Главная / Илм / Куффори Қурайш назди Абӯтолиб мераванд

Куффори Қурайш назди Абӯтолиб мераванд

Куффори Қурайш вақте мушоҳида намуданд, ки даъвати Паёмбар (с) рӯз ба рӯз густариш пайдо менамояд ва Абӯтолиб низ яке аз афроде аст, ки бо тамоми ҷону мол аз Паёмбар (с) дифоъ менамояд ва худ дорои аслу насаби бузург буда, дар миёни Қурайш дорои эҳтиром ва манзалати хос аст, пас барои онон бисёр мушкил буд, ки ҳурмат ва ҳимояти ӯро бишкананд. Бинобар ин, ин амр онҳоро бисёр нигарон карда буд ва ба фикр афтоданд, ки ба беҳтарин ваҷҳ аз ин тангно берун биёянд. Онон пас аз баҳсу музокироти тӯлонӣ беҳтарин ва муносибтарин равишро дар ин диданд, ки бо бузурги Қурайш Абӯтолиб вориди гуфтугӯ шаванд, то битавонанд Паёмбар (с)-ро водор намоянд, то аз даъвати хеш даст бардорад.
Иддае назди Абӯтолиб рафтанд ва гуфтанд: “Эй Абӯтолиб, писари бародари шумо худоёни моро дашном медиҳад, аз дини мо айбҷӯӣ мекунад ва падарону некони моро гумроҳ мехонад, аз ҳимояти ӯ даст бардор, то мо худ ҷазои ӯро бидиҳем ва ё ин ки ҷилави ӯро бигир, то ба худоёни мо носазо нагӯяд”.
Абӯтолиб ононро қонеъ намуд ва онҳо бозгаштанд. Даъвати Паёмбар (с) ҳамчунон рӯз ба рӯз густариш меёфт ва онон вақте ки вазъиятро чунин диданд, дубора назди Абӯтолиб омаданду гуфтанд: “Аз шумо дархост кардем, ки дасти бародарзодаатонро аз сари мо бардоред, аммо шумо ҳеҷ эътиное ба дархости мо нанамудед. Акнун мо дигар тобу таҳаммул надорем, ки ба худоёнамон иҳонат кунад. Ё бояд дасташро аз сари мо кӯтоҳ кунед ё мо бар зидди ту ва бародарзодаат ба ҷанг хоҳем пардохт”. Ин амр бар Абӯтолиб гарон омад ва назди Паёмбар (с) рафту пешниҳоди Қурайшро ба ӯ матраҳ кард.
Паёмбар (с) фармуд: “Ба Худо савганд, агар хуршедро ба дасти ростам ва моҳро ба дасти чапам бигузоранд, то аз даъватам даст бикашам, нахоҳам пазирифт, то он ки Худои мутаъол даъватамро пирӯз гардонад ва ё ин ки дар роҳи даъватам бимирам”.
Вақте ки Қурайш диданд, ки Паёмбар (с) пайваста ва ба ҳолати хастагинопазир ба кораш идома медиҳад ва Абӯтолиб низ даст аз ҳимояти ӯ барнамедорад, тасмим гирифтанд, ки Аммора ибни Валид ибни Муғираро, ки зеботарин ҷавони Қурайш буд, назди ӯ бибаранд, то дар иваз Абӯтолиб низ Паёмбар (с)-ро дар ихтиёри онон қарор диҳад, то ӯро бикушанд. Абӯтолиб гуфт: “Мехоҳед писаратонро ба ман диҳед, то ба ҷойи шумо ӯро бузург кунам ва дар иваз фарзандамро ба шумо бидиҳам, то ӯро бикушед? На, ҳаргиз чунин коре намекунам”.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222