Главная / Илм / Кайҳоншиносӣ (космология)ва инсоншиносии Зардушт.

Кайҳоншиносӣ (космология)ва инсоншиносии Зардушт.

Дар зардуштия офариниши олам як давраи комил-иборат аз 12 ҳазор солро дар бар мегирад. Дар 3 ҳазор соли аввал Аҳурамаздо тарҳу намуди ҳастӣ олами «майину»-ро офаридааст, ки онро ё олами мисол метавон гуфт. Яъне Аҳурамаздо нахуст олами идеалии мафҳумҳои муҷаррадро офаридааст. Дар 3 ҳазор соли баъд ӯ олами воқеии айнӣ, яъне ҳастӣ: Осмону Ситорагон ва Моҳу Офтоб ва Замину гиёҳу рустанӣ ва ҳайвонотро офарид. Дар ниҳояти кор Аҳурамаздо аввал барзагов, сипас Каюмарс( Гайомартан)ро офаридааст, ки вай дар Авесто нахустин сардафтари нажоди ориёниҳо дониста шудааст.

Пас аз офаридани олами моддӣ қувваи бадӣ Аҳриман ба олам ворид мегардад ва дар баробари ҳаёт маргро меорад. Каюмарс 30 сол зист ва аввалин инсоне буда, ки бо Аҳриман дар набард буда ва дар ин набард кушта шуд ва пас аз марги ӯ, аз тухмаи ӯ ки 40 сол дар замин маҳфуз буд, ду ҷуфти инсони аввалин- Маши ва Машяна рӯиданд ва аз онҳо Ҳушанг, асосгузори сулолаи пешдодиён таваллуд шуд. Зардушт инсонро дорои ду асл рӯҳ (равон) ва модда мешуморад. Равон /ё рӯҳ/и одамӣ бар тибқи Ҳотҳо махлуқи Аҳуро аст. Одам (инсон) олами асғар дар ҷаҳониҳастй аст. Дар ӯ ҷамеъи сифоти шашгона, яъне: хирад, равон, ирода, макон, замон ва модда ёфт мешавад. Ин аст, ки он чӣ ҷаҳон ба унвони як кулл анҷом медиҳад, ӯ мебояд ба унвони як ҷузъ битавонад анҷом бидиҳад. Дуруст аст, ки ин таълимоти фалсафӣ бо забони шоирона, образнок ва ба истиъораҳо баён гардида, аз ин рӯ, ба суратҳои мухталиф тафсир ва таъбир шудааст.

Зардуштия дар «Ҳотҳо» одамро масъули аъмолу рафтори худ медонад. Одамӣ мураккаб аз равон ва иродаву модда аст. Ирода ҳам қудрати онро дорад, ки ба маънавият бигарояд ва ё ғарқ дар модда ва моддиёт шавад.

Зардуштия яке аз аввалин дине мебошад, ки дар он эътиқод ба растохез (маъод)- хаёти пас аз марг хеле равшан ва мукаммал баён шудааст. Зардуштия таълим медиҳад, ки баъд аз офариниш умри олам 6000 сол аст. Дар се ҳазораи аввал ба навбат некиву бадӣ -қувваи аҳуромаздоӣ ва аҳриманӣ ҳокимият мекунанд ва ниҳоят дар се ҳазор соли охир қувваи некӣ ғалаба мекунад ва салтанати Аҳуромаздо барқарор мешавад. Баъд аз он охири олам ва растохез фаро мерасад.

Зардуштия нахустин динест, ки тасвири ҳаёти пас аз маргӣ- маъодро бо ҷузъиёташ: доварии Худо ба аъмоли инсон, ҳукм ва подоши амал ва ғ-ро ба равшанӣ баён карда. Мувофиқи зардуштия пас аз сипарӣ шудани чаҳор рӯз, равони мурда ба сӯи пули Чанвота, ки гузаргоҳи ҳамаи мурдагон аст, равон мешавад, то дар баробари он пул худои Меҳр (Митра) ва Сраувша ва Рашн(Рашну) ӯро ба доварӣ мехонанд. Дар дасти рости Рашну тарозуе ҳаст, ки дар ду каффаи он кирдорҳои неку бади ӯро муқобил гузошта, месанҷанд ва дар бораи ӯ ҳукм содир мекунанд. Сипас равони мурда ба сӯи пули Чинват равон мешавад, то аз он бигзарад. Дар Ҳотҳо омадааст, ки мардону заноне, ки дастурҳои диниро риоя мекунанд ва пайрави некӣ ва ростӣ ҳастанд, « растагор хоҳанд буд ва ба подоши амали худ дар он сарзамини ҷовидонии Аҳуроӣ (Хшатҳра) ворид шаванд ва ҳамаи онҳое , ки оинпазиранд, низ растагорӣ ёбанд ва ман бо ҳамаи онон, сурудгӯён аз пули Чинвата хоҳем гузашт.» \ Ав.Яс.Ҳот.46\.[1]

Миёни пули Чанвата теғест тезтар аз дами шамшер ва зери он ҷойгоҳи дӯзах(друҷдимона) аст. Чун равони мурдагон ба он ҷо мерасад, агар росткору росткирдор бошад, он теғи тез дар баробари вай паҳн шуда, гузаргоҳи нарме мешавад, лекин агар бадкирдор ва дурӯғпеша бошад, ҳамин ки равони мурда ба он қадам ниҳад, он теғ ӯро ду ним мекунад ва аз фарози пул ба қаъри дӯзах фурӯ меравад. Дар зардуштия ҷаннат -ҷойгоҳи растагон «Хшатҳра» ва дузах-сарои ҷовидонии дурӯғ, макони шиканҷа ва бим «Друҷу-димона» ва макони касе, ки некӣ ва бадиашон дар ду кафаи тарозӯи аъмолашон баробар бошанд, «Ҳамешакон» ( ба истилоҳи исломӣ- Аъроф) номида мешавад.

kayhonshinosiДӯзах (Друҷу-Димона) мувофиқи тасаввуроти зардуштия, аз табақоте чанд иборат аст, ки поини он дар поинтарин умқи замин (асфалу софилин)- ҷойгоҳи зулмат ва торик ва бадбӯй аст. Бар ҳасби Ҳотҳо дӯзах ё «хонаи дурӯғ» маконе аст, ки ба номи «ҷойгоҳи нохушӣ» низ омадааст. Вай дар он ҷоест, ки пиндори нобакор ва андешаҳои нопок ҷой доранд, дар сарзамине, ки пур аз чирку палидӣ аст ва аз умқи зулмоти он фарёду шеван ва нолаи ғам ба гӯш мерасад. Ҳар кас, ки дар он ҷо биафтад, якка ва танҳо ба шиканҷаи ҷовидонӣ гирифтор аст.

Аммо дар он сӯи пул дар «хонаинағмот», ки мувофиқи ахбори «Ҳотҳо», биҳишти барин аст ва он макон ҷойгоҳи хушӣ, сарзамини нур аст, ки офтоб дар он ҷо ғуруб надорад.

Дар фалсафаи Зардушт растохез – ҳаёти дубора дар охират (маъод) иборат аз огоҳии равон аз сиришти воқеии худ аст. Вақте ки ҳастии зулмонӣ ва фиребандаи моддӣ ба поён расид, равон ба вуҷуди худ пай мебарад ва дар ин бедорӣ ба таносуби аъмолу кирдор ва тамоюлоти гузаштааш дучори дард ва ё шодӣ мегардад.

Дар зардуштия низ мазмун ва вожаи наҷотбахш ё наҷотдиҳанда «сушёнат», ки ҳамон «масеҳ-месси» аст ҷой дорад. Мувофиқи ин таълимоти се нафар сушёнат дар охират зуҳур хоҳанд кард. Дар баъзе устураҳо онҳоро писарони Зардушт гуфтаанд.

Ахлокиёти зардуштия – олами ботии инсон мисли ҳар дини дигаре санавӣ мебошад. Зардуштия асли зиддиятҳои ҳастиро дуруст дарк карда ва ба он бовар аст, ки дар баробари ҳар некӣ як бадие мавҷуд аст. Чунон ки дар баробари «Ашо» яъне ростӣ ва ҳақиқат «дурӯҷ» (дурӯғ) ва ботил ҷой гирифтааст ва дар баробари некӣ- бадӣ, шодӣ-ғам, зиндагӣ- марг, рӯз-шаб, ҷавонӣ-пирӣ ва ғайра. Ба ҳамин қиёс дар баробари рӯҳи муқаддаси пок Спента—Майину /рӯҳи Аҳурамаздоӣ/ рӯҳи шарир ва нопок Ангра Майину /рӯҳи Аҳриманӣ/ ба маънои «равони палид» ҷой дорад. Мафҳуми «аша»-ростй ва «дуруч»-дурӯғу риё ду мафҳуми калидии маънавият ва ахлоқи зардуштия мебошанд, ки бар пояи «дайана» – виҷдон устворанд.

Усули ахлоқии зардуштия, ки замонату кафолати пешгирӣ аз риёву дуруғро дорост бо формулаи «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» ифода ёфтааст. Зардуштия шуури ахлоқии башарро хуб ҳаллоҷӣ карда, зарурати ростӣ ва ростгароиро дар ҳама мароҳили он аз андешаву тафаккур, зеҳну шуур то қавлу феълу амалро таъкид кардааст. Инсон ҳам дар ботин ва ҳам дар зоҳир, ҳам дар ҳол ва ҳам дар қол бояд нек бошад.

Зардушт таълим медиҳад, ки инсон чун аз озодии ирода бархурдор аст. Одамӣ байни модда ва рӯҳ, некӣ ва бадӣ, фано ва ҷовидонӣ, зулмат ва нур воқеъ шуда ва метавон он чиро, ки дилхоҳи ӯст, интихоб кунад. Агар ӯ фазилатро интихоб кард, бояд дорои андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек бошад.

Зардушт на танҳо бояд покизагии тан, балки покиза доштани андешаву тафаккур ва чаҳор унсури аслӣ /яъне оташ, ҳаво, об ва хок/ро зарур мешуморад.

Инсон бояд далер, боҷасорат, умедвор, навъдӯст, заҳматкаш, баланҳиммат, вазифашинос, хештандор, боинзибот, боиззати нафс, боистиқомат, фурӯтан, маолаандеш, бовиҷдон, дурусткор, сахӣ, ватанпараст ва ғайра бошад.

Чунин аст қонуни ахлоқии қадимтарин мутафаккирони эронӣ, ки дар либоси динӣфалсафӣ баён шудааст.

Зебописандй Шуури ахлоқии зардуштия бо шуури зебоишиносӣ ва зебописандии ниёгони мо зич алоқаманд аст. Дар Авасто сар то по волотарин намунаи шуури эстетикӣ, эҳсос ва ситоиши зебоиро дармеёбем. Масалан дар «Ҳодухт наск» дайин- виҷдо дар шаби сеюми марг, пеш аз доварӣ ба «равони ашаван» чунин зоҳир мешавад.

« … сапедадамон равони ашаванмардро чунин менамояд, ки худро дар миёни гиёҳҳон ва бӯйҳои хуш меёбад ва боди хушбӯйе аз сарзаминиҳои нимрӯзӣ ба сӯи вай мевазад. \ Боде\ хушбӯйтар аз ҳамаи дигар бодҳо.

Ашаванмард, ки ин бод хушбӯйро бо машоми хеш дарёфта /ба худ чунин гӯяд/:

-Ин бод, ин хушбӯйтарин боде, ки ҳаргиз монанди онро бо димоғи худ дарнаёфта будам, аз куҷо мевазад?

Дар вазиши ин бод, «дайан»-и вай ба пайкари дӯшизае бар ӯ намоён мешавад: дӯшизаи зебо, дурахшон, сапедабозӯ, нерӯманд, хушчеҳра, бо пистонҳои баромада, некӯтан, озода, ва нажода, ки понздаҳсола менамояд ва пайкараш ҳамчанди ҳама зеботарин офаридагон зебост.

Он гоҳ равони ашаванмард, рӯ ба ӯ кунад ва аз вай бипурсад:

-Кистй эйдӯшизаи ҷавон! Эй хушандомтариндӯшизае, ки мандидаам?

Пас онгоҳ «дайани» вай, ба ду посух диҳад:

– Ман «дайан»-и туам.

\ Пас Ашаван бипурсад:\

  • Пас куҷост он ки туро дӯст дошт барои бузургй ва зебои ва хушбӯйй ва неруйи пирӯзу тавоноии \ту\ дар чирагй ба душман, ончунон ки ту дар чашми ман менамои?

\Дӯшиза посух диҳад:»

  • Эй ҷавонмарди некандеш, некгуфтор, неккирдор ва некдин!

Ин туй, ки маро дӯст доштй барои бузургй ва некй ва зебой ва хушбӯйй ва нерӯи пирӯзмандй ва тавоноии \ман\ дар чирагй бар душман, ончунон ки ман бар чашми ту менамоям. \ Ҳодухт наск(пайвасти Яштҳо) 7-12\

Таваҷҷӯҳ кунед, ки дар ин матн мақоми ашовандмард чй бузург аст ва он худ, ки таҷассуми зебоист, бо чй тасвиру ташбеҳоти зебо ситоиш шудааст. Дар зебоишиносии Авасто дӯшизаи понздаҳсола эталони зебой дар баробари сабзаву гулу бӯйи хуш аст.

[1]   Авасто: Ясно, Готҳо, Яштҳо, Виспарад, Хурда Авасто, тарҷ. ва таҳқиқи Ҳошим Разӣ.- Теҳрон: 1984. -С.106.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222