шахрҳои калони Туркистон чамъ шуда буданд.
Пролетариати рус дар Туркистон дар ташкилотҳои социал-демократи муттахид шуда буданд. Ин ташкилотҳо матбааи худ «Рабочий», «Русский Туркистан» ва «Самарканд» – ро доштанд.
Инчунин, дар шаҳрҳои Туркистон матбуоти болшевики «Искра», «Пролетарий», «Вперёд», «Новая жизнь» ва
айраҳо дар байни аҳоли паҳн карда шуданд. Матбуоти инкилоби дар мустахкм гаштани гурӯҳҳои сотсиал- демократи ва ояҳои сиёсии онҳо саҳми калон бозид.
То соли 1905 дар як қатор шахрҳои точикнишин ҳам ташкилотҳои сотсиал- демократи ташкил ёфтанд. Корҳои ташвиқоти-тарғиботие, ки ташкилотҳои сотсиал-демократи мебурданд, пролетариати маҳаллиро ба рохи сиёси рохнамои
карда, коргаронро ба мубориза чалб менамуданд. Коргарони бошуури маҳали ба ташкилоти болшевики дохил мешуданд. Дар ташкил намудани гурӯҳҳои сотсиал-демократи ва аз ҷиҳати ояви-сиёси мустахкам намудани онҳо
револютсионерон Феофанов, Бахарев, Корнюшин, Морозов ва дигарон сахми калон бозиданд.
Ҳамаи ин ба он оварда расонд, ки инкилоби солҳои 19051907 аз рӯзҳои аввали саршавиаш таваҷчӯҳи мехнаткашони Осиёи Миёна, аз чумла, аҳолии Точикистонро ба худ чалб намуд.
Дар Точикистони Шимоли баромадҳои зиддиподшохии дехдонон мушоҳида карда мешуд. Дехдонон аз додани андозҳо саркаши карда, ба замини бойҳо хучум мекарданд, чангалҳоро мебуриданд ва иншоотҳои обёрикуниро вайрон мекарданд. Дехдонон баъзан ярокнок шуда, ба кашида гирифтани заминҳои давлати ва бойҳо шурӯъ карда буданд. Хукумат иштирокчиёни баромадҳои дехдононро пароканда карда, ба онҳо чазо медод.
Мохи июни соли 1905 дар Тошканд ва Ашқобод шуришҳо сар зада, 4- июл дар бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна намоишҳои сиёси ба амал омада буданд. Дар нимаи дуюми мохи июл ва махсусан, мохи октябр – ноябри соли 1905 намоиш ва баромадҳои оммавии коргарони соҳаҳои гуногун шуда гузаштанд.
18-0ктябри соли 1905 дар Тошканд зери шиорҳои «Нест бод мутлакия», «Нест бод капитализм» коргарон ба намоиш баромада, бар зидди манифести 17-уми октябр эътироз баён карданд. Намоиш пароканда карда шуд. Бинобар ин, 21-уми октябр коргарон дар чавоби тирборонкунии хукумат намоиши эътирози гузарониданд. 16 ноябр дар қалъаи Тошканд шӯриши аскарҳо сар зад. Шӯришчиён бо офитсерон талабҳо гузоштанд ва умедвор буданд, ки шӯриш дар байни табақаҳои дигари мехнаткаш тарафдорон пайдо мекунад. Шӯриш бо ёрии кувваи ҳарби пахш карда шуд.
Ҳангоми шӯриши ярокноки декабрии Москва 25-27 декабри соли 1905 дар Хучнд шӯриши ротаи понтони шуда гузашт. Ба шӯриш гурӯҳи сотсиал-демократҳо роҳбари мекард. Аскарҳо офитсерони рутбаи хурд доштаро чазо дода, дар назди офитсерони рутбаи калон масъала гузоштанд, ки ҳолати тиббии кисм ва сифати хурду хӯроки аскарҳо беҳтар карда шавад. Шӯриш пахш карда шуд. Роҳбарони шӯриш ба ҳабс гирифта шуда, бадара карда шуданд.
Дар соли 1906 баромадҳои инкилоби ва ҳаракатҳои дехдони дар аксари ноҳияҳои Точикистон Шимоли мушохида шуда буданд. Дар байни аҳолии ноҳияҳои Уротеппа, Хучанд даъватномаҳои инкилоби паҳн
мегардиданд.
9-январи соли 1906 дар Уротеппа даъватномаи инкилоби чоп шуда буд. Дар ин даъватнома меҳнаткашонро бо фарорасии соли нав табрик намуда, дар соли нав тамоми кувваҳои бошуурро бо муттахиди ва муборизаи нав даъват мекарданд. (История Таджикского народа.-Т. 2.- С. 219-220).
Чоп шудани _ чунин даъватномаҳо аз он шаҳодат медоданд, ки дар Уротеппа ва шахрҳои дигар ташкилотҳои пинҳонкории инкилоби амал мекарданд.
Дар соли 1906 дар аксарияти вилоятҳои Точикистони Шимоли баромадҳои дехдонон ба амал омада буданд. Масалан, 29-март дехдонони деҳаи Чоркуҳи Исфара
ёрдамчии сардори уезди Кундро пеш карда, ҳалли
масъалаи обро ба дасти худ гирифтанд. Баъдтар, аз чумла, дар соли 1907 дехдонон дар баъзе маҳалҳо замини боёнро кашида мегирифтанд. Баромадҳои сершумори девдонон дар зери таъсири ҳаракати инкилоби Россия мегузашт. Лекин дарачаи сусти таравдиёти иқтисоди, камшумор будани пролетариати милли, набудани алоқа дар байни коргарон ва дехдонон, суст будани таъсири ташкилотҳои инкилоби ба ҳаракатҳои дехдони ба он оварда расонданд, ки шуришҳо характери номуташаккилона дошта аз тарафи кувваҳои хукумати пахш карда мешуданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222