Главная / Гуногун / Лоиҳаи инноватсионӣ ҳамчун шакли нави ташкили навоварӣ

Лоиҳаи инноватсионӣ ҳамчун шакли нави ташкили навоварӣ

Мафҳуми «лоиҳаи инноватсионӣ»-ро аз якчанд нуқтаи назар маънидод кардан мумкин аст:

  • ҳамчун маҷмӯи чорабиниҳо барои ноилшави ба мақсадҳои инноватсионӣ;
  • ҳамчун ҷараёни амалисозии фаъолияти инноватсионӣ;
  • ҳамчун бастаи ҳуҷҷатҳое, ки чорабиниҳои қайдшударо асоснок ва тавсиф мекунад.

Ҷанбаҳои зикршуда аҳамияти лоиҳаи инноватсионӣро ҳамчун шакли ташкил ва идораи мақсадноки фаъолияти инноватсионӣ зоҳир менамоянд. Лоиҳаи инноватсионӣ дар худ низоми мураккаби ҷараёнҳоро таҷассум менамояд, ки аз рӯи захираҳо, мӯҳлат ва марҳилаҳо ба ҳам алоқаманданд.

Хонахи нав дар Душанбе повороти Аэропорт

Фишангҳои бозории ҳамоҳангсозии фаъолияти ширкатҳо ва ҳар гуна ниҳодҳо дар соҳаи коркард, татбиқ ва фурӯши навовари хеле номукаммал мебошанд. Чунин хусусияти манфb доштани ҷараёни навовариҳо дар иқтисодиёти кишвари мо бо муҳити номусоиди сармоягузорӣ, беташаббуссии ширкатҳои саноатӣ ва нокифоягии захираҳо барои бизнеси хурд тавсиф дода мешавад.

Яке аз имкониятҳои бештар мувофиқ барои ташкил ва татбиқи навовариҳо низоми махсуси идоракунӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ мебошад.

Ташаккулёбии лоиҳаҳои инноватсионӣро барои ҳалли масъалаҳои мӯҳими илмӣ-техникӣ, усулҳои комплексӣ ва низомӣ таъмин карда метавонанд. Дар вобастагӣ аз намуди лоиҳа дар ҷараёни бамалбарории он якчанд муассисаҳои (ташкилотҳои) лоиҳавӣ ва саноатӣ, ҳар гуна ниҳодҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ, инчунин сохторҳои тиҷоратӣ метавонанд иштирок кунанд.

Ҳамин тавр маълум мегардад, ки бамалбарории лоиҳаи инноватсионӣ аз ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони лоиҳа вобастагии зиёд дорад. Гуногунии мақсаду вазифаҳои рушди инноватсионӣ асоси гуногуншаклии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва илмӣ- техникиро ташкил менамояд.

Аз рӯи сохтори таркибӣ ва вобаста ба хусусияти фаъолияти инноватсионӣ, лоиҳаҳо ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

  1. Лоиҳаи тадқиқотӣ;
  2. Лоиҳаи илмӣ-техникӣ;
  3. Лоиҳаи навсозии дастгоҳи истеҳсолӣ;
  4. Лоиҳаи навсозии системавии корхона.

Ғайр аз ин лоиҳаи инноватсионӣ вобаста ба қабули қарор дар дараҷаи идоракунӣ (давлатӣ, минтақавӣ, корхонавӣ), вобаста ба хусусияти мақсадҳо, намуди навовариҳо ва мӯҳлати бамалбароии навовариҳо гуруҳбандӣ мешаванд.

Коркарди лоиҳаи инноватсионӣ ҷараёни дарозмуддат ва гаронарзиш мебошад. Аз ақидаҳо (идея) сар карда то бамалбарории онҳоро дар як бахши алоҳида тасаввур кардан мумкин аст, ки дар онҳо се марҳилаҳои асосӣ:-пеш аз сармоягузорӣ, сармоягузорӣ ва бамалбарорию натиҷабардорӣ мавҷуд аст.

Лоиҳаи инноватсионӣ дар ҳамаи марҳилаҳои даври инноватсионӣ бо номуайяниҳо дучор мешаванд. Илова бар ин, навовариҳои зинаи санҷиш ва дар истеҳсолот ҷорикуниро бомуваффақият тайкарда, метавонад дар бозор қабул нагарданд ва истеҳсоли маҳсулоти иноватсионии онҳо манъ карда шавад.

Ҳатто лоиҳаҳои бомуваффақият ҳам кафолати бурдбориҳоро надоранд: яъне дар ҳар лаҳзаи давраи ҳаёташон онҳо аз навовариҳои беҳтарини рақибон эмин нестанд. Дар ҳамин давраҳои ҳаётии навоварӣ мавҷудияти варианти тағйиротҳо имконпазир аст, чунки чунин тағйиротҳо асосан хоси лоиҳаҳои сармоягузорӣ мебошанд. Агар баъди интихоби лоиҳаи инноватсионӣ танҳо қарори ягона барои амалкарди он бароварда шавад, пас лоиҳаи инноватсионӣ дар нуқтаҳои сершумори назоратӣ (санҷишӣ) ба аз нав дидабароӣ ва азнавбаҳодиҳиро дар давраҳои оянда талаб мекунад.

Навовариҳо ҳамеша вобаста ба давраҳои ҳаёти ва талаботҳои онҳо бо вариантҳои гуногуни қарорҳо асос меёбанд. Аз ин сабаб ояндабинии ҷараёни навоварӣ мураккаб ва мушкил аст.

Ин пеш аз ҳама ба баҳодиҳии мутобиқати маҳсулоти ба шароити бозорӣ ва рақобаттобоварии оянда алоқамандӣ дорад.

Навовариҳо метавонанд бамуваффақият гарданд, агар лоиҳаи онҳо бо амалҳои марказонидашуда ва ҳамоҳангӣ тарафҳои манфиатдор- давлат ва сохтори хусусӣ мустаҳкам гардонида шуда бошанд. Барои коркард ва бамалбарории чунин фаъолияти аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок ва ҳамоҳанги статегияи инноватсионӣ, ташкили низоми давлатии иттилоотӣ-«Сиёсати инноватсионӣи соҳаи воқеии иқтисодиёт» ба мақсад мувофиқ аст. истифодаи ин ба ташкилоту корхонахонаҳо дар самти ташкили стратегия ва усулу қодаҳои фаъолияти инноватсионӣи соҳибкор ёрӣ мерасонад.

Шарти муҳими амалигардонии лоиҳаи инноватсионӣ интихоби асоси эътимодноки ояндабинӣ ва таҳлили навоварӣ мебошад. Инчунин зарур аст, ки барои иштирок дар лоиҳа гурӯҳи муттахасисони касбии 209

дараҷаи олӣ, иҷрокунандагони баландихтисос, муассис ва қарздиҳандагони бомасъулияте ҷалб карда шаванд, ки нисбати анҷоми бомувафақияти лоиҳаи инноватсионӣ ҳавасманд бошанд. Аксар вақт ҳангоми баамалбарории лоиҳаи инноватсионӣ дарёфтӣ модели асоснок мушкилӣ эҷод менамояд.

Хусусияти дигари лоиҳаи инноватсионӣ дар масъалаи ҷудосозии навоварии алоҳида ҳамчун воҳиди назорат ва таҳлил зоҳир мегардад. Агар дар лоиҳаи инвеститсионӣ ин ҷараёни анъанавӣ бошад, он гоҳ ҷудосозии як навоварӣ аз усулҳоие зиёди ба ҳам алоқаманди фаъолияти инноватсионӣ ҷараёни мустақили мураккаб мебошад.

Вобаста ба чораҳои андӯхти таҷриба миқдори модификатсия бо гузашти вақт кам шуда модели асоснок пайдо мегардад. Маълум мешавад, ки дар вақти рушди давраи ҳаётии худ наовариҳои алоҳида манфиати молиявӣ оварда, кӯҳнашавии маънавии он дар вақти тағйири модели асоси имконпазир мегардад.

Пастшавии номуайянии техники лоиҳаи инноватсионӣ гувоҳи он аст, ки таваккали тиҷоратию молиявӣ низ майл ба пастшавӣ мекунад. Бартарафсозии таваккали техникӣ ҳангоми коркарди як қатор лоиҳаҳои муҳими навоварӣ ба он оварда мерасонад, ки камбудиҳои дастгоҳу технологияи интихобгардида зоҳир карда шаванд. Ин кор дар навбати худ масъалаи манъсозии маблағгузориро ба миён меорад.

Таваккали техникӣ ва тиҷоратии лоиҳаи инноватсионӣ дар ягон вобастагии коррелятсионӣ қарор надоранд, аз ин сабаб бартарафсозӣ ва огоҳсозии хавфи таваккал бояд аз роҳҳои эмпирикӣ истифода кард.

Дар интихоби усули ояндабинӣ ва таҳлилӣ бошад мутади давраи ҳаётии навоварӣ аҳамияти зиёд дорад. Кӯтоҳии давраи ҳаётии навовариҳо бештар аз ҳисоби дарозмуддат гардидати Корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ва пайдоиши навовариҳои рақобаткунанда таъмин мегардад.

Ба назар гирифтан зарур аст, ки муваффақияти молияӣ ҳам аз саривақт ба бозор ворид намудани навоварӣ ва ҳам аз дарозмуддат будани давраҳои он вобастагӣ дорад. Ҳангоми муқоисаи самаранокии молиявии лоиҳаи навоварӣ муваффақият на бар ҷониби маҳсулоти азхудкардашуда, балки бештар ба ҷониби навовариҳои илмталаб аст.

Ҳар як лоиҳаи навоварӣ аз мақсадгузорӣ, нишондиҳандаҳои амалигардонӣ ва муайянкунии марҳилаҳои иҷроиши он шурӯъ мегардад. Номуаянии пешбининашавандагии татқиқотҳои бунёдӣ ва номутобиқатии лоиҳа ба мақсадҳои ташкилот ҳамчун омилҳои маҳдудкунандаи иҷроиши лоиҳа баромад мекунад. Дар марҳилаҳои ибтидои коркард набояд аз ҷузъиётҳои амалигардонии лоиҳа, балки маҳз ба нишондиҳандаҳои самаранокии он диққат додан зарур аст.

Доираи муайянкунии чунин нишондиҳандаҳо низ омӯзиши дақиқ ва таҳлили ҷиддиро талаб мекунад, чунки муваффақияти ҳар як лоиҳа аз амиқӣ ва амалишавандагии нишондиҳандаҳои асосноккунандаи мақсадҳои ташкилот вобастагӣ дорад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222