Главная / Маданият ва санъат / Каштанка – ҳикоя аз А.П. Чехов

Каштанка – ҳикоя аз А.П. Чехов

РАФТОРИ НОҶО

Сагчаи зарду малларанги дурага, ки фуки рӯбоҳмонанд дошт, дар роҳи пиёдагарде ин тарафу он тараф метохт ва беқаророна ба атроф назар меафганд. Баъзан меистоду нолишкунон аввал як пойи хунукхӯрдааш ва баъд пойи дигарашро бардошта, ба хотир оварданй мешуд, ки чй гуна ӯ метавонист рохгум бизанад?

Хуб дар хотир дорад, ки ин рӯзро чй гуна пушти сар кард ва билохира, ба ин пиёдароҳи ношинос чй хел афтод. Рӯз чунин ооз ёфт: Сохибаш – наҷҷор Лука Александрич кулошро пӯшида, кадом як асбоби чӯбини ба матои сурх печонидаро таги каш карду нидо дардод:

  • Каштанка, рафтем!

Сагчаи дурагаи малларанг номашро шунида, дарҳол аз таги дастгохи наҷҷорй, ки он ҷо, дар болои парахаҳо мехобид, баромаду хамёзае кашида аз қафои сохибаш раҳсипор шуд. Фармоишгарони Лука Александрич беҳад дур зиндагй мекарданд ва наҷҷор то оне ки ба хонаи ҳар кадоми онҳо бирасад, маҷбур мешуд аз чанд гузаргоҳ гузашта, чандин маротиба ба майхона бидарояду ҷисмашро бо шароб неру бубахшад. Каштанка ба хотир овард, ки дар роҳ вай беҳад ношоиста рафтор кард.

kashtannka

Аз хурсандй, ки ӯро барои сайру гашт ба кӯча баровардаанд, ғел мезаду аккосзанон ба нақлиёти аспии дар роҳи оҳан ҳаракаткунанда ҳуҷум мекард. Ба ҳавлиҳо медаромад ва аз қафои сагҳо медавид. Наҷҷор маълум, ки ӯро надида ноилоҷ бозмеистоду бо ғазаб ба сараш дод мезад. Ҳатто боре сахт хашмгин шуда, гӯши рӯбоҳмонандашро ба кафаш дошта сахт тоб доду канда-канда гуфт:

  • Кошки ҳар-ром ме-мур-дӣ, офатзада!

Лука Александрич бо фармоишгарҳо корашро анҷом дода, барои як дақиқа ба хонаи хоҳараш даромад. Дар он ҷо нӯшиду газак намуд; аз ҳавлии хоҳараш ба хонаи рафиқи муковасозаш даромад, аз он ҷо ба майхона, аз майхона ба хонаи ҷӯрааш ва… Хулоса, вакте ки Каштанка ба пиёдагарди бегона афтид, рӯз рӯ ба торикй оварда, наҷҷор ҳам мурданивор маст шуда буд. у ҳар замон дастҳояшро афшонда, чукур нафас мекашиду ғур-ғуркунон менолид:

  • Маро модарам пургуноҳ таваллуд кард! Оҳ, гуноҳҳо, гуноҳҳо! Ҳоло, ана, дар кӯча меравем ва ба чароғакҳо менигарем, ҳамин ки мурдем, дар оташи дӯзах хоҳем сӯхт…

Ё бо оҳанги зориомез Каштанкаро ба наздаш мехонду тавалло мекард:

  • Ту, Каштанка, ту аз ҳашароте беш нестй. Дар муқобили одам ту устои чӯбтарошеро мемонй, ки дар назди наҷҷор арзише надорад…

Ҳангоме ки вай бо Каштанка ана ҳамин хел ҳарф мезад, баногоҳ мусиқӣ танинандоз гардид. Каштанка ба қафо нигоҳ карда дид, ки аз миёни кӯча, рӯ ба рӯйи ӯ, катори сарбозон қадам мезанад. Ба садои мусиқӣ, ки асабҳои вайро беҷо мекард, тоб наоварда, сагчаи бечора безобита шуду аз тарс аккос зад, вале амали соҳибашро дида ҳайрон шуд: наҷҷор, ба ҷойи он ки битарсад, уллос бикашад ва ё аккос бизанад, бо хандаи самимона қоматашро рост намуда, ба мисли сарбозон дасташро ба чакааш бурд. Каштанка дид, ки соҳибаш ба мусикй диққат намедиҳад, боз ҳам сахттар уллос кашид ва бехудона давида ба пиёдароҳи тарафи дигари кӯча гузашт.

Даме ки Каштанка ба худ омад, мусиқӣ дигар садо намедод ва полк ҳам аз назар оиб шуда буд. у аз кӯча гузашта, дартоз ба ҷое омад, ки соҳибашро бори охир дида буд, вале… ҳайҳот! Наҷҷор акнун дар он ҷо набуд. Сагча ба пеш давиду баъд ба қафо, як бори дигар кӯчаро убур кард, лекин наҷҷор якбора айб зад: гӯё ба қаъри замин фурӯ рафта буд… Каштанка пиёдароҳро бӯ кашидан гирифт: умед дошт, ки соҳибашро аз бӯйи изаш меёбад, вале пештар ким-кадом ношуде бо калӯшҳои нави резинӣ аз ча гузашта буду акнун ҳама накҳати нозук бо бӯйи тези резин махлут гардида. Метавон гуфт, ки имкони чизеро муайян кардан барояш вуҷуд надошт.

Каштанка, ҳарчанд ба пеш давиду ба қафо, соҳибашро пайдо карда натавонист. Дар ин миён ҳама ҷо торик шуд ва дар ҳар ду ҷониби кӯчаҳо фонусҳо даргирифтанд. Аз тирезаи хонаҳо низ нури чароғҳо ба чашм расид. Барфи лаклакй меборид ва роҳи ҳамвору пушти аспҳо ва кулоҳи фойтунчиҳо оҳиста-оҳиста сафед мешуданд. Чй қадаре ҳаво торик мешуд, ҳамон андоза атроф равшантару сафедтар мегардид. Аз назди Каштанка, пеши чашмашро гирифта, ҳатто бо пояшон ӯро тела дода, беист фармоишгарони ношинос ба ҳар тараф гузашта мерафтанд. (Каштанка инсониятро ба ду гурӯҳи тамоман нобаробар – хӯҷаинҳо ва фармоишгарон йудо карда буд; дар миёни ҳам ин ва ҳам онҳо тафриқаи ҷиддӣ буд: аввалиҳо ҳуқуқ доштанд, ки Каштанкаро латукӯб кунанд, дувумиҳоро худи ӯ ҳақ дошт аз банди пояшон бигазад). Фармоишгарон ба ким-куҷое шитоб мекарданд ва ба вай заррае эътибор намедоданд.

Вақте ки атроф тамоман торик шуд, Каштанкаро ваҳму ҳарос зер кард: ӯ тамоман навмед гардид. Дар даромадгоҳи ким-кадом биное панаҳ шуда, талх бигрист. Сафари якрӯза бо Лука Александрич ӯро бемадор карда буд, гӯшу пойҳояш аз хунукӣ карахт шудаю ба болои ин ҳама гуруснагӣ ҳолашро бад кардааст. Рӯзи дароз ҳайвони бечора ҳамагӣ ду маротиба каме шикамашро сер карда буд: дар ҳавлии муқовасоз камакак шираи ордро ба даҳон бурда буд ва дар яке аз майхонаҳо, дар назди пештахта, пӯсти ҳасибро ёфта хӯрд ва тамом вассалом. Агар вай инсон мебуд, эхтимол чунин андеша мекард:

«Не, ин хел зистан номумкин аст! Хубаш, худкушй бояд кард!».

НОШИНОСИ ПУРАСРОР

Вале вай дар бораи чизе фикр намекард, фақат нӯла мекашид. Вакт ки барфи испеди мулоим сару рӯяшро ба мисли кӯрпа пӯшониду худаш аз бемадорй чашмашро кушода наметавонист, баногаҳ даре шараккосзанон кушода шуд ва нолишкунон ба шикамаш бархӯрд. Якбора аз ҷояш ҷаста рост истод. Аз дари кушода кадом як нафаре, ки мутааллиқ ба фармоишгарон буд, бурун омад. Азбаски Каштанка вингос зад ва ба зери пояш монд, ӯ наметавонист ба саг диққат надиҳад. Мард хам шуда аз вай пурсид:

– Ай саг, ту аз куҷо пайдо шудй! Маъюбат кардам? Оҳ, махлуки бечора… Хайр, аз ман маранҷ, аз ман маранҷ… Гунахорам.

Каштанка аз миёни барфрезаҳои ба мижаҳояш часпида ба марди ношинос дида дӯхта, дар наздаш як одамчаи қадпастаки фарбеҳаку лӯндарӯйи риштарошидаеро дид, ки дар сар кулоҳ дошту тугмаҳои пӯстинаш батамом кушода буданд.

– Чй ин қадар винг-винг мекунй? – идома дод мард, барфро бо ангушташ аз пушти Каштанка афшонда. – Соҳибат куҷост? Шояд ту гум шудай? Эҳ, сагчаи бечора! Акнун мо чй кор бояд кунем?

Каштанка дар овози марди ношинос оҳанги раҳму шафқатро эҳсос намуда дасташро лесид ва боз ҳам бадардтар вингос зад.

– Ту хеле саги доною рамузфаҳме будай! – гуфт марди ношинос. – Ба рӯбоҳ монанд ҳастй! Хайр, майлаш, ҳеҷ коре надорем, рафтем бо ман. Эҳтимол дар ягон боб даркор мешавй… Канй, ба пеш!

Вай бо лабҳояш чалпос зада ба Каштанка бо имои даст ишора намуд, ки он як маъно дошт: «Рафтем!» Каштанка аз пасаш рафт. Қариб баъди ним соат Каштанка аллакай дар болои фарши ҳуҷраи калону равшан менишаст ва сарашро ба як тараф каҷ карда, бо марок ва риққат ба рӯйи марди ношинос, ки дар пушти миз нишаста ио мехӯрд, нигоҳ мекард. Ношинос ио мехӯрд ва Каштанкаро ҳам фаромӯш намекард: нахуст ба вай нону панир дод ва сипас, пораи гӯшт. Нисфи самбӯса ва устухонҳои мурғро ҳам ба пеши пояш партофт. Каштанка, ки аз гуруснагй сахт азият мекашид, ин ҳамаро бошитоб хӯрд ва ҳатто маза доштан ё надоштанашонро нафаҳмид. Ҳарчи зиёдтар мехӯрд, ҳамон андоза бештар гуруснагиро эҳсос мекард.

– Воқеан, соҳибонат туро бад нигоҳубин мекардаанд, – бо ҳарисии том ба ио дарафтодан ва онро нохоида фурӯ бурдани саг дида дӯхта гуфт марди ношинос. – Боз хеле лоар ҳастӣ! Пӯсту устухон…

Каштанка иои зиёдеро истеъмол намуд, вале пурра сер нашуд, танҳо аз пурхӯрй андак бехуд гардид. Баъд аз тановули таом дар миёнаи ҳуҷра дароз кашиду дар вуҷуди худ беҳолии гувороеро ҳис намуда дум ликонд. Вақте ки соҳиби нави Каштанка дар курсии мулоим бафурҷа нишаста сигор мекашид, Каштанка ҳамоно дум ликонда, масъалаи манзили зисти ояндаашро ҳал мекард: куҷо хубтар аст? Хонаи марди ношинос ё соҳиби аввалааш. Ҷиҳози хонаи марди ношинос камбаалонаву безеб аст; ба ҷуз курсиҳою диван ва чароғу колинҳо дар он дигар чизе нест, ҳуҷра ҳам гӯиё холист, аммо манзили наҷҷор саршори ҷиҳоз аст; дар хонаи ӯ мизу дастгоҳи наҷҷорӣ, тӯдаи параха, рандаю искана, арраҳои гуногун, таора, кафаси саъва ва… ҳаст. Дар хонаи марди ношинос ҳатто бӯе ба машом намерасад, хонаи наҷҷор бошад, ҳамеша гарм асту ҳамеша бӯйи хуши рангу елим ва тахтапораҳо ба димоғ мезанад. Вале марди ношинос дар як бобат бартарӣ дорад: ба вай бемалол иои бисёр медиҳад ва агар аз рӯйи адолат бигӯем, ҳар гаҳе Каштанка дар назди мизи ӯ истода, бо раҳм ба рӯяш дида медӯзад, боре ҳам вайро намезанад ва лагадкӯбаш ҳам намекунад, ягон маротиба «Дафъ шав, лаънатй!» ҳам нагуфтааст.

Хӯҷаини нав сигорашро кашида аз хона берун шуд ва лаҳзае баъд кӯрпачае дар даст баргашта, онро дар кунҷ, дар шафати диван, густурда гуфт:

– Эй ту, махлуқи безабон, ин ҷо биё! Ана, дар ин ҷо хоб кун, фаҳмидй?

Сипас ӯ чароғро хомӯш карда аз дар берун шуд. Каштанка бемалол дар болои кӯрпача дароз кашида чашмонашро пӯшид; аз берун аккоси саг шунида шуд ва Каштанка хост ба он ҷавоб бигардонад, аммо баногаҳ ӯро эҳсоси яъсу навмедй фаро гирифт. Лука Александрич, фарзанди ӯ Федюшка, ҷойгаҳи нарму бофароаташро дар таги дастгоҳи нҷҷорй ба хотир овард… Ба хотир овард, ки дар шабҳои дарози зимистон, гоҳе ки соҳибаш чӯб метарошид ё бо овози баланд рӯзнома мутолиа менамуд, Федя, одатан, бо Каштанка бозй мекард: аз пойҳои кафояш дошта, аз таги дастгоҳи наҷҷорй кашида берунаш мекард ва чунон бошавқ бо ӯ бозй мекард, ки аз ин муомила чашмони саги бечора сиёҳй мезаданд ва тамоми буғумҳояш ба дард медаромаданд. Уро маҷбур мекард, ки бо ду пойи қафояш роҳ гардад. Тасаввур мекард, ки ӯ зангӯла аст: аз думаш дошта сахт мекашид, ба чунин муомила сагча тоқат наоварда, аз дард

вингос мезаду меҷакид, маҷбураш мекард, ки тамокуро бӯй бикашад. Махсусан, ана ин нағмаи Федя барояш азиятовар буд: ба ресмон бурдаи гӯштро баста, ба Каштанка медод. Вақте ки Каштанка лӯндаи гӯштро фурӯ мебурд, ӯ баланд- баланд хандида онро аз даҳонаш берун мебаровард. Ҳар қадар хотираҳо возеҳтар ҷилвагар мешуданд, ҳамон андоза баландтару бадардтар вингос мезад Каштанка. Аммо ноаён бемадорй ва гармй бар амусса алаба карданд… Вайро хоб бурд ва галаи сагҳо ба хобаш даромаданд; воқеан, пирсаги ҷингиламӯй, ки чашмонаш дои сафед доштанду пашм биниашро пӯшида буд ва Каштанка имрӯз ӯро дар кӯча дида буд, бо онҳо медавид. Федя искана дар даст, аз пушти пирсаги ҷингиламӯй давид ва нохост бадани вайро ҳам пашми афс пӯшонид. Вай бо суруру шодй аккосзанон ба назди Каштанка омад. Онҳо ҳалимона бинии якдигарро бӯ кашиданд ва паҳлуи ҳам ба тарафи ча давиданд…

ОШНОИИ НАВ ВА БИСЕР ФАРАҲБАХШ

Вақте ки Каштанка аз хоб бедор шуд, рӯз ҳам фаро расида буду аз кӯча ҳаёҳую ғулғула, ки фақат рӯзона ба вуқӯъ пайваста метавонанд, ба гӯш мерасид. Дар ҳуҷра касе набуд. Каштанка хамёзакашон, бо қаҳр ва қавоқи гирифта дар даруни ҳуҷра мегашт. Ҳар кунҷи ҳуҷра ва ашёи дар он ҷойдоштаро бӯ кашида ба даҳлез назар афганд ва чизи даркориашро пайдо накард. Ба ҷуз даре, ки ба ҷониби даҳлез кушода мешуд, боз дари дигаре низ буд. Каштанка чанде фикр карду бо панҷаҳояш онро харошида кушод ва ба хонаи дигар даромад. Он ҷо, дар болои кат, нафаре худро дар кӯрпаи мулоим печонида мехобид. Каштанка ӯро шинохт: ин ҳамон ношиноси дирӯза буд.

– Рррр… – ғуррос зад Каштанка, лекин иои дирӯзаро ба хотир оварда, ба думликонй даромаду бӯй кашидан гирифт.

Вай сарулибос ва мӯзаи марди ношиносро бӯ кашида дарёфт, ки аз онҳо асосан бӯйи асп меояд. Аз хонаи хоб дари дигаре ҳам кушода мешуд, ки ба ким-куҷое мебурд. Ин дар ҳам маҳкам буд. Каштанка онро бо панҷа харошида, бо синааш тела дода кушод ва ҳамон лаҳза бӯе ариб ва барояш айримақбул ба димош зад. Мулоқоти нохушеро эҳсос намуда, ғурғуркунон ба чор тараф дида дӯхта Каштанка ба ҳуҷрачаи хурди зардевораҳояш чиркин ворид гардид ва аз тарс худро ба қафо кашид. Чизе барояш айриинтизор ва бадҳайбате дар пеши чашмонаш ҳувайдо гардид. Ки хокистарранге сару гарданашро қариб ба замин расондаю болҳояшро калон кушода, шипирросзанон ба ӯ ҳуҷум мекард. Андаке канортар аз вай, дар болои болишт, гурбаи сафеде мехобид: вай ҳам, Каштанкаро дида, аз ҷояш барҷаст ва пушташро хам ва думашро боло бардошту мӯйи баданашро сих карда шиппосзанон ба ӯ таҳдид намуд. Саг, бемуҳобо, сахт тарсид, вале онро ошкор накарда, баланд ҷакид ва ба гурба ҳуҷум намуд… Гурба пушташро хамтар намуда, шиппосзанон бо панҷааш ба сари Каштанка зарба зад. Каштанка ноилоҷ ба қафо ҷаста, дар болои чор пояш нишасту фукашро ба тарафи гурба дароз карда, боқаҳр ҷакидан гирифт: ин дам қоз аз пас омада, якбора ба тахтапушташ сахт минқор зад. Каштанка ҷонҳавлона барҷаст ва ба коз дарафтод…

– Худаш чй гап? – шунида шуд овози баланду бадқаҳре ва ба ҳуҷра марди ношинос, ки дар тан яктаҳ ва дар даҳон сигор дошт, ворид шуд. – Ин чй маънй дорад? Канй, ба ҷойҳоятон!

Вай ба назди гурба омада, бо кафи даст ба пушти хамидааш зада гуфт:

– Фёдор Тимофеич, ин чй маънй дорад? Мунокиша мекунед? Эҳ ту, найрангбози пир! Дароз бикаш!

Ва ба қоз рӯ гардонда дод зад:

– Иван Иванич, ба ҷоят бирав!

Гурба итоаткорона ба болои кӯрпачаи худ гузашта, чашмонашро пӯшид. Аз рангу рӯй ва мӯйлабҳояш аён буд, ки худаш ҳам асабонй шудан ва ба ҷанг ҳамроҳ шуданашро кабул надорад. Каштанка бо нишони эътироз нӯла кашид, қоз бошад, гарданашро ёзонда, роҷеъ ба ким-чизе тез-тез, самимона, равшану сареҳ, вале беҳад номафҳум, ғо-ғо кард.

– Майлаш, майлаш! – гуфт хӯҷаин хамёзакашон. – Оромона ва дӯстона бояд зист ва ба Каштанка чашм дӯхта илова кард: – Ту, зардак, матарс… Инҳо мардуми хубанд, озор намедиҳанд. Исто, мо туро бо чй ном ҷеғ мезанем? Бе ном намешавад, бародар.

Марди ношинос баъди андешае гуфт:

– Медонй-чй… Номи ту минбаъд Холаҷон мешавад… Фаҳмидй? Холаҷон!

Ва чанд маротиба калимаи <<Холаҷон»-ро такрор карда, берун баромад. Каштанка дар ҷояш хобида, назоратро идома дод. Гурба ҳамоно дар болои кӯрпача менишасту вонамуд мекард, ки хоб аст. Қоз бошад, гарданашро ёзонда, дар як ҷой почак мезаду тез-тез дар бораи чизе самимона ғо-

0 мекард. Аз афташ ӯ қози хирадманде буд: ҳар дафъа, баъди ҳар гуфтори тӯлониаш, ӯ боҳайрат кафо мерафт ва вонамуд мекард, ки аз гуфтаҳояш ифтихорманд аст… Каштанка ӯро шунида, «рррр…»-рос зада ҷавобаш гардонд ва «тафтиш»- и гшҳои ҳуҷрачаро идома дод. Дар яке аз кунҷҳо таорачаеро дид, ки дар даруни он нахӯди тар ва чанд пора нони хушки ҷавинро гузошта буданд. у нахӯдро чашид, дарёфт, ки бемаза будааст. Пораҳои нонро ба даҳон бурд ва хоидан гирифт. Ко аз хӯрокашро хӯрдани саги бегона заррае наранҷид, баръакс, боз ҳам зуд-зуд Ғ0-Ғ0 кардан гирифт ва барои он ки эътимодашро ба сагча собит намояд, ба назди таҒорача омада чанд дона нахӯдро нӯши ҷон кард.

ДАР ОЛАМИ МУЪҶИЗАҲО

Чанде баъд марди ношинос аз нав вориди ҳуҷра гардид. Бо худ як чизи алатии ҳарфи П монандро овард. Дар болочӯби ин П-и чӯбини хеле беҳунарона сохташуда зангӯла ва туфангчаеро овехта, ба нӯги зангӯла ва куланги туфангча ресмон баста буданд. Марди ношинос П-ро дар миёнаи хуҷра гузошта, дуру дароз чизеро кушоду баст ва сипас ба коз нигариста гуфт:

  • Иван Иванич, бифармоед!

Қоз ба назди ӯ омада, дар ҳолати омодагй карор гирифт ва интизори амр шуд.

  • Канй, – гуфт марди ношинос, – аз аввал ооз менамоем. Нахуст салом бидеҳ ва таъзим бикун! Зуд бош!

Иван Иванич гарданашро якбора дароз кард ва ба ҳар тараф сар ҷунбонда бо назокати том таъзим кард.

  • Ҳамин хел, офарин… Акнун бимир!

Қоз ба пушт дароз кашида, пойҳояшро боло бардошт. Марди ношинос ба ҳамин монанд якчанд найранги на он қадар мушкилро такрор карду баногаҳ сарашро дошта, дар ҳолате ки аз чехрааш дашт меборид, дод зад:

  • Вой дод! Оташ! Месӯзем!!!

Иван Иванич башаст ба назди П омада ресмонро бо минқораш кашид: зангӯла садо дод. Марди ношинос аз ин амали ӯ бисёр мамнун шуд ва гарданашро навозиш карда гуфт:

  • Офарин, Иван Иванич! Акнун тасаввур бикун, ки ту заргар ҳастию тиллою ҷавоҳирот мефурӯшй. Ҳамчунин, тасаввур бикун, ки ба маозаат медароию дар он ҷо дуздҳоро мебинй. Дар ин ҳолат чй чора бояд биандешй?

Қоз ресмони дигарро бо минқораш дошта кашид ва садои гӯшкаркунандаи тир баланд шуд. Садои зангӯла ба Каштанка басо хуш омад, вале садои тир ӯро бештар ба ваҷд овард; шодикунон дар гирди П медавиду бошавқ аккос мезад.

  • Холаҷон, ба ҷоят рав! – ба ӯ амр кард марди ношинос. – Хомӯш!

Кори Иван Иванич бо ҳамин тирпаронй анҷом наёфт. Марди ношинос боз як соати пурра ресмонеро ба гардани парандаи бечора баст ва тозиёнаро қарсос занонда, ӯро дар гирдаш давонд. Қоз ҳангоми давидан бояд монеаҳоро пушти сар мекарду парида аз миёнаи ҳалқа мегузашт ва рост меистод, яъне, бо ҳамон шаст дар болои думаш менишаст ва канотҳояшро алвонҷ медод. Каштанка аз Иван Иванич чашм намеканд ва чанд маротиба аз пушти ӯ тохта боваҷд баланд-баланд аккос зад.

Марди ношинос, ки басо монда шуда буд, қозро ба ҳоли худ гузошту арақи пешонаашро пок намуда фарёд кард:

  • Маря! Хавроня Ивановнаро ба ин ҷо даъват бикун!

Дақиқае нагузашта хур-хури чизе ба гӯш расид… Каштанка ғур-ғуркунон худро шердил вонамуд кард ва ба ҳар ҳол ба марди ношинос наздиктар омад. Дар кушода шуду кампираке ба ҳуҷра назар афганда чизе гуфт ва хуки сиёҳи бисёр безебро ба дарун даровард. Хук ба таҳдиди Каштанка эътибор надода, фукашро боло бардошт ва хурсандона хур-хур кардан гирифт. Аз афташ ба дидори хӯҷаин, гурба ва Иван Иванич шарафманд гардидан барои вай басо хуш буд. Вай аввал назди гурба омада, бо фукаш гурбаро сила карду баъд бо қоз дар бораи кадом чизҳое ба таври худ чизе гуфт. Аз ҳар як ҳаракат, овоз ва ҷунбидани думчааш ҳалимӣ ва меҳрубонии самимй эҳсос мегардид. Каштанка пай бурд, ки ба ин ҷонварон ситеза намудан бефоида аст.

Хӯҷаин П-ро ба як тараф гузошта амр кард:

  • Бифармоед, Фёдор Тимофеич!

Гурба аз ҷояш хеста беҳушона хамёза кашид ва бо дили нохоҳам, гӯё ба онҳо лутф мекарда бошад, ба назди хук омад.

  • Хӯш, аз «аҳроми мисрй» ооз менамоем, – гуфт хӯҷаин.

Вай ботафсир чизеро ба онҳо фаҳмонду якбора амр кард: «Як…ду…се!». Баъди шунидани калимаи «се» қоз парида, дар пушти хук нишаст… Баъди он ки қоз бо кумаки қанотҳо ва гарданаш мувозинатро барқарор карда, дар тахтапушти серпашми хук устувор истод, Фёдор Тимофеич коҳилона, бо беэътиноии амик ва назарногирона, гӯё ӯ ҳунарашро чашми дидан надошта бошад ва он барояш як тин ҳам арзиш надорад, аввал ба пушти хук ва баъд, гӯиё маҷбуран, бо дили нохоҳам ба болои қоз баромад ва бо ду пойи қафояш рост истод. Чизро, ки марди ношинос «аҳроми мисрй» меномид, ҳосил шуд. Каштанка аз хурсандй вингосзанон шодй мекард, аммо ҳамин дам гурбаи пир хамёза кашиду мувозинаташро гум карда, аз болои қоз сарозер шуд. Иван Иванич ҳам калавида аз пушти Хавроня Ивановна ба замин афтид. Марди ношинос додзанону дастафшон аз нав чизеро фаҳмондан гирифт. Баъди як соати машқ ва омӯхтани бунёди «аҳром» хӯҷаини пуртоқат ба қоз дар пушти гурба савор шудан ва сипас, ба гурба сигор кашидану амсоли инҳоро омӯхт.

Машк ҳам анҷом ёфту марди ношинос арақи пешонаашро пок карда, ҳуҷраро тарк намуд. Фёдор Тимофеич бо кароҳат мяв-мявкунон дар болои кӯрпачааш дароз кашид ва чашмонашро пӯшид. Иван Иванич ба назди таорача рафт, хукро бошад, кампир бурд. Ба туфайли таассуроти зиёди аз ин амалҳо ҳосилнамуда Каштанка чи хел гузаштани рӯзро нафахмид, вале шабона вайро ба ҳамон кӯрпачааш ба ҳамон хуҷрачаи бо зардевораи чиркин ороёфта бурданд ва он ҷо шабро бо Фёдор Тимофеич ва қоз гузаронид.

ИСТЕЪДОД! ИСТЕЪДОД!

Аз миён як моҳ гузашт.

Каштанка акнун ба он ки ҳар шом вайро бо иои болаззат сер мекунанд ва Холаҷон номаш мебаранд, ҳамчунин, ба марди ношинос ва ҳамхонаҳои нави худ одат карда буд. Ҳаёташ хубу гуворо мегузашт.

Ҳамаи рӯзҳо як хел ооз мешуданд. Тибки одат, пеш аз ҳама Иван Иванич бедор мешуд ва ҳамон лаҳза ба болои сари Холаҷон ё ба назди гурба омада, гарданашро каҷ мекард ва дар бораи чизе гарму ҷӯшон ва боисрор, вале чун ҳарвақта номафҳум, ваъз мегуфт. Баъзан сарашро боло карда монологҳои тӯлониро барояшон пешкаш менамуд. Рӯзҳои аввали ошноиашон Каштанка фикр мекард, ки қоз бисёр хирадманд аст ва барои ҳамин пургапй мекунад. Аммо чанде нагузашта, дигар нисбат ба ӯ ҳеҷ гуна эҳтиромро раво намедид; баръакс, вакте ки вай ба наздаш омада, «нутқ»-и тӯлониашро ооз карданй мешуд, Каштанка ба эҳтиромаш дигар дум намеҷунбонд, балки ба сифати як лаққии шилкин, ки дигаронро хоб рафтан намемонад, писандаш намекард ва ҳар гуфторашро бе ягон такаллуф бо «рррр» истиқбол менамуд.

Фёдор Тимофеич бошад, меваи бои дигар буд. у аз хоб бедор шуда, ягон гуна овоз баланд намекард, намеҷунбид ва ҳатто чашмашро намекушод. Вай ҳатто ба бедор шудан ҳам майл надошт, барои он ки ин ба ҳама аён буд, ҳаётро чашми дидан надошт. Ба ягон чиз таваҷҷуҳ надошт, ба ҳама ашё коҳилона чашм медӯхт, ҳамаро бад медид ва ҳатто изои болаззаташро хӯрда бо кароҳат фирқ-фирқ мекард.

Ҳар субҳро Каштанка, баробари аз хоб бедор шудан, бо гардиш дар ҳуҷра ва бӯ кашидани ҳар кунҷи он ооз мекард. Танҳо вай ва гурба иҷозати дар ҳамаи ҳуҷраҳо озодона чарх задан доштанд; қоз ҳақ надошт, ки аз хоначаи зардевораҳояш чиркин қадаме ба берун бигузорад, Хавроня Ивановна бошад, дар ким-куҷои ҳавлӣ, дар саройчае, мезист ва танҳо дар соати машқ пайдо мешуд. Хӯҷаин дер аз хоб мехест ва чояшро нӯшида, ҳамоно ба корҳои худ машғул мегардид. Ҳар рӯз ба хона П, тозиёна ва ҳалқаҳоро меоварданд ва ҳар рӯз ҳамон бозиҳоро се-чор соат такрор ба такрор машқ мекарданд. Баъзан Фёдор Тимофеич аз мондашавии зиёд мисли мастҳо мекалавид, Иван Иванич минқорашро кушода вазнин нафас мекашид, хӯҷаин бошад, суп-сурх мешуд ва ҳеҷ наметавонист арақи пешонаашро пок намояд.

Рӯзҳо, ки бо машқҳои пайваста ва хӯрдани иоҳои болаззат пушти сар мешуданд, барояшон хушу гуворо, шавқовар мегузаштанду шабҳо бошанд, басо дилгиркунанда. Хӯҷаин одатан шабҳо ба ким-куҷое мерафт ва қозу гурбаро бо худ мебурд. Холаҷон дар танҳоӣ дар бистараш мехобид ва аз дилтангй ба гирдоби андеша ғарқ мешуд… Ғаму андуҳ ким-чӣ хел ноаён ба вай наздик мешуд ва чунон ки зулмот хонаро фаро мегирад, оҳиста-оҳиста ӯро ба коми худ мекашид. Ин ҳама барои саг бетаъсир намонданд: нахуст ҳама гуна хоҳиши ҷакидан, ошомидан, дар ҳуҷраҳо давидан ва ҳатто чашм дӯхтанро гум кард, сипас дар пеши назараш ду андоми ба саг ё одам монанд, ки қиёфаашон гарму маҳбуб, вале номаҳфум буд, ҳувайдо гардид: бо пайдо шудани онҳо Холаҷон думашро меликонд. Мепиндошт, ки онҳоро дар куҷое, кадом вакт дида буд ва дӯсташон медошт… Ва дар хобаш ҳам ҳар дафъа ҳис мекард, ки аз ин андомҳо бӯйи рангу елим, парахаву лак меояд.

Боре хӯҷаин, баъди тамоман ба ҳаёти нав одат кардан ва аз як сагчаи лоари пӯсту устухон ба саги фарбеҳу нозпарвар табдил ёфтанаш, пеш аз машқ ӯро бо меҳрубонӣ навозиш карда гуфт:

  • Холаҷон, фурсати ба кор машғул шуданамон расидааст. Бекорхӯҷагӣ бас аст. Мехоҳам аз ту ҳунарманд бисозам. Мехоҳӣ ҳунарманди асил бошӣ?

Ва хӯҷаин ба вай илмҳои гуногунро омӯзондан гирифт. Дар машғулияти аввал рост

истодан ва бо пойҳои кафояш роҳ гаштанро омӯхт:   ин ба ӯ бисёр писанд омад. Дар

машғулияти дуюм вай бояд бо пойҳои кафояш парида кандро аз дасти устодаш, ки хеле баланд, дар болои сараш, нигоҳ медошт, мегирифт. Сипас, дар машғулиятҳои дигар, вай рақс мекард, зери навои мусикй нӯла мекашид, занг мезад ва тир мепарронд. Баъди як моҳ бошад, дар «аҳроми мисрй» бо маҳорати том Фёдор Тимофеичро иваз менамуд. Бо хоҳиши том ҳунар меомӯхт ва аз комёбиҳояш басо хушҳол буд. Ҳар нағмаи хуб ба ҷоовардаашро бо аккоси ҷарангосию саршори сурураш истиқбол мекард. Устод бошад, ба ҳайрат афтода, ба ваҷд меомад ва дастонашро ба ҳам соида мегуфт:

  • Истеъдод! Истеъдод! Бе ягон шакку шубҳа истеъдод! Ту ҳатман комёб мегардй!

Ва Холаҷон ҳам ба калимаи «истеъдод» чунон сахт одат кард, ки ҳар боре соҳибаш онро ба забон меовард, гӯё тахаллусашро шунида бошад, аз ҷояш ҷаста ба ӯ чашм медӯхт.

ШАБИ НООРОМ

Холаҷон ботарс бедор шуд: хоб дид, ки дарбон ҷорӯб дар даст, ӯро таъқиб мекунад.

Хона сокиту торик буд ва ҳавояш вазнин. Кайкҳо мегазиданд. Холаҷон то кунун аз торикй наметарсид, аммо намедонист аз чй бошад, ҳоло воҳима ӯро пахш карда буду хоҳиши ҷакидан вуҷудашро фаро гирифта. Дар ҳуҷраи шафат хӯҷаин баланд нафас кашид, баъд, лаҳзае нагузашта, дар саройчааш хук ба хур-хур даромад ва аз нав хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Вақте ки андешаи ио ба сар меафтад, ҷонат ҳам роҳат мекунад. Холаҷон ба хотир овард, ки чӣ тавр имрӯз линги мурғ – насибаи Фёдор Тимофеичро дуздида, дар меҳмонхона, дар байни ҷевону девор, ҷое, ки пур аз тори анкабут ва гарду чанг буд, пинҳон кард. Агар ҳозир рафта дар ҷояш будан ё набудани онро медид, рӯҳаш ором мегирифт. Эҳтимол хӯҷаин онро ёфта нӯши ҷон карда бошад. Вале пеш аз субҳ ҳуҷрачаро тарк намудан айриимкон мебошад: коида ҳамин аст. Холаҷон чашмонашро пӯшид, то ки ҳарчи зудтар хобаш бибарад: аз таҷрибаи андӯхта медонист, ки чи қадаре зудтар хоб равӣ, ҳамон андоза тезтар субҳ медамад. Аммо ногаҳон, начандон дуртар аз вай, бонги айриодие баланд гардиду ӯро маҷбур кард, ки аз ҷояш як қад парида бихезад. Ин овози

Иван Иванич буд, ки ба манаҳзании муқаррарии ӯ монанд набуд, ҳамчунин, чун                      ҳарвакт

боэътимод садо намедод. Баръакс, як садои гӯшхарошу     айриодие буд, ки ба                      иҷирроси

дарҳои кушодашаванда шабоҳат дошт. Каштанка баробари дар торикй чизеро надидану нафаҳмидан боз тарси сахтро эҳсос намуда ғуррос зад:

  • Ррррр….

Баъди чанд дақиқа, ки барои хоида фурӯ бурдани як устухони хуб басанда буд, хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Холаҷон ҳам андак хотирҷамъ шуду пинак рафт. Ду саги бадвоҳимаю сиёҳи калон, ки порчаҳои пашми порсола дар ронҳо ва бари шикамашон кашол буд, ба хобаш даромад:        онҳо аз таораи калон пасмондаи

иоро, ки аз вай буи сафед ва бӯйи лазиз меомад, ҳарисона мехӯрданд ва гоҳ-гоҳ ба Холаҷон нигоҳ карда, даҳон гиз менамуданд: бо ин амалашон гӯё мегуфтанд: «Мо ба ту чизе намедиҳем!». Вале ҳамин вакт аз хона марди пӯстинпӯше давида баромаду онҳоро бо тозиёна зада пеш кард. Холаҷон ба сари таора омада ба хӯрдан шурӯъ кард, вале ҳамин ки мард аз дарвоза берун шуд, ҳар ду саги сиёҳ аккосзанон ба ӯ дарафтоданд. Ва боз ногаҳон садои гӯшхароши қоз баланд гардид.

  • Ко Ко Коғ! – бонг зад Иван Иванич.

Холаҷон бедор шуда, аз ҷояш ҷаста хест ва аз болои кӯрпача нафуромада бо дард нӯла кашид. Акнун ӯ гумон мекард, ки Иван Иванич нею ким- каси дигар, нафари бегонае, дод мезанад. Аз чй сабаб бошад, ки хук ҳам дар саройчааш аз нав ба хур-хур даромад.

Ин дам садои пой ба гӯш расид ва хӯҷаин, яктаҳ дар тан ва шамъ дар даст, ба ҳуҷрача даромад. Нури хираи шамъ аввал деворҳо ва баъд шифти ҳуҷрачаро равшан намуда, торикиро барҳам дод. Холаҷон дид, ки дар хона ягон бегона нест. Иван Иванич дар болои фарш менишаст, хоб ҳам набуд. Болҳояш кушода буданду минқораш боз ва чунин менамуд, ки ӯ беҳад монда шудаасту об нӯшидан мехоҳад. Фёдор Тимофеичи пир низ намехобид. Эҳтимол ӯ ҳам аз фиони бадарди дӯсташ бедор шуда буд.

  • Иван Иванич, ба ту чй шуд? – пурсид хӯҷаин аз коз. – Чаро дод мезанй? Ту беморй?

Қоз овоз намебаровард. Хӯҷаин ба гарданаш даст расонда, пушташро сила карду гуфт:

  • Аҷаб сода ҳастй. На худат хоб мекунию на дигаронро мегузорй, ки хоб бираванд.

Вакте ки хӯҷаин аз ҳуҷрача берун шуд ва шамъро бо худ бурд, аз нав торикй ҳама ҷоро фаро гирифт. Холаҷон метарсид. Қоз дод намезад, вале Каштанка аз нав хаёл мекард, ки дар торикй кадом бегонае истодааст. Аз ҳама даҳшатнокаш ин буд, ки ҳамон бегонаро газидан мумкин набуд. Чунки вай ба чашм ноаён буд ва шакл ҳам надошт. Намедонист барои чй, вале эҳсос мекард, ки имшаб ҳатман ягон ҳодисаи нохуше рӯй хоҳад дод. Фёдор Тимофеич ҳам осуда набуд: Холаҷон мешунид, ки чи тавр ӯ дар болои кӯрпачааш бекарорй мекунад, ҳамёза мекашад ва сарашро меҷунбонад.

Аз ча садои кӯфтани дарвоза баланд шуду дар саройча хук ҳам ба хур-хур даромад. Холаҷон нӯла кашиду пойҳои пешашро дароз карда, сарашро дар болои онҳо гузошт. Кӯфтани дарвоза ва хур-хури хук, ки бо чй сабабе бедорй мекашид, торикй ва хомӯшии ваҳмангез, ҳамсони лаҳзаи фарёди ҷонкоҳи Иван Иванич, дар вуҷудаш як навъ эҳсоси андуҳбору даҳшатнокеро ҷо карда буданд. Ҳама дар банди изтироб ва нотинҷй карор доштанд. Вале аз барои чй? Ин бегонаи ба чашм ноаён кист? Ана, дар назди Холаҷон лаҳзаяке ду шарораи кабуди хирае шуъла зад. Ин Фёдор Тимофеич буд, ки дар тамоми давраи ошноиашон бори аввал ба назди ӯ омада буд. у чй мехоҳад? Холаҷон пойи ӯро лесид ва барои чй омаданашро ҳам напурсида, оҳистаю бадард нӯла кашид.

  • Қоғ! – бонг зад қоз. – Ко!

Дар аз нав кушода шуд ва ба ҳуҷрача, шамъ дар даст, хӯҷаин ворид гардид. Қоз дар ҳолати пешина, ҳамон болҳои кушода ва минқори боз, карор дошт. Чашмонаш пӯшида буданд.

– Иван Иванич! – садо кард хӯҷаин.

Қоз наҷунбид. Хӯҷаин рӯ ба рӯяш, дар болои фарш нишаста, дацицае хомӯшона ба ӯ дида дӯхт ва гуфт:

– Иван Иванич! Худаш чй гап? Ту чй, мемирй? Эҳ, акнун ба ёд овардам, бале, ба ёд овардам! – ва сарашро дошта дод зад хӯҷаин. – Ман сабаби бемориатро медонам! Охир, имрӯз туро асп зер карда буд! Худоё, Худовандо!

Холаҷон чй гуфтани хӯҷаинро намефаҳмид, вале аз авзояш медид, ки ӯ чизи мудҳишеро интизор аст. Саг фукашро ба тарафи тирезаи торик, ки ба гумонаш ҳамон каси номаълум аз он ба дарун нигоҳ мекард, гардонда нӯла кашид.

– Холаҷон, Иван Иванич мемирад! – гуфт хӯҷаин дастонашро ба ҳам зада. – Оре, оре, мемирад! Ба ҳуҷраи шумо аҷал омад. Чй кор кунем?

Хӯҷаини музтарибҳол ва ранги рӯяш парида оҳкашон сарашро ҷунбонда ба ҳуҷраи хобаш баргашт. Холаҷон ҳам аз торикй ҳаросида, дунболи ӯ рафт. Хӯҷаин дар рӯйи кат нишаст ва чанд маротиба такрор кард:

– Эй Худо, чй бояд кард?

Холаҷон дар назди пойҳои хӯҷаинаш мегашту намефаҳмид, ки чаро ӯ амгин аст ва чй ин қадар боиси ташвишаш гардидааст? Ҳамаи инро бисёр фаҳмидан мехост ва ба ҳар ҳаракати хӯҷаин назорат мекард. Фёдор Тимофеич низ, ки басо кам бистарашро тарк менамуд, ба хонаи хоби хӯҷаин даромада, худро дар пойҳои ӯ молидан гирифт. у сарашро ҷунбонда, шубҳаомез ба таги кат дида меафганд: гӯё мехост ҳама аму андуҳи гаронро аз ӯ дур гардонад.

Хӯҷаин косаи хурдеро гирифта, ба он аз дастшӯяк об рехт ва аз нав ба назди қоз омад.

  • Бинӯш, Иван Иванич! – гуфт ӯ бо навозиш ва косачаро ба наздаш гузошт. – Бинӯш, меҳрубонам.

Иван Иванич ҳаракате накард, ҳатто чашмонашро накушод. Хӯҷаин сари ӯро ба болои косача хам карда, минқорашро ба об андохт, вале қоз нанӯшид ва болҳояшро боз ҳам васеътар кушод ва сараш якбора ба болои косача афтид.

  • Не, акнун чизе аз дастамон намеояд! – оҳ кашида гуфт хӯҷаин. – Дигар илоҷ нест. Иван Иваничро аз даст додем!

Ктраҳои ашк дар рухсораҳои ӯ дурахшида ба поён шориданд. Холаҷон ва Фёдор Тимофеич, ки ба чизе сарфаҳм намерафтанд, худро ба хӯҷаин ҷафс намуда, бо тарс аз қоз чашм намеканданд.

  • Бечора Иван Иванич! – гуфт хӯҷаин ва оҳи бадарде кашид. – Ман бошам, орзу мекардам, ки баҳорон туро ба деҳа мебараму ҳамроҳ дар болои майсаҳои сабз сайру гашт мекунем. Ҷонвари маҳбуб, дӯсти меҳрубонам, туро дигар намебинам. Ман акнун бе ту чй кор мекарда бошам?

Холаҷон ин ҳамаро дида андеша мекард, ки рӯзе бо вай ҳам чунин воқеа ҳатман рӯй медиҳад, яъне ӯ ҳам, ана ҳамин тавр, номаълум чашмонашро пӯшида, пойҳояшро дароз мекунад ва даҳонашро мекушояд. Ва ҳама бо тарс ба ӯ нигоҳ хоҳанд кард. Аз афташ, айнан ҳамин андешаҳо дар сари Фёдор Тимофеич ҳам чарх мезаданд. Гурбаи пир ҳеҷ гоҳ чун ин дам туршрӯю амгин набуд.

Субҳ ҳам дамид ва акнун дар ҳуҷрача он ноаёни бегона, ки Холаҷонро сахт тарсонда буд, вуҷуд надошт. Вакте ки рӯз пурра равшан шуд, дарбон омад ва қозро аз пойҳояш гирифта ба ким-куҷое бурд. Чанде нагузашта кампир ба ҳуҷрача даромада, таораро бардошта берун рафт.

Холаҷон ба меҳмонхона даромада, ба пушти ҷевон дида дӯхт: хӯҷаин пойи мурғро нахӯрда буд, вай ҳамоно дар ҷояш, дар миёни гарду чанг ва торҳои анкабут мехобид. Холаҷон амгин буду ошуфтаҳол, ашк гулугираш мекард. у ҳатто пойи мурғро бӯ накашид, ба таги диван даромада хоб кард ва паст-паст нӯла кашидан гирифт:

  • Увв, увв, уувв…

НАМОИШИ НОБАРОР

Дар яке беҳтарин шабҳо хӯҷаин ба хуҷрачаи зардевораҳояш чиркин даромад ва дастонашро ба ҳам соида гуфт:

  • Ху-у-уш…

Вай мехост боз чизе бигӯяд, вале нагуфта баромада рафт. Холаҷон, ки ҳангоми машғулият чехра ва оҳанги гуфтори ӯро хуб омӯхта буд, эҳсос намуд, ки хӯҷаин сахт дар ҳаяҷону изтироб ва хашмгин аст. Чанде нагузашта ӯ ба хуҷра даромада гуфт:

  • Ман имрӯз Холаҷон ва Фёдор Тимофеичро бо худ гирифта мебарам. Ту, Холаҷон, имрӯз дар «аҳроми мисрй» марҳум Иван Иваничро иваз мекунй. Бало медонад, ки чй! Ҳеҷ чиз тайёр нест, чизеро наомӯхтаем, кам машк гузаронидаем! Шарманда мешавем, комёб намегардем!

Баъд хӯҷаин аз хуҷрача берун шуд ва баъди як дақиқа пӯстинашро пӯшид ва силиндр (кулох,) дар даст баргашт. Ба назди гурба омада, ӯро аз пойҳои пешаш гирифта бардошт ва дар баалаш, дар таги пӯстин, пинҳон намуд. Фёдор Тимофеич ин ҳамаро бо бепарвоии барояш хос қабул кард ва ҳатто барои чашмонашро кушодан ҳам захмате накашид. Аз афташ, барои вай ҳама чиз – хобидан ё ки аз пойҳояш гирифта боло бардоштан, дар кӯрпачааш дароз кашидан ё дар баали хӯҷаин, дар таги пӯстини ӯ, роҳат намудан баробар буд…

  • Холаҷон, рафтем, – гуфт хӯҷаин.

Холаҷон чизеро нафаҳмида, думликон аз қафои онҳо рафт. Баъди як дақиқа саг акнун дар болои чана, дар пеши пойи хӯҷаин, менишаст ва медиду мешунид, ки чй тавр ӯ аз сардй ва ҳаяҷон ба худ печида ғур-ғур мекард:

  • Шарманда мешавем! Комёб намегардем!

Чана дар назди бинои аҷиби бузурге, ки ба деги чапашуда шабоҳат дошт, қарор гирифт. Даромадгоҳи бино, ки се дари шишагй дошт, бо дувоздаҳ фонус равшан карда мешуд. Дарҳо иҷирросзанон кушода мешуданд ва одамонро, ки дар назди даромадгоҳ гирд омада буданд, ба коми худ фурӯ мебурданд. Мардум бисёр буд, тез- тез дар назди даромадгоҳ аспҳо ҳам қарор мегирифтанд, вале сагҳо ба чашм намерасиданд.

Хӯҷаин Холаҷонро бо дасташ гирифта, дар баалаш, дар паҳлуи Фёдор Тимофеич, ҷой кард. Ин ҷо торик буду нафас тангй мекард, вале гарм буд. Лаҳзаяке ду шарораи кабуди хира шуъла зад: ин гурба буд, ки аз ба танаш расидани пойҳои хунуку дурушти ҳамсоя бесаранҷом шуда, чашмонашро кушода буд. Холаҷон гӯши ӯро лесид ва ба хотири роҳаттар ҷой гирифтан, гурбаро бо пойҳои сардаш пахш намуда, ғайриихтиёр сарашро аз таги пӯстин берун кард ва ҳамоно бо қаҳр гуррида, онро ба таги пӯстин кашид. Ба назараш намуд, ки вай як хонаи бузургу начандон равшани пур аз аъҷубаҳоро мебинад: аз пушти тавора ва панҷараҳо, ки дар ҳар ду тарафи даруни хона тӯл мекашиданд, чеҳраҳои даҳшатноку хунуки аспмонанд, шохдор ва гӯшдароз ба атроф назар мекарданд. Ҳамчунин, ким-чи хел як махлуқи гафсу азимеро дид, ки думаш дар ҷойи биниаш қарор дошт ва ду устухони дарози хоидашуда аз даҳонаш берун баромада буд.

Гурба дар зери пойҳои Холаҷон бо овози хаста мяв-мяв кард, вале дар ҳамин вакт пӯстин кушода шуду хӯҷаин «ҳоп» гуфт ва Фёдор Тимофеич ҳамроҳи Холаҷон ба болои фарш парида фаромаданд. Онҳо акнун дар ҳуҷраи хурде, ки деворҳои хокистарии тахтагй дошт, меистоданд. Дар ин ҷо ба ҷуз мизи начандон калони оинадор, чорпоя ва куҳнаколаҳое, ки дар ҳар кунҷ овехта буданд, ягон ашёи дигаре набуд. Ба ҷойи чароғ ва ё шамъ оташаки бодбезакмонанде медурахшид, ки онро дар найчаи ба девор часпондашуда гузошта буданд. Фёдор Тимофеич «пӯстин»-и худро, ки Холаҷон «ғиҷим» карда буд, лесид ва ба таги чорпоя рафта дароз кашид. Хӯҷаин, ки то ҳанӯз аз ҳаяҷону изтироб дастонашро бо ҳам соиш медод, либосҳояшро кашидан гирифт… ӯ ин корро бад- он сон анҷом дод, ки аз рӯйи одат дар хонаи худ, пеш аз ба таги кӯрпаи мулоим даромадан, ба ҷо меовард, яъне, ба ҷуз таҳпӯшҳо, ҳамаи либосашро кашиду сипас дар чорпоя нишаста, ба оина нигохкунон худро «оро» додан гирифт. Пеш аз ҳама мӯйи сунъиашро ба сар гузошт ва баъд ба рӯяш чизи сафедеро молида, аз болои ранги сафед боз абрувон, мӯйлаб ва сурхй кашид. Кори ӯ бо ҳамин анҷом наёфт: баъди рӯй ва гарданашро ранг молидан хӯҷаин кадом як костюми айриодиеро ба бар кард, ки ҳамсони онро Холаҷон на дар хонаҳо дида буду на дар ча. Тасаввур кунед як шалвори кушоди аз чити пургул дӯхташударо, ки дар хонаи савдогарону косибон барои парда ва рӯйпӯши мебел истифода мебаранд, шалвореро, ки тугмааш дар таги каш махкам мешавад ва як почааш чити кахеарангу почаи дигараш аз чити зарди равшан дӯхта шудааст. Хӯҷаин аз болои либосҳои аҷоибаш камзӯлчаи читиро ба бар кард, ки гиребони калони дандонадор ва дар пушташ ситораи тиллой дошт, ҳамчунин, ҷӯробҳои дарози рангоранг ва пойафзори кабудеро пӯшид.

Чашму рӯҳи Холаҷон виҷиррос зад. Аз шахси сафедрӯйи халтамонанд бӯйи хӯҷаин меомад, овозаш ҳам шинос, овози хӯҷаин буд, вале буданд дақиқаҳое, ки Холаҷон аз шубҳа ба изтироб меомад. Дар чунин мавридҳо ӯ омода буд, ки аз назди ин шакли ало-було бигрезад ва изтиробашро бо аккос задан зоҳир бинмояд. Макони нав, оташаки бодбезакмонанд, бӯй ва таирот дар чеҳраи хуҷаин – ҳамаи инҳо дар вуҷуди ӯ тарсу ваҳм ва эҳсоси номаълумеро бедор месохтанд: гумон мекард, ки ҳатман бо кадом як дашт, ба мисли ҳамон махлуки ғафсе, ки дар ҷойи бинй дум дорад, рӯ ба рӯ мегардад. Дар ноомади кор боз дар ким-куҷое аз пушти девор мусиқӣ, ки Холаҷон кабулаш надошт, садо медод ва гоҳ-гоҳ наъраи номафҳуме шунида мешуд. Фақат як чиз – тамкини Фёдор Тимофеич ба ӯ оромй мебахшид. Вай дар таги чорпоя бепарво мехобид ва ҳатто ҳангоми ба дигар ҷой гузоштани чорпоя низ пинакашро вайрон намекард.

Кадом як нафаре, ки дар тан фрак ва камзӯлчаи сафед дошт, ба хуҷрача чашм дӯхта гуфт:

  • Ҳозир хонум Арабелла ҳунарнамой меку- над. Баъди он кас навбати шумост.

Хӯҷаин ҷавоб нагардонид. ӯ аз таги миз ҷомадони начандон калонро берун карда нишаст ва интизор шуд. Аз ваҷоҳат ва дастонаш аён буд, ки ҳаяҷон вуҷудашро фаро гирифтааст ва Холаҷон ҳатто нафаскашии номураттаби ӯро эҳсос мекард.

  • Ҷаноби Жорж, бифармоед! – фарёд кард касе аз пушти дар.

Хӯҷаин аз ҷояш хеста, се маротиба салиб кашид ва сипас аз таги чорпоя гурбаро гирифта ба даруни ҷомадон андохт ва:

  • Биё, Холаҷон! – гуфт бо овози паст.

Холаҷон чизеро нафаҳмида, ба назди хӯҷаин омад. Хӯҷаин сари ӯро бӯса карду дар паҳлуи Фёдор Тимофеич ҷойгираш намуд. Баъд боз торикй ҳукмфармо гардид… Холаҷон гурбаро таги пой карда, деворҳои ҷомадонро мехарошид ва аз ваҳм овоз бароварда наметавонист. Ҷомадон, мисли он ки дар болои мавҷҳо бошад, меларзиду халос.

  • Ана, ман ҳам омадам! – нидо кард хӯҷаин бо овози баланд. – Ана, ман ҳам омадам!

Холаҷон ҳис кард, ки баъди ин нидо ҷомадон ба чизе сахт бархӯрда аз ҷунбидан монд. Наъраи бадвоҳимае ба гӯш расид: ба ифтихори касе қарсак заданд ва ин кас, эҳтимол ҳамон махлуки гафсе, ки дар ҷойи бинй дум дошт, наъра мекашид ва чунон баланд механдид, ки аз таъсири он кулфҳои ҷомадон меларзиданд. Ҷавобан ба ин наъра хандаи чирросию гӯшхароши хӯҷаин, ки дар хонааш ҳеҷ гоҳ ин тавр намехандид, садо дод.

  • Ҳа! – нидо кард вай: кӯшиш мекард, ки ово- заш ҳарчи баландтар садо бидиҳад. – Ҳозирини бисёр арҷманд! Ман ҳозир аз вокзал омадам! Чанде пеш модаркалонам фавтида буд ва дороияшро ба ман мерос гузошт. Дар ин ҷомадон чизе бисёр вазнин ҳаст, эҳтимол тилло бошад. Ҳа-а! Шояд ин ҷо миллион бошад! Канй, мекушоем ва мебинем…

Қулфи ҷомадон шараққосзанон кушода шуду равшанй чашмони Холаҷонро хира кард: вай дар як дам ҷаҳида аз ҷомадон баромад ва аз наъраи гӯшкаркунанда гаранг шуда, аз ҳавли ҷон ба ҷакидан даромад ва башаст дар гирди хӯҷаин давидан гирифт.

  • Ҳа! – нидо дардод хӯҷаин. – Фёдор Тимофеич, амакҷон! Холаҷон, азизам! Пайвандо- ни меҳрубонам, бало занад шуморо!

Хӯҷаин бо шикам ба болои рег дароз кашида, гурба ва Холаҷонро сахт ба оғӯш гирифт. Холаҷон, вакте ки хӯҷаин ӯро дар бағалаш пахш мекард, лаҳзае ба олами барояш номаълум, ки бо амри тақдир ба он афтода буд, чашм духт ва аз шамати он ба ҳайрат афтода дакикае дар ҷояш шах шуд. Баъд аз баали хӯҷаин берун ҷаста, бо завқи тамом, чун гиргирак, дар ҷояш чарх задан гирифт. Олами нав басо бузург ва саршори нур буд: дар ҳама ҷо, аз фарш то арш, ба куҷое чашмат афтад, фақат чеҳраҳо, чехраҳо, чехраҳо ва боз ҳам чеҳраҳоро мебинй. Ба ҷуз чехра чизи дигар ба назар намерасад.

  • Холаҷон, хохиш мекунам, бишинед! – амр кард хӯҷаин.

Холаҷон чй маънй доштани ин амрро ба хотир оварда, якбора ба болои курсй баромада нишаст ва ба хӯҷаин нигарист. Нигохи хӯҷаин, мисли ҳамешагй, ҷиддй ва меҳрубон, вале чеҳрааш, махсусан, даҳони калон ва дандонҳояш, бисёр хунуку безеб буд. Худи вай шодй мекард, ҳаллос зада китфҳояшро меҷунбонд, вонамуд мекард, ки дар ҳузури ҳазорон чехраҳо баоят шод аст. Холаҷон, ки ба шодию сурури вай бовар мекард, баногоҳ таваҷҷуҳи ҳамин ҳазорҳо чашмро бо тамоми вуҷудаш эҳсос намуд ва фуки рӯбоҳмонандашро боло бардошта бо хушнудй нӯла кашид.

  • Шумо, Холаҷон, бишинед, – гуфт ба ӯ хӯҷа- ин.
  • Мову амак рақси камаринскро иҷро меку- нем.

Фёдор Тимофеич бепарво дар ҷояш истода ба атроф нигоҳ мекард, интизор буд, ки кай маҷбураш мекунанду амалҳои беақлонаро ба ҷо меорад. Вай суст, бепарвоёна ва бо дили нохо ҳам рақс мекард ва аз ҳар як ҳаракат, аз думу мӯйлабҳояш аён буд, ки вай ба ҳозирин, ба толори равшан, ба хӯҷаин ва ҳам ба худаш сахт нафрат дорад… у рақсашро ба итмом расонду хамёзакашон омада дар ҷояш нишаст.

  • Канй, Холаҷон, – гуфт хӯҷаин. – Нахуст мову шумо суруд мехонем ва баъд рақс мекунем. Майлаш?

Вай аз кисааш найро бароварда навохтан гирифт. Холаҷон, ки мусиқиро чашми дидан надошт, маҷбуран дар болои курсй ҳаракат мекарду уллос мекашид. Аз ҳар ҷониб садои офарину қарсакзанй шунида мешуд. Хӯҷаин таъзим кард ва ҳангоме ки хомӯшӣ аз нав ҳукмфармо гардид, навозишро идома дод… Ҳангоми иҷрои як нотаи бисёр баланд аз қаторҳои боло, аз миёни ҳозирин, касе овоз баланд кард.

  • Падарҷон! – дод зад писараке. – Охир ин Каштанка аст-ку!
  • Бале, Каштанка, худи худаш! – тасдиқ кард марде бо овози ларзони ҷарангосии мастона. – Каштанка! Федяҷон, Худо ҷазояш диҳад, ин Каштанка аст! Фюшт!

Касе аз долон ҳуштак кашид ва ду овоз, яке бачагонаю дигараш мардона, баланд садо доданд:

  • Каштанка! Каштанка!

Холаҷон як ларзиду ба тарафе, ки ӯро ҷеғ мезаданд, нигоҳ кард. Ду чеҳра – яке сермӯй, маст ва писхандзананда, дигарй фарбеҳак, рухсо- раҳояш сурх ва баҳаросафтода, мисли ин ки пештар чашмонашро равшании чароғҳо хира мекард, якбора дар пеши назараш ҳувайдо гардиданд… Рӯзгори гузаштаашро ба хотир оварда, Каштанка аз болои курсй ба рӯйи рег афтид ва баъд ҷаста хесту аз шодй виззосзанон ба тарафи он ду нафар давид… Аз миёни ин ҳама садои гӯшкаркунанда ва ҳуштаккашии ҳозирин овози бачае шунида мешуд. у нидо мекард:

  • Каштанка! Каштанка!

Холаҷон аз монеа ва сипас аз болои китфи нафаре парида гузашту ба нишеман (ложа) даромад: барои ба қабати дигар расидан ӯ аз болои девори баланд бояд ҷаҳида мегузашт; Холаҷон хез зад, вале то ҷойи даркорй нарасида, ба девор часпиду ба поён лажидан гирифт. Сипас вай даст ба даст гузашта, дасту рӯйи ким-киҳоро лесида, болотару болотар ҳаракат кард ва ниҳоят, ба катори боло расид…

Пас аз ним соат Каштанка дар ча аз қафои одамоне мерафт, ки аз онҳо бӯйи елим ва лак меомад. Лука Александрич мекалавид ва беихтиёр, аз рӯйи таҷриба, кӯшиш мекард, ки аз ҷӯй дуртар қадам бизанад.

– Ман дар ҷаҳаннами дур азоб мекашам… – ғур-ғур мекард ӯ. – Ту, Каштанка, чизеро намефаҳмй. Дар мукобили одам ту устои чӯбтарошеро мемонй, ки дар назди наҷҷор арзише надорад…

Дар паҳлуи онҳо, кулоҳи падар дар сар Федюшка қадам мезад. Каштанка ба пушти ҳардуи онҳо нигоҳ мекард ва итминон дошт, ки вай ким-кайҳо боз бо онҳо равон аст ва аз он хурсанд буд, ки ҳаёти вай дакиқае ҳам аз эшон канда нашудааст.

Вай, ҳамчунин, ҳуҷрачаи зардевораҳояш чиркин, қоз, Фёдор Тимофеич, иоҳои болаззат, машқҳо ва сиркро ба хотир овард, вале ҳамаи онҳоро акнун ӯ хоби дуру дароз, печдарпеч ва сангине мепиндошт.

Мундариҷа

Рафтори ноҷо………………………………………………….. 3

Ношиноси пурасрор…………………………………………. 8

Ошноии нав ва бисёр фараҳбахш…………………….. 13

Дар олами муъҷизаҳо……………………………………… 17

Истеъдод! Истеъдод!……………………………………… 22

Шаби ноором………………………………………………… 26

Намоиши нобарор………………………………………….. 33

Антон Павлович Чехов

Каштанка

Муҳаррир Додохон Чалолов Мусаҳҳеҳ        Манижа Сафаралиева

Муҳаррири

техники         Кобилҷон Саъдуллоев

Тарроҳ           Қосимхӯҷа Назаров

Ба матбаа 21.04.2016 супорида шуд. Ба чоп 16.08.2016
иҷозат дода шуд. Андозаи 60х84 1/16 Кази офсет.

Чопи офсет. Чузъи чопи 11. Адади нашр 44400 нусха.
Супориши №67/2016

Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тикистон
7340243, ш. Душанбе,             чаи А. Дониш 50

тел. 222-14-66

E-mail: najmiddin64@mail.ru

Дар матбааи ЧДММ «Чамшед ва К» чоп шудааст.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pur9rblnc00

ФАРИДУДДИНИ АТТОР

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт, Мо ҳанӯз андар хами як чаем. Мавлонои Руми Фаридаддин ибни …

222222222222222